Ноҳияи Фархор 23-юми ноябри соли 1930 таъсис ёфтааст. Аз ҷануб ва ҷанубу шарқ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 1183,1 км2, аҳолӣ 180 ҳазор нафар буда, 90% аҳолиро тоҷикон ташкил медиҳанд. Аз Фархор то пойтахти ҷумҳурӣ 198 км аст. Бо ноҳияҳои Данғара, Восеъ, аз шарқ ва ҷануб бо ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонй, аз ғарб бо ноҳияҳои Панҷ, Колхозобод ва Вахш ҳамсарҳад мебошад. Фархор дар канори рости дарёи Панҷ ва ҳавзаи поёноби дарёҳои Сурхобу Тоҳирсу ҷойгир шудааст. Бахши ғарбии ноҳияро кӯҳҳои пасти Тераклитоғ (баландиаш 1715 м), Қаратоғ (1750м), бахши шарқиашро водии д.Сурхоб ва дашти Уртабӯз фаро гирифтааст. Ноҳияи Фархор бо заминҳои ҳосилхез ва маҳсулоти босифаташ дар Тоҷикистон муаррифӣ гаштааст. Магар ҳаст нафаре, ки тарбузи шаҳдбори Фархорро начашида бошад ва ё аз меваҳои шаҳдбораш ком ширин накарда бошад. Ҳамчунин, Фархор бо истеҳсоли шолӣ, пиёз ва парвариши гӯсфандони ҳисорӣ муаррифӣ шудааст. Имрӯз низ ин номгӯи маҳсулотҳо дар ин ҷо истеҳсол шуда, ба саросари кишвар ва бурун аз он низ содирот мешаванд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 6 моҳи соли 2024 бобати пешбурди тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқ корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Иқтисодиёт, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, саноат ва энергетика

Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андоз ва даромадҳои давлатии ноҳия ба қадри 112,8% иҷро гардида, ба ҷойи 28048,4 ҳазор сомонӣ ба буҷаи маҳаллӣ 31644,0 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 3595,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба ҷойи 6251,2 ҳазор сомонии пешбинишуда 5848,5 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки ин 93,6%-и нақшаро ташкил медиҳад. Иҷроиши андози иҷтимоии буҷетӣ ба ҷойи 13179,3 ҳазор сомонӣ 12633,3 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки баробар ба 95,9% мебошад. Бақияпулиҳои андозҳо ва андози иҷтимоӣ ба санаи 1-уми июли соли 2024 9045,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли 2024 252,2 ҳазор сомонӣ кам шудааст. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба санаи 1-уми июли соли 2024 ба ҷойи 69755,9 ҳазор сомонӣ 69636,0 ҳазор сомониро ташкил дод, ки баробари 99,8%-и нақша аст. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми гардиши савдои чакана дар соҳаҳои савдо 321394,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 101,1%-ро ташкил медиҳад. Хизматрасонии пулакӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 54410,6 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ба 100,6% баробар аст.

Дар Нозироти андози ноҳия 8172 адад субъекти андозсупоранда ба қайд гирифта шуда, аз ин 1052 нафар шахсони ҳуқуқӣ, 5724 адад ХД мебошанд ва аз ин 242 субъект бо патент, 327 субъект бо шаҳодатнома ва 827 адад бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолият доранд. Дар нимсолаи якуми соли 2024 аз рӯйи шартномаҳои иҷоравӣ бо 14 нафар соҳибкорон шартнома баста шуда, маблағи 18120 сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истода, маблағи истифодашуда 12,6 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 ба 127213,9 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта баробари 122,1% мебошад. Дар ноҳия 37 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки аз он 4 адад корхонаҳои коркарди пахта, 6 адад коргоҳҳои хурди нассоҷӣ, 2 адад коргоҳи хурди коркарди шир, 1 адад коргоҳи хурди консервабарорӣ, 1 адад корхонаи хурди қаннодиву истеҳсоли нон, 4 адад корхонаи дӯзандагӣ, 3 адад корхонаи истеҳсоли блоки сементӣ, 1 адад корхонаи истеҳсоли қуму шағал, 2 адад фермаҳои мурғпарварӣ, 2 адад корхонаи истеҳсоли биринҷ ва орд, 2 адад корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, 3 адад корхонаи истеҳсоли хишти пухта, 1 адад корхонаи коркарди тунука, 1 адад корхонаи истеҳсоли макарон, 3 адад корхонаи оби нӯшокӣ ва обёрӣ ва 1 адад корхонаи истеҳсоли семент, битон ва гулгаҷ мебошанд. Корхонаҳои коркарди пахта ва коргоҳҳои хурди нассоҷӣ вобаста ба ашё (пахта) ва коргоҳи хурди консервабарорӣ дар давраи ҷамъоварии меваю сабзавот фаъолияти мавсимӣ доранд. Давоми нимсолаи якуми соли 2024 3 адад корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла ҶДММ “Дустии Халқҳо” – корхонаи истеҳсоли хишти пухта ва хом, ҶДММ “Сабр А.Ф.” корхонаи истеҳсоли семент, битон ва гулгаҷ, коргоҳи истеъсолии хишти сементӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Дар ноҳияи Фархор 1 адад зеристгоҳи 110/35/6кВ ва 2 адад зеристгоҳи 35/10кВ аҳолӣ ва корхонаву коргоҳҳои ноҳияро бо барқ таъмин мекунанд. Идораи Шабакаҳои барқи ноҳия хизматрасонии 324 адад ТП, КТП-ҳо, 212 адад зеристгоҳҳои хусусӣ, 446,13 км ХИБ-6-10кВ ва 960,45 км ХИБ-0,4кВ-ро ба ҷо оварда, аҳолии ноҳияро бо барқ таъмин мекунад. Дар идораи Шабакаҳои барқи ноҳия 80 мутахассис фаъолият мекунанд, ки 10 нафараш муҳандисон мебошанд. Истифодаи барқ дар маҷмӯъ дар нимсолаи якуми соли 2024 ба 36635,20 ҳазор кВт расидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8503,98 ҳазор кВт кам истифода шудааст. Ҷамъоварии маблағи истифодашуда дар нимсолаи якуми соли 2024 ба ҷои 11520,07 ҳазор сомонӣ, 9132,96 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 79,2%-и маблағи ҳисобишударо ташкил медиҳад.

Кишоварзӣ, сохтмон, меъморӣ ва нақлиёт

Зариф Назирӣ Раиси ноҳияи Фархор мегӯяд, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ давоми нимсолаи якуми соли 2024 ба 804616,8 ҳазор сомонӣ расидааст, ки 107,2%-ро ташкил медиҳад. Дар ин давра дар майдони 27793 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 97,7% баробар аст. Кишти ғалладонагиҳо дар майдони 11969 гектар гузаронида шудааст, ки аз он 10100,6 гектараш гандум, 986 гектараш ҷав, 422 гектараш лӯбиёгиҳо мебошанд. Зироатҳои техникӣ дар 10773 гектар баробар ба 104,8% кишт шудааст. Ҳамчунин, дар ноҳия дар майдони 647,9 гектар картошка, 979,6 гектар полезиҳои озуқаворӣ, 1334 гектар зироатҳои хӯроки чорво ва 2091 гектар сабзавот ва дар майдони 9701 гектар пахта кишт шудааст. Давоми нимсолаи якуми соли 2024 кишоварзони ноҳия 58736 тонна сабзавот (108,1%), картошка 10042 тонна (101,3%), полезӣ 25336 тонна (138,3%), ғалладонагиҳо 44540 тонна (95,2%), меваҷот 3998 тонна (108,4%), зироати хӯроки чорво 23204 воҳиди хӯрока (101,0%) истеҳсол намуданд. Дар ин давра чорводорони ноҳия 2055 тонна гӯшт (114,1%) ва 8112 тонна шир (105,4%) истеҳсол намуданд. Дар ноҳия 35,0 тонна гӯшти моҳӣ (107,4%), 2839,9 ҳазор донна тухм (164,4%), пашм 149,9 тонна (109,1%), асал 13,5 тонна (82,8%) истеҳсол шуд. Ширдӯшӣ аз ҳар як сар модагов 891 кг (102,1%) ва тухмгирӣ аз ҳар як сар мокиён 220 донаро ташкил дод. Дар ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 64725 сар чорвои калони шохдор, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4658 сар зиёд (107,8%), 159591 сар моли майда, ки нисбатан 14211 сар зиёд (109,8%) ва 113255 сар парранда, ки нисбат ба соли гузашта 10854 сар кам (91,3%) мебошанд, мавҷуданд. Ҷамъоварии ҳаққи хизмати обрасонӣ ба миқдори 182 ҳазор сомонӣ расида, бақияи қарзи хоҷагиҳо аз ҳисоби қарзи солҳои пешин 11532 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бо тоза намудани 40 км заҳкашу заҳбурҳо ва тоза намудани 52 км шабакаҳои обрасонӣ ҳолати мелиоративии 420 га заминҳо беҳтар гардонида шудааст.

Дар мавсими ниҳолшинонии соли 2024 64592 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкан ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд, ки иҷроиши он 101,0%-ро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии ниҳолҳои шинонидашуда, 4000 адад ниҳоли павлония, 1000 адад ниҳоли кипариси аризонӣ, 1000 адад ниҳоли моживелник ва 58592 адад дигарашро намуди ниҳолҳои ороишию сояафкан ташкил медиҳад. Инчунин, барои рушди соҳаи кирмакпарварӣ дар ин давра дар ҳудуди ноҳия 12,0 ҳазор ниҳолҳои тут шинонида шуданд. Давоми нимсолаи якуми соли 2024 9610 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ нишондоди маблағгузории асосии сохтмон ба 53426,4 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта баробари 113,5% аст. Корҳои сохтмону васлгарӣ бошад, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 45437,2 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта баробари 105,2% аст. Ҳаҷми корҳои пудратӣ ба воситаи корхонаҳои сохтмонии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ба 49790,5 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта баробари 117,9% (7572,2 ҳазор сомонӣ зиёд) мебошад. Нишондоди ба кор даровардани фондҳои асосӣ бошад, дар нимсолаи якуми соли 2024 ба 22335,7 ҳазор сомонӣ расонида шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 61,3%-ро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз ҳисоби аҳолии ноҳия 5116 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 40,9%-ро ташкил медиҳад.

Дар мувозинаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 411,2 км роҳҳо, аз ҷумла 56,4 км роҳҳои байналмилалӣ, 39,0 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 315,8 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мавҷуд аст. Муассиса дар нимсолаи якуми соли 2024 ба ҷойи 137,792 ҳазор сомонӣ корҳои дар нақша пешниҳодшуда ба маблағи 137,674 ҳазор сомонӣ корҳоро ба анҷом расонидааст, ки 99,9%-ро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, таъмири роҳҳо 100,0% ба маблағи 54358 сомонӣ, таъмири ҷорӣ 114% ба маблағи 61143 сомонӣ, кабудизоркунӣ 100% ба ҷойи 13905 сомонӣ 13913 сомонӣ ба ҷо овардааст. Давоми нимсолаи якуми соли 2024 нақлиётчиёни ноҳия 880,2 ҳазор тонна бор кашонидаанд, ки ба 107,9% баробар аст. Ҳаҷми мусофиркашонӣ ба 3045,1 ҳазор мусофир расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 205,1 ҳазор мусофир зиёд ё ин ки 107,2%-ро ташкил медиҳад.

 Меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Давоми нимсолаи якуми соли 2024 дар маркази ноҳия 6 адад ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 92 нафар шаҳрвандони бекори ноҳия бо ҷои кор таъмин шуданд. Тибқи Барномаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва барқароршуда 980 нафар ба нақша гирифта шуда, то инҷониб 596 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд, ки аз ин шумора 250 нафарашонро мардон, 346 нафарашонро занон ва 150 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Тибқи ҳисоботҳои оморӣ шумораи кормандони ташкилоту муассисаҳо ба 51,5 ҳазор нафар баробар аст. Музди миёнаи меҳнат дар нимсолаи якуми соли 2024 ба 1246,99 сомонӣ расид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 112,6%-ро ташкил медиҳад. Шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ аз ноҳия дар хориҷи кишвар 8977 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 364 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1212 нафар кам мебошанд.

Дар ноҳия 105 нафар шахсони яккаву танҳо ва бепарастор ба қайд гирифта шуда, давоми нимсолаи якуми соли 2024 ба онҳо танҳо барои доруворӣ ва хӯрока аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва шахсони саховатманд ба маблағи 45300 сомонӣ кӯмакҳои молию пулӣ расонида шудааст. Шумораи нафақахӯрон 16393 нафар буда, маблағи якмоҳаи нафақаи онҳо беш аз 6194,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

 Маориф, тандурустӣ, кор бо занон ва оила

Дар ноҳия 70 адад муасссисаи таълимӣ, аз ҷумла 59 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 адад муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, 2 адад гимназияҳои давлатии таълимашон бо забони русӣ, 2 адад литсейҳои давлатӣ, 1 адад Парваришгоҳи наздимактабӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Муассисаи таҳсилоти иловагӣ, Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ бо фарогирии 42600 нафар хонандагон (20585 нафарашон духтарон) ва 2805 нафар омӯзгорон (1689 нафарашон занон) фаъолият менамоянд. Дар ноҳия 10 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 802 нафар кӯдакон фаъолият дорад. Инчунин, дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 148 адад гурӯҳҳои маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 3963 нафар фаъолият карда истодаанд. Дар ноҳия нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №2 аз 1-уми март то 30-юми майи соли ҷорӣ фаъолияташро ба роҳ монда, 1478 нафар хатмкунандагони синфҳои 11 аз қайд гузаштаанд, ки ба 75,2%-и иҷрои нақша баробар аст ва нисбати соли гузашта 1,1% зиёд мебошад.

– Имсол ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон 29 нафар хонандагони синфҳои 5-11 роҳхат гирифта, аз ин 8 нафар бо гирифтани 1 адад медали нуқра ва 7 адад медалӣ биринҷӣ сазовор шуданд, ба 1 нафар ҷойи 2-юм ва 7 нафар сазовори ҷойҳои 3-юм гардиданд. Дар озмунҳои байналмиллалӣ 86 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок карданд, ки аз байни онҳо 9 нафар хонандагони муассисаи таълимии ноҳия дар олимпиадаи байналмиллалии “Глобус” соҳиби ҷойи сеюм гардид. Дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” 542 нафар хонандагон, 3 нафар касбу кори гуногун, 56 нафар омӯзгорону мураббиён ва 3 нафар донишҷӯён иштироки фаъолона доштанд ва ба даври вилоятии он 23 нафар хонандагон, 3 нафар омӯзгорону мураббиён, 1 нафар касбу кори гуногун ва 3 нафар донишҷӯён роҳхат гирифтанд. Ба даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” бошад, 70 нафар хонандагон роҳхат гирифтанд. 17 нафар хатмкардагони муассисаҳо аз озмуни квотаҳои президентӣ гузашта, ба муассисаҳои олӣ дохил шуданд. – – гуфт раиси ноҳияи Фархор Зариф Назирӣ.

Имрӯзҳо ба мардуми ноҳия 74 адад муассисаҳои тиббӣ хизмат мерасонанд. Шумораи умумии кормандони соҳа 1732 нафарро ташкил медиҳанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 нафар кам мебошанд. Шумораи духтурон 314 нафар буда, бо корбарии онҳо давоми нимсолаи якуми соли 2024 5016 нафар беморон табобат ёфта, 2245 таваллуд ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра 2 нафар духтурон ба курсҳои бозомӯзӣ равон карда шуд. Норасогии духтурон 5 нафарро ташкил медиҳад, ки ин 1 нафар силшиносу саратоншинос, 1 нафар духтури кӯдакона, амрози дарунӣ ва сироятшинос ва 3 нафар духтури эҳёгар мебошанд.

Кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия давоми нимсолаи якуми соли 2024 156 адад санҷишҳо гузаронида, барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ 114 ададӣ протоколу қарорҳои ҷаримавӣ тартиб дода, аз ин ҳисоб ба буҷаи ҷумҳуриявӣ 19204 сомонӣ ворид намудаанд.

Ҳолати санитарӣ-эпидемиологии ноҳия муътадил буда, давоми нимсолаи якуми соли 2024 касалиҳои сирояткунандаи сӯхтанӣ, сӯзок, кабудсулфа, домана, салмонеллёз ва сурхча ба қайд гирифта нашудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ касалиҳои шадиди роҳи нафас 309 адад, бемории шадиди рӯдаю меъда 39 адад ва бемориҳои осебдида аз ҳайвонот 54 адад кам ва бемориҳои хоришак 7 адад, замбуруғӣ 3 адад ва буғумдард 1 адад кам ба қайд гирифта шудаанд. МББС «Насими Фархор» дорои 60 кат буда, ба аҳолии ноҳияҳои Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ хизмати тиббӣ мерасонад. Давоми нимсолаи якуми соли 2024 639 нафар шаҳрвандон барои табобат гирифтан муроҷиат намудаанд.

Аз шумораи умумии аҳолӣ 93444 нафарашро занон ташкил медиҳанд, ки ин ба 49%-и шумораи умумӣ баробар аст. Занони қобили меҳнат 52021 нафар, дар соҳаи маориф фаъолияткунанда 1689 нафар, дар соҳаи тандурустӣ 729 нафар, соҳаи фарҳанг 88 нафар ва дар соҳаи соҳибкорӣ 103 нафар мебошанд. 452 нафар занон ба ҳайси роҳбарони ХД ва 587 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд. Намояндагии занон дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 16 нафар ва ба ҳайси вакилони Маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 66 нафар мебошанд.

Аз тарафи кормандони шуъбаи кор бо занон ва оила давоми нимсолаи якуми соли 2024 тибқи нақшаи тасдиқшуда вохӯриҳои гуруҳҳои корӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои дахлдор оиди пешгирии амалҳои номатлуб дар байни аҳолӣ 130 адад суҳбату вохӯриҳо бо занону ҷавонон вобаста ба масоили мубрами рӯз, бахусус, пешгирии ақидаҳои ифротӣ, дур нашудан аз фарҳанги миллӣ, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва ҷудошавии оилаҳо бо усули “хона ба хона” дар 8745 оила корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуданд.

 Фарҳанг, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Айни замон 44 адад муассисаҳои фарҳангӣ дар хизмати аҳолӣ қарор дошта, дар онҳо 193 нафар кормандон кору фаъолият менамоянд. Давоми нимсолаи якуми соли 2024 фарҳангчиён тибқи нақша дар умум беш аз 1090 адад чорабиниҳои оммавӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ ташкил ва роҳандозӣ намудаанд, ки дар рафти онҳо беш аз 234609 нафар шаҳрвандон ҷалб карда шудаанд.

Шумораи ҷавонони 14 то 30-сола беш аз 64873 нафар буда, аз инҳо 31908 нафарашон занҳо мебошанд. Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар давраи ҳисоботӣ дар байни наврасону ҷавонон 408 адад сӯҳбату вохӯриҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва хонишҳои сиёсӣ, 57 адад аксияҳо, 12 адад чорабиниҳои фарҳангӣ, 68 адад мизи мудаввару конференсия, 49 адад озмунҳо, 404 адад маҳфилҳои шеърхонӣ, 135 адад корҳои ободонӣ, 25 адад чорабиниҳои ҳарбию варзишӣ, 44 адад машқҳои пагоҳирӯзӣ ҷамъ 1202 адад чорабиниҳо гузаронида шуданд. Давоми нимсолаи якуми соли 2024 варзишгарони ноҳия 188 адад медалҳо аз мусобиқаҳои минтақавӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба даст овардаанд, ки аз ин шумора 90 адад тилло, 47 адад нуқра, 51 адад биринҷӣ мебошанд. Шумораи иншоотҳои варзишӣ 253 ададро ташкил медиҳанд.

Дар тӯли 6 моҳ 20500 нафарро ба мавзеъҳои муқаддасу таърихӣ ва осорхонаи таърихии ноҳия барои тамошою ташвиқи самти туризм сафарбар намуда, аз таъриху тамаддуну оини ниёгон шиносоӣ пайдо намуданд. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳони дохилию хориҷӣ дар маркази ноҳия айни замон чойхонаву тарабхона, меҳмонхона, мағозаҳо, нуқтаҳои гуногуни хизматрасонӣ ва дигар инфросохторҳои маишии замонавӣ фаъолият мекунанд. Дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 28 адад нуқтаҳои фиристонандаи мавҷҳои алоқаи мобилӣ ба таври доимӣ фаъолият менамоянд ва ҳамарӯза ба аҳолӣ ва меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд. Дар ноҳия мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии «Золи Зар», «Шӯртеппа», «Афғоншаҳидҷон», «Чилтан-бобо», «Санги Кулула», «Шаҳртеппа» ва «Шоҳи Аҳтам» ободон буда, барои қабули сайёҳон омода мебошанд.

Дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 11 адад комиссияҳои доимӣ ва 70 адад комиссияҳои ҷамъиятӣ фаъолият доранд. Дар ноҳия 95 адад масҷидҳо, аз ҷумла 1 масҷиди ҷомеи марказӣ, 10 масҷидҳои ҷомеъ ва 84 адад масҷидҳои панҷвақта мавҷуд мебошанд. Мувофиқи ҳисоботҳо давоми нимсолаи якуми соли 2024 881 адад маъракаҳо ба қайд гирифта шудаанд. Дар маъракаҳои бақайдгирифташуда 43978,8 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардид, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар маърака 5317 сомонӣ рост меояд. Дар давраи ҳисоботӣ 827 адад тӯйи домодию арӯсӣ ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то соли 2026 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ноҳия сохтмону азнавсозии 435 адад бинову иншоотҳо, аз он ҷумла дар соли 2022 сохтмону азнавсозии 84 адад, дар соли 2023 сохтмони 83 адад, дар соли 2024 сохтмони 91 адад, дар соли 2025 66 адад ва дар соли 2026 бошад, сохтмони 111 адад бинову иншоотҳо ба нақша гирифта шудаанд. Дар соли 2024 бошад, 91 адад сохтмону азнавсозии иншоотҳо ба нақша гирифта шудааст, 60 адад иншоот ба истифода дода шуданд, ки аз ин шумора 3 адад корхонаҳои истеҳсолӣ мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар оянда низ барои идома додани корҳои ободонию созандагӣ тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ намуда, барои бо нишондодҳои мусбӣ ҷамъбаст кардани соли 2024 аз тамоми сарчашмаҳо ва имкониятҳои мавҷудбуда истифода менамояд.

 Билоли ШАМС

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь