Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ мегӯяд, “Бахши нақлиёт муҳимтарин унсури рушди иқтисодиёти ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Дар таъйиди ин, раҳбарони давлатҳои Тоҷикистон ва Русия ба тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахши нақлиёт таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар мавриди он, ки имрӯз дар ин самт кадом ташаббусҳо амалӣ карда мешаванд ва низоми берунии нақлиётии кишвари мо бар асоси чӣ таъсис ёфтааст, бо коршинос сӯҳбат намудем.
Фаридун Усмонов мегӯяд, “Тоҷикистон барои рушд додани иқтисодиёти худ, дар тӯли 20 соли охир тавассути сохтмони нақбҳо ва роҳҳои нав, инчунин тавсеа ва беҳтар намудани сифати онҳо шабакаи дохилии роҳҳои худро фаъолона рушд медиҳад. Ҳамин тариқ, дастрасии нақлиётии тамоми минтақаҳои кишвар таъмин карда шуд ва имрӯз имкони дар ҳар фасли сол бо нақлиёти автомобилӣ ба дилхоҳ нуқтаи минтақаҳои дурдасти кишвар сафар карданро дорем.
Аз қаламрави Тоҷикистон 10 долони транзитии байналмилалӣ мегузарад.
Дар баробари ин, соҳаи нақлиёт як унсури муҳими рушди фаъолияти тиҷоратию иқтисодии хориҷӣ ба ҳисоб меравад, бунёди инфрасохтори роҳӣ-нақлиётӣ ба афзоиши гардиши мол дар кишвар бевосита таъсир мерасонад. Қисми зиёди ҳамлу нақли бор дар Тоҷикистон тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва автомобилӣ анҷом дода мешавад, дар баробарин ин, иртиботи ҳавоӣ як самти асосии ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон мебошад”.
Нақлиёти рӯизаминӣ
Соҳаи нақлиёти Тоҷикистонро метавон ба чанд бахш ҷудо кард: нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва нақлиёти ҳавоӣ, дар навбати худ ҳар кадоми онҳо ҳамлу нақли мусофирон ва борро дар бар мегиранд. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳамтои русаш Роман Старовойт дар доираи “Ҳафтаи нақлиёт” дар Маскав масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои ду кишварро дар ҳар яке аз ин самтҳо баррасӣ намуд.
Ҳафтаи нақлиёт – ин рӯйдоди муҳими тиҷоратии соҳаи нақлиёт аст, ки ҳамасола дар Русия баргузор мегардад.
Ҳамин тавр, эълони роҳандозии хатсайри нави автобусии «Хуҷанд – Новосибирск», ки ба наздикӣ ба фаъолият оғоз мекунад, бисёр хабари муҳим аст, зеро ин хатсайр кишвари моро бо минтақаи Сибири Русия пайваст мекунад. Вазирон инчунин имкони роҳандозии иртиботи автобусиро дар хатсайрҳои дигар, аз ҷумла: Душанбе – Маскав, Бохтар – Маскав, Хуҷанд – Қазон, Хуҷанд – Маскав ва Хуҷанд – Екатеринбург баррасӣ карданд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ба масъалаҳои густариши ҳамкориҳои роҳи оҳан таваҷҷӯҳ кард ва бар асоси натиҷаҳои музокироти байни Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва ҶСК «Роҳи оҳани Русия» ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобила дар формати таъминот ва маблағгузории имтиёзнок дар назар аст, аз ҷумла: харидани вагонҳо ва локомотивҳои боркашону мусофиркаши замонавӣ, инчунин масолеҳи роҳ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои ниёзҳои роҳи оҳани Тоҷикистон.
Ҳамзамон дар бораи барқароркунии ҳамлу нақли мусофирон тавассути роҳи оҳан байни Душанбе ва Маскав низ сухан рафт. Ин ҳамлу нақл бар асари пандемияи коронавирус қатъ гардида буд ва то ҳол барқарор нашудааст, имрӯз аз Тоҷикистон ба Русия тавассути қатора танҳо бо масири Душанбе – Волгоград рафтан мумкин аст. То ҳол истифодаи танҳо як масир барои иртиботи роҳи оҳани байни кишварҳои мо бо даромаднокии он тавзеҳ дода мешавад: ҳаракати қатораҳои хориҷӣ дар қаламрави Русия нисбат ба қатораҳои дохилӣ гаронтар аст, яъне аз Тоҷикистон ба Маскав тавассути Волгоград рафтан муфидтар аст, аз ин рӯ, дар назди вазоратҳои мо масъалаи такмилдиҳии тарифҳо барои қатораҳои Тоҷикистон пеш меояд.
Дар Тоҷикистон беш аз 72 фоизи ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути роҳи оҳан анҷом дода мешавад
“Дар мавриди ҳамлу нақли роҳи оҳан байни Тоҷикистону Русия бояд гуфт, ки аз солҳои 2013-2014 мушкилотҳои муайян вобаста ба ҳолати санитарии вагонҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки ҳамлу нақл дар самти Маскав-Душанбе анҷом медод, вуҷуд дошт”, – шарҳ медиҳад коршинос. Фаридун Усмонов. – Пас аз гуфтушуниди хадамотҳои дахлдори давлатҳои мо тавофуқҳои муайян ҳосил шуданд, ки дар доираи онҳо парки вагонҳо дар Роҳи оҳани Тоҷикистон нав карда шуд – сифат ва ҳолати санитарии вагонҳо хеле беҳтар шуд.
Аммо дар соли 2020 ҳамлу нақли мусофирон тавассути роҳи оҳан байни Тоҷикистону Русия ба далели пандемияи коронавирус қатъ (таваққуф) карда шуд. Русия пас аз пандемия монеаҳои санитариро хеле мунтазам ва тадриҷан баланд кард ва то ҳол иртиботи роҳи оҳанро на бо ҳама кишварҳо барқарор кардааст. Айни ҳол Русия дар мавриди барқароркунии ин иртиботҳо ва додани иҷозаи дахлдор ба ширкатҳои роҳи оҳан барои ҳамлу нақли мусофирон бо Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон музокиротҳо оғоз кардааст. Аммо барои барқарор кардани ин раванд аввал тартибот ва шартҳои қаблан муқарраршударо барқарор ва баъдан тадриҷан ба ҳамлу нақли мусофирон гузаштан лозим аст”.
Ҳамлу нақли ҳавоӣ
Аз ҳама маъмултарин роҳи сафар аз Тоҷикистон ба Русия ва бозгашт иртиботи ҳавоӣ боқӣ мемонад. Ин иртиботҳо тавассути як ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, “Сомон Эйр” ва чанд ширкати ҳавопаймоии Русия анҷом дода мешаванд. Аз Душанбе ва Хуҷанд ба самтҳои зерин ҳавопаймоҳо парвоз мекунанд: Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Иркутск, Қазон, Красноярск, Минеральные Воды, Новосибирск, Самара, Сочи, Уфа ва Челябинск. Дар мавриди хатсайри аз ҳама маъмултарин – Душанбе-Маскав бояд гуфт, ки арзиши чиптаи ҳавопаймо дар ин хатсайр ба ҳисоби миёна қариб 2000 сомониро ташкил медиҳад.
Аз 1 ноябри соли 2024 ширкатҳои ҳавопаймоие, ки дар Тоҷикистон фаъолият мебаранд, муваззаф шудаанд, ки ҳангоми беш аз 3,5 соат давом ёфтани парвоз ҳатман мусофиронро бо хӯроки гарм таъмин кунанд (ба мусофирон хӯроки гарм пешниҳод кунанд).
Тавре коршинос Фаридун Усмонов қайд мекунад, Русия самти асосии иртиботи ҳавоии Тоҷикистон мебошад, ки ин бо зиёд будани теъдоди муҳоҷирони корӣ вобаста аст: “Ҳатто агар фурудгоҳи Душанберо мисол гирем: агар ба лавҳаи парвоз дар фурудгоҳ таваҷҷӯҳ кунем, пас метавон гуфт, ки тақрибан 70-80% парвозҳо ба шаҳрҳои Русия анҷом дода мешаванд. Албатта, ин, пеш аз хама, хидмати ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аст, ки мунтазам байни шаҳрҳои Федератсияи Русия ва Тоҷикистон парвозҳои зиёд анҷом медиҳанд. Ин бо маҳдуд будани имконоти ширкатҳои ҳавопаймоии миллии “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” вобаста аст, бахусус аз он сабаб, ки ширкатҳои ҳавопаймоии мо барои анҷом додани парвозҳо бо муттасилии зарурӣ миқдори лиозимии ҳавопаймо надоранд.
Дар соли 2016 байни мақомотҳои авиатсионии Тоҷикистон ва Русия дар мавриди зиёд кардани шумораи ширкатҳои ҳавопаймоӣ як раванди муайяни гуфтушунид сурат гирифт, ки пас аз ҳалли мусбии масъала нархи чиптаҳои ҳавопаймо коҳиш ёфт, ин дар навбати худ боиси зиёд шудани теъдоди шаҳрвандони тоҷике, ки ба Русия парвоз мекунанд, гардид.”
Ҳамлу нақли бор
Як самти алоҳидаи ҳамкориҳои нақлиётӣ – ин ҳамлу нақли бор мебошад, ки он низ як мавзӯи муҳим дар музокироти вазирони нақлиёти кишварҳои мо гардидааст. Ҳамин тариқ, Азим Иброҳим аз зарурати зиёд кардани иҷозаи P-3 барои ҳамлу нақли бор байни Тоҷикистон ва кишварҳои сеюм ва инчунин теъдоди гузаргоҳҳои марзӣ байни Русия ва Белорус барои мошинҳои Тоҷикистон изҳор дошт.
Дар Тоҷикистон 60 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ба маблағи 20 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст.
Ҳамчунин ёдовар мешавем, ки дар охири соли гузашта дар доираи сафари Президенти Тоҷикистон ба Русия Ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Русия, ва инчунин “Харитаи роҳ” – нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт барои солҳои 2023-2025 ба имзо расид. Бар асоси ин нақша имкони пайвастани Тоҷикистон ба лоиҳаи “Агроэкспресс” – хизматрасонии махсуси Роҳи оҳани Русия оид ба ташкили ҳамлу нақли баландсуръати контейнерҳо тавассути роҳи оҳан пешбинӣ шудааст. Ин маънои онро дорад, ки Тоҷикистон метавонад дар давоми 3-5 рӯз маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзиро ба кишварҳои ИДМ, Туркия ва Чин дастрас кунад.
Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: «Дар соли 2024 афзоиши назарраси ҳаҷми гардиши мол байни Русия ва Тоҷикистон мушоҳида карда мешавад: афзоиши тиҷорат қариб 9% ташкил медиҳад. Ин, бешубха, аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамлу нақли бор байни кишварҳои мо торафт меафзояд. Дар ин росто дар бозори ҳамлу нақли бор байни давлатҳои мо бозингарони нав пайдо шуда истодаанд: як қатор ширкатҳои нақлиётии Русия дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро боз кардаанд ва ин расмиёти гумрукиро ҳангоми убури воситаҳои нақлиётӣ аз минтақаҳои транзитӣ дар кишварҳои ҳамсоя осон мекунад. Ин маънои кам шудани мӯҳлати таҳвили мол ва сарфаи хароҷотҳои боркашониро дорад.
Ташаббусҳои иловагӣ оид ба суръат бахшидан ба интиқоли мол аз як кишвар ба кишвари дигар, ки тайи якчанд соли ахир дар рӯзномаи мулоқотҳо қарор доранд, ин лоиҳаҳои “Агроэкспресс” ё “Долони сабз” мебошанд, ки соддагардонии расмиётҳоро дар бахши танзими гумрукӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия пешбинӣ мекунанд. Ин созишномаҳо имкон медиҳанд, ки сифати молҳои интиқолшуда нигоҳ дошта шуда, ӯҳдадориҳои соҳибкорон ва фаъолияти тиҷоратӣ содда карда шаванд. Ин, бешубҳа, як омили мусбат барои густариши муносибатҳои Тоҷикистону Русия мебошад».
Ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт байни Русия ва Тоҷикистон, ки тавсеаи иртиботҳои нақлиётӣ, таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ ва такмили ихтисоси кормандони ин соҳаро дар назар дорад, як такони мусбат барои рушди иқтисодиёти кишвар мегардад, зеро ҳамчун як омили мусбии иқтимоӣ барои вусъат додани савдо ва саёҳат имконият фароҳам меорад.
Матлубаи Қ