Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,
Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем.
Педагоги машҳури рус Сухомлинский В.А. мазмуни мафҳуми «Ватан»-ро одилона ба мафҳумҳои «Инсон», «Маънои зиндагӣ», «Меҳнат», «Қарз», «Оила», «Забони модарӣ», «Муҳити табиат», «Садоқат» алоқаманд мекунад. Бале, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, модари рамзӣ – Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст.
Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар,
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,
Ватан хушномию фирӯзии мост.
Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашавандае мавҷуд аст, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Ҳисси ватандустӣ ба дараҷае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд:
Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.
Аз ин байти пурмазмун чунин андеша бармеояд, ки Ватан ифтихор, шаъну шараф, ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ ганҷе наметавон иваз намуд.
Оромиву шукуҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста аст. Агар Ватан орому осуда буда, дар саросари он сулҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум меафзояд.
Дар он ҷое, ки ки пояҳои маънавиёт устувор набошанд, акси ин ҳол ба миён меояд.
Муҳаббат ба Ватан асосан дар давраи кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қатра оби Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватан, ва ба нафъи вай хизмат кардан мебошад.
Маънии калимаи Ватан дар ашъори шоирон мавқеи хоса дорад. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ, ки саршори идеяи ватандустӣ ва адолатхоҳист, ҳифзи Ватанро аз баҳои ҷон болотар гузошта, гуфтааст:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Дар ашъори Ҳабиб Юсуфӣ Ватан ба таври мушаххас ва образнок тасвир ёфтааст. Ватан барои ӯ ҳамчун хонаи умед ва бахшандаи бахту саодат, модари азизу меҳрубон мебошад:
Ватанро бинозам, маро дар канор,
Чу модар гирифту намуд бахтиёр…
Мурод аз офаридани образи ватандӯстона дар адабиёти олам бешубҳа, бедор кардани ҳисси ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба марзу буми аҷдодист.
Вале вазифаи мо танҳо аз Ватан ва бузургони миллат ифтихор кардан набуда, ба корнамоӣ ва ҷонфидоии нав, кашфи падидаҳои нодир вобаста аст.
Агар ҳамаи мо аз олами расму русум ва анъанаҳои милливу башарӣ баҳраманд гардем, ватани соҳибистиқлоли м обоз ҳам ободтару зеботар мегардад.
Ҳусни нокарори пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе далели хизмати шоистаи Пешвои муаззами миллат мебошад.
Инак, пешорӯи баҳори сабз санаи 31 апрели соли 2025 вохӯрии сарони се кишвари ҳаммарз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Хӯҷанди бостон доир гардид. Иқдои неки ин се роҳбари давлатро мардум якдилона пазируфтанд. Барҳақ, шоир Халифабобо Ҷумъазода илҳоми саршори хешро аз ин вохӯрӣ баён кардааст:
Се абармарде ба Хӯҷанд омаданд,
Бо дили шоду фараҳманд омаданд.
Бо суруди ваҳдати сартосарӣ
Бо чароғи дида хурсанд омаданд.
Ин абармардони дар қавл устувор
Бахти мо ки худ хирадманд омаданд.
Дар китоби шаҳнавози зиндагӣ
Чун бузургон бо гули панд омаданд.
Ҷумла меҳмон қирғизони хатти марз
Ӯзбекон ҳам аз Самарқанд омаданд.
Баҳри ҷашни Наврӯзи се минтақа
Мардумони решапайванд омаданд.
То шавад амну амони дар Ватан
Дар кушода, рағми дарбанд омаданд.
Дар ҳақиқат бинои дӯстӣ аз боду борон газанде набинад.
Дунё ҳамеша барои дӯстӣ кушод аст.Бахти одам ҳам дар ҳамин аст.Ба ибораи устод Турсунзода:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Рухсора Сангинова,
директори МТМУ №25-и ш.Душанбе