Аз муаррифии иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ба ҷаҳониён то дастовардҳову ҷоизаи тилло
Тоҷикистон чун кишвари соҳибистиқлол ва дорои манобеи рушддиҳанда дар намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи «ЭКСПО-2017», ки аз 10-уми июн то 10-уми сентябри соли 2017 дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона баргузор гардид, ба дастоварди бузургу назаррас – Ҷоизаи тиллои Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи «ЭКСПО-2017» сарфароз гардид. Ин дастовард гоми дигарест ба сӯи пеш, барои густариши соҳаи муҳиму пешбари ҳаёти ҷомеа, беҳбуди вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми октябри соли 2016, таҳти №409 қарор “Дар бораи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи “ЭКСПО-2017” дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон” қабул намуда буд. Мутобиқи қарори мазкур, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ таъсис дода, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид Комиссари генералии экспозитсия дар намоишгоҳ таъйин карда шуд ва дар як вақт Палата Оператори миллии намоишгоҳ муайян гардид.
Бино ба андешаи раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори “Истифодаи оқилонаи захираҳои об ва нерӯ” дар Намоишгоҳ иштирок намуд ва дар ин самт корҳои омодагӣ оид ба иҷрои чорабиниҳои пешбинишуда оғоз гардид.
Тавре Шариф Саид изҳори назар кард, бо мақсади дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ ба комёбӣ ноил гардидан аз омилҳои асосӣ оқилона истифода бурда шуд. Вобаста ба ин, пеш аз ҳама бо истифода аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва омӯхтани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, дар экспозитсияи Тоҷикистон намоиши раванди татбиқи пешниҳоди чор ташаббуси пурарзиши Сарвари давлат ба Созмони Милали Муттаҳид – дар соли 2003 таҳти унвони “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 “Об барои ҳаёт”, соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” ва солҳои 2018-2028 “Об барои рушди устувор”, ки онро 200 давлати ҷаҳон дастгирӣ намуд, муаррифӣ карда шуд.
Аз қавли Шариф Саид, корҳои меъморию сохтмонӣ дар ороиши экспозитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо макетҳои (намуна) захираи об, иқтидори гидроэнергетикӣ, Нерӯгоҳи барқи обии «Норак», хатҳои баландшиддати энергетикии “Лолазор-Хатлон”, “Ҷануб-Шимол”, харитаи захираҳои об ва гидроэнергетикӣ, харитаи “CASA-1000”, истифодаи технологияи нави 3-Д фарши замини павилон “Оби равон”, ба воситаи экран мунтазам намоиш додани захираҳо, экспонатҳо, маводҳои иттилоотӣ доир ба мавзуъ, нашри китоб ва китобчаю буклетҳо, инчунин СД-диск таҳти унвони “Раҳнамои тиҷоратӣ”-и аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расонида шуда, амалӣ гардид. Инчунин, дар павилон самтҳои афзалиятнок, қонуниятҳо оид ба ҳимояи манфиати сармоягузорон ва маълумотҳои муфассал, тарҳҳои гуногун, гӯшаи таърих ва илму фарҳанги Тоҷикистон, макетҳои “Ҳулбук” ва “Аҷинатеппа”, аксҳо аз захираҳои боигарии куҳӣ, табиат, ҳайвоноту наботот, бунёди дарахти баландиаш 4,5-метраи бо сангҳои гаронбаҳои куҳистон орододашуда, беҳтарин гӯшаи намоиш ва фурӯши армуғонҳо дар доираи мавзуъ муаррифӣ карда шуд. Дар баробари ин, дар павилони Тоҷикистон доир ба мавзуи экспозитсия ба воситаи экран филми доимоамалкунанда пай дар пай намоиш дода шуд. Дар форуму семинарҳои дар рафти кори намоишгоҳ баргузоршуда имкониятҳои Тоҷикистон ба таври васеъ нишон дода шуд. Дар оғози намоишгоҳ – 12-уми июни соли 2017 “Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
– Аз тарафи дигар, дар баррасии корҳо имкониятҳои мо як қадар маҳдуд буданд, зеро масоҳати павилони Тоҷикистон ҳамагӣ ба 60 метри мураббаъ баробар буд. Ҳол он ки, масоҳати павилонҳои як қатор мамлакатҳо аз 0,5 то 5,0 ҳазор метри мураббаъро ташкил менамуд. Баъзе мамлакатҳои тараққикарда – иштироккунандагони намоишгоҳ барои корҳои меъморию сохтмон, дизайнерию ороишӣ аз мутахассисони дигар давлатҳо бо хароҷоти маблағи калон истифода мекарданд,- зикр намуд раиси Палатаи савдо ва саноат.
Тавре Шариф Саид изҳор медорад, “заҳматҳои зиёди шабонарӯзӣ ва масъулияти баланди гуруҳи кории мо дар тайёр намудани павилони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ, ки он се моҳ – аз 10-уми июн то 10-уми сентябри соли 2017 давом кард, натиҷаи мусбат дод. Барои ба мукофотҳои фахрии намоишгоҳ сазовор шудан 115 мамлакати ҷаҳон ва 22 ташкилоти байналхалқӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай ва ғайра довталабӣ намуданд. Аз гуруҳи нуҳнафараи экспертҳои байналмилалӣ барои ба павилони мо баҳои арзанда додан ҳафт нафарашон Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, овоз доданд. Аз ҷониби Бюрои байналхалқии намоишгоҳ 9-уми сентябри соли 2017 дар толори “Энергия ЭКСПО-2017” беҳтарин мамлакатҳо – иштироккунандагони намоишгоҳ бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд. Пеш аз ҳама, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои иштироки шахсӣ дар баргузории намоишгоҳи “ЭКСПО-2017” бо якумин “Медали тилло” сарфароз гардид. Дар ҳамин рӯз, дар рӯзи ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон павилони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони беҳтарин павилон мушарраф гашта, дар номинатсияи “Кушодани мавзуи намоишгоҳ” бо Ҷоизаи тилло сарфароз гардид ва ҷои якумро ишғол намуд”.
– Дар намоишгоҳи “ЭКСПО-2017” Тоҷикистон на танҳо барои иртибот бо мавзуи намоишгоҳ, балки барои таассуроти неки бештар аз 400 ҳазор нафар намояндагони кишварҳои олам, ки аз павилони мо дидан карданд, мавриди ситоиш қарор гирифт. Дар ин комёбӣ васеъии масоҳати павилон, таҷҳизоту технологияи пешқадам, хароҷоти калони молиявӣ ва ташкили чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ барои баъзе мамлакатҳо мақоме набозид. Дар ин ҷо барои Тоҷикистон танҳо зеҳн (интеллект) мақоми асосӣ бозид,- гуфт Шариф Саид, Комиссари генералии экспозитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи «ЭКСПО-2017», раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Комиссари генералӣ бо хушнудӣ ва сарфарозӣ иброз намуд, ки дар байни чорабиниҳои ҷаҳонӣ ду чорабинӣ бузургтарин аст. Яке “Олимпиада”, ки он зӯриро нишон медиҳад ва дигаре “Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО”, ки чорабинии зеҳнӣ мебошад.
Бино ба дидгоҳи Шариф Саид, бо Ҷоизаи тиллоии Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи “ЭКСПО-2017” сазовор гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ғалабаи бузург буда, дар боз ҳам баланд гаштани обрӯю эътибори Ватани азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Мавриди зикр аст, ки баробари чунин як дастоварди бузурги кишвари мо дар бахши истеҳсолоту саноат падидаи дигар низ ба вуқуъ пайваст. Ин ҳам бошад, навидест, ки ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар намоишгоҳи 26-уми байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017», ки дар пойтахти Россия баргузор гардид, соҳиби ду медали тилло ва нуқра гардиданд. Дар бахши «Бастубанд ва беҳтарин сифат» миёни қариб 900 иштирокчӣ аз 16 кишвари ҷаҳон оби маъдании «Ҳавотоғ-1 Докторская» ва оби «Шаффоф» бо медали тилло ва дар номгӯи «Беҳтарин маҳсулоти сол оид ба сифат ва ороиши аслӣ» зарфи шишагини нӯшокии «Лимонад» ва оби «Шаффоф»-и ширкати «Euro Asia 2005» соҳиби медали нуқра гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки дар намоишгоҳи 26-уми байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017» Ҷумҳурии Тоҷикистонро 7 ширкати истеҳсолӣ намояндагӣ карда, маҳсулоти тавлидотии худро зери тамғаи «Made in Tajikistan» ба намоиш гузоштанд. Дар доираи намоишгоҳ намояндагони ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон имкон пайдо карданд, ки бо ҳамтоёни худ аз Россия ва дигар кишварҳои хориҷӣ иртибот барқарор намоянд, то дар оянда ҳамкориро тақвият бахшида, барои интиқоли маҳсулоти хушсифтаи табиии «Made in Tajikistan» замина гузоранд.
Қайд кардан зарур аст, ки иштироки намояндагони ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Food Moscow-2017» дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Пешбурди тиҷорат дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Ҳукумати Финляндия маблағгузорӣ мегардад, сурат гирифт.
Зулолаи НУР