Мавзӯи муфлисшавӣ дар системаи иқтисоди бозоргонӣ мавқеи калидиро ишғол намуда, ба таносуби ташаккулёбии макроиқтисодиёт дар соҳаҳои шуғли аҳолӣ, таъмини иҷтимоӣ, дараҷаи даромади аҳолӣ, инкишофи истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ таъсири амиқ мегузорад. Ба ғайр аз ин, расмиёти муфлисшавӣ, робитаҳои молу мулкии субъектҳоро низ танзим намуда, қобилияти пардохтпазирии онҳоро дар назди қарздеҳон таъмин менамояд.
Таври маълум, институти муфлисшавӣ на танҳо ҷанбаи иқтисодӣ, балки ҷанбаи ҳуқуқиву иҷтимоӣ низ дорад. Бинобар ин, муҳимиятии ҷанбаи иҷтимоӣ-иқтисодии он зарурияти таҳия ва қабули санади махсусро тақозо менамояд, ки барои ҳалли масъалаҳои пардохтнопазирӣ ва муфлисшавии субъектони хоҷагидор ва хусусан ташкилотҳои қарзӣ равона гардидааст.
Дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ санадҳои дахлдори меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, аз ҷумла: Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи муфлисшавӣ», Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра.
Ҷараёни муфлисшавии субъектони хоҷагидор (шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ)-ро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ», ки санаи 8 декабри соли 2003, таҳти № 46 қабул гардидааст, амалӣ менамояд. Қонуни мазкур нисбат ба ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ (ба истиснои корхонаҳои давлатие, ки дар моддаи 127 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд), аз ҷумла шахсони ҳуқуқии хориҷии бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифташуда ва ҳамчунин соҳибкорони инфиродӣ амал мекунад.
Бо вуҷуди он, ки қонуни мазкур асос ва тартиби аз тарафи суд муфлис эътироф намудани субъектони хоҷагидор (шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ)-ро муқаррар менамояд, вале муносибатҳои ҳуқуқии татбиқ намудани барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва маҷбурии баъзе намудҳои шахсони ҳуқуқие, ки хусусияти фаъолияти соҳибкориро доранд, пешбинӣ наменамуд. Бо назардошти аҳамияти бузурги ин бахш дар иқтисодиёти миллӣ, ҳукумати кишвар 28 июни соли 2011, таҳти №719 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ»-ро қабул намуд, ки комилан раванди барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва маҷбурӣ, аз ҷумла раванди муфлисшавии ташкилотҳои қарзиро танзим менамояд.
Барҳамдиҳии ҳар як ташкилоти қарзӣ чӣ бо роҳи судӣ ва чӣ ғайрисудӣ дар асоси қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бозхонди иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ сурат мегирад. Гузашта аз ин, пешниҳоди ариза дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ ба суд ҳуқуқи истисноии Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.
Мақомоти дигари ваколатдор ва қарздеҳон метавонанд ҷиҳати барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Бонки миллии Тоҷикистон ӯҳдадор аст дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ муроҷиати мазкурро баррасӣ намуда, қарори дахлдор қабул намояд. Яъне аз тартиби мукаррарнамудаи қонун бармеояд, ки мақоми ваколатдори давлатие, ки ҷараёни барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва маҷбурии ташкилоти қарзиро танзим менамояд, ин Бонки миллии Тоҷикистон аст.
Асосҳои воқеии муфлис эътироф намудани ташкилоти қарзӣ иборатанд аз:
ғайриқобили пардохт эътироф гардидани ташкилоти қарзии қарздоршуда, яъне қобилият надоштани вай барои қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон аз рӯи ӯҳдадориҳои пулӣ, аз ҷумла пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;
сармояаш камтар аз 25% талаботи меъёрии муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон бошад;
ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ аз дороиҳои он зиёд бошад.
Ариза дар бораи муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи қабули қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ бо зикри асосҳо ба суд пешниҳод карда мешавад. Аз лаҳзаи бозхонди иҷозатнома фаъолияти ташкилоти қарзӣ қатъ мегардад. Аз лаҳзаи аз ҷониби суд ба истеҳсолот қабул шудани ариза дар бораи оғози мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ, ягон қарздеҳ барои бозпас гирифтани маблағи пулӣ ё талаби иҷрои дигар ӯҳдадориҳо ҳуқуқ надорад.
Дар навбати худ, Бонки миллии Тоҷикистон, якҷоя бо ариза ба суд ҳамчунин рӯйхати номзадҳоро ба вазифаи мудири махсус пешниҳод менамояд. Чунки мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзиро, бо асосҳои муфлисшавӣ, мудири махсус, ки дорои шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, бо қарори суд анҷом медиҳад.
Бо мақсади амалӣ намудани талаботи қонуни мазкур, бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти № 35 аз 10 феврали соли 2012, қоидаҳои тахассусӣ, вобаста ба супоридани шаҳодатномаи барҳамдиҳанда ва мудири махсус тасдиқ гардид, ки онҳо аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 680 аз 14 феврали соли 2012 ба қайд гирифта шудаанд. Ҳоло дар қаламрави кишвар институти барҳамдиҳандагон ва мудирони махсуси ташкилотҳои қарзӣ ташаккул ёфта, фаъолият менамоянд. Феълан, тибқи омори расмии Бонки миллии Тоҷикистон ва мувофиқи талаботи қонуни мазкур, тариқи судӣ 18 ташкилоти қарзӣ (аз ҷумла 8-то бонк) дар раванди барҳамдиҳии маҷбурӣ бо асосҳои муфлисшавӣ, 5 ташкилоти қарзӣ дар раванди барҳамдиҳии маҷбурӣ бе асосҳои муфлисшавӣ ва 5 ташкилоти қарзӣ дар раванди барҳамдиҳии ихтиёрӣ қарор доранд.
Дар чунин шароит таҳияи методикаи махсус оиди таҳлили аломатҳои муфлисшавӣ зарур аст, зеро дар ин маврид фаъолияти ташкилоти қарзӣ қатъ гардида, он дар марҳилаи хоси ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ, ё ин ки раванди навсозии иқтисодӣ қарор хоҳад гирифт.
Аз дигар тараф, муфлис эътироф намудани ташкилоти қарзӣ ба он маъност, ки дар оянда имконоти ташкилоти қарзӣ барои пардохти пурраи ӯҳдадориҳои пулӣ ба эътибор гирифта намешаванд. Яъне, ҳар ташкилоти қарзие, ки мурофиаи муфлисшавиаш оғоз гардидааст, дигар имкони дар оянда пурра пардохт намудани ӯҳдадориҳояш дар назди қарздеҳонро надорад. Зеро, тибқи талаботи моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ», воситаҳо ва дороиҳои ташкилоти қарзии муфлисшуда тибқи муқаррароти қонунгузори бо тартиби зерин тақсим карда мешаванд:
– маблағҳое, ки барои раванди муфлисшавӣ ё таъини мудири махсус харҷ шудаанд;
– музди меҳнати кормандони ташкилоти қарзӣ, ба истиснои пардохтпулӣ ба аъзои Шӯрои нозирон, ки дар рӯзи қабули қарор дар бораи оғози мурофиаи судӣ аз рӯи парвандаи муфлисшавӣ ҳисоб карда шудааст;
– маблағҳое, ки Ҳукумат ё Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти қарзӣ пешниҳод кардаанд;
– ҳар як талаби пасандоздорон, ки пардохт нашудааст, ё аз тарафи Фонди кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ” пардохт карда намешавад;
– ҳар гуна талаби Фонди кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ ба сифати шахсе, ки ба вай ҳуқуқи талаботи ба пасандоздорон пардохтшуда мегузарад, инчунин талаботи қарздеҳони таъминнашуда;
– андозҳое, ки мӯҳлати пардохти онҳо дар давраи на бештар аз як соли пеш аз рӯзи қабули қарор дар бораи муфлисшавӣ фаро расидааст;
– ҳар гуна талабот нисбат ба қарзи субординарӣ.
Дороиҳои боқимонда ба моликони ташкилоти қарзӣ баробар ба ҳиссаи онҳо дода мешаванд.
Инчунин, дар банди 2 ҳамин модда қонунгузор муайян намудааст, ки талаботи қарздеҳон дар ҳолатҳои зерин пардохтшуда ҳисобида мешавад:
– агар талабот бо сабаби нокифоя будани дороиҳои ташкилоти қарзӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбиникардаи Қонуни мазкур, қонеъ нашуда бошад;
– агар мудири махсус талаботи қарздеҳонро қабул накарда бошад ва онҳо бо ариза ба суд муроҷиат накарда бошанд;
– агар талаботи қарздеҳонро суд рад карда бошад ё талабот баъд аз анҷомёбии раванди барҳамдиҳӣ пешниҳод шуда бошад.
Зимнан, муфлис эътироф намудани ташкилоти қарзӣ омилҳои манфӣ низ дорад, чунки он натанҳо ба манфиатҳои молу мулкии ташкилот, балки ба ҳуқуқу манфиатҳои гурӯҳи шахсони алоҳида низ таъсирбахш мерасонанд. Сухан дар бораи амонатгузорон меравад, ки ҳангоми муфлисшавии ташкилоти қарзӣ, хавфи барнагаштани маблағҳояшон зиёдтар аст.
Аз ин рӯ, вобаста ба ин масъала низ қонунгузори як қатор чораҳоро пешбини намудааст. Аз ҷумла, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», ташкилотҳои қарзӣ бояд ҳатман узви Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ бошанд.
Ҳамин тариқ, дар асоси гуфтаҳои боло ва бо мақсади мутобиқгардонии талаботҳои меъёрии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» бо дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи бонк, аз нигоҳи мо, гузаронидани ислоҳотро дар намуди таҳия ва қабули Тафсир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» иқдоми зарурӣ ва саривақтӣ мешуморем.
Таҳияи Тафсир мухолифатҳои гуногунфаҳмии меъёрҳои қонуни зикршударо бартараф намуда, ба соддагардонии марҳилаҳои барҳамдиҳӣ, муфлисшавӣ, кам кардани хароҷотҳо ва сарфаи вақт ва дигар монеаҳои таъсиррасон заминаи мусоид хоҳад гузошт.
Дар шароити иқтисодии бозоргонӣ, эҷоди монеаҳои гуногун дар фаъолияти бонкҳо боиси оқибатҳои харобиовар дар фаъолияти онҳо ва умуман дар тамоми иқтисодиёт мегардад. Чунки фаъолияти муътадил ва бонизоми бонкҳо, яке аз унсурҳои пешрафти иқтисодиёти миллӣ низ ба ҳисоб меравад.
Қутбиддин Муминзода,
Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон