Эҳҳ акои Картошка, ин ман ҳамон сабзиам, ки замоне нархи ман ҳам боло рафта буд. Бовар кун, он замон ман яке аз хушбахттарин маҳсулоти дунё ба ҳисоб мерафтам. Он замон ман бисёр шӯҳратёр гардида будам. Барои харидорӣ кардани ман одамон навбатпоӣ мекарданду дар ярмаркаҳо танҳо ба хотири бо нархи дастрас пайдо кардани ман, байни ҳам хархаша мекарданд. Бароям шеърҳо эҷод мекарданд, ҳатто писарон барои дустдухтарони худ ба ҷои гул маро тӯҳфа менамуданд. Оҳҳ, ту ҳатто тасаввур карда наметавонӣ чӣ қадар даврони нотакрор буд! Мани сода, бехабар аз он ки ин ҳама гузаранда аст, шӯҳратпараст шудам. Дигар ҳеҷ касро писанд намекардам. Бо карру фарри худ овора шуда, чӣ тавр аз тахти бахт афтиданро нафаҳмида мондам.
Бале, беҳуда нагуфтаанд аз баландӣ афтодан бисёр гарон аст. Ман, ки маззаи баландиро чашида будам ба ин афтодан тоқат карда натавонистам. Дигар ҳар шабу рӯз барои худписандиам худро мазаммат месозам.
Картошка – ако, номаатонро хондаму бовар кунед, дарун – дарун сухтам. Чунон бо аламу ҳасрат сӯхтам, ки ашкҳоям сарозер шуду барои хомӯш кардани оташи дилам тамоми сӯхторхомӯшкунҳои шаҳр сафарбар шуданд. Аммо, ҳайҳот онҳо низ натавонистанд алами маро паст кунанд. Номаи ту ба ёди ман замони тиллоиро ба ёдам овард, ки дар номаат ту чанд ҷой ишорат кардаӣ. Ҳатто ҳасрати дидани он рӯзҳоро намудаӣ. Рост, соле пеш қимати як килои ман баробар ба як кило биринҷ шуда буд. Дигар маро дар ош бо микроскоп мекофтӣ, бо шарофати ман нархи ош ҳам қиммат шуду кисаи ошпаз каме маблағро дид. Охир мардуми тоҷик мардуми ошхур ҳастанд. Онҳо наметавонистанд аз ош даст кашанд. Ошпаз ва савдогари ноинсоф ин ҳамаро хуб медонистанду аз он хушру истифода менамуданд.
Аммо медонӣ чӣ, аз ин фурсат ҳам савдогари беинсоф бурд карда буд. Дигар сабзифурӯшон аз ҳама шахсони сарватманд гардида буданд. Ҳар духтар орзу мекард, ки келини сабзифурӯш шавад. Чун он замон корди сабзифурӯш болои равған буду худи ӯ дар маъракаҳо болонишин. Қалинро ҳам дар баъзе маҳаллаҳо бо сабзи муайян мекарданду бармекашиданду хонаи духтардор мебурданд. Дигар дар ҳавои писари сабзифуруш истода намешуду аз худписандии арусшаванда дар хонаи сабзифуруш раҳатро дигар мекардӣ.
Сабзавотҳои дигар аз бахилӣ намедонистанд чӣ гӯянду чӣ даъво кунанд. Вале ягонтои онҳо боре ба ёд наоварданд, ки аслан маҳз сабзи маҳсулоти асосии ош ба ҳисоб меравад. Агар гӯшт ҳам набошад, тухм ҳам набошад, танҳо ва танҳо сабзи маззаи ошро мебарораду онро хушхур мекунад. Вале мардуми намешудании ошхур аз азал ҳамеша бартариро ба гӯшт медоданд, ба пиёз медоданд, боре аз мани бечора ёдрас намешуданд.
Ин муносибати мардум ба ман таъсир карду ман нархамро боло бардоштам. Ту он вақт медидӣ чӣ гуна мардум аз беэътиноӣ нисбати ман пушаймон шуда буданд. Шабу рӯз илтиҷо мекарданд то ман аз аспи ҷаҳли худ фуруд оям. Аммо ман мехостам қусури ҳамаи азобҳои кашидаи худ ва соҳибамро барорам.
Ба лутфи Худо якбора нархи ман баланд шуду ба нархи биринҷ баробар шуд. Курта -курта гушт гирифта дар фикри ба нархи гушт баробар шудан будам, ки якбора ҳам картошкапарвар, ҳам кадупарвар, ҳам қассоб, ҳам биринҷпарвар ва ҳатто ҳам зирачиндухтарон, якбора ба парвариши сабзи гузаштанд.
Онҳо фикр карданд, ки парвариши сабзи кори саҳлу осон аст. Аммо ҳайҳот, ки онҳо сахт хато карда буданд. Бале акои Картошка, ман мисли ту нестам, ки бо як бор каланд кардану каме об додан, парвариш ёбам. Маро бояд соле ҳадди ақал ду ё се бор бояд аз алафҳои бегона тоза намоӣ. Бари парвариши ман бояд бисёр меҳнат кард. Ин ба ном деҳқонҳо бехабар аз ин ҳама ба кишти сабзи гузаштанд.
Аммо ин ҳама амали онҳо бетаъсир намонд. Баъди зиёд шудани кишти сабзи, нархи ман низ дубора ба хоки сиёҳ яксон шуда монд. Дигар мисли пештара ман гули сари сабад набудам.
Бале ин мардум ҳамин хел ҳастанд. Сахт бевафо ҳастанд. Замоне бардор-бардорат мекунанд. Аммо боз дигар маҳсулотро дида, туро ба гӯшаи фаромӯшӣ месупоранд.
Аламам мекунад Картошка ако! Сахт алам мекунад! Охир чаро вақте ҳамин кадуи бетаъму маззаро бардор – бардор карда, рӯзи махсусеро ба номаш гузоштанд, касе чизе нагуфт? Чаро аз он ки дар сад сол як бор нархи сабзи баланд шуд, табли хатар навохтанд?
Ба фикрам ман сабабашро медонам. Чунки каду “одами худӣ”, барои ҳамин касе пишакашро пиш гуфта наметавонад. Мардуми мо доим рӯйи хотир мекунанд. Ба “одамҳои худӣ” мақому мартаба медиҳанд. Ана ҳамин каду низ намедонам чӣ каромот доштааст, ки “одами худӣ” шуда мондааст.
Мӯҳтарам Картошка, ту худат медонӣ, ки бе ин ҳам дар байни худи мо ҷанги беамон солҳо боз идома дорад: Байни сабзии зарду сурх. Мо ҳарду бо ҳам ҳеҷ дуруст нагирифтем, ки нагирифтем. Сабзии зард асосан дар манотиқи Зарафшон ва Ӯзбекистон маҳбубият дорад. Як бартарии сабзии зард ҳамин аст, ки ӯро дар кишвари ҳамсоя дӯст медоранд. Ана барои ҳамин ин ҷаноб аз ин маҳбубият сӯистифода бурда, доим ба сари сабзии сурх метозад. Бовар кунед Картошка ако, бо як зӯриву зорӣ бо миёнаравии бузургон базӯр ҳарду қавми як миллатро оштӣ додем.
Ин сулҳро мо ба даст наоварда, дигар кадую шалғаму чиснок ба сари мо шӯриданд. Охир, ман ба инҳо боре ҳам кордор нашудаам, ку! Аммо инҳо ба сари ман тохтанду дигар маро беқадру манзалат гардониданд.
Ана дар ин сол ҳоли ман бадтар шуд, қимати ман ба тини сиёҳ баробар шуд. Мисли шумо акои Картошка, ман ҳам аз пиёз шиква дорам, ман ҳам мехоҳам ки ҳамин пиёзи замоне дар ҷариҳо хобида, дар контейнерҳо пусида равад. Ман боварӣ дорам, ки ӯ бо ин тезияш ба дур намеравад. Чун беҳуда намегӯянд бо ҷаҳлу тезӣ ба ҷое намерасӣ. Ана ҳамин тезияш оқибат сари ин пиёзи эркатулфорро мехӯрад.
Ман аз рӯи таҷриба мегӯям. Аз рӯи шунидам, аллакай нархзи ин ҷаноб рӯ ба арзоншавӣ овардааст. Дар Суғд аз 2 то 2.50 сомонӣ арзон шудааст пиёз.
Аммо шумо рӯҳафтода нашавед. Дар китоби табиатшиносӣ хонда будам, ки замоне дар ким кадом давлати дунё шумо низ гули сари сабад будаед. Мегӯянд шоҳзода ва амлокдорони ҳамон замон барои изҳори муҳаббат гули шуморо ба маҳбубаашон тӯҳфа мекардаанд. Яъне, ки шумо тимсоли муҳаббат будаед. Агар таърихро назар кунем, аз ин бармеояд, ки шумо аз авлоди ашрофзодагонед.
Беҳуда нагуфтаанд, ба ҷуйи об рафта бо мурури асрҳо боз ҳам об меояд.
Картошка ако, вале ману шумо айни замон чӣ кор кунем? Нархи пиёз дар осмон, нархи тарбузу харбуза дар осмон, нархи чисноки лаънатӣ бо баҳонаи коронавирус то ба шаст сомонӣ расид. Намешавад акоҷон, ки мо хабар паҳн кунем ки маҳз каротошкаю сабзи давои бемории нав, ким чӣ маймун ҳаст ку, ҳамон мебошад? Тавба, тавба, боз ин хабар ба гӯши болоҳо нарасад, ки дигар барои болоравии нархҳо моро гунаҳкор созанд. Ба ҳар ҳол, ин гап байни ҳардуямон монад.
Бовар кунед, агар мо тавонем ин хабарро паҳн кунем, нархи кадую тарбузу харбуза ба пули пучак баробар мешавад.
Ё фикри дигар доред Картошка ако?
Ку як фикр карда ба ман нависед акоҷон!
Розшунав: Бахтиёр Раҳматуллоев