Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати Вазорати молияи  дар ноҳияи Қубодиён хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори раёсати мазкур Ҳакимзода Умед Мусофир, суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда нахуст қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ таъкид намудаанд, ки ҷиҳати татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ, сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат мебошад.

Мавсуф ҳамзамон афзуд, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд. Раёсати молияи ноҳияи Қубодиён баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД-и вилоят, ноҳияи Қубодиён, Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон ва  ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ”, корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд.

Нақшаи буҷет

Мусоҳиби мо илова кард, ки буҷети ноҳияи Қубодиён дар соли 2024-ум бо Қарори маҷлиси вакаилони халқи ноҳия аз 26-ум декабри соли 2023 таҳти №205 аз рӯи даромади умуми ба маблағи  128987703 сомонӣ, аз он ҷумла даромадҳои маҳаллӣ 61829000 сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок  аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 64488129 сомонӣ, аз ҳисоби буҷети вилоят 1200000 сомонӣ, андози ниҳоии касри буҷети маҳаллӣ 1470574 сомонӣ ва нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба маблағи 128987703 сомонӣ қабул карда шудааст.

Иҷрои буҷет

Ҳамзамон, мавсуф афзуд, ки мувофиқи ҳисоботҳо дар 9-моҳи аввали соли 2024 нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия аз рӯи контингенти  умумӣ бо назардошти тағйироту иловаҳо ба андозаи 100,0 фоиз таъмин гардида, ба буҷетҳои дахлдор ба ҷои 46371748 сомонӣ, 46598481 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати ба нақшаи пешбини гардида 226733 сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ бо дарназардошти тағйироту иловаҳо ба маблағи 104860437 сомонӣ пешбинӣ гардида, ба соҳаҳои иқсодию иҷтимоии ноҳия ба маблағи 103542717 сомонӣ равона гардидааст.

Масъулиятшиносӣ

Дар ноҳияи Қубодиён таваҷҷуҳ ба соҳаи маорифу тандурстӣ зиёд буда, барои омода шудани онҳо ба зимистон саривақт маблағҳои пешбинишуда барои харидории маводҳои сухт ҷудо карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023-2024-юм барои зимистонгузаронӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия 727750 сомонӣ ба нақша гирфита шуда буд, ки он пурра иҷро шуда, нақшаи маблағҳои зимистонгузаронӣ барои солҳои 2024-2025-ум 888000 сомонӣ аст, ки ин низ  саривақт маблағгузорӣ карда мешавад.

Мавсуф тазаккур дод, ки ҳама талошҳои мо баҳри саривақт таъмин намудани музди меҳнати кормнадони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, падохти фонди ҳифзи иҷтимоӣ равона гардидааст. Натиҷаи ҳамин буд, ки музди меҳнат ва фонди ҳифзи иҷтимои кормнадони ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия  ба пуррагӣ пардохт карда шуда, дар оянда низ мо талош мекунем, ки қарздорӣ ва қафомонии музди меҳнат ба миён наояд. Ҳамчунин барои пардохти саривақтии рухсатпулии омӯзгоронро аз ҳама имкониятҳо истифода бурда, дар муҳлати муаян онро низ пардохт намудем.

Забономӯзӣ

Мавсуф иброз дошт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 18 марти соли 2024 №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонӣ мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ, вазифадор гардидаанд, ки аз 1 апрели соли 2024-ум тамоми корманадони худро ба муҳлати якуним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, ангилисӣ ё забонҳои дигар) фаро гиранд.

Роҳбарият Раёсати  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ноҳияи Қубодиён баҳри иҷрои Фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тадбирҳои заруриро рӯйи кор гирифтанд ва кормандони Раёсат  ба забономӯзӣ  фаро гирфита шудаанд.

Молия сутуни давлат аст

Кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён ҳамаи талошҳои худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва  ноҳия вобаста ба татбиқи пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид кардани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ равона кардаанд. Масъулони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза бахшида, ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь