Ватанпарварии олӣ ҷоннисорӣ дар роҳи фаровонии Ватан мебошад.
Н. Чернишевский
Дар шаҳри Норак 40 халқияту миллатҳои гуногун дар даврони Шӯравӣ кору зиндагӣ мекарданд. Имрӯз бошад тоҷикон русҳо ва ӯзбекон дар он кору фаъолият доранд. Ҳамчунин, аз дохили шаҳр дарёи Вахш мегузарад ва бо табиати нотакрору меҳмонхонаву маконҳои замонавии истироҳатиаш, ки ҳар сол фарқ карда меистад, барои сайёҳони хориҷиву дохилӣ хеле мувофиқу диданист.
16 ноябри соли 1960 бо Укази Совети Олии РС Тоҷикистон ва имзои Маҳмаддулло Холов дар деҳаи Нораки ноҳияи Орҷеникидзеобод, шаҳри Норак таъсис дода шудааст. Баробари гузошта шудани таҳкурсии НБО Норак бунёди шаҳри энергетикҳо дар ҶС Тоҷикистон оғоз ёфт ва он барои сохтмони неругоҳ обод шудан гирифт. Романи Нораки нависандаи хушсалиқа Юсуф Акобиров пурра аз сохтмону ҳаёту фаъолияти сохмтончгарони неругоҳ нақл мекунад. Бо мурури замон дар даврони Шӯравӣ ва баъдан дар даврони 30 соли соҳибистиқлолӣ шаҳр бо ташкил ёфтани корхонаҳои гуногуни саноати ба куллӣ тағйир ёфт.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар семоҳаи аввали соли 2024 тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри иҷрои фармону қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят, раиси вилояти Хатлон, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳр равона намуда, ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Бо шукргузорӣ аз истиқлолият, сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ дар ҳама бахшҳои хоҷагии халқи шаҳр давра ба давра пешравию дигаргуниҳои назаррас ба амал омада истодааст.
Иҷрои буҷет
Дар се моҳи соли 2024 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 24,9 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 120 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 4148,9 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гашт. Воридоти барзиёдии андозҳо ба қисми даромади буҷет имкон дод, ки маблағгузории соҳаҳои мухталифи иҷтимоии шаҳр саривақт таъмин карда шаванд. Дар натиҷа нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 20,5 млн сомонӣ таъмин гардид. Пардохти музди маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ дар семоҳи аввали соли ҷорӣ бо пуррагӣ таъмин гардид. Музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандони шаҳр 2973 сомониро ташкил медиҳад. Қарздорӣ аз музди меҳнат ба ҳолати 1-уми апрели соли 2024 дар шаҳр дида намешавад. Дар ин давра иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ 12,8 миллион сомонӣ иҷро гашт, ки баробар ба 102%, ё 259,2 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд мебошад.
Сармоягузорӣ, кишоварзӣ, саноат ва энергетика
Ба ҳолати имрӯза дар шаҳр 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 167,9 млн доллари ИМА амалӣ шуда истодааст.
Дар се моҳи соли ҷорӣ аҳли заҳмати шаҳр дар самти кишоварзӣ ба маблағи 18535,3 ҳазор сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол намуда, маҳсулотҳои кишоварзиро ба андозаи 100,1 фоиз ё ин, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 22 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҷиҳати кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот 34990 бех ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан ва зиёда аз 319877 бех гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст.
Корхонаҳои саноатии шаҳр дар се моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 424,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Корхонаҳои саноатӣ беназардошти нерӯгоҳҳо бошад дар ин давра 38,6 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 112,9 % ё 4,4 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра сохтмони 2 коргоҳҳои истеҳсолӣ аз ҷумла коргоҳи истеҳсолии равғанбарорӣ дар ҶСП “ЗТМ” ва коргоҳи истеҳсоли меваҳои хушк идома дорад.
Сохтмон ва меъморӣ
Иҷроиши корҳои сохтмонӣ-пудратӣ дар се моҳи аввали соли 2024 ба маблағи 229,6 млн сомонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,2 баробар ё ин ки 129,6 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин марҳила аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 11,5 ҳазор сомонӣ сармоя дар соҳаи сохтмон истифода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4221,3 ҳазор сомонӣ ё 57,7% зиёд мебошад. Корҳои сохтмонию васлгарӣ 10,7 млн сомонӣ иҷро карда шуда, суръати афзоиш бошад нисбат ба ҳимин давраи соли гузашта 52,6% ё 3,7 млн сомонӣ зиёд мебошад. Фондҳои асосӣ дар ин давра 5,1 млн сомонӣ таъмин гардида, дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 116,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлол
– Дар асоси нақша-чорабинӣ бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода додани 197 иншоот, аз ҷумла 018 бинои маъмурӣ, 9 муассисаҳои таълимӣ, 6 табобатӣ, 5 варзишӣ, 2 фарҳангӣ, 20 корхонаю коргоҳи саноатӣ ва 147 иншоотҳои хизматрасонию маишӣ, истиқоматӣ кишоварзӣ, фароғатӣ ва савдо ба нақша гирифта шуда, рафти корҳои сохтмонӣ зери назорати доимӣ мебошад. Дар маҷмуъ нақшаи бунёди иншоотҳо бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 37,1% ё ин, ки 73 иншоот сохта, ба истифода дода шудааст.
Таҷдид, азнавсозӣ ва сохтмони боғи фарҳангию фароғатии шаҳр, собиқ бинои “НоракИБОсоз” барои мақомоти иҷроия, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, даромадгоҳи шар, рамзи “Тоҷ”, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, майдони варзишии марказӣ, майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи Сари боло, корҳои сохтмонӣ дар 6 бинои 4- ошёна дар маҳаллаи Дӯконӣ, 2 бинои 7-ошёна, 1 бинои 15 ошёна, 2 бинои 9 ошёна ва 1 бинои 5 ошёна, беморхонаи марказӣ, 8 нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ, бинои маъмурии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, майдончаи бозии кӯдакона дар минтақаи манзилии №1-и кӯчаи 50-солагии Норак, 12 минтақаҳои истироҳатӣ, гармхонаи доимоамалкунанда, тоза намудани канали селгузари деҳаи Сабур ва хатти оби нӯшокӣ дар доираи лоиҳаи БАТР оғоз гардида, идома доранд.
Дар семоҳи аввали соли 2024 бо дастгирии мақомоти иҷроия, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша бахшида ба муносибати ҷашни Нарӯзи байналмилалӣ 3 иншоот сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Аз ҷумла: – 4 синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15; – маркази саломатии деҳотӣ дар маҳаллаи Лангар; – маркази хизматрасонии тибии дандонпизишкӣ; – хатти равшанокӣ ба дарозии 1,2км дар деҳаи Ғофилобод.
Дар асоси лоиҳаҳои меъморию шаҳрсозӣ дар ҳудуди шаҳр 23 хонаҳои истиқоматӣ ба масоҳати 5643,9 м2 сохта ба истифода дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2112,9 м2 зиёд мебошад. – мегӯяд раиси шаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ.
Бонкҳо, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират
Дар семоҳи аввали соли ҷорӣ аз тарафи филиалҳои бонкҳои дар шаҳр фаъолиятдошта ба шаҳрвандон 25,3 млн сомонӣ қарзҳои хурди кӯтоҳмуддат, аз ҷумла 1220,7 ҳазор сомонӣ барои рушду нумӯи соҳаҳои кишоварзӣ ҷудо карда шуда, ҷудошавии қарзҳо ба соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр нисбати ҳамин давраи соли гузашта 55,8% зиёд мебошад.
Дар се моҳи соли 2024 347 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин карда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ тибқи маълумотҳои шӯъба 107 ҷойҳои кори холӣ мавҷуд аст. Дар ин давра ба омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ, пазандагӣ, асосҳои омӯзиши кор дар компютер ва дигар намуди касбҳо 165 нафар ҷавонону шаҳрвандони бекор ҷалб карда шудааст.
Маориф
Дар шаҳр 34 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 гимназияи давлатии №1, 1 литсейи давлатии “Нурбахш», 1 муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо”, 1 муассисаи “Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия”, 1 муассисаи таҳсилоти иловагӣ, ки дар онҳо 16 ҳазору 750 хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 902 омӯзгорон таълим медиҳанд. Инчунин дар шаҳр 1 филиали муассисаи таълимии №83-и шаҳри Ногински Федератсияи Россия ва 5 муассисаи томактабӣ фаъолият дорад.
Мавриди қайд аст, ки дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо 173 нафар хонандагони болаёқат ба маҳфилҳои гуногун фаро гирифта шудаанд. Дар баробари ин 58 нафар хонандагони синфҳои 5-6, 7-8 ва 9-10-и муассисаҳои таълимии шаҳр дар даври вилоятии олимпиадаи мактаббачагон ғолиб гардида, дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо мақсади иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ омодагӣ дида истодаанд. Инчунин, 248 нафар хонандагони боистеъдоди муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалии “Кенгуру”, “Архимед”, “Аймаз”, “Ҳиппо” ва “Фисо” “Глобус” аз фанҳои забонҳои русӣ, англисӣ, математика, география ва технологияии иттилоотӣ барои соли ҷорӣ тайёрӣ дида истодаанд. Ҳамзамон 30 нафар хонандагон дар олимпиадаи байналмилалии “Глобус” иштирок намуда, сазовори ҷойҳои якум дуюм ва сеюм гардиданд.
Бояд ёдовар шуд, ки санаи 30 марти соли ҷорӣ 12 нафар хонандагони синфҳои 11 муассисаҳои таълимии шаҳр дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи мактаббачагон иштирок намуда, 1 нафар хонандаи муассисаи таълимии № 12 аз фанни забони тоҷикӣ ва 2 нафар хонандаи Гимназияи давлатӣ аз фаннӣ забони русӣ ва тоҷикӣ сазовори ҷойи сеюм бо медали биринҷӣ гардиданд.
Ҷиҳати иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №114 «Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои соли 2021-2025» 40 адад муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии № 15-и деҳаи Чал-Чал бо маблағгузории буҷети маҳаллии шаҳр ва кумитаи падару модарони муассиса анҷом ёфта, дар арафаи ҷашни байналмиллалии Наврӯз мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таълимии № 14 – и деҳаи Ғофилобод, 22-и деҳаи Чанор, 16 -и деҳаи Найизирак ва синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии № 9-и маҳаллаи Энергетик бо маблағгузории сафорати Япония идома дорад.
Тандурустӣ ва дастгирии саховатмандон ба ниёзмандон
Муассисаҳои тандурустӣ дар доираи Барномаҳои кафолатӣ фаъолият намуда, давоми се моҳи 2024 844 нафар бемор бистарӣ гардиданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 50 нафар кам аст. Аз шумораи умумии беморон 176 нафар ба маблағи 80% (соли 2023 200 нафар), 26 нафар ба маблағи 100 % (соли 2023 42 нафар) ва 642 нафар (дар моҳи марти соли 2023 645 нафар) бе маблағ (имтиёзнок) бистарӣ гардиданд. Вазъи бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок ба қайд гирифта нашудааст. Ҳамкории беморхонаи марказии шаҳрӣ бо сармоягузорони лоиҳаҳои дохилию хориҷӣ хуб ба роҳ монда шуда, аз тарафи лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маблағгузории “Бонки Исломии Рушд” ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири капиталии бинои асосии беморхона рафта истодааст ва инчунин таъмини беморхона бо таҷҳизотҳои тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар арафаи иди саиди Фитр аз ҷониби мақомоти иҷроия, роҳбарони корхонаву муассисаҳо, соҳибкорону шахсони саховатпеша ба зиёда аз 6442 нафар шахсони маъюб, оилаҳои ниёзманд, пирони яккаву танҳо кӯмакҳои моддию молиявӣ ба маблағи 982157 сомонӣ кӯмакҳои хайриявӣ расонида шуд. Инчунин, маблағҳои хайриявии намозгузоронро барои аз таъмир баровардани хонаҳои истиқоматии 2 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд, харидорӣ намудани лавозимоту таҷҳизот барои 1 нафар кӯдаки маъюб ва гирифтани табобати 1 нафар шаҳрванд сарф карда шудааст.
Зарур ба ёдоварист, ки дар доираи иқдомҳои пешгирифтаи 2 нафар шаҳрвандони шаҳр оид ба харҷ намудани маблағи сафари ҳаҷ роҳи кӯчаи А.Асоеви деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Пули Сангин бо дарозии 30 м ва паҳноии 5 м ба маблағи умумии 31500 сомонӣ бетонпӯш карда шуда, хонаи истиқоматии шаҳрванд Бердиев Маҳмудшоҳ Эмомович, ки ду фарзанди маъюб дорад, аз таҳкурсӣ то ба сохтмони хона ба нақша гирифта шудааст.
Мардуми бонангу номус ва матиниродаи шаҳри Норак минбаъд низ бо ҳисси баланди милливу хештаншиносӣ дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҳимояи манфиатҳои Ватани маҳбубамон омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаашон дар пешрафти шаҳр ва кишвари азиз саҳми арзишманд мегузоранд.
Билоли ШАМС,
МТЖТ