Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва Нозироти андоз ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиали содиротии ноҳия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд. Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андоз дар ноҳияи Данғара хабарнигори МТЖТ бо сардори ин ниҳод Хайруллозода Дилшод суҳбат анҷом дод.

Сиёсати андоз ҳамчун яке аз омили муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, бояд пеш аз ҳама барои рушди устувори иқтисодии кишвар бо роҳи фароҳам овардани фазои муносиби соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ, пеш аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ, ташкили ҷоӣҳои нави корӣ, таҳкими иқтидори саноативу содиротии кишвар, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ равона шуда, барои зиёд гардидани манбаъҳои нави андозбандӣ ва даромадҳои буҷети давлатӣ мусоидат намояд.

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав (минбаъд – Консепсия) бо мақсади таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён доштанд (аз 20.06.2019), ҷиҳати дар доираи ислоҳоти иқтисодии кишвар идома додани ислоҳоти сиёсати андоз ва расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таҳия шудааст.

Аз ин лиҳоз, зарурати роҳандозӣ намудани ислоҳоти қонунгузории андоз бо роҳи дар таҳрири нав таҳия намудани лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки аз он бармеоянд, ба миён омада, лоиҳаҳои номбурда бояд тарзе омода карда шаванд, ки дар амал татбиқ намудани онҳо барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар, инчунин рушди бахши хусусӣ мусоидат  намояд.

Сардори нозироти андоз дар ноҳияи Данғара афзуд, ки мо кормандон  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармоишҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати андоз дар вилояти Хатлонро роҳнамоии кори худ қарор дода, барои баланд бардоштани самаранокии кори соҳа кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дастуру супоришҳоро сари вақт иҷро намоем.

Нозироти андоз дар ноҳияи Данғара дар 4-моҳи соли 2023 иҷроиши қисми даромади буҷет бо назардошти андозсупорандагони калон ва бо назардошти андози иҷтимоии ғайри буҷетӣ ба андозаи 101,2% иҷро гардида, ба буҷет ба ҷои 71073,7 ҳазор сомонии пешбинишуда ба маблағи 71954,6 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбати нақша 880,9 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбати маблағҳои воқеан дар ҳамин давраи соли гузашта ҷамъоваришуда ба маблағи 10350,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз он ҷумла, иҷроиши андозҳо 100,7% ва иҷроиши андози иҷтимоӣ 104,9% таъмин гардидааст.

Дар 4-моҳи соли 2023 бо мақсади дарёфти манбаҳои нави андозбандӣ ва ба андозбандӣ ҷалб намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ аз тарафи Нозироти андоз бо шаҳодатнома 12 нафар, бо патент 11 нафар, шаҳодатнома бо шартҳои махсус 34 адад, ҳамчун хоҷагии деҳқонӣ 10 адад ва 5 адад шахсони ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар маҷмуъ шумораи субектони хоҷагидор нисбати 01.05.2022 аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ 15 адад, соҳибкорони инфиродии бо тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 28 адад, патент 38 адад, шаҳодатнома бо шартҳои махсус 96 адад ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 31 адад дар маҷмуъ 211 адад субектони хоҷагидор зиёд гардидааст.

Бақияи қарзи андоз ба санаи 01.04.2023 маблағи 7097,6 ҳазор сомониро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбати аввали соли 2023 ба маблағи 88,4 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Хайруллозода Дилшод  дар фароварди суҳбат изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ 18 маротиба бо андозсупорандагон семинар-машваратҳо баргузор гардид ва дар ин семинар машваратҳо 338 нафар андозсупорандагон иштирок намуданд.

Семинарҳо дар мавзӯъи тағӣиротҳои қонунгузори андоз, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №151 оиди пардохти андоз аз амволи молу мулк ва   Фармоиши Раиси Кумитаи андоз оиди гузаронидани инвентаризатсияи молу мулк ва тартиби андозбандии иҷорадиҳандагони молу мулки ғаӣриманқул гузаронида шуданд.

Бо якҷоягии раисони маҳаллаҳо ва сардорони биноҳои баландошёна (домком) бо аҳолӣ вохуриҳо ташкил карда, моҳияти гузаронидани инвентаризатсия, андозбандии молу мулки ғаӣриманқули шахсони воқеӣ, иҷорадиҳии амвол фаҳмонида дода шуд.

Ҳамчунин, тавассути телевизионҳо 4 маротиба маҳаллӣ барнома ва тавассути радио 2 маротиба гузоришҳо, эълонҳо оид ба пардохти андоз аз молу мулк ва андоз аз воситаҳои нақлиёти шахсони воқеӣ пахш карда шуданд.

Кормандони нозироти андоз дар оянда низ кушиш менамоянд, ки бо андозсупорандагон корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида, барои иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет, аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, дар пешбурди сиёсати андоз ва иҷтимоии давлат саҳми босазои хешро мегузоранд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь