Нозироти андоз дар ноҳияи Хуросон ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиали содиротии ноҳия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд. Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андоз дар ноҳияи Хуросон хабарнигори МТЖТ бо сардори ин ниҳод Қодиров З. суҳбати ихтисоси анҷом дод.
Мавсуф нахуст афзуд, ки Нозироти андоз дар ноҳияи Хуросон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро роҳнамои кории худ қарор дода, кӯшиш намуданд, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2023 вазифаҳои ба зимаашон гузошташударо доир ба иҷрои нишондиҳандаҳои Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» таъмин намуда, ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, беҳтар сохтани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон, дар маҷмуъ мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ, чораҳои иловагӣ андешанд.
Низоми андоз ва андозсупоранда
Дар идомаи суҳбат ҳамсуҳбати мо зикр дошт, ки ба маълумоти Шумо мерасонем, ки воридоти нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба ҳар як намуди сарчашмаи андозҳои ба нақша гирифташуда вобастагӣ дошта, бояд тибқи тартиби муқарраршудаи қонунгузории андоз ва дигар санадҳои меёрию ҳуқуқӣ сари вақт ба ҳисоб гирифта шуда, дар муҳлатҳои муайяншуда ба буҷетҳои дахлдор пардохт карда шавад.
Мутобиқи маҳзани маълумотҳои барномаи компютерӣ ба ҳолати 01.07.2023 шумораи умумии андозсупорандагон 25026 нафар буда, аз инҳо шахсони ҳуқуқӣ 328 адад, соҳибкорони инфиродӣ (тиҷоратӣ) 190 нафар, хоҷагиҳои деҳқонӣ 1440 нафар, соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 235 нафар ва соҳибкорони бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда 482 нафар, инчунин супорандагони андозҳо аз молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ 22351 нафаро ташкил медиҳанд.
Аз шумораи умуми 328 адад шахсони ҳуқуқӣ, яъне 23 адад андозсупоранда дар низоми умумии андозбандӣ, 139 андозсупоранда дар низоми соддакардашудаи андозбандӣ, 110 адад корхонаҳои буҷетӣ ва 56 андозсупорандагони дигар бо РСБ (рамзи сабабҳои баҳисобгирӣ) фаъолият менамоянд.
Иҷрои нақша
Ҳамзамон, номбурда тазаккур дод, ки иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар ноҳия дар маҷмуъ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2023 ба андозаи 104 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 19,39 млн. сомонӣ аз нақшаи пешбинигардида 20,21 млн. сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба нақша 820 ҳазор. сомонӣ ҷамъоварии андозҳо зиёд ворид гардидааст.
Бақияпулиҳои андоз
Дар ҷараёни суҳбат мавсуф афзуд, ки яке аз масъалаҳои дигар дар фаъолияти Нозироти андоз ин ҷой доштани маблағи бақияпулиҳои андоз мебошад.
Дар шашмоҳаи якуми соли 2023 бо мақсади кам намудани бақияпулиҳои андоз тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Нозироти андоз дар фаъолияти як қатор андозсупорандагон чораҳои зарурӣ андешида шудааст.
Дар Нозироти андози ноҳия бақияи қарзи андозҳо ба санаи 01.01.2023, 2196021 ҳазор сомонӣ буда, ин нишондод ба санаи 01.07.2023, маблағи 1661048 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба аввали соли сипаришуда бо ҳисоби 534973 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.
Дар шашмоҳаи якуми соли 2023 ба 346 адад андозсупорандаи қарздор аз тариқи барномаи СИА “Идоракунӣ ва мониторинги қарзи андозҳо” ба маблағи 1 млн 547 ҳазор сомонӣ огоҳинома ирсол гардида, дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷет ба маблағи 1 млн 37 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст.
Дар ин давраи сипаришуда аз тарафи Нозироти андоз тибқи тартиби ғайрисудӣ оид ба маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо нисбати андозсупорандагони қарздор 144 адад маводҳо ба маблағи умумии 1 млн 318 ҳазор сомонӣ омода ва ба Раёсати андоз дар вилояти Хатлон пешниҳод гардидааст, ки 144 адад қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, аз ин шумора 99 адад қарорҳо ба маблағи 930 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст, ки 71% фоизи маблағи умумии қарорҳои қабулгардидаро ташкил медиҳад.
Новобаста аз оне, ки кормандони Нозироти андоз барои кам намудани бақияпулиҳои андозҳо чораҷуӣ намуда истода бошанд ҳам, яке аз сабабҳои асосии афзоиш ёфтани бақияпулиҳои андозҳо дар баъзан ташкилоту корхонаҳо аз бемасъулиятӣ ва хунукназарии роҳбарон ва масъулини ингуна ташкилоту корхонаҳо хулосабарорӣ намудан мумкин аст, ки ба зиёд гардидани бақияпулиҳои андоз оварда мерасонад. Ва мо кормандони Назорати андоз албатта, мекӯшем, ки роҳҳои ситонидани бақияпулиро ҷустуҷӯ намоем ва ҳамзамон, бо шахсони қарздор машварату фаҳмондадиҳӣ намоем, то ки донишашон дар ин самт болотар равад ва саривақт андози худро партохт намоянд.
Барои сари вақт напардохтани андози иҷтимои нисбати 12 андозсупоранда бо моддаи 620-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз карда шуда ва ба маблағи умумии 32640 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуда, аз ин ҳисоб то санаи 01.07.2023 ба маблағи 20500 сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид карда шудааст, ки 63 фоизи воридоти маблағи ҷаримапулиҳоро ташкил медиҳад.
Тартиботи ҳуқуқӣ
Номбурда қайд кард, ки сари вақт ошкор намудани қонунвайронкуниҳои андоз ва чораҷуӣ намудан ҷиҳати пешгирии онҳо омили муҳим ва таъсирбахши таъминкунандаи интизоми андоз ва тартиботи ҳуқуқӣ буда, бинобар ҳамин, солҳои охир аз ҷониби мақомоти андоз ба ин самти фаъолият бештар аҳамият дода мешавад.
Дар шашмоҳаи якуми соли 2023 аз тарафи Нозироти андоз 77 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шуда, нисбати онҳо ба маблағи умумии 120368 сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб 85353 ҳазор сомонӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид карда шудааст.
Фаъолияти соҳибкорон
Мавсуф оид ба фаъолияти соҳибкорон сухан гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки вобаста ба андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патентфаъолият менамоянд қайд менамоем, ки тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2022, №151 “Дар бораи Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда”, ки гузариши онҳо тибқи талаботи қарор муайян карда шудааст, чунин натиҷагириҳоро нишон дод, яъне гузариши патент ба тариқи автоматӣ бо барномаи СМИИА гузаронида шудааст, ба санаи 01.07.2023, 158 нафар андозсупоранда фаъолият дорад. Нақшаи пешбининамудаи патент дар шашмоҳаи якуми соли 2023, 170 ҳазор сомонӣ ва иҷроиши он бошад 174 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 4 ҳазор сомонӣ маблағҳои патентпули зиёд ворид гардида ва 102 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад, ки ба ҳисоби миёна ба як нафар соҳибкори тибқи патент фаъолияткунанда 184 сомонӣ рост меояд.
Оиди соҳибкорони инфиродие, ки тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолият менамоянд қайд менамоем, ки аз шакли гузариши патент ба шаҳодатнома бо шартҳои махсус, ки тариқи автоматӣ бо барномаи СМИИА гузаронида шудааст, ба санаи 01.07.2023, 432 нафар андозсупоранда фаъолият доранд ва нақшаи пешбининамудаи шаҳодатнома бо шартҳои махсус дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ 539 ҳазор сомонӣ ва иҷроиши он бошад 586 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба нақшаи тасдиқ шуда 47 ҳазор сомонӣ зиёд ворид гардида, ки 109%-и иҷрои нақшаро ташкил медиҳад, ва ба ҳисоби миёна ба як нафар соҳибкори тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда 226 сомонӣ рост меояд.
Инчунин, дар асоси талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2022, №151 “Дар бораи Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда”, ки гузариши онҳо тибқи талаботи қарор муайян карда шудааст, чунин натиҷагириҳо ба анҷом расонида шуд, яъне аз шакли гузариши патент ба шаҳодатнома бо шартҳои махсус, ки тариқи автоматӣ бо барномаи СМИИА гузаронида шудааст ва аз аввали давра 585 нафар соҳибкорон бо ҳуҷҷатҳои нав таъмин карда шуда, аз патент ба шаҳодатномаи тиҷоратӣ 8 нафар ва аз шаҳодатнома ба шахси ҳуқуқӣ 12 нафар андозсупоранда шакли фаъолияти ҳуқуқиашон иваз карда шудааст, ки дар ин самти корӣ фаъолият идома дорад.
Манбаъҳои иловагӣ
Номбурда изҳор дошт, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2023 бо мақсади дарёфти манбаъҳои иловагии андоз дар асоси талаботи моддаи 42 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон як қаттор корҳои назоратӣ гузаронида шудааст. Аз ҷумла, дар ин давра, нисбати 58 адад андозсупоранда назорати камералӣ гузаронида шуда, дар маҷмуъ 262,6 ҳазор сомонӣ эҳтимолияти маблағҳои иловагии андоз ошкор карда шудааст. То санаи 01.07.2023 аз ҷониби 58 адад андозсупоранда ба маблағи 222,6 ҳазор сомонӣ эъломияҳои иловагӣ оиди ислоҳи номутобиқатиҳои дар эъломияҳои андоз ҷойдошта пешниҳод карда шудааст, ки 85 фоизи маблағи назорати камералиро дар бар мегирад.
Бо мақсади муайян намудани манбаи аслии андозбандишаванда дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ дар асоси талаботи моддаи 43 Кодекси андоз дар фаъолияти 16 адад андозсупорандагон муоинаи хронометражӣ гузаронида шуд.
То давраи таҳти муоинаи хронометражӣ қарор дошта, андозсупорандагоне, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2023 таҳти муоинаи хронометражӣ қарор дода шудаанд, манбаи андозбандишавандаро мустақилона ба ҳисоби миёна дар як моҳ 243168 сомонӣ нишон дода, андозҳои муқаррарнамудаи Кодекси андозро ҳисоб ва пардохт намудаанд.
Натиҷаи муоинаи хронометражӣ дар фаъолияти ин андозсупорандагон нишон дод, ки гардиши молии онҳо ба ҳисоби миёна дар як моҳ 369856 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба манбаи андозбандишавандае, ки андозсупорандагон мустақилона пешниҳод менамуданд, ба андозаи 126688 сомонӣ дар ин давра зиёд карда шуд.
Низоми андоз
Инчунин, номбурда қайд кард, ки аз ҷониби кормандони Нозироти андоз нисбати 14 нафар андозсупоранда барои истифода набурдани Дастгоҳи назорати хазинавии дорои хотираи фискалӣ хариди назоратӣ гузаронида шуда, дар натиҷа 14 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 46240 сомонӣ тартиб дода шудааст ва аз ин ҳисоб маблағи 39110 сомонӣ ворид карда шудааст, ки фарқияти он 7130 сомони буда, оиди бақияи маблағи протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чораҷуӣ намуда истодаем. Инчунин, дар шашмоҳаи якуми соли 2023 дар 9 адад нуқтаҳои тиҷоратии фаъолияти андозсупорандагон ДНХ дорои хотираи фискалӣ бо назардошти муроҷиати андозсупорандагон насб карда шудааст.
Рафти корҳои иҷрошуда дар самти баҳисобгирӣ (инвентаризатсия) объектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъаи замин ва воситаи нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ нишон дод, ки бо мақсади маъмурикунонии дурустии андозҳо ва таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.12.2014, таҳти №468 “Дар бораи тасдиқи барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар асоси фармоиши раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01.2011, №60 бо мақсади маъмурикунонии дурустии андозҳо ва ташкили маҳзани маълумотҳо дар барномаҳои компютерии системаи мутаҳидаи иттилоотии идоракунии андозҳо, таҳия гардида, дар Нозироти андоз пурра татбиқ гардида истодааст.
Ҳамзамон, дар асоси фармоиши раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.01.2023, №61 “Оиди баҳисобгирии пурраи (инвентаризатсияи), объектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъаи замин ва воситаи нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ” бо мақсади пурра ба андозбандӣ ҷалб намудани объектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъаҳои замин ва воситаҳои нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ корҳои назарас ба анҷом расонида шуда истодаст.
Аз ин лиҳоз, бо фармоиши сардори Нозироти андоз кормандони шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеӣ ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои гузаронидани азнавбаҳисобгирии пурраи (инвентаризатсияи), объектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъаи замин ва воситаи нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ вобаста карда шуданд.
Натиҷагирӣ
Дар боби натиҷагирӣ аз фаъолияти кории худ ҳам суҳбати мо итилоъ дод, ки натиҷаи корҳои анҷомдодашуди кормандони шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеӣ дар давраи ҳисоботӣ оиди гузаронидани баҳисобгирии объектҳои андозбандии андоз аз молу мулк ва андози замин бо чунин нишондиҳандаҳо ҷамъбаст гардидаанд.
Объектҳои ғайриманқул бидуни бақайдгирӣ 807 адад;
Масоҳати ошкоршуда аз ҳисоби объектҳои беқайд 46,1 мм қитъаҳои замин 6,51 га.-ро ташкил медиҳад.
Маблағи ҳисобшуда аз ҳисоби манбаҳои иловагӣ дар рафти инвентаризасия (азнавбаҳисобгирӣ) дар шашмохаи якуми соли 2023, 292,6 сомонӣ ва пардохтшуда 291,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ 122 нафар шахсони воқеӣ тариқи шартномаи дутарафа молу мулки ғайриманқули худро ба иҷора дода, аз ин ҳисоб дар ҳамин давраи сипаришуда ба буҷети давлат андози даромад аз иҷораи молу мулк 252,4 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки 100,4 фоизи иҷроиши нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.
Нозироти андоз дар ноҳияи Хуросон тибқи талаботи сархати 20 қисми 1 моддаи 90-и Кодекси андоз ва талаботҳои Стандарти ягонаи хизматрасонӣ бо андозсупорандагон, аз тарафи кормандони масъули Нозироти андоз дар байни андозсупорандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, бо ҷалби шуморати зиёди соҳибкорону шахсони масъули муассисаву корхонаҳои ноҳия, дар мавзуҳои гуногун , аз қабили таъғиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби нави пешниҳоди эъломияи андоз аз фоида, тартиби пешниҳоди суди саҳмияҳо ва дигар масъалаҳои ҳалталаб 30 маротиба семинарҳои омузиши гузаронида шуд. Бояд қайд намуд, ки муроҷиатҳои ба суроғаи Нозирот воридгардида, дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба расмиятдароварда шуда, тибқи муҳлатҳои муқаррарнамудаи ҳамин қонун ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххасгардонида шудааст.
Дар фароварди суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Хуросон, Шуморо бовар мекунонанд, ки минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, бештар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, кам намудани бақияи қарзи андозҳо, беҳтар намудани сифати корҳои назоратӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тамоми донишу малакаи худро истифода намуда, бо мақсади таъмини иҷроиши нақшаи пешбинишудаи воридоти андозҳо чораҳои таъхирнопазир андешида, иҷроиши нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023”-ро таъмин намояд.
МТЖТ