Кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон солҳои зиёд аст, ки узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошанд ва аз имкониятҳои бузург барои таҷдиди иқтисодиёти худ, таъсиси истеҳсолоти баландтехнологӣ ва самаранок, инчунин, пешрафти иқтисодӣ ва рушди устувор баҳраманд мебошанд.

Аз рӯзи аввали таъсиси иттиҳоди мазкур дар Тоҷикистон як гурӯҳи кории махсус ба кор шуруъ кард, ки бояд тамоми ҷанбаҳои мусбат ва манфии шомил шудани ҷумҳурӣ ба иттиҳодро меомӯхт. Сарфи назар аз он, ки тиҷорат байни ҷумҳурии мо ва кишварҳои Иттиҳод сол то сол меафзояд, то ҳол коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик дар бораи манфиат аз шомил шудани ҷумҳурӣ ба Иттиҳод баҳс мекунанд. Мо тасмим гирифтем, бори дигар дар мавриди он манфиатҳое, ки кишвари мо дар сурати ҳамгироӣ ба даст меорад, баҳс кунем…

Бонки рушди АвруОсиё иттилоъ дод, ки теъдоди лоиҳаҳоро дар Тоҷикистон 4 баробар афзоиш медиҳад. Интизор меравад, ки то соли 2026 ҳиссаи маблағҳои Бонк дар портфели сармоягузории ҷумҳурӣ ба 10% расад. Аз рӯйи ҳисобҳо, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Бонк ба ҳамасола то 1,5% афзоиш ёфтани ММД-и кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, мусоидат хоҳад кард.

Манфиатҳо барои тиҷорат

Узвият дар ИИАО барои  рушди иқтисодии Тоҷикистон имкониятҳои нав боз мекунад. Ба туфайли пайвастан ба Иттиҳод Тоҷикистон метавонад сармоягузориҳои иловагиро ҷалб намуда,  саноати худро тараққӣ диҳад ва бахшҳои нави иктисодиётро таъсис намояд. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи баланди соҳибкорони русро ба кишвари мо бояд қайд намуд, ки ин барои таъсиси корхонаҳо ва ҷойҳои кории нав мусоидат карда, иқтисодиёти кишварро таҳким мебахшад. Ба андешаи коршиносон шомилшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки низоми молиявии худро таҳким бахшида, арзиши захираҳои молиявиро коҳиш диҳад ва эътимод ба бахши бонкиро баланд бардорад, ки ин дар навбати худ барои ҷалби пасандозҳои шаҳрвандон ва табдил додани онҳо ба сармоягузориҳои дарозмуддат мусоидат менамояд.

Доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ниёз Мирзоев андешаи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро кайҳо боз ҷонибдорӣ мекунад. Ба эътиқоди ӯ, ҷумҳурии мо бо назардошти манфиатҳои аён, ки аз хатарҳои эҳтимолӣ бартарӣ доранд, қабули қарорро дар ин масъала хеле кашол кард:

“Шомилшавӣ ба ИИАО бешубҳа натиҷаҳои мусбат хоҳад дод. Ба назари ман, беҳтарин роҳ барои мо – аввал гирифтани мақоми нозир аст (ба мисли Ӯзбекистон) ва баъдан метавонем узви комилҳуқуқи Иттиҳод шавем”.

Ниёз Мирзоев дар пайвастан ба Иттиҳод барои кишварамон манфиатҳои зиёдеро мебинад: “Шомилшавӣ ба ИИАО имкони озодона интиқол додани молҳои озуқаворӣ ва нерӯи барқро фароҳам меоварад, ки ин ба Тоҷикистон даромади иловагӣ хоҳад овард. Илова бар ин, дар Русия шароит барои муҳоҷирон аз кишварҳои узви Иттиҳод хеле беҳтар аст: зарурати ҳар моҳ пардохт кардани пули  патент аз байн меравад, ки ин дар навбати худ ба кам шудани хароҷотҳо ва зиёд шудани даромади муҳоҷирони тоҷик мусоидат мекунад. Дуруст аст, ки зарурати қисман аз даст додани истиқлолияти иқтисодии мамлакат ба миён меояд, аммо дар муқоиса бо он манфиатҳое, ки ба даст меорем, ин хавфи ночиз аст”.

Зиёда аз 40 дарсади гардиши молии Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё рост меояд, ки дар як соли охир 25 фисад афзоиш ёфтааст. Русия шарики асосии ҷумҳурии мо дар Иттиҳод маҳсуб ёфта, гардиши мол бо ин кишвар дар ҳашт моҳи соли 2024 14,3% афзудааст ва ба 1 миллиарду 260 миллион доллар расидааст.

Узвият дар ИИАО барои соҳибкорон низ имтиёзҳои зиёд фароҳам меоварад. Ин пеш аз ҳама дастрасӣ ба бозори калон бо 183 миллион истеъмолкунанда ва ба кишварҳое, ки оид ба минтақаи савдои озод созишнома имзо кардаанд, аз ҷумла Ветнам, Сингапур, Сербистон ва Эронро таъмин месозад. Зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон ба ҳамкорӣ бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори ҳавасмандӣ кардаанд, ки аз ҷумла ҳамгироӣ бо СҲШ ва БРИКС фазои бисёрқутбӣ ва устуворро барои ҳамкориҳо фароҳам меорад.

Дар байни чораҳо оид ба дастгирии тиҷорат дар ИИАО – табдилдиҳии рақамӣ, механизми “равзанаи ягона” барои фаъолияти иқтисодии берунӣ, коҳиш додани андозҳо ва баробарҳуқуқии муҳоҷирону сокинони маҳаллиро ном бурдан мумкин аст. Пурсишҳо нишон медиҳанд, ки 73 дарсади соҳибкорони тоҷик андешаи шомилшавӣ ба ИИАО-ро ҷонибдорӣ мекунанд. Иқтисодчиён бар ин назаранд, ки ба туфайли коҳиш ёфтани боҷҳо ва сода кардани расмиёти гумрукӣ раванди тиҷорат осон мегардад, ин дар навбати худ ба афзоиши содироти алюминий, пахта ва маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат мекунад. Илова бар ин,  сармоягузориҳои кишварҳои узви Иттиҳод ба бахшҳои муҳимми иқтисодиёти Тоҷикистон, аз қабили энергетика ва саноати истихроҷи маъдан, ба таҷдиди ин бахшҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунанд.

Комплекси агросаноатии Тоҷикистон ҳамчун асоси савдои содиротӣ бо Русия ва дигар мамлакатҳо хизмат мекунад. Татбиқи технологияи муосир ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи кишоварзӣ ба баланд  бардоштани рақобатпазирии маҳсулот ва самаранокии таҳвилот мусоидат  хоҳад кард. Иштирок дар лоиҳаи Бонки рушди АвруОсиё оид ба таъсиси платформаи рақамии шабакаи интиқоли молҳои ИИАО барои муттаҳидсозии иштирокчиёни амалиётҳои тиҷоратӣ ва рушди бозорҳои молиявӣ як омили пешбаранда шуда метавонад.

Дар сурати шомилшавӣ ба ИИАО истеҳсолкунандагони тоҷик ба бозорҳои кишварҳои узви Иттиҳод дастрасии баробар, инчунин, барои  афзоиши содирот ва рушд додани тиҷорат дар фазои ягона имкон пайдо мекунанд.

Шароитҳои беҳтарини кор

Дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ташкили бозори ягонаи меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Ба ҳисоби таҳлилгарон, Тоҷикистон ба туфайли шомилшавӣ ба ИИАО, инчунин, зиёдшавии маоши муҳоҷирон, беҳтаршавии шароити рафту омад ва меҳнати онҳо дар доираи Иттиҳод дар тӯли панҷ соли аввал 1,3-1,5 миллиард доллар даромади иловагӣ ба даст хоҳад овард.

Ниёз Мирзоев, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ДМТ:

“Ман ҳамеша аз ҳамгироии Тоҷикистон бо ИИАО ҷонибдорӣ мекардам. Ин барои муҳоҷирони мо, ки қисми зиёди буҷаи давлат аз ҳисоби интиқоли маблағҳои онҳо ташкил меёбад, шароитро осон мекунад. Узвият дар ИИАО боиси афзоиши равандҳои молиявӣ, ҷалби сармоягузориҳо аз Русия ва дигар кишварҳои Иттиҳод гардида, ба тезонидани раванди саноатикунонӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат мусоидат менамояд”.

Муҳоҷирони кории тоҷик баробари шаҳрвандони дигар кишварҳои узви Иттиҳод ҳуқуқҳои якхела пайдо мекунанд, ки ин ба беҳбудии шароити кор ва ҳифзи иҷтимоии онҳо мусоидат мекунад. Шомилшавӣ ба ин Иттиҳод барои муҳоҷирон имтиёзҳои иловагӣ фароҳам оварда, расмиёти бакорқабулкуниро соддатар мекунад. Ин дар навбати худ ба зиёд шудани даромади онҳо ва беҳтар гардидани шароити кор мусоидат мекунад.

Профессор Мирзоев низ таъкид мекунад, ки узвият дар ИИАО ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба бозори бузурги минтақавӣ дастрасӣ пайдо карда, аз иқтидори он озодона истифода барад: “Дар қатори бартариятҳо барои муҳоҷирон – интиқоли озоди хидматрасониву молҳо, дастрасӣ ба бозорҳои нави фурӯш ва таҳкими ҳамкорӣ бо шариконро ном бурдан мумкин аст. Ҳамаи ин боиси зиёд шудани даромади молиявӣ, боло рафтани иқтисодиёт ва дастгирии мамлакат мегардад”.

Ба андешаи ӯ, раванди ҳамгироӣ дар ҷаҳони муосир ниҳоят муҳимманд: “Дар айни ҳол кишварҳои ИИАО аллакай шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд ва барои ҷумҳурии мо таҳкими робитаҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва Русия, ки ҳамчун шарики асосии стратегии тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад, ниҳоят муҳим аст. Умуман, муттаҳидсозии кӯшишҳо дар доираи ИДМ, ИИАО ва СААД барои рушди устувори мамлакатҳои мо ниҳоят муҳим буда, дар шароити чолишҳои муосир кишварҳои мо дар арсаи байналмилалӣ бояд мавқеи ягона дошта бошанд”.

Дар қаламрави ИИАО интиқоли озоди молҳо, хизматрасониҳо, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин, боҷҳои ягонаи гумрукӣ ва қоидаҳои муқарраршуда таъмин карда мешавад. Ҳамчун афзалиятҳои Иттиҳод таъсис додани бозорҳои ягонаи молу хидматрасониҳо, таҳкими ҳамкориҳои саноатӣ ва рушди алоқаҳои нақлиётиро ном бурдан мумкин аст. Аз ин лиҳоз, Иттиҳод барои сармоягузорон ва корхонаҳои фаромиллӣ ҷолиб мебошад. Аз ин рӯ, ҳамгироӣ бо  Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як қадами муҳим ба сӯи рушди устувор ва шукуфоии ҷумҳурӣ мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь