Нозироти андоз дар шаҳри Бӯстон ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиали содиротии шаҳр, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд. Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андоз дар шаҳри Бӯстон хабарнигори МТЖТ бо сардори ин ниҳод Малиқозода Амиралӣ Мусохон суҳбат анҷом дод.
Дар оғози суҳбат сардори Нозироти андоз Амиралӣ Мусохон изҳор дошт: -Нозироти андоз дар шаҳри Бустон дастуру супоришхои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришхои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳамкори бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошта шуда доир ба таъмини нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон барои соли 2024» ва барои вусъат бахшидан ба корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳи, беҳтар намудани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон, ҷиҳати ба андозбандӣ ҷалб намудани шахсони хуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ва дар маҷмӯъ мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ, корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.
Нозироти андоз дар шаҳри Бӯстон, дар ҳашт моҳи соли 2024 нақшаи тасдиқшудаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ ғайрибуҷети ба андозаи 112,6 фоиз таъмин карда шуда, ба ҷои 114,7 млн сомонӣ ба буҷет 129,1 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки он нисбат ба нақшаи пешбинишуда 14,4 млн сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон мувофиқи ҳисоботҳо дар ҳашт моҳи соли 2024 нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷети дар ҳаҷми 109,8 фоиз таъмин гардид, ки ба ҷои 14,3 млн сомонӣ пешбинишуда ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 15,7 млн сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 1,4 млн сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи буҷети маҳал бошад 44,3 млн сомонӣ тасдиқ гардида иҷроиш он 48,6 млн сомонӣ ё ин ки 109,7 фоизро ташкил дода, нисбат ба нақшаи пешбинишуда 4,3 млн сомонӣ зиёд ҷамъоварӣ гардида аст.
Дар ҳашт моҳи соли 2024 накшаи ҳама намуди андозҳо ба пуррагӣ иҷро гардидааст, ки бе назардошти андози иҷтимоӣ ғайрибуҷети ба андозаи 112,9 фоиз таъмин карда шуда, ба ҷои 100,4 млн сомонӣ ба буҷет 113,4 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки он нисбат ба нақшаи пешбинишуда 12,9 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҳашт моҳи соли 2024 нақшаи тасдиқшудаи қисмати Нозироти андозсупорандагони калон бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷети ба андозаи 114,0 фоиз таъмин карда шуда, ба ҷои 55,3 млн сомонӣ ба буҷет 63,1 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки он нисбат ба нақшаи пешбинишуда 7,7 млн сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон мувофиқи хисоботҳо дар ҳашт моҳи соли 2024 нақшаи андози иҷтимоӣ аз хисоби ташкилотхои ғайрибуҷети дар хаҷми 104,4 фоиз таъмин гардид, ки ба ҷои 3,5 млн сомонӣ пешбинишуда ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 3,7 млн сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 156,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҳашт моҳи соли 2024 нақшаи тасдиқшудаи қисмати Нозироти андоз бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷети ба андозаи 111,2 фоиз таъмин карда шуда, ба ҷои 59,4 млн сомонӣ ба буҷет 66,0 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки он нисбат ба нақшаи пешбинишуда 6,6 млн сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон мувофиқи ҳисоботҳо дар ҳашт моҳи соли 2024 нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷети дар ҳаҷми 111,7 фоиз таъмин гардид, ки ба ҷои 10,7 млн сомонӣ пешбинишуда ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 12,0 млн сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 1,2 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҳашт моҳи соли 2024 ба миқдори 283 адад субъектҳои хоҷагидори дар Нозироти андози шаҳри Бӯстон бақайдгирифта шудаанд, ки аз он шахсони ҳуқуқӣ 7 адад, соҳибкорони инфиродӣ дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда 33 нафар, соҳибкорони инфиродӣ дар асоси шаҳодатномаи махсус фаъолияткунанда 132 нафар ва соҳибкорони инфиродӣ дар асоси патент фаъолияткунанда 111 нафарро ташкил менамояд.
Дар ҳашт моҳи соли 2024 бо андозсупорандагон 12 маротиба семинар – машварат гузаронида шудааст. Инчунин аз тарафи гурӯҳи хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ дар бинои Нозироти андоз 2 маротиба оид ба пешниҳод намудани тавозуни муҳосиби, ҳисоб намудани андоз аз суди саҳмияҳо, эъломияҳои андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, тартиби истифодабарии ДНХ, тартиб додани санади муқоисавӣ, доир ба тартиб ва ҳисоб намудани ААИ, низомҳои андозбандӣ ва тартиби пешбурди ҳатмии баҳисобгирии муҳосибӣ гузаронида шудааст.
Дар фарҷом Амиралӣ Мусохон гуфт, бояд зикр намоям, ки дар воқеъ кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Бӯстон масъулиятшинос буда, дар кори худ содиқона хидмат менамоянд ва албатта, баҳри пешрафти соҳа тамоми донишу малакаи худро истифода мебаранд.
МТЖТ