Бо мақсади бо вазъ ва фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе” шинос гардидан, хабарнигори МТЖТ бо директори муассисаи мазкур Бурҳонзода Зафар Сафар суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамватанони азизро бо Ҷашни 30-солагии Истиқлоли кишвар муборакбод менамоям ва таманнои онро мекунам, ки дар кишвари азизи мо сулҳу субот ва Истиқлол пояндаву бегазанд бод.

Бояд қайд намоем, ки рӯзи 9-уми сентябри соли ҷорӣ дар Роҳпаймоии осоишта, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, 150 нафар хонандагон ва 25 нафар кормандони литсей иштироки фаъолона намуданд.

Орзуи онро мекунам, ки ҳамватанони азиз зиндагии осудаву тансиҳат дошта бошанд.

Бурҳонзода Зафар Сафар дар идомаи суҳбат қайд намуд, ки дар нуҳ моҳи соли 2021 ҷиҳати татбиқи амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатии соҳаи таҳсилоти касбӣ, дастуру супоришҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе корҳои муайян ба сомон расонида шуданд.

Аз ҷумла: – ҳайати муҳандисию омӯзгории литсей бо мақсади татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 январи соли 2021), нақша – чорабиниҳои литсейро таҳия ва тасдиқ намуд. Дар заминаи ин нақша ҷиҳати беҳтаргардонии муносибати ҳайати муҳандисию омӯзгории таълимгоҳ нисбат ба вазифаҳои ишғолкардаашон, пайваста боло бурдани иштироки хонандагон ба дарсҳо, таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир кардан ба ҳолати озмоишгоҳҳову кабинетҳои фаннӣ, устохонаҳои таълимӣ, ки ифодакунандаи маҷмӯии идоракунии сифати таълим мебошад, корҳои назаррасеро анҷом дод. Ҳамчунин, диққати асосӣ ба сифати тайёр кардани кадрҳои коргарӣ равона карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ хонандагони гуруҳҳои хатмкунанда (бо муҳлатҳои таҳсили 1-2-сола) тибқи қарордоди дутарафа дар Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Сомон Саноат», ҶСК «Сомон Сохтмон», «Сомон Таҷҳизот», ҶСК «Сомон Сервис», ҶСК «Авторемзавод», ҶСК «Тоҷиккабел», Муассисаи комуналии КВД «Обу корез»-и шаҳри Душанбе, Муассисаи комуналии хизматрасонии хонаҳои ноҳияи Сино, Телевизиони «Сафина», ҶСК «Ремстройдормаш», Шабакаҳои барқии марказӣ, Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе, ҶДММ «Ноқили Талко» ва дигар ташкилоту корхонаҳо таҷрибаомӯзӣ намуда, онро аз рӯйи талаботи барномаи таълимӣ бо муваффақият ба охир расониданд.

Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми декабри соли 2020, №703 «Дар бораи Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо саъю кӯшиши омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолӣ барномаҳои таълимӣ аз фанҳои тахассусӣ, аз ҷумла барои курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ таҷдиди назар карда шуда, вобаста ба талаботи имрӯзаи бозори меҳнат ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид ва айни замон онҳо амалӣ шуда истодаанд.

Айни замон дар литсей китобхонаи электронӣ ташкил карда шудааст. Касбомӯзон тавассути компютерҳои дар китобхона мавҷудбуда китоб ва мавзӯъҳои заруриро пайдо ва мутолиа карда метавонанд.

Дар литсей бунгоҳи тиббӣ ташкил карда шудааст. Он бо корманди соҳаи тиб ва лавозимоти тиббӣ таъмин аст ва ба хонандагону кормандони муҳтоҷ мавриди зарурат ёрии аввавли тиббӣ расонида мешавад.

Ҳамзамон, оид бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус чорбаиниҳо амалӣ шуда истодаанд. Хонандагону кормандон бо ниқоб ва антисептикҳо таъмин карда шудаанд.

Дар нуҳ моҳи соли 2021 6- адад компютери замонавӣ, 200 комплект мизу курсӣ, 12 адад тахтаи синфӣ харидорӣ карда шуданд.

Маркази информатсионӣ, ки дар доираи ҳамкориҳо бо Лоиҳаи GIZ, GOPA «Дастгирии ҷараёни ислоҳоти соҳаи таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон-компоненти таҳсилоти ибтидоии касбӣ» дар литсей ташкил карда шуда буд, ба пуррагӣ фаъолият карда истодааст.

Ҷиҳати иштироки бевоситаи корфармоён дар раванди таълиму тарбияи кадрҳои коргарӣ тибқи Низомномаи шарики ҳамкор як қатор корфармоён ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисоси бо литсей мунтазам ҳамкорӣ доранд. Ба литсей ташриф овардан ва иштироки бевоситаи корфармоён дар вохӯрию чорабиниҳои гуногун, аз қабили “Дарҳои кушод”, озмунҳои ”Дастони моҳир”ва “Ихтироъкори беҳтарин” ба ташаккули мундариҷаи таҳсилот таъсири мусбӣ расонида истодааст.

Тибқи дастуру супоришҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамокориро зич ба роҳ монда, дар самти таъмин намудани раванди таълим бо китобҳои дарсии фанҳои умумитаълимӣ корҳоро ба сомон расонида шуд. Дар нуҳ моҳи соли 2021 ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ китобҳои дарсӣ харидорӣ карда шуд.

 Таъминоти кадрӣ

Номбурда дар идомаи суҳбат қайд намуд, ки дар Литсей 52 нафар кормандони муҳандисию омӯзгорӣ (9 нафар маъмурият, 23 нафар омӯзгор ва 20 нафар устоҳои таълими истеҳсолӣ) омодаи амалӣ намудани нақша ва барномаҳои таълимӣ мебошанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ 40 нафарашон дорои таҳсилоти олӣ, 3 нафар миёнаи касбӣ мебошанд. Дар литсей дурнамои такмили ихтисоси омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолӣ тартиб дода шудааст, ки тибқи он дар ин давраи ҳисоботӣ 5 нафар омӯзгори фанҳои тахассусӣ ва 6 нафар устои таълими истеҳсолӣ дар Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вазорат ва 2 нафар омӯзгори фанҳои умумитаълимӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф аз курси такмили ихтисос гузаштанд.

Ду нафар омӯзгори литсей ҳамчун унвонҷӯ ва аспирант дар шуъбаи ғоибонаи аспирантура таҳсил доранд.

Илова бар ин, 10 нафар кормандони муҳандисию омӯзгории  таълимгоҳ, ҷиҳати иштирок дар семинару конференсияҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва ҳамкориҳо бо ташкилотҳои хориҷӣ ҷалб карда шуданд.

Бо мақсади бо кадрҳои ҷавон таъмин кардани литсей ҳамасола аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Коллеҷи муҳандисии омӯзгории шаҳри Душанбе мутахассисони ҷавон даъват карда мешаванд. Дар соли 2021 ба муассисаҳои таълимии болозикр ҷиҳати ба литсей сафарбар намудани хатмкардагон дархост пешниҳод карда шуд ва тибқи он 3 нафар омӯзгори ҷавон ба кор қабул карда шуданд.

Дар давоми соли таҳсили 2020-2021 раванди таълим бо кадрҳои соҳибкасб (омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолӣ) ба пуррагӣ таъмин буд ва дар оғози соли хониши 2021-2012 низ дар ин самт литсей танқисӣ надорад.

Аз шумораи умумии ҳайати омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии литсей 9 нафар дорандаи унвони фахрии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии соҳаи таҳсилоти касбӣ» мебошанд.

Шароити маишию манзилии хонандагони литсей

Дар литсей 522 нафар хонандагон таҳсил намуда истодаанд, ки 24 нафари онҳо духтарон мебошанд. Аз 522 нафар хонанда, 472 нафар ба тариқи буҷетӣ ва 50 нафар ба тариқи шартномавӣ таҳсил намуда истодаанд.

Литсей дорои ошхона бо 100 ҷойи нишаст мебошад. Он таъмир карда шуда, ҳолати санитариаш ба талабот ҷавобгӯ аст. Барои хӯроки хонандагон илова ба маблағи аз буҷети давлатӣ ҷудогардида, аз ҳисоби даромадҳои ғайрибуҷавии литсей маблағ ҷудо карда шуда, хуроки гарми хонандагон серғизо тайёр карда мешавад.

Назорати сифати таълим дар муассиса

Мавсуф дар анҷоми суҳбат изҳор дошт, ки маъмурияти литсей назорати дохилии сифати таълимро дар литсей оид ба таъмини муқаррароти нақша ва барномаҳои давлатӣ дар нуҳ моҳи соли 2021, асосан гуруҳи идораи сифати таҳсилот ба амал баровард. Ба ин гуруҳ 5 нафар омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолии варзидаи литсей шомил гардидаанд, ки дар пешбурди кор дорои ҳуқуқҳои васеи корӣ мебошанд. Махсусан, гуруҳ ба сатҳи омодагии омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолӣ ҷиҳати дар пешбурди дарсҳо ва машғулиятҳои назариявию амалӣ аз фанҳои умумиҷамъиятию умумитехникӣ, сифати дарсазхудкунии хонандагон, вазъи хобгоҳу ошхона, таваҷҷуҳи амиқ зоҳир карда, доир ба натиҷаи санҷишҳои худ маъмуриятро дар ҷараён мегузорад ва ҳамзамон, вобаста ба аҳамияти онҳо масъалаи муҳокимаи онҳоро дар ҷаласаҳои Шӯрои муҳандисию омӯзгории таълимгоҳ мунтазам таҳти баррасӣ қарор медиҳад.

Самти дигари назорати сифати таълим ин мунтазам доир кардани мониторинги сифати таҳсилот мебошад. Вобаста ба ҳамин, моҳҳои феврал ва майи соли 2021 мониторинги донишазхудкунии хонандагони курсҳои якум ва дуюм аз фанҳои тахассусӣ ва умумитаълимӣ гузаронида шуд. Натиҷаи он собит намуд, ки сатҳи донишазхудкунии хонандагони курсҳои якум ва дуюм ба ҳисоби миёна мувофиқан ба 69,6% ва 71,2% баробар аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 дар курси якум 0,9% ва дар курси дуюм 1,3% зиёд мебошад.

Давомоти хонандагон дар нуҳ моҳисоли 2021 ба ҳисоби миёна ба 97,7 % баробар буд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 1% зиёд аст.

Бахтиёр АЛИМОВ,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь