Бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зоти чорвои шохдори тоҷикӣ тавлид карда шуд. Ба муаллифон, олимони илми кишоварзӣ Нормат Аҳмадалиев ва Тӯйчӣ Рӯзиев беш аз 60 сол зарур омад, ки ин зотро ба вуҷуд оранд.
“Зоти алои тоҷикии чорвои калони шохдор” чунин ном дорад, намуди нави чорвои калон. Зоти модаговҳои алои тоҷикӣ бадани мустаҳкам ва боқувват, танаи мутаносиб, синаи баробар инкишофёфтаи ваннамонанд ё косашакл, қомати баланд, пойҳои нафис ва гардани дароз дорад. Вазнаш 500-550 кг ва аз буққаҳо бошад 800-1000 кг-ро ташкил медиҳад. Дар давраи ширдушӣ аз як сар гов 5000-7000 кило шир истеҳсол карда мешавад. Равғаннокии шир бошад ба 3,8% – 4,0 % расонида шуд. Зоти алои тоҷикӣ 10-уми январи соли 2022 дар Вазорати кишоварзӣ ба тасдиқ расонида шуд.
Солҳои 60-и асри гузашта дар ҷумҳурӣ масъалаи норасоии гӯшту шир пеш омад. Аз ҷониби Ҳукумати кишвар як қатор супоришҳо, аз лиҳози зиёд намудани истеҳсоли гӯшту шир ва ба аҳолӣ таъмин намудани он, ба вуҷуд овардани зоти нави тоҷикӣ, афзоиш намудани саршумори чорво ва хушзот намудани говҳои маҳаллӣ ва ба зиммаи Вазорати кишоварзӣ ва Институти чорводорӣ гузошта шуд. Шурӯъ аз ҳамин сол ба мамлакат аз хоҷагиҳои дигар кишварҳои иқлимашон муътадил зотҳои говҳои ширдеҳ ва нутфаи буққаҳо аз ҷумлаи зоти шведӣ, хокистаранги карпатӣ ва латвиягӣ, лебеденӣ, сибирӣ, авуэлятин, сарсафеди украинӣ, алатовӣ ворид карда шуд. Пас аз солҳои зиёди тадқиқотию мутобиқсозӣ аз ҷониби Нормат Аҳмадалиев ва Тӯйчӣ Рӯзиев муаяйн карда шуд, ки дар иқлими гарм ва сарди Тоҷикистон танҳо барои зоти голландӣ ва голштинӣ шароити беҳтар фароҳам оварда шудааст. Аз соли 1985 бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии ширию гуштӣ, беҳтар намудани сохти бадан, шакли сина ва дар як вақт нигоҳ доштани равғаннокӣ олимон ба дурага намудани зоти голштинӣ бо модаговҳои маҳаллӣ пардохтанд. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои селексионӣ дар ҷумҳурӣ типи сиёҳалои тоҷикӣ офарида шуд, ки аз як сар гов то 5000 кг шир дӯшида мешавад. Бо пешниҳодоти доктори илмҳои кишоварзӣ Рӯзиев Тӯйчӣ ҷинси сиёҳалои тоҷикӣ 28-уми декабри соли 2001 ба қайд гирифта шуд ва бо қарори мушовараи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон муаллифи типи говҳои тоҷикии зоти сиёҳало ба ҳисоб меравад. Айни ҳол саршумори ин тип ба чорсад ҳазор расида дар заводу хоҷагиҳои зотпарварӣ, фермерӣ деҳқонӣ ва шахсии вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ парвариш карда мешаванд. Инчунин, аз ҳамин модаговҳо ҳар сол дар фермаи хоҷагӣ то 200 сар буққачаҳои зотӣ парвариш карда мешаванд. Барои хушзоткунии чорвои деҳот аз ҳамин буққачаҳо истифода мебаранд. Бо заҳмату талоши бисёрсолаи муаллифон типи говҳои сиёҳалои тоҷикӣ ба зот маваффақ гардид.
Зоти алои тоҷики дастоварди ноёби соҳаи чорводорӣ дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар айни замон 3300 сар модагове, ки аз рӯи шаклу намуд ба талабот ҷавобгӯянд 2030 сарашон ҳамчун зоти нави алои тоҷикӣ пазируфта шудааст.
Гулнора ҚУРБОНОВА, сармутахассиси Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон