Нозироти андоз дар шаҳри Гулистон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамои кори худ қарор дода, кӯшиш ба харҷ дод, ки дар ёздаҳ моҳи соли 2022 нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022»-ро пурраву барзиёд таъмин намуда, барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, инчунин хубтар ба роҳ мондани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ тадбирҳои мушаххас андешид.
Дар ёздаҳ моҳи соли 2022 дар шаҳри Гулистон нақшаи қисми даромади буҷет дар маҷмӯъ (контингент бо назардошт НАК) бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 108,0 % иҷро карда шуда, ба ҷойи 271 610 667 сомонии нақшаи пешбинишуда, ба буҷет 293 275 834 сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда ба маблағи 21 673 748 сомонӣ зиёд мебошад. Иҷроиши нақшаи андозҳо бошад, (бе дар назардошти андози иҷтимоӣ) дар шаҳри Гулистон ба ҷойи 229 414 667 сомонии нақшаи пешбинишуда амалан 250 677 879 сомонӣ ворид карда шуда, аз нақша ба 21 263 512 сомонӣ зиёд буда, фоизи иҷроиши он 109,3 %-ро ташкил медиҳад.
Дар қисмати Нозироти андоз дар шаҳри Гулистон бошад, нақшаи қисми даромади буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 103,1 % иҷро гардида, ба ҷои 52 144 582 сомонӣ нақшаи пешбинишуда, ба буҷет 53 785 698 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида, 1 641 115 сомонӣ зиёд ҷамъоварӣ карда шуд.
Андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2022 дар шаҳри Гулистон ба ҷойи 34 188 000 сомонии нақшаи пешбинишуда 35 020 683 сомонӣ ворид карда шуд, ки 102,4 %-и нақшаро ташкил медиҳад, ё худ аз нақшаи пешбинишуда 832 683 сомонӣ зиёд ворид карда шуд.
Аз он ҷумла, дар қисмати Нозироти андоз: андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2022 дар шаҳри Гулистон ба ҷойи 7 937 222 сомонии нақшаи пешбинишуда, 11 035 181 сомонӣ ворид карда шуд, ки 139,0 %-и нақшаро ташкил медиҳад, ё худ аз нақшаи пешбинишуда, 3 097 959 сомонӣ зиёд ворид карда шуд.
Ба санаи 01.12.2022 аз рӯйи барномаи компютерии СМИИА 373 корхонаю ташкилотҳо якҷоя бо РСБ ба қайд гирифта шудааст. Аз 373 корхонаю ташкилотҳои шаҳр: 656 – ташкилотҳои буҷетӣ, 182 – корхонаи тиҷоратӣ, 18- ташкилотҳои ҷамъиятӣ, 32- корхонаҳои намояндагӣ ва 71–воҳидҳои алоҳида (РСБ) ташкил мекунанд.
Дар ёздаҳ моҳи соли 2022, ҳамагӣ 22 адад шахсони ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуда, 7 адад шахсони ҳуқуқӣ барҳам дода шудааст. Воҳидҳои алоҳидаи шахсони ҳуқуқӣ бошад 4 адад бақайд гирифта шуд.
Бақияи қарзи андоз
Яке аз нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомоти андоз ин кам кардани бақияи қарзи андоз ба ҳисоб меравад.
Масъалаи қарзи андозҳо ва андешидани чораҳои зарурӣ барои кам кардани бақияи қарзи андоз, ҳаматарафа омӯхтан ва мавриди муҳокима қарор додан, роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаро муайян ва барои амалӣ намудани он, қабул намудани қарорҳои дахлдор масаълаи аввалин дараҷаи мақомоти андоз ба ҳисоб рафта, дар ин самт як қатор тадбирҳои судманд андешида шудааст.
Маблағи қарзи андозҳо аз рӯи контингент бо назардошти НАК ба санаи 01.01.2022 сол 211 730 сомонӣ ва ба санаи 01.12.2022 сол 325 934 сомонӣ баробар буда, нисбат ба аввали соли ҷорӣ ба андозаи -114 204 сомонӣ кам гардидааст.
Дар ин давраи ҳисоботӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки андозҳои ҳисобшударо саривақт ба буҷет пардохт накардаанд, ё ин ки дар санадҳои ҳисоботи қарзи андоз доранд хамагӣ 365 адад огоҳинома барои пардохти 7 766 975 сомонӣ бақияи қарзи андоз ирсол карда шуд. Аз тарафи андозсупорандагони қарздор баъди гирифтани огоҳинома ба маблағи 4 756 530 сомонӣ қарзи андоз пардохт карда шуд.
Барои иҷро накардани талаботи қисми 4 моддаи 136-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ нисбати 74 адад андозсупорандагони қарздор 97 адад қарор оид ба маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи умумии 3 261 400 сомонӣ қабул карда шуд, ки аз ин 83 қарор пурра иҷро гардида 2 756 300 сомонӣ рӯёнида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 адад қарор зиёд мебошад.
Аз он ҷумла, 37 қарор оид ба боздошти амалиётҳои хароҷотии суратҳисоби бонки андозсупоранда, 34 қарор дар бораи ситонидани қарзи андоз аз суратҳисоби андозсупоранда ё дебиторони он ва 26 қарор дар бораи ситонидани маблағи қарзи андоз аз ҳисоби пули нақдии андозсупоранда қабул карда шудааст.
Илова бар ин, аз ҳисоби 31 адад қарорҳои дар соли 2021-ум қабулшуда, ки иҷроиши он ба соли 2022 гузаронида шудааст, ба буҷети давлатӣ 116 300 сомонӣ маблағи бақияи қарзи андозҳо ворид карда шуда, иҷроиши 14 қарор бо пуррагӣ таъмин гардидааст.
Инветаризатсияи молу мулки ғайриманқул
Баҳри иҷрои фармоиши раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №55 аз 21.01.2022 ”Оиди баҳисобгирии пурраи объектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъаи замин ва воситаҳои нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ” як зумра корҳо ба анҷом расонида шудааст. Дар ин замина, Фармоиши Нозироти андоз қабул гардида дар асоси он гурӯҳи корӣ дар ҳайати кормандони мақомоти андоз ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳр таъсис дода шудааст. Дар ёздаҳ моҳи соли 2022 дар 215 объектҳои шахсони воқеӣ баҳисобгирӣ гузаронида шуд. Ҳангоми баҳисобгирӣ дар объектҳои шахсони воқеӣ ҳамагӣ 12000 метри мураббаъ масоҳати амволи ғайриманқул ва 80700 метри мураббаъ масоҳати замини шахсони воқеӣ ба таври иловагӣ ошкор гардида, аз ин ҳисоб 105 000 сомонӣ маблағҳои барилова ҳисоб ва 83 000 сомонӣ пардохт гардид. Дар Нозироти андози шаҳри Гулистон ба санаи 01.12.2022 ҳамагӣ 111 адад иҷорадиҳандагони амвол-шахсони воқеӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ нисбати 19 шахси воқеӣ, ки дар самти баиҷорадиҳии амвол ба қонунвайронкунӣ роҳ додаанд, истеҳсолоти маъмурӣ оғоз карда шуда, ба маблағи 2628 сомонӣ ҷаримабандӣ гардидаанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи иҷорадиҳандагони амвол-шахсони воқеӣ ба маблағи 664 768 сомонӣ андозҳо пардохт гардидаанд.
Корҳои тавзеҳотӣ
Яке аз самтҳои афзалиятноки Нозироти андоз ин корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба шумор меравад, аз ин лиҳоз дар давраи ҳисоботӣ 31 маротиба бо андозсупорандагон семинар-машваратҳо баргузор гардид ва дар ин семинар машваратҳо 759 нафар андозсупорандагон иштирок намуданд. Инчунин, дар моҳи январ соли 2022 аз тарафи кормандони Раёсати андоз тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи андоз ва Раёсати андоз дар вилояти Суғд семинар-машварт оиди Кодекси андоз дар таҳрири нав ба саҳми андозсупрандагони шаҳр расонида шуд. Инчунин, як мақола бо номи “Пешниҳоди эъломия аз даромад талаботи қонун аст” санаи 03.03.2022 дар рӯзномаи “Соҳил” чоп карда шуд.
Семинарҳо дар мавзӯъи тағироту иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Точикистон дар таҳрири нав, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №151 аз 31.03.2022 дар бораи қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда ва оид ба пардохти андоз аз амволи молу мулк ва Фармоиши раиси Кумитаи андоз оид ба гузаронидани инвентаризатсияи молу мулк ва тартиби андозбандии иҷорадиҳандагони молу мулки ғайриманқул, гузаштан ба шакли электронии пешниҳоди эъломияҳо гузаронида шуданд.
Бо якҷоягии раисони маҳаллаҳо ва сардорони биноҳои баландошёна (домком) бо аҳолӣ вохуриҳо ташкил карда, моҳияти гузаронидани инвентаризатсия, андозбандии молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ, иҷорадиҳии амвол фаҳмонида дода шуд.
Кормандони нозироти андоз дар оянда низ баҳри иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет ва кам намудани бақияпулиҳои андозҳо аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, дар пешбурди сиёсати андоз ва иҷтимоии давлат саҳми босазои хешро мегузоранд.
МТЖТ