Ноҳияи Рашт солҳои охир дар қатори дигар гӯшаву канори кишвари азизамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Дар асоси ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва кӯшишу талошҳои мардуми заҳматпеша, бахусус соҳибкорони маҳаллӣ, на танҳо маркази ноҳия- шаҳраки Ғарм, балки маҳалҳои аҳолинишини дурдаст ҳам симои худро дигар карда истодааст. Иншоотҳои навбунёд ва кӯҳҳои сарбарфалаккашидаи ин диёри афсонавӣ ба ноҳия ҳусну таровати дигар бахшидаанд. Хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон озими ин ноҳияи зебоманзар гардид ва оид ба бурду бохт ва дастоварду пешравиҳои ин диёри афсонавӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ, бо раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Фишӯрдаи суҳбати мазкур пешниҳоди хонандагон ва алоқамандони ҳафтаномаи “Фараж” гардонида мешавад.

Раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон дар оғози суҳбат гуфт,таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар шаш моҳи соли 2023 гувоҳи он аст, ки меҳнаткашони ноҳия дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро дар ҳаёт татбиқ  намуда, ҷиҳати ба даст овардани нишондиҳандаҳои назаррас ҳамвора саъйю кӯшиш менамоянд.

Иҷрои буҷет

Раиси ноҳия бо қаноатмандӣ иброз намуд ки нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия (бо назардошти маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ) ба андозаи 104,2 фоиз иҷро шуда, ба буҷет ба ҷои 46 миллиону 883 ҳазор сомонӣ, 48 миллиону 875 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша ба маблағи 1 миллиону 992 ҳазор сомонӣ ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 11 миллиону 470 ҳазор сомонӣ зиёд будааст.

-Аз ҳисоби даромадҳои худӣ нақшаи воридоти андозҳо ба андозаи 110  фоиз иҷро шуда, ба буҷет ба ҷойи 16 миллиону 483  ҳазор сомонӣ, 18  миллиону 131 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 1 миллиону 648  ҳазор сомонӣ ва нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 2 миллиону 175  ҳазор  сомонӣ зиёд  мебошад. Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки уҳдадориҳои андозӣ дар ноҳия (нақшаи қисми даромадҳои худӣ бо андози иҷтимоии ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ)  ба ҷойи 20 миллиону 400 ҳазор сомонии нақша, 21 миллиону 818 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудааст, ки 107 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбати нақша ба маблағи 1 миллиону 418  ҳазор сомонӣ зиёд аст,-иброз дошт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Ба иттилои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт тариқи «Равзанаи ягона» 107 нафар соҳибкор тибқи шаҳодатномаи муқаррарӣ, 497 нафар тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 356 нафар соҳибкор тибқи патент ва 2818 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият карда истодаад. Соҳибкорони инфиродӣ  3778  нафарро ташкил медиҳад, ки дар ин миён занон 137 нафаранд. Ин омор дар нисбати соли гузашта 106 нафар бештар аст.

-Аз тарафи бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ба аҳолӣ ба маблағи 21 миллиону 871 ҳазор сомонӣ қарз дода шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022 ба маблағи 9 миллиону 662,6  ҳазор  сомонӣ ё  79,1  фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми хизматрасонии  пулакӣ бошад, ба 36 миллиону 292,6 ҳазор сомонӣ баробар мебошад, ки нисбати нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 277 ҳазор сомонӣ ё 3,6 фоиз зиёд мебошад,-гуфт Муқимӣ Р. Н.

Кишоварзӣ

Кишоварзӣ аз соҳаҳоест, ки таъмини амнияти озуқавории кишвар ба он сахт вобаста аст. Аз ин рӯ, хоҷагидорони ноҳияи Рашт бар он заҳмат мекашанд, ки саҳми хешро дар ин самти афзалиятноки кишвар гузоранд.

Раиси ноҳияи Рашт иброз намуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 179 миллиону 947 ҳазор сомониро ташкил намудааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 миллион сомонӣ ё 4 фоиз зиёд будааст.

-Дар ноҳия, дар шаш моҳи соли равон, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 2200 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 153,7 тонна ё 7 фоиз зиёд, шир 6756,5 тонна, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 731,3  тонна ё 12 фоиз зиёд, тухм 2 миллиону 791,1 ҳазор дона, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54,7  ҳазор дона ё  2 фоиз зиёд, асал 57,8 тонна, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8 тонна ё 7 фоиз бештар мебошад. Дар ноҳия барои ҳосили соли 2023 дар майдони 805,2 гектар кишти ғалладонаи тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки нисбати нишондоди соли гузашта 59,8 гектар зиёд мебошад. Нақшаи кишти ғалладонаи баҳорӣ дар сохтори кишоварзии ноҳия 932 гектарро ташкил дода, дар майдони 965,2 гектар кишт гузаронида шудааст, ки 33,2 гектар зиёд мебошад.Нақшаи кишти картошка дар сохтори кишоварзии ноҳия 1500 гектарро ташкил дода, кишоварзон дар майдони зиёда аз 1570 гектар кишти картошка гузаронданд, ки 104,7 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Аз ҷониби аҳолӣ бошад, дар майдони 1844 гектар картошка кишт карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104 гектар зиёд мебошад. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 3414 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба нақша-дурнамо 214 гектар ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52 гектар зиёд мебошад. Майдони боғ дар ноҳия 5173 гектарро ташкил намуда, аз ин ҳисоб боғҳои ҳосилдеҳ  4914 гектар мебошад. Бунёди боғҳои нав дар соли 2023 дар майдони  17,5 гектар ба нақша гирифта шуда, иҷроиши нақша пурра ва барзиёд таъмин карда шуд,-гуфт раиси ноҳияи Рашт.

Саноат ва энергетика

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Рашт 17 миллиону 871,2  ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 319,3 ҳазор сомонӣ ё 1,8 фоиз зиёд аст.

-Бо мақсади амалӣ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 06 январи соли 2022 “Дар бораи солҳои рушди саноат  эълон намудани солҳои 2022-2026”, нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шудааст, ки тибқи он бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд дар солҳои 2022-2026, бо назардошти мавҷудияти ашёи хом, бунёди 21 адад, аз ҷумла дар соли 2023 таъсиси 5 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст. Шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии ноҳия ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ ба 30 адад расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 адад зиёд аст. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва рӯзномаи ноҳиявии „Оинаи Рашт“ нимаи дуюми соли гузашта таҷҳизоти калонҳаҷми чопӣ дастрас карда шуда, фаъолияти КВД „Матбааи ноҳияи Рашт“ роҳандозӣ карда шуд,-гуфт Муқимӣ Р. Н.

Сохтмон ва меъморӣ

-Дар ноҳияи ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои дар давоми панҷ соли оянда барои рушди мамлакат гузошташуда, бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, махсусан дар деҳот, бо назардошти афзоиши аҳолӣ, зиёд шудани талабот ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва манзилҳои истиқоматӣ, ба воситаи ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои дар маҳалҳо ҷойдошта, аз ҷумла бештар ҷалб намудани соҳибкорону аҳолӣ ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ идома дорад. Дар ин замина тибқи қарорҳои раиси ноҳия, аз 3 марти соли 2022, № 123 ва аз 1 майи соли 2023, № 219 шумораи иншоотҳои бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдшаванда ба 275 адад расонида шудааст, ки барои баланд бардоштани сатҳи кору хизматрасонӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ пешбинӣ гардидаанд.

Бо мақсади зиёдтар ҷалб намудани соҳибкорону аҳолӣ ба корҳои ободонию бунёдкорӣ корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардида, дар ин замина шумораи 72 адад иншоотҳои иловагии бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдшаванда ба нақшаи қаблӣ илова карда шуданд. Тазаккур бояд дод, ки дар раванди банақшагирии иншоотҳо ба масъалаи камбудиҳои дар маҳалҳо вобаста ба соҳаҳои ҷойдошта аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, аз шумораи 275 иншооти нақшаи чорабиниҳо 36 иншоот ба соҳаи маориф, 13 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 10 иншоот ба соҳаи фарҳанг, 29 иншоот ба соҳаи варзиш, 66 иншоот ба соҳаи савдо ва хизматрасонӣ марбут буда, 17 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, 2 бинои маъмурӣ, 2 бинои истиқоматӣ, 12 лоиҳаи таъмир ва дар масофаи 15 километр мумфарш кардани роҳҳо, 18 км хати оби нӯшокӣ ва 13 чоҳи амудӣ, 6 иншооти соҳаи сайёҳӣ, 5 иншооти соҳаи барқтаъминкунӣ, 3 пули мошингузар, 7 ҳавзи моҳипарварӣ, 3 ферами мурғпарварӣ, 1 фермаи чорводорӣ, 1 сардхона ва 28 иншооти дигари таъиноти гуногун мебошанд.  Аз шумораи иншоотҳои зикргардида дар давоми соли 2022 ва 6 моҳи соли равон 88 адад иншоотҳои таъиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шудаанд ва дар 117 иншоотҳои дигар корҳои сохтмону ободонӣ тибқи нақша идома дорад. Гуфтан ба маврид аст, ки саҳми соҳибкорон ва аҳолии ноҳия дар иҷрои корҳои ободонию созандагӣ назаррас буда, тибқи нақша аз шумораи умумии 275 иншоот, 228 иншоотҳои таъиноти гуногун аз ҷониби бахши хусусӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад, ки 83 фоизи нақшаро ташкил медиҳад,-қайд намуд раиси ноҳияи Рашт.

Маориф

Омор ҳокӣ аз он аст, ки дар ноҳияи Рашт 113 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз он 25 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 17 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 70 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, бо фарогирии 30619 нафар хонанда, ки 14794 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, 3 боғчаи бачагона бо фарогирии 205  нафар тифлакон ва 70 маркази инкишофи кӯдакони синни томактабӣ бо фарогирии 1430  нафар амал карда истодаанд. Ҳамчунин, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, коллеҷҳои тиббию омӯзгорӣ ва Литсейи касбӣ-техникӣ фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1580  омӯзгорон (466  нафар занон), аз ин бо таҳсилоти олӣ 962 нафар (241 нафар занон), таҳсилоти миёнаи касбӣ  478 нафар (107 нафар занон), таҳсилоти миёнаи махсус 21 нафар, таҳсилоти олии ғайриихтисос 49 нафар, дигар ихтисосҳо 70 нафар фаъолият менамоянд. Сохтмони бинои иловагӣ дар назди боғчаи бачагонаи шаҳраки Ғарм идома дошта, инчунин аз ҳисоби собиқ биноҳои муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо биноҳои нав сохта шуданд, баъд аз таъмиру тармим бунёд ва ба кор оғоз намудани 3 боғчаи бачагона дар деҳотҳои Навдӣ, Ҳоит ва  Нусратулло  Махсум ба нақша гирифта, фаъолияти боғчаи бачагонаи деҳоти Ҳоит роҳандозӣ карда шудааст. Дар деҳаи Бедаки Ҷамоати деҳоти Навдӣ дар арафаи таҷлили “Рӯзи кӯдак” – 1 июн боғчаи бачагона барои 20 нафар кӯдаки синни томактабӣ ба истифода дода шудааст. Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз -2023 биноҳои нави таълимӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии № 55-и деҳаи Зарифии Ҷамоати деҳоти Тагоба, № 86-и деҳаи Қалъаи Мақсуди Ҷамоати деҳоти Навдӣ ва боғчаи бачагона дар деҳаи Ҳоити Ҷамоати деҳоти Ҳоит ва дар рӯзҳои таҷлили 26-солагии Ваҳдати миллӣ бинои нави таълимӣ дар назди муассисаи талимии № 49-и деҳаи Хуфаки Ҷамоати деҳоти Қалъанак, ки сохтмонашон аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолӣ ба анҷом расонида шудааст, ба истифода дода шудаанд. Инчунин, дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии  № 14-и деҳаи Ярхаб ва № 68-и деҳаи Ярхаби чуқураки деҳоти Ҳиҷборак, № 22-и деҳаи Ҳоити деҳоти Ҳоит, № 7-и деҳаи Шулмак, № 18-и деҳаи Яшм ва № 54-и деҳаи Поҷеи деҳоти Боқӣ Раҳимзода, № 53-и деҳаи Себистони Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх, № 39-и деҳаи Воринги Ҷамоати деҳоти Ясман, № 61-и деҳаи Шаҳринави Ҷамоати деҳоти Қалъанак, № 46-и деҳаи Ғавосиёни Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум, № 38-и деҳаи Кули Ҷамоати деҳоти Аскалон, № 77-и деҳаи Болошаҳри Ҷамоати деҳоти Оби меҳнат ва № 76-и деҳаи Каландаки Ҷамоати деҳоти Тагоба сохтмони биноҳои наву замонавии таълимӣ идома доранд. Гуфта мешавад, ки сохтмони қисмати зиёди иншоотҳои мазкур аз ҷониби соҳибкорону саховатмандони ватанӣ маблағгузорӣ шуда истодааст.

Тандурустӣ

Оилаи солим-миллати солим, гуфтаанд. Аз ин рӯ, барои хизматрасонии тиббию табобатӣ ба аҳолӣ Беморхонаи марказӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ, 19 маркази саломатии деҳотӣ, 49 хонаи саломатӣ, 8 маркази барномаҳои миллӣ, шуъбаи ёрии таъҷилӣ  фаъолият бурда, дар онҳо 131 табиб ва 452 нафар  корманди миёнаи тиб фаъолият менамояд. Инчунин, диспансери байниноҳиявии бемориҳои рӯҳӣ ба беморони минтақа хизмати тиббӣ мерасонад.

-Фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳия бо дастгирии бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Дар ноҳия 6 муассисаи госпиталӣ фаъолият дорад, ки дорои 366  кат мебошанд.

Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохтмони бинои “Маркази модар ва кӯдак”, таъмири асосии бинои беморхонаи марказӣ, таъмири асосии бинои собиқ шуъбаи сироятӣ барои бистарикунонии пешазтаваллудии занони ҳомила, таъмири асосии бинои муассисаи кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ, сохтмони бинои таваллудхона дар назди беморхонаи минтақавии  Ҳоит, сохтмони бинои нави дуошёна дар назди беморхонаи минтақавии шаҳраки Навобод идома дошта, дар муҳлатҳои пешбинишуда мавриди истифода қарор дода мешаванд,-гуфт Муқимӣ Р. Н.

Кор бо занон ва оила

Дар ноҳия шумораи умумии занон 68 ҳазору 672 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 35 ҳазору 893 нафарашон қувваи қобили меҳнат мебошанд. Аз ин шумора дар соҳаи маориф 466 нафар, соҳаи тандурустӣ 435 нафар, соҳаи фарҳанг 62 нафар, соҳаи бонкдорӣ 30 нафар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 15 нафар, рушди соҳибкории хурду миёна 121 нафар кору фаъолият дошта, дар корҳои мавсимӣ бошад, беш аз 30 ҳазору 857 нафар ба меҳнати музднок ҷалб карда мешаванд. Айни замон, дар ноҳия 3 нафар зани номзади илм фаъолият доранд. 15 нафар занон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 67 нафар вакили маҷлиси ҷамоатҳои шаҳракудеҳот мебошанд. Аз шумораи 1444  нафар занони коргар 170 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият дошта, 19 нафар занон хизматчии давлатӣ ва 68 нафар зан роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро ба уҳда доранд.

Раиси ноҳияи Рашт саҳми занону бонувонро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мусбат арзёбӣ намуда гуфт, дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили ҷашни “Рӯзи Модар” 120 нафар собиқадорон ва фаъолзанон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои молию пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

-Аз ҳисоби фонди захиравии раиси ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ба 30 нафар зани эҳтиёҷманд кӯмакҳои молиявӣ расонида шуд. Тибқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ 217 занону духтарони маҳаллӣ ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касб фаро гирифта шуда, 73 нафар занону духтарон ба ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин карда шудаанд,-гуфт Муқимӣ Р. Н.

Фарҳанг

Дар ноҳия 68 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 қасри фарҳанг, 13 хонаи фарҳангӣ, 3 клуб, 44 китобхона, Муассисаи давлатии мактаби бачагонаи санъат, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, театри халқӣ, 2 осорхона (Осорхонаи назди бахши фарҳанг ва осорхонаи хусусии «Кӯҳсори Аҷам») ва 2 ёдгории таърихии монументалӣ фаъолият карда истодааст. Иштироки кормандони бахш дар баргузории чорабиниҳои назаррас аст.

Ҷиҳати иҷрои амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 феврали соли 2022, № АП-329 “Дар бораи баргузории озмуни  “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, № АП-330  “Фурӯғи субҳи доноӣ  китоб аст” ва аз 7 июли соли 2022,  № АП-227 оиди озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”, қарорҳои раиси ноҳия ба тасвиб расида, Нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасдиқ карда шуда, ҷараёни иҷроиши онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Айни замон аз ҷониби аҳолӣ сохтмони бинои китобхона дар деҳаи Ялдамичи деҳоти Қалъанак идома дошта, дар давоми соли 2023 оғоз намудани сохтмони бинои нав барои 2 китобхонаи дигар ба нақша гирифта шудааст.

Варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ

Шумораи ҷавонон дар ноҳия 42 500 нафарро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ноҳия 134  иншоотҳои гуногуни варзишӣ, аз ин 3 майдони варзишӣ, 98 майдончаи варзишӣ, 27 толори варзишӣ, 5 ҳавзи шиноварӣ, 1 мактаби варзишӣ бо теъдоди 15  нафар мураббӣ ва 440 нафар машқварзон (10 нафар бонувон) фаъолият доранд.

-Варзишгарони ноҳия дар 7 мусобиқаи варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва 17 мусобиқаи сатҳи минтақавӣ  иштирок намуда, дар сатҳи мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ бо 39 медал, аз ин 8 медали тилло, 10 медали нуқра, 21  медали биринҷӣ ва дар сатҳи минтақа бо 57 медал, аз ин 14 медали тилло, 20 медали нуқра ва 23 медали биринҷӣ сазовор гардиданд. Дар арафаи ҷашни 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дар деҳаи Ҷафри Ҷамоати деҳоти Ҷафр майдончаи варзишии замонавӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Айни замон сохтмони майдончаҳои варзишии ҳозиразамон дар деҳаҳои Ялдамичи деҳоти Қалъанак, Шаҳрисабз ва Чашмаи Қозии деҳоти Нусратулло Махсум, Шулонак ва Баҳористони деҳоти Қалъаи Сурх ва сохтмони толорҳои варзишӣ дар деҳаҳои Шулмак ва Санги Маликии деҳоти Боқӣ Раҳимзода  идома дорад,-бо қаноатмандӣ қайд намуд раиси ноҳияи Рашт.

Сайёҳӣ

Қайд кардан ба маврид аст, ки ноҳияи Рашт дар қатори дигар гӯшаву канори Ватани азизамон дорои захираҳои бой ва мавзеъҳои нодир барои рушди сайёҳӣ мебошад.

Раиси ноҳия бо боварӣ иброз намуд, ки дар ноҳия имкониятҳои рушди сайёҳии экологӣ, агро-сайёҳӣ, истироҳатӣ, кӯҳнавардӣ, шикор, сайру гашти пиёдагардӣ, аспсаворӣ, варзишӣ ва зиёрати ҷойҳои муқаддас фароҳам мебошанд.

–Ҷиҳати  иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти шароиту имкониятҳои мавҷуда, барои рушди ин соҳаи афзалиятнок чораҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Бо мақсади фароғату истироҳати сайёҳони дохилию хориҷӣ, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳия 3 меҳмонхона ва 1 хостел бо фарогирии 51 ҳуҷра ва 150 рахти хоб сохта шуда, ҳамарӯза ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд. Илова бар ин, дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 3 меҳмонхона дар маркази ноҳия ва истироҳатгоҳҳои муосир дар мавзеъҳои сайёҳии дараи Камароб, Ҳоит, Ясман, Ҷафр, Сиёҳдара ва дар соҳили Кули калони Ҷамоати деҳоти Аскалон пешбинӣ гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин самт оғоз гардидаанд. Дар мувофиқа бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати роҳҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳудуди ноҳия сохтмони 20  истгоҳи замонавӣ ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора то имрӯз сохтмони 15 истгоҳ ба анҷом расида, дар истгоҳҳои дигар корҳо идома доранд. Дар заминаи истгоҳҳои мазкур нуқтаҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, марказҳои иттилоотии сайёҳӣ, нуқтаҳои хӯроки тезтайёр ва гӯшаҳои деҳқон пешбинӣ гардидаанд. Дар давраи ҳисоботӣ тибқи маълумотҳои оморӣ ба ноҳия 2053 нафар сайёҳону меҳмонон, аз ҷумла 1890 нафар сайёҳони дохилӣ ва 163 нафар сайёҳони хориҷӣ ворид гардидаанд. Дар асоси ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъйю талошҳои сокинони заҳматпеша дар ноҳия соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ босуръат рушд доранд. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки мардуми ноҳия сиёсати хирадмандони Пешвои милллатро дастҷамъона ҷонибдорӣ намуда, барои рушду шукуфоии ин гӯшаи зебои кишвари азизамон тамоми саъю талоши худро равона месозанд, – дар фарҷоми суҳбат иброз намуд раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь