Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ хабарнигори МТЖТ бо раиси ноҳияи мазкур Шарифзода Ҷамшед Раҳмон суҳбат анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.
Дар ноҳия ҷиҳати иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои дар Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ, дурнамо ва нақшаҳои тасдиқшудаи рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии сокинони ноҳия, коҳишёбии сатҳи камбизоатии аҳолӣ равона шудаанд, чораҳои мушаххас андешида шуда, дар семоҳаи дуюми соли 2024 аксар соҳаҳои хоҷагии халқ бо натиҷаҳои нисбатан хуб ҷамъбаст карда шуданд.
Иҷроиши буҷет ва соҳибкорӣ
Мавсуф тазаккур дод, ки дар давоми шаш моҳи соли 2024 иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби андозҳо 102,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 34 миллиону 89 ҳазору 327 сомонӣ ворид шуд, ки нисбати нақша 746 ҳазору 886 сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи пардохтҳои ҳатмии фонди ҳифзи иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ 100,1 фоиз таъмин гардида ба буҷет 6,4 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 9,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи пардохти андози иҷтимоӣ буҷетӣ бошад давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 103,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 16,4 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 611,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 261 адад қарорҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи 9 миллиону 329,8 ҳазор сомонӣ қабул гардида, дар ин давра 104 қарор иҷро шуд, ки аз ин ҳисоб ба буҷети ноҳия 5 миллиону 887,7 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шуд.
Дар нозироти андози ноҳия аз рӯи шакли ташкили ҳуқуқӣ 761 адад шахсони ҳуқуқӣ, 505 адад соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла аз рӯи патент, 571 адад шаҳодатнома ва 4071 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ, 969 адад шаҳодатномаи махсус ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 5 адад шахсони ҳуқуқӣ, 132 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ, 28 адад шаҳодатномаи махсус, 9 адад соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла аз рӯи патент, 5 адад шаҳодатнома зиёд мебошанд.
Дар давоми шаш моҳи соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба буҷети маҳаллии ноҳия 93 миллиону 666 ҳазору 753 сомонӣ ворид гардид, ки иҷроиши нақшаро 100 фоиз таъмин намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бошад, дар ин давра 93 миллиону 666 ҳазору 753 сомониро ташкил намуд, ки иҷроиши нақшаро 100 фоиз таъмин намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Хароҷоти маблағҳо ба соҳаҳои мудофиа 95 фоиз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 98 фоиз, маориф 99 фоиз, тандурустӣ 98 фоиз, суғурта ва ҳифзи иҷтимоӣ 97 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 100 фоиз, фарҳанг 99 фоиз, варзиш 100 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 99 фоиз равона карда шудааст.
Аз хароҷоти умумии буҷети маҳаллӣ 63,4 фоиз ба соҳаи маориф, 26,8 фоиз ба соҳаи тандурустӣ ва боқимонда 9,8 фоиз ба дигар соҳаҳо рост меояд.
Дар ин давра нақшаи хароҷоти музди меҳнат ва иловапулиҳо дар ноҳия 100% (82 миллиону 680 ҳазору 352 сомонӣ) иҷро гардид, ки ин 88,3 %-и хароҷоти умумии буҷети ноҳияро ташкил медиҳад.
Албатта, Раёсати молияро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллӣ, оиди сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ корҳои амалиро анҷом дода, назоратро пурзӯр намояд.
Саноат
Ҳамчунин, номбурда изҳор дошт, ки дар давоми шаш моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия ба 74 миллиону 694,1 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8 миллиону 578,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 113 %-ро ташкил медиҳад.
Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 30,7% ба корхонаҳои хусуси ва 69,3 % ба тадқиқоту мушоҳидаҳо рост меояд.
Бояд қайд намуд, ки дар ноҳия 4 адад корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, аз ҷумла ҶДММ “Салмоншо” ва ҶДММ “Ризоён”, ҶДММ “Хишти Ҳулбук” ҶДММ “Миросор” бо таъсиси 30 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуданд.
Ба пешвози 35- солагии ҷашни Истиқлоли кишвар
Дар идомаи суҳбат номбурда афзуд, ки дар давоми шаш моҳи соли 2024 сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои сармоягузорӣ ба миқдори 89 миллиону 995,5 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудааст.
Аз ҷумла, корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 73 миллиону 960,2 ҳазор сомонӣ иҷро гардидаанд.
Дар ин давра ба андозаи 22 миллиону 424 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ва 6247 хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудаанд.
Мардуми ноҳияи Восеъ, аз ҷумла шахсони саховатпеша ва ба ору номуси ноҳия барои дар амал татбиқ намудани дастур ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ намуда, ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 408 иншоот ба нақша гирифта, то ин ҷониб 219 иншоот ба истифода дода шуда, аз ин 214 иншоот аз тарафи соҳибкорон ва 5 иншооти дигар аз ҳисоби грантҳо буда, дар давоми шаш моҳи соли 2024 бошад 40 иншоот ба истифода дода шудааст, ки ҳамаи ин аз тарафи соҳибкорон мебошанд ва корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дорад.
Кишоварзӣ
Мавсуф инчунин қайд кард, ки дар шаш моҳи соли 2024 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 623 миллиону 334,5 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 89 милиону 227,9 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, 116,7%-ро ташкил медиҳад.
Соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 22370 гектар замин аз ин 14136 гектар ғалладонагиҳо, аз ҷумла (гандум 12338,7 га, ҷав 1411 га, лубиёгиҳо 86 га, ҷуворимаккаи дон 221 га), 5294 гектар зироатҳои техникӣ аз он 4638 гектар пахта, 1305,6 гектар сабзавот, 540,7 гектар полезӣ, 647,8 гектар картошка ва 446 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт карда шудааст.
Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия 54681 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 29114 сар модагов, 122296 сар бӯзу гӯсфанд, 73682 сар парранда ва 1950 сар асп мавҷуд мебошад, ки ин нишондиҳандаҳо нисбати ҳамин давраи соли 2023 зиёд гардидаанд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1776 тонна гӯшт, 14931 тонна шир, 2 миллиону 834,1 ҳазор дона тухм, 248,1 тонна пашм, 4,0 тонна пилла, 9,5 тонна асал ва 16,8 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст.
Маънавиёт
Чӣ тавре, ки ҳамсуҳбати мо иттило дод, масъалаи зина ба зина беҳтар намудани вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, комиссияи ҳуқуқи кӯдак, кор оид ба дин, танзим ва ҷашну маросимҳои миллӣ таҳти назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, барои пешрафти ин соҳаҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ гардонида мешаванд.
Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ дар давраи ҳисоботӣ кору фаъолияти худро барои пешрафти таълиму тарбия ва баланд бардоштани донишу маърифати хонандагону омӯзгорон ба роҳ монда, корҳои таъмир ва азнавсозии муассисаҳои таълимиву томактабиро роҳандозӣ намуда истодааст.
Дар ноҳия 73 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 1 адад литисейи давлатии №1, 65 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 5 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 интернати хонандагони лаёқатманд, 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият доранд.
Ҷиҳати қонеъ намудани талабот ба таҳсилоти томактабӣ дар ноҳия 72 марказҳои инкишофи кӯдакон ва 10 муассисаи томактабӣ, 185 гуруҳ таъсис дода шуда, аз ин шумора 36 муассиса дар бинои шакли нав ҷойгир буда, ва дар онҳо 4476 нафар кӯдакон фаро гирифта шуда, дар умум бо таълимгирандагони муассисаҳои томактабӣ 5366 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 118 нафар зиёд мебошад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 3228 нафар омӯзгор, аз ҷумла 2010 нафар зан фаъолият доранд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 56 865 нафар хонанда, аз ҷумла 27 742 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Бояд қайд намуд, ки дар давоми шаш моҳи соли 2024 шумораи дастовардҳо хеле назаррас буда, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои давраи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори чунин ҷойҳо, аз ҷумла олимпиадаи вилоятӣ ҷойи якум 11 нафар, ҷойи дуюм 15 нафар, ҷойи сеюм 24 нафар, ҷойи ифтихорӣ 9 нафар, олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷойи дуюм 8 нафар, ҷойи сеюм 30 нафар, олимпиадаи байналмиллалӣ ҷойи якум 16 нафар, ҷойи дуюм 47 нафар, ҷойи сеюм 68 нафар, ҷамъ 228 гардиданд.
Тандурустӣ
Номбурда қайд кард, ки дар ноҳия ҳамагӣ 97 муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳо 8 адад, муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ 69 адад, марказҳои махсусгардонидашуда 9 адад ва 11 марказҳои хусусӣ мавҷуд мебошанд, ки дар онҳо ҳамагӣ 2350 нафар кормандони соҳаи тиб, аз он ҷумла 193 нафар табибон, 1432 нафар кормандони миёнаи тиб, 408 нафар кормандони хурди тиб ва 317 нафар дигар коргарони соҳа ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ дорои 10 шуъбаи махсусгардонидашуда ва 9 ҳуҷраҳои ёрирасон ва ташхисӣ, ки онҳо аз 197 кат иборат мебошад.
Дар беморхонаи марказӣ 52 табибони маълумоти олидор, ки аз онҳо 20 – нафар дорои дараҷаи тахассусӣ, 17 нафар олӣ, 10 нафар дараҷаи якум ва 5 – нафар дараҷаи дуюм фаъолият доранд.
Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 3772 нафар бемор бистарӣ шуда, аз ин 3697 нафар бемор саломатии худро барқарор намудаанд, ки иҷроиши нақшаи катҳо 84,5 фоизро ташкил медиҳад.
Беморхонаи пӯст ва зӯҳуравии ноҳия дорои 9 кат буда, бо ду табиб фаъолият намуда истодааст. Дар шаш моҳи соли сипаригардида 78 нафар бемор бистарӣ шуда, 75 нафари онҳо саломатии худро барқарор намудаанд.
Дар муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 41 маркази саломатии деҳотӣ, 27 бунгоҳи тиббӣ ва 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, дар маҷмӯъ 69 муассиса фаъолият доранд.
Дар муассисаҳои КАТС-и ноҳия 78 нафар табиб бо маълумоти олӣ, 978 нафар кормандони миёнаи тиббӣ, 105 нафар кормандони хӯрди тиббӣ ва 65 нафари дигар кормандон, ҷамъ 1226 нафар ба аҳолии ноҳия хизматрасонии аввалияи тиббиро таъмин менамоянд.
Фаъолияти маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия ба самти муайян баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ, назорати тозагии муҳити зист, ҳолати санитарии муасисаҳои мактабӣ ва томактабӣ, коммуналӣ, савдо, хӯроки умумии шахсию давлатӣ, пешгирии заҳролудшавӣ аз маводҳои хӯрокворӣ ва ғайраҳо равона карда шудааст.
Давоми шаш моҳи сипаригардида аз тарафи маркази назорати давлатии санитарию эпидемилогии ноҳия дар 816 обеъктҳои давлатӣ, хусусӣ ва иҷоравӣ оиди ҳолати санитарӣ-гигиенӣ, пешгирии касалиҳои сироятӣ, заҳролудшавӣ аз маводҳои хӯрокворӣ, назорати муҳити атроф ва зист 106 санҷиш гузаронида шудааст.
Дар шаш моҳи соли сипаригардида марказ барои ба талаботҳои санитарӣ ҷавобгӯ набудан 421 кг маҳсулоти гуногуни хӯрокаро ба маблағи 2750 сомонӣ аз фурӯш гирифта, несту нобуд карданд. Вазъи соҳаи тандурустӣ дар маҷму дар ноҳия хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
Сайёҳӣ
-Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба ноҳия ҳамагӣ 14000 нафар, 12300 сайёҳи дохилӣ ва 1700 нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф оварданд. Аз ҷумла, ба Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» 1441 нафар меҳмонон ташриф овардаанд, ки аз онҳо 557 нафарашон меҳмонони хориҷӣ ва 882 нафарашон меҳмонони дохилӣ мебошанд.
Бо мақсади рушди сайёҳии таърихӣ азнавсозии пурраи Мамнӯъгоҳи таърихии “Қалъаи Ҳулбук” ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар атрофи он дар муҳлатҳои наздик пешбинӣ шудааст.
Ноҳияи Восеъ, инчунин, дорои табиати нотакрор ва мавзеъҳои шифобахш буда, барои инкишофи сайёҳии табобатӣ ва истироҳату фароғати мардум мувофиқ мебошад,- афзуд номбурда.
Варзиш
Раиси ноҳия дар хусуси вазъи соҳаи варзиш ва дастгирии ҷавонон сухан карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ бо мақсади татбиқи босамари барномаҳои дурнамои ҷавонон, “Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ноҳияи Восеъ барои солҳои 2022-2026” ва дигар барномаҳои соҳавӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, ҷиҳати иҷроиши онҳо нақшаи чорабиниҳо таҳия намудааст ва дар асоси он кору фаъолият дорад.
Дар шаш моҳи соли сипаригардида аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои ноҳия, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот 468 чорабиниҳои гуногун баргузор гардид, ки дар чорабиниҳои мазкур зиёда аз 40125 нафар наврасон, ҷавонон, варзишгарон ва калонсолон иштирок намуданд.
Дар ноҳия 2 муассисаи давлатӣ “Мактаби варзишии ноҳияи Восеъ” ва “Мактаби варзишии Ҷамоати деҳоти ба номи А.Рӯдакӣ” фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои мазкур 43 нафар мураббиён, ки аз инҳо 25 нафарашон дорои маълумоти олии варзишӣ мебошанд, аз рӯи 18 намуди варзиш дар 90 гуруҳ, ба 1161 нафар варзишгарон аз он ҷумла 137 нафар бонувон ҳамарӯза машғулиятҳои варзишӣ меомӯзонанд.
Варзишгарони ноҳия дар ин муддат дар 10 мусобиқаҳо, чемпионатҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида сазовори 12 медал аз ҷумла 2 медали тилло, 4 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ гардиданд.
Муроҷиати шаҳрвандон
Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли 2024 аз мақомотҳои болоӣ барои иҷроиш ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 68 адад қарору фармонҳо дохил гардидаанд, ки мутобиқи ҳар яки онҳо санадҳои дахлдор қабул гардида, ба иҷрокунандагон сари вақт расонида шудаанд. Оид ба иҷроиши онҳо ба мақомотҳои дахлдор маълумот ва ахбороти хаттӣ ирсол гардидааст.
Инчунин дар давраи ҳисоботӣ 574 қарор ва 58 амрҳои раиси ноҳия ба имзо расонида шудаанд. Аз мақомотҳои болоӣ дар ин муддат 1269 адад мактубу протоколҳо, аз ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ 274 адад, аз ташкилоту ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ 1 адад мактубу дархост ва 206 адад барқия ва хабарҳои телефонӣ ворид гардидаанд, ки аксари онҳо мувофиқи шароиту имкониятҳо ҳалли худро ёфтаанд.
Дар шаш моҳи соли 2024 ба дастгоҳи раиси ноҳия аз тарафи шаҳрвандон 1225 адад муроҷиатҳои хаттӣ ворид шудааст, ки аз ин шумора 45 ададаш аз мақомотҳои болоӣ мебошанд. Хоҳишу дархости муроҷиаткунандагон, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандон мувофиқи имконият ба имзо расида, оиди онҳо тадбирҳои амалӣ андешида шуданд.
Раис ва муовинони раис 397 нафар шаҳрвандонро қабул намуда, бо тариқи шифоҳӣ хоҳиши онҳо қаноатбахш карда шудааст.
Дар фароварди суҳбат номбурда қайд кард, ки бо вуҷуди муваффақиятҳо дар фаъолияти кори ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия дар самти мазкур як қатор камбудию норасогиҳо ба чашм мерасанд.
Аз ин рӯ, масъулини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, ташкилоту муассисаҳои ноҳияро зарур аст, ки баҳри бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва ҳалли саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон диққати ҷиддӣ дода, баҳри амалӣ намудани он чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар маҷмӯъ гарчанде мо ба як қатор дастовардҳо ноил шуда бошем ҳам, ҳанӯз дар ноҳия воситаву имкониятҳои дохилӣ боз ҳам суръат бахшидани рушди иқтисодиёт ва дар ин замина тадриҷан беҳтар гардонидани шароити зиндагии аҳолӣ хеле зиёданд ва аз мо танҳо масъулиятшиносиро талаб менамояд.
Бо эътимоди комил иброз медорам, ки мардуми бонангу номус ва матиниродаи ноҳияи Восеъ минбаъд низ ба ҳисси баланди милливу хештаншиносӣ дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҳимояи манфиатҳои Ватани маҳбубамон омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаашон дар пешрафти ноҳия саҳми арзишманд мегузоранд ва дар оянда низ барои ободу зебо гардонидани диёри хеш кӯшиш намуда, онро ба як мавзеи пешрафта ва ободу зебо табдил медиҳанд.
МТЖТ