Дар 9 моҳи соли равон дар кишвар 192 ҳазору 818 ҷои кории нав таъсис ёфтааст, ки аз ин, 54 ҳазор 828 кори доимӣ, 80 ҳазору 340 кори мавсимӣ, 53 ҳазору 801 кори муваққатӣ ва 3 ҳазору 849 кори иловагӣ будааст. Ин омор дар маҳфили навбатии иқтисодии “Тавозун”, ки ба мавзӯи рушди шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон бахшида шуда буд, садо дод.
Чорабинӣ аз ҷониби созмони ҷамъиятии “Хома” бо дастгирии созмони байналмилалии “ACTED” бо ширкати намояндагони мақомоти давлатӣ, олимону коршиносон, шарикони рушд ва журналистон рӯзи 28 ноябр дар Душанбе баргузор шуд. Қабл аз баргузории маҳфил чанде аз журналистон мавзӯи мазкурро дар як давраи омӯзишӣ аз худ карда буданд ва дар ин маҳфил ба суолҳои хеш посух дарёфтанд.
Шаҳло Акобирова, роҳбари Ташилоти “Хома” дар оғози маҳфил бобати аҳамияти мавзӯъ ёдрас шуд. Ӯ гуфт, тайи 2 рӯз рӯзноманигорон аз минтақаҳои гуногуни кишвар дар мавзӯи “Рушди шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон”, ки ҳадафи панҷуми стратегии кишвар дониста мешавад, донишҳои нав гирифтанд ва акнун зарур аст, ки ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ намуда, онро таҳлилу таҳқиқ ва дуруст ба аҳолӣ расонанд.
Насима Назриева, намояндаи созмони “ACTED” оид ба лоиҳаҳои ин ташкилот, ки бештар ба самти иқтисодӣ равона гардидааст, ёдоварӣ намуд. Ӯ гуфт, маҳз мақолаҳои журналистон дар бораи аҳамияти соҳибкории иҷтимоӣ буд, ки дар кишвар қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ қабул шуд.
Номбурда изҳорӣ боварӣ кард, ки дар оянда мавзӯи шуғли пурмаҳсул низ аз ҷониби журналистон таҳлилу таҳқиқ гирадида, барои расидан ба яке аз ҳадафҳоии стратегии Тоҷикистон замина мегузорад.
Шуғли пурмаҳсул бо меҳнати арзанда баробар аст
Субҳон Ашӯров, доктори илмҳои иқтисодӣ дар мавзӯи “Шуғли бомаҳсул ҳамчун ҳадафи афзалиятноки стратегӣ барои рушди кишвар” изҳори назар кард. Ба бовари ин иқтисодшинос, яке аз функсияҳои давлат таъмини аҳолӣ бо шуғл аст ва ин аст, ки шуғли пурмаҳсулро ҳамчун стратегия қабул кард.
Ӯ дар бораи зарурати татбиқи шуғли пурмаҳсул дар кишвар, заминаҳои ҳуқуқии он, инчунин самтҳову афзалиятҳои ин соҳа суҳбат кард.
Аз ҷумла гуфт, ки дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ шуғли пурмаҳсул бо меҳнати арзанда баробар карда шудааст. Яъне шуғли пурмаҳсул бояд меҳнати арзандаро таъмин кунад.
Номбурда таъкид кард, ки баъди 7 соли қабули “Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030” “Консепсияи давлатӣ оид ба рушди пурмаҳсул то соли 2040” таҳияву қабул шуд, ки ин як биниши кор ё раванди татбиқи шуғли пурмаҳсул дар кишварро пешниҳод мекунад.
“Мо бояд баъди як ё дусоли қабули стратегия консепсияро қабул мекардем. Ин равиши корро муайян мекунад, ки чӣ хел онро ба даст меорем. Ҳамин тариқ, соли 2023 Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон барои соли 2023-2025 қабул шуд. Яъне дар байн 6 сол холӣ монд. Борварӣ дорам, ки ин стратегия баъди соли 2030 ба охир намерасад ва давом мекунад. Татбиқи ин старатгея, махсусан шағли пурмаҳсул дар Тоҷикистон кори осон нест.”,-гуфт Субҳон Ашӯров.
Ӯ шарҳ дод, ки шуғли пурмаҳсул ин пеш аз ҳама гирифтани даромад тавассути маҳсулнокии меҳнат, маоши арзанда, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва бехатарии меҳнат аст.
“Ин ҳама ҳамчун омили муҳим дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ҳисобида мешавад ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шуғли пурмаҳсул ва меҳнати арзанда ҷузъҳои ҷудонопазиранд.”,-қайд намуд ин олими тоҷик.
Мушкилиҳои татбиқи шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон
Субҳон Ашӯров мушкилиҳои татбиқи шуғли пурмаҳсул дар ҷумҳуриро номбар кард. Ба таъкиди номбурда, дар Тоҷикистон қувваи корӣ нисбат ба имконоти иқтисодиёт зиёд аст ва ҳамасола захираҳои меҳнатӣ 2% зиёд мешавад.
Паст шудани ҳиссаи шуғли кироя ва зиёд будани худиштиғолӣ монеаи дигар дар ин самт гуфта шуд. Ба гуфтаи вай, дар асоси Тадқиқоти қувваи корӣ (соли 2016) 65,2% аҳолӣ ба худиштиғолӣ машғуланд, ки ин бад аст.
Ҳиссаи баланди бахши аграрӣ (то 60% шуғл дар кишвар бахши аграрӣ аст) дар соҳаи шуғл, сатҳи пасти музди меҳнат, сатҳи пасти талаботи таҳсилотии ҷойҳои корӣ, сифати пасти захираҳои меҳнатӣ (ин натиҷаи пасти таҳсилоти касбӣ аст), таносуби баланди шуғли ғайрирасмӣ (30% шуғл дар кишвар ғайрирасмӣ аст), номуташаккилии муҳоҷирати меҳнатии беруна ва сатҳи пасти омори бозори меҳнат аз ҷумлаи дигари мушкилиҳо дар самти рушди шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон номбар карда шуд.
Ҷаноби Ашӯров дар идома дар бораи зарурати қабули “Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” ва нақшаи амали ин барнома барои солҳои 2023-2025 ишора намуд. Ӯ гуфт, ки афзалиятҳои ин барнома пеш аз ҳама тавсеаи иқтисодии шуғли пурмаҳсул, баланд бардоштани сифати захираҳои меҳнатӣ, сифати муҳоҷирати меҳнатӣ, паст кардани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ, таҳкими фаъолияти хадамоти давлатии шуғли пурмаҳсул, мусоидат ба шуғли гуруҳи аҳолии осебпазир ва таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ мебошад.
Танҳо 595 муҳоҷири ихроҷшуда бо ҷои кор таъмин шудаанд
Дар идома, Бустон Аҳмадзода, сармутахассиси раёсати бозори меҳнати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои татбиқи ин барномаи миёнамуҳлат бо такя ба оморҳо иттилоъ ироа кард.
Номбурда гуфт, ин барнома моҳи августи соли 2023 қабул шудааст ва аз 35 банд иборат буда, ҳоло мавриди амал қарор дорад.
Мавсуф иттилоъ дод, ки нисбат ба 9 моҳи соли 2023 (149 ҳазору 98) имсол 43720 адад ҷои кор зиёдтар таъсис ёфтааст. Аз ҷумла, дар бахши воқеии иқтисодиёт 132 ҳазору 436 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (86741 ҷойи кор) 45695 адад зиёд мебошад.
Вале дар бахши хизматрасонӣ, дар ин давра 60832 ҷойи кор таъсис дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (62357 ҷойи кор) 1525 ҷой кам мебошад.
Ӯ гуфт, дар 9 моҳи соли равон 54 ҳазору 828 ҷойи кории доимӣ таъсис дода шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта (64389 ҷойи кор) 9561 ҷойи корӣ кам мебошад.
Ба иттилои вай, дар ин давра шумораи ҷойҷои кории муваққатӣ 53 ҳазору 801, ҷойҳои кории мавсимӣ 80 ҳазору 340, ҷойҳои кори иловагӣ 529 ва ҷойҳои кории барқароршуда 3320 будааст.
Муҳоҷирон ва маъюбон чӣ гуна ба кор таъмин мешаванд?
Бустон Аҳмадзода дар бораи марказҳои касбомӯзӣ ва хидматрасонии вазорат дар шаҳру навоҳии кишвар маълумот дод ва гуфт, ки ҳамасола садҳо нафар тавассути ин марказҳо ба касбҳои гуногун, аз ҷумла, сабзвоткорӣ, коргари коркарди меваю сабзавот, таъмиргари техникаи кишоварзӣ, роҳбари хоҷагии деҳқонӣ, устои барқ, кафшергар, андовагар, челонгар-сантехник ва устои панелҳои офтобӣ ба омӯзиш ҷалб карда мешаванд. Ҳамчунин, дар ин марказҳо онҳо ба забономӯзӣ, аз ҷумла, забонҳои англисӣ ва кореягӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар 10 моҳи соли равон аз муҳоҷирони ихроҷшуда (аз Русия) танҳо 2373 ба вазорат муроҷиат карданд, ки дар натиҷа, 595 нафари онҳо ба ҷои кор таъмин шуда, 366 кас ба тайёрии касбӣ, 189 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ, 1045 ба машварати касбӣ ҷалб шудаанд. Танҳо ба 178 кас қарзи имтиёзнок дода шудааст. Ин дар ҳолест, ки танҳо дар 6 моҳи соли равон 17 ҳазор муҳоҷир аз Русия ихроҷ шудаанд.
Давоми 10 моҳи соли 2024 дар сатҳи ҷумҳурӣ танҳо 150 шахси маъюб дар асоси квота ба кор қабул шудаанд.
Ба суоли он ки барои таъмини муҳоҷирони кории баргшта ва шахсоне, ки аз зиндонҳо берун мешаванд бо ҷои кор вазорат чӣ барномаву нақшаҳо дорад, Бустон Аҳмадзода посух дод, ки дар назди зерсохторҳои вазорат марказҳои мутобиқшавӣ амал мекунад, ки муҳоҷирон метавонанд ба он муроҷиат кунанд ва ба ҷои кор ва ё касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд.
Шамсиддин Асламов, намояндаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон илова кард, ки баъди ихроҷи якбораи муҳоҷирон дар фурудгоҳҳо навбатдор гузоштанд ва ба ихроҷшудагон номгӯи кору омӯзишҳое, ки дар марказҳои касбомӯзӣ доранд, пешниҳод карданд.
“Аз ҳамин ҳисоб 1350 нафар бо ҷои кор таъмин шуданд. Қариб 550 нафар ба марказҳои касбомӯзии вазорат барои омӯхтани касб ҷалб шуданд. Ҳудуди 100 нафар соҳиби қарзи бефоиз гардиданд.”, – гуфт Асламов.
Ихтисосҳои наву куҳна
Ихисосҳое ки дар марказҳои касбомӯзӣ ҳаст, то куҷо ба бозори меҳнати имрӯзаи кишвар ҷавобгӯй аст, аз зумраи саволҳое буд, ки байни ҳозирин ба баҳс кашида шуд. Шамсиддин Асламов посух дод, ки марказҳои имрӯз таъсис наёфтаанд ва фаъолияташон аз солҳои 90-ум идома дорад. Барномаи марказҳо амал мекунад. Барои он ки дар марказ мутахассиси сатҳи ҷаҳонӣ омода шавад, бояд дар ҳамн сатҳ омӯзгор ва технология доштан лозим аст. Аз ин рӯ, ҳоло фаъолияти марказҳо дар доираи салоҳият ва имкониятҳои ҷойдоштаи давлату ҳукумат амалӣ карда мешавад.
“Ба марказ онҳое меоянд, ки маълумоти олӣ надоранд ва ба ягон касб эҳтиёҷ доранд. Дӯзандагиву кафшергарӣ, ронандагӣ меомӯзанд. Яъне дар доираи касбҳои миёнаҳоле ки дар шароити Тоҷикистон зарур аст, мутахассисон ҷавобгӯянд.”, – гуфт Асламов.
Зикр карда шуд, ки набояд бо он тахасусҳое, ки 40-50 сол пеш барномарезӣ карда шуда буд, дар замони муосир кор кард, чунки бархе касбҳое ҳастанд ки бо рушди технологияи муосир аз байн мераванд ё талабот надоранд ва ё баъзе касбҳои нав пайдо шудааст, ки бояд онҳоро ба барномаи марказҳои касбомӯзӣ ворид кард.
Гуфта шуд, ки чӣ гуна бо рушди технология чандин касбҳо аз байн рафтанд ва онҳое ки бекор монданд, он касбҳои наве ки пайдо шуданд, омӯхтанд ва ҳоло соҳиби ҷои кор ҳастанд.
Ба суоли он ки дар кишвар чӣ қадар шуғли ғайрирасмӣ ҳаст, намояндагони вазораи меҳнат гуфтанд, ки ин равандро ҳисоб кардан душвор аст, вале дар кишвар барномаи паст кардани шуғли ғайрирасмӣ амал мекунад, ки ҳадафаш паст кардани ин намуди шуғл тавассути таблиғи зарарҳои шуғли ғайрирасмӣ мебошад.
Махсусан, дар бораи фаъолияти ғайрирасмии мардикорбозори занони Бохтар баҳс шуд. Аз ҷумла, Субҳон Ашӯров гуфт,ки сабаби ташкил шудани чунин маконҳо ин набудани ҷои корӣ расмӣ аст, ки онҳоро ба ин кор равона кардаст.
“Ҳоло дар ин самт кор карда истодаанд ва ҳоло шуғли ғайрирасмӣ аз 30 то 25 фоиз кам карда шудааст. Инҷо айби корфармо ҳам ҳаст, ки намехоҳад андоз пардот кунад ва аҳолӣ ҳам барои ин кор ҳавасманд аст. Вале бояд таъкид кард, ки кори ғайрирасмӣ на таъминоти иҷтимоӣ дорад, на бехтариро таъмин мекунад. Бояд ин нуктаро ба аҳолӣ расонад.”,-илова кард ин олими тоҷик.
Гуфта шуд, ки ин барнома бо Вазорати молия ва Кумитаи таҳсилот оид ба таҳсилоти ибидоӣ ва миёнаи касбӣ дар якҷоягӣ амал карда, ҳадафаш мусоидат ба афзоиши шуғли ҷавонон, занон ва муҳоҷирони баргашта ба ҳисоб меравад. Ин барнома солҳои 2023-2026-ро дар бар мегирад ва барои амалигардони он аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо 30 млн евро маблағ ҷудо мешавад. Кумаки пешниҳодшуда ба татбиқи ислоҳоти соҳа ва кумаки техникӣ ҳамчун меъёри иловагӣ иборат аст.
Дар идома намояндагони ин барнома оид ба ҳадафҳои мушаххаси он, давраҳои маблағгузорӣ, мушкилиҳои соҳа, ки ба татбиқи шуғли пурмаҳсул монеа мешавад, инчунин, роҳҳои ҳалли ин масъала аз нигоҳи таҷрибаи дигар давлатҳо дар татбиқи шағли пурмаҳсул баромад карданд.
З. Сайфулло