Вақте ки нахустин нашрияҳо ба вуҷуд омаданд, шояд касе гумон намекард, ки замоне ин соҳа ташаккул меёбад ва ба воситаи иттилоот ҷаҳонро идора менамоянд. Аммо бо гузашти солҳо, ки матбуот рушд карда, радиову телевизион ба вуҷуд омад, масъалаи идоракунии ҷаҳон ба воситаи иттилоот низ пайдо шуд. Пас аз анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ давлатҳои абарқудрат муборизаро ба воситаи иттилоот ба роҳ монданд, ки дар таърих бо номи «ҷанги сард» маъруф аст. Дар ин давра садҳо рӯзномаву маҷалла, радиову телевизион зидди Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ фаъолият мекарданд. Хусусан, радиоҳои «Озодӣ», «Садои Америка», Би-Би-Сӣ, Мавҷи Олмон дар як шабонарӯз беш аз 100 соат барои Шӯравӣ бо забони русӣ ва дигар забонҳои ҳудуди он барнома бахш менамуданд. Ҷанги сардро ИМА ва иттифоқчиёнаш бар зидди Иттиҳоди Шӯравӣ то барҳамхӯрии он давом доданд. Дар асри 21 муборизаҳои иттилоотӣ бамаротиб шиддат гирифт, зеро бавуҷудоии интернет имкониятҳои ВАО-ро хеле бештару фарохтар намуд. Дигар ҳеҷ ҳодисаеро наметавон аз назари аҳолии курраи Замин пинҳон дошт. Агар дар дуртарин нуқтаи сайёра ҳодисае ба вуқуъ ояд, дар як они воҳид тамоми ҷаҳон аз он хабардор мешавад. Аз ин ҷост, ки муборизаҳои иттилоотӣ торафт бештару хатарноктар мегарданд. Ҳатто дигар замоне шудааст, ки пеш аз амалиётҳои ҷангӣ дар ин ё он давлат кишварҳои абарқудрат аввал ба воситаи иттилоот мардумро омода менамоянд. Аз ин ҷост, ки давлатҳо барои рушди ВАО-и ватаниашон аз тамоми имкониятҳо васеъ истифода мебаранд. Имрӯз дар давлатҳои абарқудрат ва кишварҳои рушдкарда телевизиону радио бо хубтарин таҷҳизоти интиқоли мавҷ таъмин буда, барои фарогирии ҳарчи бештари аҳолии курраи Замин тамоми кӯшишро ба роҳ мемонанд. Дар бисёре аз давлатҳо агентиҳои иттилоотӣ ва рӯзномаҳое амал мекунанд, ки дар фазои иттилоотии умумиҷаҳонӣ низомсоз ба ҳисоб мераванд. Мутаассифона, дар чунин шароити мураккаб дар кишвари мо ба рушди ВАО таваҷҷуҳи лозимӣ ба назар намерасад. Кушодани телевизионҳои сартосарӣ хуб аст, аммо кофӣ набудани маблағгузорӣ, масъалаи кадрҳо ва дигар мушкилот сабаб гардидааст, ки барномаҳои сусту қолабӣ, рекламаҳои дилгиркунанда ва эфири холӣ дар телевизионҳо хеле зиёд буда, онҳо дар баробари ВАО-и кишварҳои минтақа рақобатпазир нестанд. Хусусан, дар масъалаи кадрҳои баландихтисос ВАО-и давлатии мо ба танқисии ҷиддӣ мувоҷеҳ аст.
Кадрҳо ҳама чиро ҳал намекунанд?
Шояд мувофиқи омор ВАО-и давлатии Тоҷикистон 100 дарсад бо кадр таъмин аст. Зеро то имрӯз дар ҷойе нашунидаем, ки масъуле аз норасоии кадр дар соҳаи матбуот сухан гуфта бошад. Аммо агар ба сатҳу сифати дониш ва ҷаҳонбинии кадрҳо назар афканем, маълум мешавад, ки дар аксари расонаҳо шояд 50 дарсад мутахассиси соҳа набошанд. Хусусан, ин ҳолат дар телевизионҳои давлатӣ зиёдтар ба назар мерасад. Ин дар ҳолест, ки дар кишвар як факултет ва чанд шуъбаи журналистӣ амал мекунанд. Аксари нафароне, ки дар телевизион фаъолият доранд, аз соҳа тамоман бехабаранд. Онҳо танҳо ба хотири «ситора» шудан ин расонаи пурқудрати давлатиро барои фаъолият интихоб кардаанд. Шояд як сабаби паст будани сифати барномаҳо ва рақобатпазир набудани онҳо бо телевизионҳои давлатҳои ҳамсоя дар ҳамин бошад.
Дар матбуот низ айнан чунин ҳолат ба назар мерасад, аммо дар қиёс ба телевизион камтар. Дар телевизион агар чеҳраро ба назар гиранд, пас дар матбуот муҳимтар аз ҳама қалам аст ва на ҳамаи «ҳавасдоштаҳо» имкони фаъолият дар ин ё он газетаро доранд. Лекин баъзан нафаронеро дучор шудан мумкин аст, ки дар баробари ғайрикасбӣ будан, ҳатто як ҷумлаи дуруст навишта наметавонанд. Чунин «журналистон» аз ҳисоби дорандагони ихтисосҳои журналистӣ низ ба назар мерасанд, диплом доранд, аммо саводи казоӣ на. Фаъолияти нафарони ғайрикасбӣ дар матбуот таҳаввулоти жанриро ба вуҷуд овардааст. Имрӯз ба кадом жанр мансуб будани баъзе навиштаҳоро муайян карда намешавад. Худ қазоват кунед, дар рӯзнома маводе чоп мешавад, ки муаллифаш корманди ҳамон идора нишон дода шудааст. Вақте маводро аз аввал то охир мехонӣ, маълум мешавад, ки навиштаи муаллиф набуда, танҳо аз зери таҳрир ва «ихтироаш» гузаштааст. Зеро суханҳо аслан аз нафари масъули ягон корхона буда, корманди рӯзнома онро бо навиштани сарсухан ва овардани як ҷумла дар зер ба мисли «фалонӣ зимни суҳбат ба мо чунин гуфт:» дигар пурра он навиштаро ба нашр мерасонад ва тарзе имзо мегузорад, ки гумон мекунед худи «муаллиф» онро навишта бошад.
Котибони матбуотӣ чӣ рисолат доранд?
Марказҳои матбуотии вазорату идораҳо бояд пуле бошанд байни журналистон ва мақомот. Мутаассифона, дар аксари вазорату идораҳо марказҳои матбуотӣ вуҷуд дошта бошанд ҳам, дар аксари онҳо нафарони аз соҳа ноогоҳ фаъолият доранд. Онҳо рисолаташонро танҳо дар бардоштани ҷузвдони раису вазир ва «ҳимоя» кардани мансабдорони он ниҳод аз журналистон медонанд.
Борҳо шудааст, ки зимни иҷрои рисолати касбӣ ба марказҳои матбуот муроҷиат намудаву дар ҷавоб «мактуб биёред, раис вақт надоранд, саволҳоятонро пешакӣ навишта ба мо нишон диҳед» ва дигар баҳонаҳо шунидаем. Ҳол он ки, котиби матбуотӣ бояд журналистон ва расонаҳои хабариро дар доираи қонунҳои амалкунанда бо иттилооти лозима таъмин намояд. Ин шуъбаест, ки дар он бояд журналисти касбӣ фаъолият кунад, аммо чунин ба назар мерасад, ки барои аксари мансабдорони мо ин бахш як бахши беаҳамият ба ҳисоб меравад.
Бояд зикр кард, ки дар корхонаву идораҳое, ки журналистон бахши матбуотро роҳбарӣ менамоянд, инъикоси фаъолияти он ниҳод дар расонаҳо ба таври касбӣ ва хеле хуб роҳандозӣ мешавад.
Оё журналистон ба такмили ихтисос ниёз надоранд?
Журналистон шояд аз камтарин намояндагони қишри ҷомеа бошанд, ки камтар ба такмили ихтисос ҷалб мешаванд. Дуруст аст, ки вақтҳои охир аз ҷониби Академияи ВАО ва дигар идораҳо ҳар сари чанд вақт курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил карда мешаванд ва аз идораҳои ВАО дархост мешавад, ки иштироки намояндаашонро таъмин намоянд. Аммо он тарзе, ки курсҳои махсус гузаронида мешаванд, ба талабот ҷавобгӯй нестанд.
Нафаронеро медонам, ки бо таҷрибаи зиёда аз 30-40-солаи фаъолият дар ВАО давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар умуман аз такмили ихтисос нагузаштаанд. Аз ин рӯ, фикру андеша, тарзи пешниҳоди мавод ва баррасии мавзуъ аз ҷониби баъзеи онҳо ба талаботи замони нав ҷавобгӯй нест. Ҳол он ки, дар асри нав журналист бояд аз ҳар пешаи дигар дида, бо донишҳои замонавӣ «мусаллаҳ» бошад. Дар муқоиса ба матбуоти давлатӣ ВАО-и хусусӣ бамаротиб дар ин масъала фаъолтар аст, зеро бо истифода аз имконоте, ки баъзе ташкилотҳои байналмилалӣ ба онҳо медиҳанд, ҳамасола бо курсҳои бозомӯзӣ дар давлатҳои пешрафта фаро гирифта мешаванд. Вале аз рӯзномаҳои расмиву давлатӣ боре нашунидаам, ки нафареро барои такмили ихтисос ба ҷумҳуриҳои бародар фиристода бошанд.
«Хоҷа, боғ дорӣ? Дорам!»
Дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар нашрияҳои маҳаллӣ фаъолият мекунанд. Аммо баъзеи он ба ном вуҷуд доранд, зеро ба гоҳнома табдил ёфта, нашри мунтазамашон таъмин нест. Дар баробари сари вақт чоп нашудан, инчунин дар саҳифаҳояшон маводи ҷолибу хонданӣ қариб ки ба назар намерасад. Танҳо дар арафаи идҳои муҳими давлативу умумиҷумҳуриявӣ чоп мешаванд, ки нисфе аз саҳифаҳояшро табрикоти роҳбарони мақомот пур кардааст. Дар ин баробар аксари ин нашрияҳо бо теъдоди хеле кам нашр мешаванд, ки шояд ба дасти муштариён ҳам нарасанд.
Соли 2016 бо ибтикори Иттифоқи журналистон дар ноҳияи Рашт конференсияи ҷумҳуриявӣ дар масъалаи ВАО-и маҳаллӣ баргузор гардид. Вақте ки муҳаққиқи соҳа А. Қутбиддинов рӯзномаи «Оинаи Рашт»-ро мавриди таҳлили илмӣ қарор дод, як баҳсе ба вуҷуд омад. Муҳаррири ин рӯзнома дар суҳбат гуфта буд, ки ҳеҷ заруратеро барои нашри мунтазами нашрия намебинад. Аз ин рӯ, худ ба танҳоӣ онро дар вақтҳои зарурӣ ба нашр мерасонад. Мутаассифона, муносибати масъулин бо нашрияҳои маҳаллӣ чун ба «бачаи угай» сурат мегирад. Дар даврае, ки матбуот метавонад барои пойдории сулҳу ягонагӣ нақши ҳалкунанда бозад, оё муносибати хунукназарона ба он раво аст? Агар ба андешаи роҳбарони шаҳру ноҳия рӯзнома як «қоғази нодаркор» бошад, пас аз оне, ки дар се-чор моҳ як маротиба бо иштибоҳу ғалатҳои зиёд нашр мешавад ва вазифаи асосии худро иҷро карда наметавонад, барҳам доданаш ба мақсад мувофиқтар нест?!…
Ба рӯзнома чӣ ном монем?
Бо гузашти 27 сол аз соҳибистиқлолии кишвар ҳанӯз ҳам номи аксари нашрияҳо дар қолаби номгузории давраи шӯравӣ қарор доранд. Баъзеаш бо вуҷуди иваз кардани ном ҳамоно номҳои ғайримилливу ночаспон боқӣ мондааст. Масалан, дар тамоми мавҷудияти зиёда аз 90-солааш шояд номи номувофиқе барои рӯзномаи рақами яки кишвар – «Ҷумҳурият» бошад. Худ қазоват кунед, шуруъ аз чопи нахустин шумораи рӯзномаи мазкур, ки ба 15-уми марти соли 1925 рост меояд, то соҳибистиқлолии кишвар онро номҳои зебои мутобиқ ба меъёрҳои калимаву иборасозии забони тоҷикӣ, ба мисли «Иди тоҷик», «Бедории тоҷик», «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ» ва «Тоҷикистони шӯравӣ» муаррифӣ мекарданд. Чун ба истиқлолияти давлатӣ расидем, он ба «Ҷумҳурият» табдили ном кард. Аслан номи «Ҷумҳурият» дар муқоиса бо номҳои собиқаш ғайритоҷикӣ ба ҳисоб меравад. Ҳол он ки, метавон ба ин рӯзномаи расмии давлатӣ бо истифода аз калимаи муқаддаси «Тоҷикистон» номе гузошт, ки рамзе ба соҳибистиқлолии кишвар бошад. Акнун, ки кишвар дорои бузургтарин неъмати худовандӣ – озодист, пас бояд нашрияи расмии он низ бозгӯкунандаи ин озодӣ бошад…
Ё ин ки ҳанӯз ҳам қисми аввали номи рӯзномаҳо бо калимаи «ҳақиқат» шуруъ мешавад. Ин маҳфум бозгардон аз «правда»-и русӣ ва «мерос» аз замони шӯравӣ мондааст. Мутаассифона, дар чунин қолаб, ки аллакай моли таърих ба ҳисоб меравад, то ҳанӯз ҳам рӯзномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо номи «Ҳақиқати Суғд» нашр мешавад. Ҳол он ки, танҳо бо ихтисор кардани калимаи «ҳақиқати» метавон унвони зебое барои ин рӯзнома баргузид, яъне «Суғд» (ба мисли «Хатлон»-у «Бадахшон»).
Ҳамин тариқ, дар якчанд ноҳияҳо чунин номгузорӣ то ҳол вуҷуд дорад, ки якеи он «Ҳақиқати Ховалинг» мебошад. Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ то ҳол бо номи «Меҳнат» (баргардон аз «труд»-и русӣ) нашр мешавад, ки низ номи куҳнаву ночаспон барои як нашрия мебошад.
Журналистони оянда бояд дар куҷо тайёр шаванд?
Дар кишвар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва якчанд муассисаи олии таълимӣ низ журналист тайёр мекунанд. Имрӯз ҳатто Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ихтисоси «шореҳи варзиш» дорад, ки гӯё журналистони соҳаи варзишро омода менамояд. Ноқаноатмандӣ аз сатҳи дониш ва фаҳмиши хатмкардаҳои ихтисосҳои журналистӣ гоҳ – гоҳе изҳор мешавад. Фикр мекунам, ки ин амри табиист, зеро дар дигар соҳаҳо низ ҳамаи дипломдорон кадри хубу таърифӣ намешаванд. Аммо на ҳамаи шуъбаҳои журналистика ҷавобгӯйи талаботанд. Масалан, дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода низ шуъбаи журналистикаи телевизион ва радио амал мекунад. Тавре маълум аст, донишкада тобеи Вазорати фарҳанг буда, бояд барои ин вазорат мутахассис омода намояд. Аз воситаҳои ахбори омма танҳо бахши матбуот тобеи вазорати мазкур буда, фаъолияти телевизиону радиоро Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад. Дар ҳоле, ки нашрияҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз норасоии мутахассис танқисӣ мекашанд, чаро вазорат барои Кумитаи телевизион ва радио кадр омода мекунад? Оё беҳтар нест, ки барои соҳаи матбуот мутахассис омода намуда, ба ноҳияҳои аз кадр танқисидошта равон намояд?
Аз касе пӯшида нест, ки имрӯз барои бахши асосии матбуот – котибот ягон муассисаи таълимоти олии касбӣ мутахассис омода наменамояд. Кормандони он ба таври худомӯзӣ ва ё тавассути шогирд истодан дар назди котиби масъули рӯзнома ин ихтисосро меомӯзанд. Аз ин рӯ, мақомоти дахлдор бояд сари фаъолияти шуъбаҳои журналистика чораву андешаҳои ҷиддӣ дошта бошанд. Заминаи илмиву техникии онҳоро баланд бардошта, барномаҳои таълимиашонро ба талаботи замон мувофиқ кунанд.
Чӣ бояд кард?
(ба ҷойи пешниҳод)
Ба андешаи мо, вақти он расидааст, ки ВАО-ро муассисаву идораҳои мустақили давлатӣ ба танзим дароранд. Зеро фаъолияти Вазорати фарҳанг дар соҳаи ВАО қаноатбахш нест. Танҳо тобеи он будани матбуотро дар рӯзи Иди матбуот эҳсос кардан мумкин асту халос. Дар минбаъда, агар масъалаҳои азнавбаҳисобгирӣ ба миён наояд, пас ҳеҷ гуна вобастагии матбуот ва ин вазоратро эҳсос намекунем.
Беназорат будани ВАО онро ба «партовгоҳи ақидаҳо» табдил медиҳад, ки аз он давлату миллат ҳеҷ манфиате намебинад. Аз ин рӯ, агар ниҳоди алоҳидае таъсис дода шудаву назорати агентиҳои иттилоотӣ, матбуот ва дигар ВАО-ро зери назорат гирад, ба мақсад мувофиқтар аст. Ғайр аз ин, бояд котибони матбуотии вазорату идораҳо низ аз ҳисоби журналистони ҳирфаӣ таъин карда шаванд, то дар шароити мураккаби муборизаҳои геополитикӣ тавонанд, ки васоити ахбори оммаро бо ахбори саривақтӣ таъмин намоянд.
Зарур мешуморам, ки чун дигар соҳаҳо бозомӯзии кадрҳои соҳаи ВАО ба роҳ монда шуда, ба як раванди доимӣ табдил ёбад, зеро, тавре қайд кардем, танҳо бо дониши донишгоҳӣ наметавон фаъолияти пурмаҳсул дошт.
Ғайр аз ин, аз ҷониби Академияи ВАО барои нафароне, ки журналистони касбӣ нестанд, курсҳои махсус ташкил карда, оид ба принсипҳои асосии журналистика таълим дода шаванд. Имрӯз дар рӯзномаҳо бо маводҳое дучор мешавем, ки пурра аз интернет рӯбардор ва тарҷума шуда, ҳатто манбаъ ва ё сарчашмаи онҳо нишон дода нашудааст, ки асардуздӣ маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин, бояд нашри мунтазами ҳамаи нашрияҳои маҳаллӣ ба роҳ монда шавад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бояд аз ҷониби Ҳукумат муваззаф шаванд, ки лоақал теъдоди нашри рӯзномаҳоро (агар чунин гуфтан ҷоиз бошад) аз 1000 нусха кам накунанд. Ақаллан ба ҳамин миқдори нашр аз ҷониби буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузорӣ шаванд.
Инчунин, ба хотири самаранок шудани тарғибу ташвиқи сиёсати давлат бояд лоақал дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ «рӯзҳои ахбор» роҳандозӣ шавад, то муҳассилин рӯзномаҳои давриро мутолиа намоянд, радио гӯш карда, телевизионро бинанд. Вагарна, имрӯз интихоб ончунон зиёд аст, ки шояд ҳеҷ нафаре аз машғулияти яксоатаи интернетиаш 20 дақиқаашро ба хондани рӯзнома сарф нанамояд.
Дар ин робита шуъбаҳои идеологии шаҳру ноҳияҳо фаъолияташонро бояд ҷоннок намоянд. Эътироф бояд кард, ки ба масъалаи идеология аксари шаҳру ноҳияҳоямон хунукназарона муносибат менамоянд (ВАО низ ҷузъи идеология аст, ки оид ба вазъи нашрияҳои маҳаллӣ гуфтем).
Замони имрӯз замони идеология аст. Ин бахш метавонад дар пойдории давлат ва соҳибихтиёрии кишварҳо нақши муҳим бозӣ кунад. Имрӯз дар бахшҳои идеологии шаҳру ноҳияҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда нафароне таъин мешаванд, ки мутаассифона аксарияташон чӣ будани мафҳуми идеологияро шояд сарфаҳм нараванд. Сари ин масъалаҳо ниҳоят ҷиддӣ андеша бояд кард.
Шариф СОЛЕҲ