Мисолҳо дар мавриди имконоти қабули таҷрибаҳои ҷаҳонӣ дар самти рушди кишоварзӣ
Рушди соҳаи кишоварзӣ дар ҳама давру замон масъалаи марказӣ дар сиёсати давлат ҳисоб меёфт. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон низ имрӯз кӯшиш ва талошҳои зиёде нисбати рушди соҳа ва саноатикунонии он равона мебошад ва аз рӯи ин муносибатҳо соҳа дар таъмини амнияти озуқворӣ кафили асосӣ дар сиёсати давлат ҳисоб меёбад. Дар ин мавзуъ мехоҳам рушди имрӯзаи соҳаро паси панҷа насозам ва аз рӯи костагиҳои ҳисшавандаи имрӯзаи кишоварзӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гӯяму мушкилоти мавҷударо дар ин самт аз нуқтаи назари доштаам мавриди таҳлил ва хулосакориҳо қарор диҳам.
Сараввал мехохам нисбати натиҷаи ислоҳоти соҳа сухан гӯям ва ноҷӯриҳои онро баён намоям. Мисли мамолики пешрафтаи ҷаҳон, бояд замин баҳри истифодабарӣ ба нафароне дода мешуд, ки онҳо сифр пешаи кишоварзиро доро мебуданд ва тамоми маҳоратҳои касбии доштаашонро нисбати рушди соҳа, гирифтани даромад ва таъмини бозори маҳсулоти кишоварзии дохилӣ ва берунӣ равона месохтанд ва дар як маврид устувории бозори маҳсулоти кишоварзиро соҳибӣ ва таъмин мекарданд. Дигар нафарон, ки касби кишоварзиро пеша надоштанд ва дар дигар сохторҳои ғайрикишоварзӣ кору фаъолият менамоянд, бояд аз алоқамандиҳои заминдорӣ ва кишоварзӣ парҳез мекарданд ва дар рушди ҷомеа бо пешаи доштаи хеш сидқан иштирок менамуданд. Дар ин ҳолатҳо хулоса дорам, ки ҷомеа хубтар ва бештар ва аз нуқтаи назари касбӣ асоснок ва устувор рушд мекард.
Дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ва далоили кундии пешравии соҳа дар ҳамин муносибатҳо ниҳон мебошанд. Дар навбати дигар, бояд дар вақти ислоҳот ҷамъияти кишоварзон бо шуғлҳои алоҳида ва муайяни кишоварзӣ ба истеҳсолот ворид мегаштанд. Инро ман дар мисоли тақсимшавии кишоварзон ба ғаллакорон, картошкапарварон, боғпарварон, чорводорон, зироатҳои техникӣ, парандапарварон дар шакли хусусӣ, ба мисли фермерони соҳибкасби мамолики Аврупо ва Амрико оварданӣ ҳастам. Ташкил ва пешбурди ин варианти истеҳсолиро ман барои таъмини ду мақсади асосӣ дар рушд ва самаранокии соҳа муҳим меҳисобам: якум, соҳавикунонии истеҳсолоти кишоварзӣ дар мавриди аввал аз рӯи ташкилсозии квотаҳои истеҳсолӣ бунёд мегардиданд, ки дар шароити имрӯза аксарияти мамолики тараққикардаи ҷаҳон ин модели истеҳсолотро пеша доранд ва дар истеҳсоли маҳсулот, таъмини амнияти озуқаворӣ ва савдои беруна муваффақ гаштаанд. Хубии ин модел дар он аст, ки ин равиш ҷомеаро аз бунбастҳои истеҳсолӣ дар муносибатҳои истеҳсолӣ ва бозори кишоварзӣ эмин нигоҳ медорад. Аз рӯи ин модел дар байни сохторҳои мутасаддии давлат, саноати коркард, бозор ва истеъмолгарон занҷираи устувори алоқамандӣ бунёд мегардад ва ин занҷира дар муносибатҳои минбаъда ҳимоятгари ҷонибҳо ҳисоб меёбад. Дар мавриди дигар, модели мазкур шароит фароҳам месозад, ки соҳа дар марҳилаи кӯтоҳ дар асоси дараҷаи талаботи маҳсулот роҳи саноатикунонии худро дарёфт созад ва аз рӯи он кишоварзон боварӣ пайдо намоянд, ки истеҳсолоти онҳо дар дохили мамлакат талабшавандаву устувор аст ва ҳимояти хуб дорад. Бар асари ин модел барои бархе аз мутахассисони соҳавӣ шароитҳои ҷойи корӣ пайдо мегардад ва дараҷаи кӯчиши берунмарзӣ коҳиш меёбаду дар маҷмуъ, дар ҷомеа амнияти озуқаворӣ ва ғизои солим ба таври устувор таъмин мегардад.
Хубии дигари квотакунонӣ он аст, ки дар истеҳсолоти кишоварзӣ муносибатҳои истеҳсолии хаотикӣ аз байн мераванд, муносибатҳои ғайрирасмии мутамарказ нисбати ташкилсозии истеҳсолот дар ҷомеа хотима меёбанд. Соҳибкорони кишоварз дар асоси муносибатҳои расмӣ ва масъалаҳои ҳалталабашон бо ҳам пайваст мешаванд ва нисбати беҳсозии ҳолатҳои истеҳсолӣ ва бозори маҳсулот дар доираи ҳуқуқу уҳдадориҳояшон баромад менамоянд ва аз имтиёзҳои воқеӣ истифода мебаранду имтиёзҳои иловагиро ҳадафнок аз давлат ва шарикон талаб менамоянд. Масъулияти сохторҳои мутасаддии давлатӣ дар ин ҳолат фақат аз таҳлили эҳтиёҷоти бозори дохилӣ ва талаботи беруна, пайвастсозии эҳтиёҷоти бозор бо кишоварзон ва таъмини шароитҳои ҳуқуқӣ аз рӯи муносибатҳо ва ташкили омӯзишҳо аз рӯи эҳтиёҷот иборат мебошад. Хулоса дорам, ки дар чунин шакли кор ҳам кишоварзон ва ҳам кормандони сектори давлатӣ вазифа ва уҳдадориҳои касбӣ ва асосиашонро дар истеҳсолот ва рушди кишоварзӣ хуб дарёфт месозанду ҳолатҳои кишти маҷбурии зироатҳо, ташкил ва ҷалбсозии иҷбории ҳашарҳо нисбати ҷамъоварии ҳосил барои ҷомеа бегона мешаванд. Дар ин самт назари Институти иқтисодиёти кишоварзии Тоҷикистон дар шароити имрӯза хело муҳим ва талабшаванда мебошад.
Натиҷаи самараноки дигари махсусгардонӣ ва квотакунонии истеҳсолоти кишоварзӣ дар он аст, ки истеҳсолотчиён кӯшиши зиёдсозии маҳсулнокӣ ва беҳдошти сифати маҳсулоташонро пеш меоваранд ва дар ин асос ниёзи сайқали маҳоратҳо аз ҳисоби рақобати худи истеҳсолотчиён пайдо мегардад ва бо ташкилсозии омӯзишҳо дар асоси ниёзҳои пайдогашта маблағҳо ҳадафнок ва натиҷадор истифода мешаванд. Имрӯз дар шароити ҷумҳуриамон миллионҳо сомонӣ маблағи буҷавӣ ва маблағи ташкилотҳои рушд дар нисбати омӯзишҳои ноталабгашта хароҷот мегарданд ва иштирокдорони омӯзишҳоро шахсиятҳое ташкил менамоянд, ки онҳо мақсад ва ниёзи сайқали маҳоратҳои муайянро дар самти кишоварзӣ надоранд.
Масъалаи дигари ҳалталаби соҳа аз таъмини ислоҳот дар низоми идоракунии илми кишоварзӣ ва алоқамандсозии он бо истеҳсолот ва саноати кишоварзӣ иборат мебошад. Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон сарварони идораҳои илмиро ҳатман бояд аз ҳисоби олимони соҳа интихоб намоянд. Хулосаи ман сари он аст, ки на дар ҳама мавридҳо олимони забардаст роҳбар ва менеҷери хуб шуда метавонанд, зеро вазифаи асосии онҳо аз гузаронидани тадқиқотҳо ва кашфиётҳои нави илмӣ ва пайвасти натиҷаи он бо истеҳсолоти кишоварзӣ иборат мебошад. Касби роҳбарӣ ва менеҷмент дар соҳаи илм на ҳама вақт ҳатман олим буданро талаб менамояд ва дар мавридҳои асосӣ ба мисли муносибатҳои имрӯза шояд идоракунандаи хубро муҳтоҷ бошад. Агар дурусттар таҳлил намоем, дар сохтори идоракунандаи институтҳои илмӣ боз шахсони дуввум низ ҳастанд ва бар дӯши онҳо сифр пешбурди масъалаҳои илмӣ вобаста мебошад ва инро ман хуб пазироӣ дорам. Дар ин миён хуб мешавад, ки дар сохтори Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, институтҳои мансуби он дар шакли таҷрибавӣ нафарони аввалро аз ҳисоби шахсиятҳои дорои маҳорати баланди замонавии идоракунӣ ва менеҷмент интихоб намоянд. Дар ин сурат самти маҳоратҳои идоракунӣ ва пешрафти илм бо ҳам алоқамандии хубро пайдо месозад ва шояд тағйиротҳои мусбати саривақтӣ дар кишоварзӣ пеш оянд.
Дар шароити имрӯза соҳаи кишоварзӣ аз илм дар қатори ихтирооти маҳсулнок, технологияҳои пешқадами истеҳсолӣ ва коркард боз модели пурмаҳсули ташкили истеҳсолот ва идоракунонии замонавиро интизор аст.
Мизроб АМИРБЕКОВ,
таҳлилгари масоили кишоварзӣ