Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳияи мазкур Олимбек Юлдошзода суҳбат кард ва фишурдаи он пешкаш мегардад.
Дар оғози суҳбат Юлдошзода Олимбек қайд кард, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Ҷаббор Расулов заҳматкашу меҳнатқарин ҳастанд ва дар пайравии сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат барои беҳбудиву ободии ноҳия саҳми худро мегузоранд. Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар нуҳмоҳаи аввали соли 2024 фаъолияти худро баҳри иҷрои фармону қарорҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Маҷлиси Олӣ, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, раиси вилояти Суғд, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия равона намуда, ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Бо шукргузорӣ аз истиқлолият, сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ дар ҳама бахшҳои хоҷагии халқи ноҳия давра ба давра пешравию дигаргуниҳои назаррас ба амал омада истодааст.
Иҷрои нақшаи буҷет
Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки нақшаи қисми даромади буҷет бо дар назар доштани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 107,2 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 99,3 млн сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 6,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоятӣ ба буҷети ноҳия 29,8 млн сомонӣ ё ба андозаи 100,0 фоиз маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ворид карда шудааст. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 85,1 млн сомонӣ ё 95,5 фоиз иҷро гардид. Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1-уми октябри соли 2024 1,7 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба 1 январи соли 2024 322 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми окябри соли 2024 дар ноҳия 6523 нафар соҳибкорони хурду миёна фаъолият карда истодаанд, ки аз ин соҳибкорони инфиродӣ 5813 нафар, 710 нафар шахсони ҳуқуқиро ташкил медиҳад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра фаъолияти 183 субъекти фаъолияткунанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 зиёд шудааст. Ба ҳолати имрӯза дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,9 млн доллари ИМА амалӣ шуда истодааст. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷаббор Расулов барои солҳои 2021-2025 97 лоиҳаро ба маблағи 292,3 млн сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 01.07.2024 37 лоиҳа ба маблағи 182,6 млн сомонӣ ё 62,3 фоиз ба иҷро расидааст.
Кишоварзӣ
Дар хусуси вазъи кишоварзӣ дар ноҳия номбурда сухан карда, аз ҷумла қайд кард, ки дар нуҳ моҳи соли 2024 ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 908 млн 178,5 хазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 113 млн 420,1 хазор сомонӣ зиёд иҷро гардидааст.Ҷиҳати зиёд намудани маҳсулотҳои кишоварзӣ алалхусус маҳсулотҳои воридоти ивазкунанда ва содиротӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар хоҷагиҳои кишоварзӣ дар ноҳия дар ҳамаи шакли ҳоҷагидорӣ дар давраи ҳисоботӣ кишти зироатҳо ба майдони 18094,5 гектар гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 100,2 фоиз ё ин, ки 35,3 га зиёд мебошад.
Аз кишти анҷомдодашуда ба майдони 696,3 гектар картошка, 7295,8 гектар ғалладонагиҳо бо ҷуворимакка, аз он ҷумла: гандум 3202,7 гектар, ҷав 2808,4 гектар, ҷуворимакка барои дон 730,3 гектар, сабзавот 2078,3 гектар, аз он ҷумла пиёз 830,2 гектар, сабзӣ 88,6 гектар, полезӣ 93,8 гектар ва 3126 гектар зироатҳои хӯроки чорво дар бар мегирад.
Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 47541 сар, аз ҷумла модагов 27168 сар, гӯсфанду буз 66575 сар, паранда 443823 сар ва асп ба 539 сар расонида шудааст.
Дар нух мохи соли 2024 ба миқдори 24349,7 тонна галлагихо, 3385,9 тонна пахта, 6860 тонна картошка, 2661,7 тонна полезихо, 57326,8 тонна сабзавот ва 4472,7 тона мевагихо истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта картошка 1254,5 тонна, полезихо 30 тонна, сабзавот 13432,8 тонна ва мевагихо 2202,3 тонна мебошад.
Саноат ва энергетика
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 279,8 млн сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 14,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра аҳолии ноҳия дар ҳаҷми 179,9 млн кВт/соат ба маблағи 47,4 млн сомонӣ қувваи барқ истифода намудааст. Ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда 94,3 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 101,9 фоизро ташкил медиҳад.
Қарздорӣ аз истифодаи неруи барқ ҷой дошта, он аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо новобаста аз шакли моликият 1,9 млн сомонӣ, аз ҳисоби аҳолӣ 6,6 млн сомонӣ ва дар маҷмуъ 8,6 млн сомониро дар бар мегирад.
Сохтмон ва меъморӣ
Дар ин давра сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 35,6 млн сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 4,9 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 55,1 млн сомонӣ иҷро шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 18,5 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон ба маблағи 56,2 млн сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 дар маҷмуъ 18,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Нақлиёт ва алоқа
Раиси ноҳия иттилоъ дод, ки масофаи умумии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ҷаббор Расулов 964,9 километрро ташкил дода, аз он 16,4 километрро роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ташкил медиҳад.
Барои соли 2024 мувофиқи нақшаи ноҳия таъмири 83,2 км роҳҳо, аз ҷумла 6,8 км таъмири асосӣ, 32,2 км таъмири ҷорӣ ва 44,2 км шағалпӯш намудан ба нақша гирифта шудаст. Аз ҳамаи сарчашмаи маблағгузорӣ 3 млн. 534,6 ҳазор сомонӣ буда, аз ин 160,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 млн. 371,5 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон, 1 млн. 898,2 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби аҳолӣ, 48,0 ҳазор сомонӣ ташкилоту корхонаҳо ва 56,9 ҳазор сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 октябри соли 2024 иҷроиши нақшаи таъмиру тармими роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҳамаги 92,1 км буда аз он 7,8 км таъмири асоси 33,5 км таъмири ҷорӣ, 50,8 км шағалпуш намудан иҷро гардидааст. Дар ин давра аз ҳамаи сарчашмаҳо барои таъмиру тармими роҳҳо ба маблағи 3 млн. 808 ҳазор сомонӣ аз он ҷумла аз буҷети вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 144,6 ҳазор сомонӣ, Соҳибкорон 1 млн. 338,6 ҳазор, буҷети маҳаллӣ 24 ҳазор ва аҳоли 2 млн. 301 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст. Ҳаҷми боркашонӣ ба 2660,1 ҳазор тонна (126,1 фоиз), гардиши боркашонӣ ба 10,0 млн. тонна/км (115,1 фоиз), мусофиркашонӣ ба 16260,3 ҳазор нафар (100,8 фоиз), гардиши мусофиркашонӣ ба 181,1 млн. нафар/км (100,0 фоиз) баробар гардид. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шумораи телефон дар ноҳия ҳамагӣ 1596 адад аз он ҷумла 1230 адад шумораи телефонҳои шаҳрак, 351 адад телефони деҳот ва 24 адад нуқтаҳои пахши радио мебошад.
Маориф, фарҳанг ва тандурустӣ
Ба гуфтаи раиси ноҳия соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ дар ҳаёти иҷтимоиву мадании мардум нақши калидӣ доранд ва ҳамсуҳбати мо бар ин назар аст, ки бо ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат соҳаҳои болозикр дар ноҳияи диққати аввалиндараҷа дода, баҳри пешрафташон тамоми имконотро истифода бурда истодаем. Чунончи, гуфта шуд, дар ноҳия Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 43 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 1 литсей барои ханандагони болаёқат, 1 гимназия, 2 муассисаи таҳсилоти умуми ибтидоӣ, 1 макатб-кӯдакистон, 38 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 30 ҳазору 722 нафар хонанда фаъолият мебаранд. Инчунин, дар ин давра 1 ҳазору 893 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд. Инчунин дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 1 муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникӣ», 1 Коллеҷи колеҷи муҳандисию омузгори ва 19 муассисаи томактабӣ мавҷуд мебошад. Шумораи компютерҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия то ба 765 адад расидааст.
Фарҳанг
Дар ноҳия 1 адад қасри фарҳанг, 1 адад мактаби санъати бачагона, 1 адад боғи фарҳангӣ, 1 адад осорхонаи таърихию кишварваршиносӣ, 1 адад хона осорхона, 7 адад хонаи фарҳанг, 7 адад клубҳо, 20 адад китобхона-филиалҳо ва 22 адад ёдгориҳои таърихӣ табии ва монументалӣ мавҷуд мебошад. Дар 22 китобхона 130,8 ҳазор нусха китоб маҳфуз буда, аз ин шумора 24,1 ҳазор нусха китоб бо забони давлатӣ, 33,1 ҳазор нусха бо забони русӣ ва 73,3 ҳазор нусха бо забонҳои дигар 135 адад мебошанд. Тибқи супоришҳои Сарвари давлат дар 5 ташкилоту муассисаҳо китобхонаҳои идоравӣ ташкил карда шудааст. Аз ҷониби муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Ҷаббор Расулов 959 чорабинии оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузаронида шуда, дар онҳо 77335 нафар иштирок карданд.
Дар соҳаи тандурустии ноҳияи шумораи табибони ҳамаи ихтисосҳо 198 нафар буда, аз рӯи категория бошад 98 нафар, 55 нафар дорои категорияи олӣ, 32 нафар дорои категорияи якум ва 13 нафар дорои категорияи дуюм мебошад.
Дар ноҳия як адад беморхонаи марказӣ бо 290 кат ва 3 беморхонаи минтақавӣ бо 185 кат, аз он беморхонаи минтақавии Ғулакандоз 115 кат, беморхонаи минтақавии Узбеккишлоқ 50 кат ва беморхонаи минтақавии Т.Дадабоев 20 кат бо шуъбаи ёрии таъҷилӣ ва аз шуъбаҳои ёрирасон, ташкил ёфтааст.
Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
Номбурда тазаккур дод, ки тибқи маълумот шумораи ҷавонон дар ноҳия 49600 нафарро ташкил намуда, аз он 24300 нафар духтарон мебошанд.
Дар ҳудуди ноҳия 47 майдончаи варзишӣ, 5 толори варзишӣ, 27 толори варзишӣ ва 2 варзишгоҳ фаъолият доранд. Дастовардҳои ҷавонони ноҳия дар самти варзиш назаррас буда, дар нӯҳ моҳи соли 2024 варзишгарони ноҳия дар намудҳои гуногуни варзиш дар мусобиқаҳои вилояти, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллали фаъолона иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, ки аз он дар мусобиқаҳои вилоятӣ 361 медали тилло, 192 медали нуқра ва 347 медали биринҷӣ, мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 41 медали тилло, 126 медали нуқра, 85 медали биринҷи ва дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ 47 медали тилло, 10 медали нуқра ва 15 адад бринҷӣ медиҳад. Вобаста ба имкониятҳои сайёҳӣ зикр кардан бамаврид аст, ки дар ноҳия 2 осорхона, 3 мавзеи таърихӣ-бостоншиносӣ, 1 мавзеи табиӣ, 2 истироҳатгоҳ мавҷуд буда, теъдоди сайёҳони хориҷии ба ноҳия воридшуда дар ин давра 14 нафарро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 4 нафар зиёд мебошад.
Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Дар нуҳ моҳи соли 2024 ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 3165 нафар шаҳрвандони бекор ҷиҳати дарёфти ҷой корӣ муроҷиат намуданд. Дар ин давра 14 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуда, 170 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардида, 188 нафар ба бозомӯзӣ аз рӯйи ихтисосҳои гуногун пешниҳод карда шуданд. Музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандони ноҳия 1628,27 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 235,34 сомонӣ зиёд буда он ба 116,9 фоизро баробар мебошад. Қарздории музди меҳнат ба ҳолати 1-уми октябри соли 2024 дар ноҳия вуҷуд надорад. Шумораи умумии муҳоҷирон дар хориҷи кишвар 11506 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки 3787 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Дар ин давраи ҳисоботи 11419 нафар шаҳрвандон аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд, ки аз ин шумора 4706 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
Дар идомаи суҳбат мавсуф зикр кард, ки дар ноҳия 14826 нафақагир ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 400 нафар кам гардида, маблағи талаботи нафақа дар ин давра 50144.9 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар ин давра ба ворисони нафақагирони кӯчидарафта ва фавтидагон ба маблағи 142,5 ҳвзор сомонӣ бақияи маблағҳои нафақапулиҳо пардохт гардидааст. Дар давраи ҳисоботи ба собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои камбизоат, маъюбон, шахсони яккаю танҳо, мактаб-интернатҳо ва хонаҳои пиронсолон дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша ба маблағи умумии 1 млн. 903 ҳазор сомонӣ кумакҳои яквақтаинаи моддӣ ва молиявӣ расонида шудааст.
Дин, танзими анъана ва ҷашну маросим
Дар ноҳия 7 комиссияи доимо амалкунанда ва 75 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият дошта, тибқи талаботи қонунгузорӣ 598 тӯйи домодию арӯсӣ, хароҷоти умумӣ дар онҳо 5 млн 168 ҳазор сомониро дар бар мегирад ва ба ҳар як маърака 8642 сомонӣ рост меояд. Дар ноҳия 1 масҷиди ҷомеи марказӣ, 4 масҷиди ҷомеъ ва 32 масҷиди панҷвақта фаъолият дошта, тибқи талаботи қонунгузорӣ эҳтиёҷоти эътиқодии шаҳрвандонро қонеъ карда истодаанд.
Муроҷиати шаҳрвандон
Ҳамсуҳбати мо дар ҷарайони суҳбат дар мавриди муроҷиати шаҳрвандон гуфт, ки дар нуҳ моҳи соли 2024 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 1030 шаҳрванд, аз ин 887 нафар тариқи хаттӣ ва 143 нафар тариқи шифоҳӣ муроҷиат намуданд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда 11 муроҷиат ба воситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва 8 муроҷиат ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои хаттӣ ба 865 муроҷиат (97,5 фоиз) ҷавоб гардонида шуда, 22 муроҷиат дар баррасӣ қарор доранд.
Омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Юлдошзода дар фароварди суҳбат қайд кард, ки ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлати тибқи нақша дар ноҳия 600 бинову иншооти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзишӣ, саноат ва дигар соҳаҳо пешбинӣ карда шудаанд, ки 433 иншоот ё 72,1 фоиз нисбат ба нақша ба истифода дода шуданд, ки пеш аз ҳама талоши мо бар он аст, ки беҳбудии вазъи иҷтимоиву моддии мардум боз ҳам беҳтар гардад. Ба боварии Пешвои муаззами миллат сазовор, ки гардидем, мекӯшем тамоми донишу малакаи худро баҳри пешрафти ноҳия равона созем, то тавонем барои ободии як гӯшаи кишвар саҳми худро гузорем.
МТЖТ