Ҷорӣ кардани фановариҳои муосири рақамӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт ва махсусан иқтисодиёт солҳои охир на танҳо ба як тамоюли ҷаҳонӣ, балки ба зарурият табдил ёфтааст. (Тамоми равандҳо суръатбахшӣ ва рақамикунониро тақозо мекунанд). Тоҷикистон низ бо ин роҳ пеш меравад, зеро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар паёмҳои худ ба Парлумони Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки тамоми соҳаҳои кишвар ба табдилдиҳии рақамӣ ниёз доранд.
Аз нигоҳи дастрасӣ ва истифодаи чунин соҳаҳо, аз қабили тиҷорати электронӣ, интернет-банкинг, пардохтҳои электронӣ, таблиғоти интернетӣ ва дастрасии электронӣ ба хадамоти давлатӣ, Тоҷикистон дар байни 110 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 104-ум қарор дорад.
Инфрасохтор ва заминаи ҳуқуқӣ
Замоне буд, ки Тоҷикистон аз рӯйи сифати алоқаи мобилӣ дар минтақа ҷойи 1-умро ишғол мекард, тақрибан 10 сол пеш ҷумҳурии мо дар Осиёи Марказӣ аввалин ва дар ИДМ дуюмин кишваре ба ҳисоб мерафт, ки дар он шабакаҳои 3G пайдо вуҷуд дошт. Вале ҳоло он дар кишвар хеле суст рушд мекунад: сифат, суръат ва дастрасии интернет дар ҷумҳурӣ беҳбудиро талаб менамояд. (Дар ҳоле ки ин яке аз омилҳои асосии рушди рақамии ҷумҳурӣ мебошад). Моҳи декабри соли гузашта Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Парлумон аз суръат ва дастрасии интернет дар кишвар интиқод карда, аз Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ тақозо карда буд, ки дар якҷоягӣ бо ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ барои ислоҳи ин вазъ чораҳои фаврӣ андешанд.
Ширкати Россия-Тоҷикистон: «МегаФон Тоҷикистон» яке аз чаҳор бузургтарин ширкати мобилии ҷумҳурӣ барои рақамикунонии Тоҷикистон инфрасохтори зарурӣ эҷод мекунад. Соли 2023 ширкат даҳҳо стансияҳои тибқи стандарти алоқаи 4G/LTE амалкунандаро ба кор андохта, инчунин, таҷҳизоти насбшударо таҷдид намуда, суръати интернети мобилиро дар ҷумҳурӣ аз ду то даҳ маротиба (дар минтақаҳои гуногун) афзоиш дод. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» нақша дорад, ки то охири соли ҷорӣ корҳои асосиро ба анҷом расонида, тамоми маҳалҳои аҳолинишини Душанбе ва НТҶ (ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ)-ро бо интернети баландсуръати 4G фаро гирад. «Мо саъй дорем, ки нобаробарии ба истилоҳ рақамӣ ба зудӣ ҳал шавад» – мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар Душанбе ва НТҶ Далер Наимов.
«Дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ асоси рақобатпазирии иқтисодӣ ба ҳисоб меравад» – Эмомалӣ Раҳмон.
Ба ғайр аз такмилдиҳии инфрасохтор, омили асосии рақамикунонии бомуваффақият дар кишвар таъсиси заминаи мувофиқи меъёрӣ-ҳуқуқӣ мебошад. Солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон як қатор санадҳои қонунгузорӣ оид ба амнияти иттилоотӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ”, “Дар бораи имзои электронӣ”, “Дар бораи иттилоот”, “Дар бораи криптография», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», «Дар бораи тиҷорати электронӣ», «Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ қабул карда шуданд.
Коркардҳои илмӣ ва таҷрибаи муваффақ
Омили дигаре, ки ба суръатбахшии рақамикунонии иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунад, мавҷудияти технологияҳои зарурӣ ва таҷрибаи татбиқи онҳо мебошад. Ва дар ин масъала бидуни ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои дар ин самт пешрафта расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда барои Тоҷикистон осон нахоҳад буд.
Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи “Иқтисодчӣ” Фаридун Усмонов мегӯяд: “На ҳар як кишвари ҷаҳон имконияти ба таври мустақилона рушд додани самти рақамикунониро дорад. Барои ин ҳайати калони кормандон, барномасозон ва шахсоне, ки таҷрибаи бузург доранд ва моҳияти хизматрасонии давлатиро хуб дарк карда, шароити заруриро фароҳам оварда метавонанд, лозим мебошанд. Эҳтимол дорад, ки Тоҷикистон ин масъаларо мустақилона ҳал карда тавонад, вале он вақт ва кӯшиши зиёдро талаб мекунад. Зеро бояд ҳайати васеъи мутахассисонро ташкил ва таҳти роҳбарии як идора ҷамъ кард ва коркади маҳсулотро аз сифр оғоз намуд, ки барои он солҳои зиёд лозим мешаванд.
Ва дар ин росто, ҳамкорӣ бо он кишварҳое, ки чунин лоиҳаҳоро бомуваффақият амалӣ мегардонанд, яъне аллакай рақамикунонии хидматрасониҳои давлатии худро ба роҳ мондаанд (ҷорӣ кардаанд) ва инфрасохтори заруриро фароҳам овардаанд, албатта зарур аст. Бешубҳа, баъзе кишварҳо, аз қабили Чин, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, ИМА ва кишварҳои алоҳидаи Иттиҳоди Аврупо рақамикунониро қисман ҷорӣ кардаанд. Аммо ин кишварҳо то куҷо барои табодули таҷриба ва бунёди инфрасохтори зарурӣ дар кишвари мо омодаанд, саволҳоро ба миён меорад. Вале аз ҷониби ширкатҳо ва таҳиягарони рус хоҳиши иштирок дар раванди гузариш ба рақамикунонӣ дар кишвари мо мушоҳида карда мешавад».
Русия аз рӯйи фаъолияти илмӣ ва ихтироъкорӣ дар соҳаи робототехника, технологияҳои квантӣ ва зеҳни сунъӣ дар қатори 10 кишвари беҳтарин қарор дорад.
Ҳамин тариқ, барномаи ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон бо истифода аз нармафзори Русия аз ҷониби мутахассисони ин кишвар амалӣ карда мешавад ва иҷрои он яке аз вазифаҳои асосӣ дар самти рақамикунонии кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳукумати электронӣ барои шаҳрвандон имкон медиҳад, ки ба хизматрасониҳои давлатӣ, аз ҷумла навбати электронӣ дар муассисаҳои тиббӣ, ба тариқи онлайн гирифтани маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ, шиносномаи умумишаҳрвандӣ ва хориҷӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ, намунаҳои электронии дафтарчаи меҳнатӣ ва тиббӣ, инчунин, маҷалла барои мактабҳои олӣ дастрасӣ пайдо кунанд.
Русия ва Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 60 миллион доллар созишномаи сармоягузорӣ барои насби дурбинҳои (камераҳои) назоратӣ дар саросари Душанбе барои назорати ҳаракати нақлиёт имзо карданд. Илова бар ин, масъалаи иштироки минбаъдаи IT-ширкатҳои Русия дар рақамикунонии ҷомеаи Душанбе баррасӣ карда мешавад. Сухан дар бораи агрегатҳои таксӣ, хизматрасонии самараноки хаткашонӣ ва дигар хизматрасониҳои электронӣ меравад.
Технологияҳои навтарини Русияро барои баланд бардоштани сатҳи соҳаи тандурустӣ низ истифода бурдан мумкин аст. Яке аз самтҳои асосии стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Русия коркарди маҳсулоти нармафзор барои соҳаи тандурустӣ мебошад. Аллакай тақрибан 70 адад системаҳои гуногун сохта шудаанд, ки барои таҳлили тасвирҳои тиббӣ ва гузаронидани ташхиси рақамӣ (бо суръати баланд ва дақиқ) имкон медиҳанд.
«Дар асоси технологияҳо, бо назардошти сатҳи мавҷудаи рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ дар Русия бозори Тоҷикистонро бо беҳтарин сифат таъмин кардан имкон дорад. Ва ширкатҳои Русия метавонанд, шарикони боэътимод ва дарозмуддатро дар ин самт пайдо намоянд.” Евгений Коренков, роҳбари Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Рушди соҳаи кишоварзиро низ бидуни технологияҳои рақамӣ тасаввур кардан душвор аст. (Чуноне ки иқтисодиёти Тоҷикистонро бидуни соҳаи кишоварзӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст). Мутахассисони Русия “фермаҳои боҳуш”-и автоматикунонидашударо таҳия кардаанд ва инчунин, системаҳои идоракунии боғҳо, киштзорҳо ва гармхонаҳо ба вуҷуд омада истодаанд, ки ҳамаи ин барои Тоҷикистон муҳим мебошанд. Техникаи махсус барои нест кардани алафҳои бегона, танзими намии хок, ҷамъоварии маълумот барои муайян кардани муаммоҳо ба кор бурда мешавад, ки ин албатта хароҷотҳоро кам карда, барои зиёд кардани ҳосилнокии меҳнат ва даромади соҳа мусоидат менамояд.
Дастгирӣ ва маблағгузорӣ
Маълум аст, ки бе маблағгузории ҷиддӣ рушди рақамисозӣ дар кишвар ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, бисёр бамаврид аст, ки дар баробари таъмини амнияти энергетикию озуқаворӣ ва гуногунсозии саноатӣ, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Бонки рушди АвруОсиё дар Тоҷикистон табдилдиҳии рақамӣ, яъне дастгирии лоиҳаҳои рақамии мақомотҳои давлатӣ ва лоиҳаҳо дар бахши хусусӣ мебошад.
Бонки рушди АвруОсиё барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон дар давраи аз соли 2023 то соли 2026 650 миллион доллар ҷудо кардааст. Диққати махсус ба кори Фонди кӯмаки техникӣ ва Фонди ташаббусҳои рақамӣ дода мешавад.
Ба андешаи коршинос Фаридун Усмонов, фаъолияти Бонки рушди АвруОсиё дар Тоҷикистон ҳарчанд беҳбудиро металабад, вале он дар масъалаи рақамикунонӣ ҷумҳурии моро ба таври назаррас дастгирӣ мекунад: «Мутаассифона, квотае, ки бояд ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар Бонк пешниҳод карда шавад, ба эҳтимоли зиёд дар сатҳи минималӣ (ҳадди ақал) роҳандозӣ карда мешавад, ки ба сифати фаъолияти Бонк дар Тоҷикистон низ таъсир мерасонад. Аксар вақт лоиҳаҳое, ки Бонки рушди АвруОсиё дар Тоҷикистон пешбарӣ мекунанд, на аз рӯйи манфиатҳои бевоситаи Тоҷикистон, балки аз рӯйи рӯзнома ва сиёсати худи Бонк амалӣ гардонида мешаванд. Аз ин ҷиҳат, на ҳамаи самтҳои стратегие, ки барои кор дар Точикистон интихоб шудаанд, талаботҳои воқеии кишвари моро инъикос мекунанд. Бо вуҷуди он, маҳз рақамикунонӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонки рушди АвруОсиё ба ҳисоб меравад, дар ин марҳила ба манфиатҳои Тоҷикистон комилан мувофиқат мекунад.
Дар шароити кунунӣ ба рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ дар кишвари мо афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад. Муддати тӯлонист, ки Ҳукумати кишвар саъй дорад, барои рушди ин соҳа инфрасохтори зарурӣ таъсис диҳад ва он, ки Бонки рушди АвруОсиё тасмим гирифтааст, Ҳукумати Тоҷикистонро дар ин масъала дастгирӣ намояд, албатта, хеле муҳим мебошад. Чунин хизматрасониҳо, аз қабили дастрасӣ ба хадамоти давлатӣ тавассути интернет, қайд барои қабул дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайра, бояд кайҳо роҳандозӣ карда мешуданд ва дар ин самт иқдомҳои муайяни ҳукумати ҷумҳурӣ ба назар мерасанд: гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ афзоиш ёфта истодааст ва чанде пеш фармон дар бораи пардохт кардани тамоми хизматрасониҳои давлатӣ тавассути системаи электронӣ бидуни истифодаи пули нақд бароварда шуд. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳанд, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ барои ҳарчи зудтар рақамикунонидани иқтисодиёти кишвар манфиатдор аст. Ва ин нукта, ки Бонки рушди АвруОсиё дар солҳои наздик раванди рақамикунонии Тоҷикистонро маблағгузорӣ мекунад, моро умедвор месозад, ки ширкатҳои бузурги русӣ, ки аллакай таҷрибаи сохтани платформаҳо ва инфрасохтори зарурӣ барои иқтисодиёти рақамиро дар Федератсияи Русия доранд, дар ин кор дар Тоҷикистон низ иштирок хоҳанд кард. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки маҳсулоти таҳиякардаи худро, ки аллакай дар Русия бомуваффақият санҷида ва истифода кардаанд, дар Тоҷикистон низ ҷорӣ карда, ба шароити мо мутобиқ гардонанд.
Агар чунин ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад ва Бонки рушди АвруОсиё барои ин мусоидат кунад, ман боварӣ дорам, ки амалигардонии чунин лоиҳа бомуваффақият сурат гирифта, гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ дар Тоҷикистон ба зудӣ анҷом дода мешавад».
Ҷорӣ кардани дастовардҳои технологии Русия дар иқтисодиёти кишвари мо ва ҳаёти ҳамарӯзаи шаҳрвандон имконият медиҳад, ки Тоҷикистон ба зинаи сифатан нави рушд барояд, сохибихтиёрии технологӣ дар кишвар таъмин карда шавад ва даромади аҳолӣ афзоиш ёбад.
Матлубаи Қ.