Фароҳам намудани шароити мусоид барои ронандагон, чунин аст ҳадафи ягонаи иқдоми навбатии «IRS», ки моҳияти иҷтимоӣ дорад
Ҳоло зиёда аз 80 дарсади ихроҷи газҳои гулхонаӣ (парникӣ) ва беш аз 40 дарсади садои баланд (мағал, шавқун) дар шаҳрҳо ба нақлиёти бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда рост меояд. Аз ин рӯ, ҳукумати бисёр кишварҳо тасмим гирифтаанд, ки бо мақсади кам кардани ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва ҳифзи муҳити зист истифодаи нақлиёти барқиро вусъат диҳанд. Вобаста ба ин масъала дар олам истеҳсолу истифодаи электромобил тамоюли афзоишро касб карда, ҳатто кишварҳои дорои захираи нефту гази фаровон низ ба ин навъи нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир карда истодаанд.
Дар кишвари мо низ масъалаи мазкур мадди назар қарор дошта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол пеш чунин дастур дода буданд: «Бо мақсади мутобиқсозии иқтисодиёти миллӣ ба тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳбуди вазъи экологии ҷумҳурӣ воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди онҳоро бояд аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод намуд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки ҷиҳати тадриҷан фароҳам овардани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави ҷумҳурӣ тадбирҳо андешад».
Ҳадафи асосии иқдоми навбатии филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси шартномаи консессионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оператор оид ба нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи Душанбе – Чаноқ маҳсуб мешавад, саҳмгузорӣ дар татбиқи ин ташаббуси созанда мебошад. Зикр кардан бамаврид аст, ки аз амалӣ намудани ин иқдом филиали Ширкат фоида ба даст намеорад ва ин кор моҳияти иҷтимоӣ дорад.
Мавриди ёдоварист, ки чанде пеш дар дар воситаҳои ахбори омма ронандагони ин намуди автомобил аз набудани нуқтаҳои нерудиҳии электромобил дар роҳи Душанбе – Чаноқ нигаронӣ карда буданд. Масъулини «IRS», ки мунтазам ба дилхоҳ муроҷиат, эрод ва пешниҳоди ба роҳи Душанбе – Чаноқ рабтдошта сари вақт вокуниш менамоянд, ба ин масъала низ бетафовутӣ зоҳир накарданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти «IRS», дар масири Душанбе – Чаноқ 7 нуқтаи нерудиҳии электромобилро мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Онҳо дар километрҳои 11, 15 (ноҳияи Варзоб), 107, 130 (ноҳияи Айнӣ), 284 (ноҳияи Ҷаббор Расулов), 300 (шаҳри Хуҷанд) ва 322 -юм (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ҷойгир буда, дар онҳо барои неругирии автомобилҳо тамоми шароит фароҳам оварда хоҳад шуд. Қобили зикр аст, ки нуқтаи нерудиҳии воқеъ дар километри 11 ва 15 – уми роҳи мазкур аллакай ба фаъолият шуруъ намуданд.
Масоҳати нуқтаҳои нерудиҳии электромобилҳо низ васеъ буда, барои фаъолияти пурмаҳсул 60 адад таҷҳизоти нерудиҳӣ бо иқтидори 180 киловат ҳар кадом ворид шудааст. Таҷҳизоти мазкур аз ширкати муътабари Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки дар истеҳсоли чунин таҷҳизот таҷриба ва маъруфияташ бениҳоят зиёд аст, дастрас шуда, ба стандарти маъмули GB/N ва стандарти аврупоии CCS2 пурра ҷавобгӯ аст. Лозим ба ёдоварист, ки Хитой аз ҷиҳати истеҳсол ва теъдоди истифодабарандагони нақлиёти барқӣ чанд сол боз дар ҷаҳон ҷои якумро ишғол менамояд.
Ҷанбаи дигари муҳим он аст, ки дар нуқтаҳои мазкур технологияи пешрафтаи пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ ва ҳисобкунакҳои электронии низоми CТ – VТ насбу истифода мешаванд. Фарқияту афзалияти технологияи зикршуда дар он аст, ки дақиқияти истифодаи неруи барқ таъмин ва талафоти он пешгирӣ мегардад. Шоистаи зикр аст, ки чунин технология дар кишвар назир надошта, аввалин маротиба аз ҷониби «IRS» роҳандозӣ хоҳад гашт. Қобили зикр аст, ки иқдоми мазкур интиҳои кор набуда, роҳбарияти “IRS” тасмим доранд, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳое, ки роҳи Душанбе – Чаноқ аз онҳо мегузарад, чунин нуқтаҳоро ба истифодаи сокинон вогузоранд.
Пардохти маблағи нерудиҳии автомобил низ хеле қулай ва бо назардошти муқаррароти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ҷорӣ хоҳад гашт. Пардохти маблағи зикршуда тавассути qr –код аз тариқи spitamenpay (замимаи яке аз бонкҳои пешсафи мамлакат) ва замимабарномаи филиали Ширкат – Irs UltraEvs имконпазир аст. Ба ғайр аз ин шаҳрвандон метавонанд аз нуқтаи зикршуда кортҳои амалисозии пешпардохтро дастрас намуда, онро мунтазам (дар заминаи пур намудани суратҳисоб) истифода намоянд.
Чунин тарзи кор дар баробари дигар омилҳои мусбат, ҳамчунин, шаффофият ва пешгирии истифодаи ғайримақсадноки пули истифодаи неруи барқро таъмин менамояд. Яъне, пардохти маблағ бидуни дахолати инсонӣ сурат гирифта, бевоситаву фавран ба суратҳисоби ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» интиқол мешавад.
Муҳим он аст, ки фаъолияти нуқтаҳои мавриди назар ба хатҳои интиқоли барқ ва трансформаторҳои истифодаи умум сарборӣ эҷод намекунанд. Ба ибораи дигар, барои пешбурди фаъолияти нуқтаҳои зикршуда трансформатор ва хати интиқоли барқи ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд истифода нашуда, аз ҷониби «IRS» хати алоҳидаи интиқоли барқ кашида, трасформаторҳои замонавии пуриқтидор насб хоҳанд шуд. Табиист, ки ин кор хароҷоти зиёд дорад, вале роҳбарияти “IRS” барои дар сатҳи хубу сифати баланд ва бо риояи талаботи бехатарӣ роҳандозӣ шудани фаъолияти нуқтаҳои нерудиҳӣ чунин тасмим гирифтааст.
Тавре иттилоъ доданд, дар ҳар як нуқтаи хизматрасонӣ аз 5 то 10 таҷҳизоти нерудиҳӣ насб мешавад, ки ҳар кадом бо ду хати нерудиҳӣ метавонад дар як вақт то 20 электромобилро бо неруи барқ таъмин намояд. Қобили зикр аст, ки ин нуқтаҳо хатҳои уфуқӣ, камераҳои мушоҳидавӣ ва бунгоҳи назоратӣ доранд. Инфрасохтори таъсисдодаи «IRS» дар баробари дигар бартариҳо дорои сатҳи баланди хизматрасонӣ буда, воситаҳои нақлиёти барқӣ имкон доранд аз як тарафи роҳ ба нуқтаи хизматрасонӣ ворид ва хориҷ шаванд.
Вокуниши бетаъхир ба нигаронии ронандагон ва дар муддати бениҳоят кутоҳ амалӣ гардидани иқдоми мавриди назар собит намуд, ки роҳи Душанбе – Чаноқ нигоҳбонӣ ба маънои том боэътимод дорад.
Сайфиддин СУННАТӢ, журналист