Хабарнигори МТЖТ ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо сардори ин ниҳод Нуриддинов Абдураҳмон Бобоёрович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Мавсуф дар оғози суҳбат чунин гуфт:
– Сараввал мехоҳам сокинони кишвари азизамонро бо ҷашни 30-солагии Истиқлол муборакбод бигӯям ва таманно мекунам, ки миллати азизамон ҳамеша дар фазои сулҳу субот, осоиштагӣ зиндагӣ намоянд. Барои ҳар фарди кишвар албатта, Истиқлол ва озодӣ азиз аст ва ин муқаддасотро мо бояд чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ҳамзамон, баҳри боз ҳам пешрафту гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз заҳмат кашему ҳиссаи арзандаи хешро гузорем ва чунон ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар суханронии худ таъкид менамоянд, содиқона ва самимона баҳри миллату давлат хизмат кунем. Мо низ ҷавобан ба ин ҳидоятҳои Сарвари давлат ҳамеша суханони боҳикмати Пешвои миллатро дастури фаъолияти касбии худ намудаему менамоем.
Номбурда дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Синоро роҳнамои корӣ худ қарор дода, кӯшиш менамоянд, ки дар иҷрои нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021»-ро таъмин намуда, ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, беҳтар сохтани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, андозсупорандагон ва дар маҷмуъ мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ, чораҳои иловагӣ андешем.
Нуриддинов Абдураҳмон Бобоёрович дар давоми суҳбат қайд намуд, ки дар 9 моҳи соли 2021 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз рӯи контингенти умумӣ (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) ба андозаи 105,9% таъмин карда шуда, ба ҷойи 809,6 млн. сомонии пешбинигардида, ба буҷет 857,7 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 48,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад, ки нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2020 ҷамъоваригардида 179,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар ин давра аз рӯи контингенти умумӣ ба андозаи 104,5% таъмин карда шуда, ба ҷойи 681,2 млн. сомонии пешбинигардида ба буҷет 712,0 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 30,8 млн. сомонӣ зиёд ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2020 ҷамъоваригардида 148,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Нозироти андоз бошад дар 9 моҳи соли 2021 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) ба андозаи 104,5% таъмин намуда, ба ҷойи 371,0 млн. сомонии пешбинигардида ба буҷет 387,6 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 16,6 млн. сомонӣ ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2020 ба буҷет воридшуда 103,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар ин давра ба андозаи 101,7% таъмин карда шуда, ба ҷои 303,5 млн. сомонии пешбинигардида ба буҷет 308,6 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 5,1 млн. сомонӣ ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2020 ба буҷет воридшуда 84,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Сифатнокии нақшаи андозҳо дар ин давра иҷроиши ҳамаи намуди андозҳо пурра таъмин карда шудааст.
Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1-уми январи соли 2021 дар нозироти андоз маблағи умумии 12917,7 ҳазор сомониро ташкил намуда бошад, ин нишондиҳанда ба давраи 1-уми октябри соли 2021 маблағи 8234,3 ҳазор сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба аввали соли 2021 ба андозаи 4683,4 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.
Мавсуф дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки дар 9 моҳи соли 2021 нисбати 1720 адад андозсупорандагони бақияи қарзи андоздошта огоҳномаҳо ба маблағи умумӣ 14,7 млн. сомонӣ ба корхонаҳои қарздор додашудааст, ки аз ин миқдор огоҳиномаҳои додашуда ба маблағи умумии 10,6 млн. сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст. Дар баробари ин, барои сари вақт напардохтани қарзи андози иҷтимоӣ тибқи талаботи моддаи 620 ва 623-и Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 48 андозсупорандагон протоколҳои маъмурӣ ба маблағи 156,7 ҳазор тартиб дода шудааст.
Дар 9 моҳи соли 2021 аз тарафи нозироти андоз нисбати 310 андозсупорандагони қарздор дар бораи маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи умумии 20,2 млн. сомонӣ қарор қабул карда шудааст.
Аз ҳисоби қарорҳои мазкур дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети давлатӣ 16,3 млн. сомонӣ ворид гардид, ки 81,0% маблағи қарорҳои қабулшударо ташкил медиҳад. Инчунин, аз ҳисоби 114 адад қарорҳои иҷронагардида, ки дар соли 2020 нисбати 104 андозсупоранда ба маблағи 9,6 млн. сомонӣ қабул гардида буд, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 4,3 млн. сомонӣ ба буҷет пардохт гардид.
Аз ҷониби Нозироти андоз, дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 699 андозсупоранда барои ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба онҳо ба сифати ҷазо ба маблағи умумии 1523,7 ҳазор сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуд ва аз ҳисоби ҷаримаҳои таъингардида ба буҷети давлатӣ 1003,9 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нишондиҳанда 61,3%-ро ташкил медиҳад.
Дар 9 моҳи соли 2021 аз тарафи Нозироти андоз корҳои назоратӣ, аз ҷумла тибқи талаботи моддаи 37-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 513 андозсупорандагон ба маблағи 24,9 млн. сомонӣ назорати камералӣ гузаронида шуд, пас аз додани огоҳномаи назорати камералӣ ба маблағи 13,8 млн. сомонӣ эъломияҳои иловагӣ пешниҳод гардид, аз ҳисоби ҳақдорӣ ба маблағи 435,3 ҳазор сомонӣ пӯшонида шуда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба маблағи 2,8 млн. сомонӣ ва маблағҳои пардохтгардида ба буҷет 10,1 млн. сомонӣ таъмин гардид.
Номбурда қайд намуд, ки яке аз самтҳои муҳим ва назарраси фаъолияти мақомоти андоз, ин анҷом додани бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва филиалу намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ба ҳисоб меравад.
Мутобиқи маълумотҳои Феҳристи ягонаи давлатӣ ба санаи 1-уми октябри соли 2021 дар нозироти андоз дар маҷмуъ 12423 адад субъектҳои хоҷагидори амалкунананда мавҷуд мебошад, аз ҷумла 2920 адад шахсони ҳуқуқӣ, 3391 адад нафар соҳибкорони инфиродӣ тибқи шаҳодатнома ва 6112 адад соҳибкорони инфиродӣ тибқи патент фаъолият мебаранд.
Ҳуҷҷатҳои асосие, ки дар раванди маъмурикунонии андозҳо ва анҷом додани корҳои назоратӣ истифода мешавад, ин сари вақт дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории андоз аз ҷониби андозсупорандагон пешниҳод намудани ҳисоботҳо (эъломияҳо) мебошад. Дар нуҳ моҳи соли 2021 нисбати андозсупорандагоне, ки эъломияҳои худро дар муҳлатҳои муқаррагардида пешниҳод наменамоянд, нисбати 179 андозсупорандагон тибқи талаботи моддаи 601 КҲМҶТ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ карда шудааст.
Нисбати он андозсупорандагоне, ки солҳои тӯлонӣ ҳисоботҳо (эъломияҳо) андозии худро пешниҳод наменамоянд, бо дастрасии муқаррароти моддаи 202 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва “Тартиби аз Феҳристи ягонаи давлатӣ хориҷ намудани шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷии бефаъолият”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми ноябри соли 2017 таҳти №533 тасдиқ гардидааст, барои қатъи яктарафаи фаъолият ба Кумитаи андоз дар маҷмуъ 1016 парванда (аз ҷумла, шахсони ҳуқуқӣ 194 адад, соҳибкорони инфиродӣ 850) адад парвандаҳо ирсол карда шуд, аз ин 946 адад (аз ҷумла, шахсони ҳуқуқӣ 124 адад ва соҳибкорони инфиродӣ 822) адад баррасӣ гардид, боқимондаи парвандаҳо дар баррасӣ қарор доранд.
Яке аз самтҳои асосие, ки кормандони Шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ҳангоми қабули эъломияи андоз бояд диққати махсус зоҳир намоянд, ин шумораи коргари кироя ва фонди музди меҳнат мебошад.
Новобаста аз оне, ки дар 9 моҳи соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи коргари кироя аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, дар маҷмуъ 1958 адад зиёд гардида бошад ҳам, дар ин давра аз тарафи 675 андозсупоранда (аз ҷумла, шахси ҳуқуқӣ 384, андозсупоранда 1052 нафар, коргари кироя ва 291 соҳибкори инфиродӣ 430 нафар коргари кироя) кам гардидааст.
Нуриддинов Абдураҳмон Бобоёрович дар рафти суҳбат гуфт, ки гарчанде, ки дар нуҳ моҳи соли 2021 ҳангоми гузаронидани корҳои назоратӣ дар 327 ҳолат маблағи 2231,0 ҳазор сомонӣ андози иҷтимоӣ ва 1283 ҳазор сомонӣ андоз аз даромади шахсони воқеӣ ошкор гардид, эъломияи иловагӣ аз тарафи андозсупорандагон пешниҳод гардида бошад ҳам, ин нокифоя буда, кормандони Шуъбаи хизматрасониро зарур мебошад, ки дар ин самт корҳои назоратӣ ва фаҳмонидадиҳиро дучанд намоянд.
Тибқи маҳзани маълумотҳои барномаи компютерии СМИИА дар 9 моҳи соли 2021 ҳисобкунии андозҳо аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, дар маҷмуъ 4,6 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.
Дар 9 моҳи соли 2021 иҷрои нақшаи андозҳо аз ҳисоби соҳибкорони тибқи Патент фаъолияткунанда, дар нозироти андоз ба андозаи 84%з таъмин карда шуд, ба ҷойи 15302,0 ҳазор сомонии пешбинигардида ба буҷет 12861,0 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 2441,0 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
Мавсуф дар идома изҳор дошт, ки тибқи нақшаи тасдиқшуда аз тарафи Кумитаи андоз дар 9 моҳи соли 2021 ба Нозироти андоз дар ноҳияи Сино васл намудани 275 адад МНХ ва 297 адад ПОС-Терминал вобаста гардида буд. Нақшаи васли МНХ дар 9 моҳи соли 2021 аз тарафи кормандони нозироти андоз 333 адад ё худ 121% ва нақшаи ПОС- Терминал бошад 116 адад таъмин гардид.
Дар 9 моҳи соли 2021 аз тарафи кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нисбати 120 андозсупоранда хариди назоратӣ гузаронида шуд, бо дастрасии моддаҳои 614-615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон 581,8 ҳазор сомонӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд, маблағи 329,8 ҳазор сомонӣ ба буҷет пардохт гардид.
Шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеӣ нишондиҳандаҳои иҷрои қисми даромади буҷетро дар нуҳ моҳи соли 2021 дар маҷмуъ 105,1% таъмин намуда, ба ҷойи 44,8 млн. сомонӣ пешбинишуда, ба буҷет 46,6 млн. сомонӣ ворид намудаанд, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 1,8 млн. сомонӣ зиёд ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2020 ба буҷет воридшуда 7,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Мавсуф зикр намуд, ки дар асоси Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.02.2020,№80 “Оиди аз нав баҳисобгирии (инвертаризатсияи) объектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъаи замин ва воситаҳои нақлиёти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” гузаронида шуда, ба санаи 01.09.2021 аз шумораи 81526 андозсупорандаи молу мулки ғайриманқул 33480 нафар аз нав баҳисобгирии (инвертаризатсияи) гузаронида шудааст, ки 41,4%-ро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи баҳисобгирии 3504 ҳолати объектҳо бидуни қайд ва ба маблағи 653 ҳазор сомонӣ маблағҳои бар илова ошкоргардида 491,0 ҳазор сомонӣ ба буҷет таъмин карда шудааст.
Ҳолати бақайдгирӣ ва ба андозбандӣ ҷалб гардидани объектҳои молу мулки ғайриманқули аз Корхонаи фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ба махзани маълумотҳои Кумитаи андоз воридшуда, пайваста мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Чунончӣ, тибқи таҳлилҳои анҷомдодашуда аз шумораи 9893 адад объекти молу мулки ғайриманқуле, ки Корхонаи фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ба махзани маълумотҳои Кумитаи андоз ирсол намуда буд, ба маҳзани маълумотҳои Кумитаи андоз пурра ба қайд гирифта шудаанд.
Дар натиҷаи коркарди маълумотҳои воридшуда ҳолатҳои зиёд аз ҷониби шахсони воқеӣ бегонакунии объектҳои молу мулки ғайриманқул ошкор гардида, дар натиҷа тибқи талаботи моддаи 104 Кодекси андоз аз ҳисоби афзоиши арзиши молу мулки бегонашуда дар фаъолияти 1268 нафар шахсони воқеӣ дар нуҳ моҳи соли 2021 ҷамъ ба маблағи 2,1 млн. сомонӣ андоз аз даромад ҳисоб намуда, маблағҳои ҳисобишуда пурра ба буҷет таъмин карда шудааст.
Дар нозироти андоз 1799 нафар иҷорадиҳандагони молу мулки ғайриманқул (ҳамчун иҷорадиҳанда) ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 153 ададаш ба ҳамин давраи ҳисоботӣ рост меояд. Масоҳати молу мулки ғайриманқули ба иҷора додашудаи шахсони воқеӣ бақайдгирифташуда 272,2 ҳазор метри муррабаъро ташкил дода, манбаи андозбандишаванда аз ҳисоби иҷора 98,2 млн. сомонӣ ва маблағи ҳисобкардашудаи андоз аз даромад 11,3 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Шуъбаи баҳисобгирии даромадҳо, дар нуҳ моҳи соли 2021 дар маҷмуъ бо 82,7%-и шахсони ҳуқуқӣ, 75,8%-и соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолиятдошта ва бо 71,0% соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда санадҳои муқоисавӣ тартиб дода шудааст.
Дар маҷмуъ, дар нуҳ моҳи соли 2021 аз ҳисоби тартиб додани санадҳои муқоисавӣ бо шахсони ҳуқуқӣ, дар ҳаҷми 6,3 млн. сомонӣ бақияи қарзи андозҳо кам ва маблағи изофапулиҳо дар ҳаҷми 5,3 млн. сомонӣ кам гардидааст.
Инчунин, дар ин давра аз ҳисоби тартиб додани санадҳои муқоисавӣ бо соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолият дошта, дар маҷмуъ 131,0 ҳазор сомонӣ бақияи қарзи андозҳо кам ва маблағи изофапулиҳо дар ҳаҷми 130,0 ҳазор сомонӣ кам гардидааст. Аз ҷониби кормандони шуъбаи мазкур дар нуҳ моҳи соли 2021 барои тартиб надодани санадҳои муқоисавӣ нисбати 22 андозсупоранда мутобиқи талаботи моддаи 607 КҲМҶТ ба маблағи 52,2 ҳазор сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шудааст.
Анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳию тавзеҳотӣ бо андозсупорандагон, аз ҷумла гузаронидани семинар-машваратҳо самти дигари муҳими фаъолияти мақомоти андоз ба ҳисоб меравад.
Дар 9 моҳи соли 2021 8 семинар машварат, вохӯриҳо бо андозсупорандагон баргузор карда шудааст.
Нуриддинов Абдураҳмон Бобоёрович дар анҷоми суҳбат қайд намуд, ки Нозироти андоз дар ноҳияи Сино барои иҷрои бомувафақияти вазифа ва нақшаҳо дар пешбинишуда патенсиалӣ хуби кадрӣ дорад ва изҳори боварӣ менамоем, ки ҷиҳати пешравии соҳа аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда самарнок истифода менамоем ва ба боварии роҳбарияти Кумитаи андоз, Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Сино сазовор бошем.
Бахтиёр АЛИМОВ,
МТЖТ