Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, бахусус ду санаи таърихӣ – 30-солагӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кишвар, МИҲД-и вилоят ва заҳматҳои роҳбарияти ҳукумати шаҳр дар якҷоягӣ бо соҳибкорону масъулони ташкилоту идораҳо, ҳама соҳаҳо, аз ҷумла андозу молия, саноат, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, ҷавонон, занон ва дигар соҳаҳо бамаротиб рушд карда, сатҳу сифати зиндагии шоистаи мардум то қадри имкон таъмин гардидааст. Оид ба ин ҳама пешравиҳо бо раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ суҳбат намудем, ки фишурдаи онро пешкаши хонанда мекунем.

Дастуру супоришҳо саривақт иҷро мешаванд

Номбурда дар оғози суҳбат иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ таъкид карданд, ки “Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад”. Аз ин рӯ, дар баробари рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таваҷҷуҳи масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ба рушди соҳаи саноат нигаронида шудааст, зеро шаҳри Левакант худ шаҳри саноатӣ аст. Ҳарчанд дар ин самт аллакай қадамҳои устуворе гузошта шуда бошад ҳам, рушди беш аз пеши ин соҳаро ба нақша гирифтаем, зеро Пешвои миллат зикр карда буданд, ки: “Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳои зикргардида, ҳамчунин, ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд”.
Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар 6 моҳи аввали соли 2024 якҷо бо ташкилоту муассисаҳои ноҳия ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Нақшаи қисми даромади буҷет барзиёд иҷро шуд

Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд намуд, ки мувофиқи маълумотҳо дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ нақшаи даромадҳои буҷети шаҳри Левакант аз рӯи контингенти умумӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 102 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 46,1 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 696,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар алоҳидагӣ иҷрои нақшаи андозҳои буҷети маҳаллии шаҳр бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 105 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 35,9 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 1,6 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.

Ҳиссаҷудокунӣ ба буҷети вилоят аз андозҳои танзимшаванда, ба маблағи 7,6 миллион сомонӣ ба буҷети вилоят гузаронида шудааст, ки 100 фоизро ташкил медиҳад.
Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1 июли соли 2024 2,1 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 37,7 ҳазор сомонӣ кам шудааст. Дар ин давра нисбати 78 адад андозсупорандагоне, ки бақияи қарзи андоз ва андозҳои ҳисобшуда доштанд, огоҳинома ба маблағи умумии 4,3 миллион сомонӣ дода шуда, аз ин ҳисоб ба буҷаи маҳаллӣ 2,9 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки 67,4 фоизи иҷроиши огоҳиномаҳоро дар бар мегирад. Қисми хароҷоти буҷети шаҳр 27,5 миллион сомонӣ муқаррар гардида, дар ин давраи ҳисоботӣ 26,5 миллион сомонӣ ё 96 фоиз маблағгузорӣ карда шудааст. Дар ин давраи ҳисоботӣ қарзи музди меҳнат аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ вуҷуд надорад.

Нафақаи нафақагирон саривақт пардохт мешавад

Қайд гардид, ки дар асоси маълумотҳои расмии оморӣ ба ҳолати 1 июли соли 2024 шумораи умумии нафақахӯрон дар шаҳр 4603 нафарро дар бар гирифта нисбати ҳамин давраи соли сипаригашта 216 нафар зиёд мебошад. Аз ин гирандагони нафақаи меҳнатӣ 1397 нафар, нафақахӯрони суғуртавӣ 2117 нафар ва нафақахӯрони иҷтимоӣ 1089 нафарро ташкил менамояд. Нафақагирони маъюб 1186 нафар, маъюбони то 18-сола 282 нафар, маъюбони гурӯҳи 1-ум 108 нафар, маъюбони гурӯҳи 2-юм 559 нафар, маъюбони гурӯҳи 3-юм 237 нафар, маъюбони осеби меҳнатӣ 4 нафар, нафақагирони бесаробонмонда 415 нафар мебошанд. Талаботи нафақапулии нафақагирони шаҳр дар шаш моҳи соли 2024-ум 11 миллиону 127 ҳазору 818 сомониро ташкил дода, бо пуррагӣ пардохт карда шудааст.
Ҳисоби миёнаи нафақа дар як моҳ 411 сомонию 23 дирамро ташкил медиҳад.

Ятимони кул зери таваҷҷуҳанд

Шумораи ятимони кул дар ин давра 19 нафарро ташкил дода, дар суратҳисобашон 4578 сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки ба ҳар яки онҳо ба ҳисоби миёна 240,9 сомонӣ рост меояд. Дар ин давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаву муассисаҳо ва шахсони саховатпеша ба оилаҳои камбизоат, эҳтиёҷманд ва маъюбон ба маблағи умумии 492 ҳазору 850 сомонӣ кӯмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шудааст. Аз ҷумла, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 135 ҳазору 860 сомонӣ, ва ҳисоби корхонаву муассисаҳои шаҳр, шахсони саховатпеша ба маблағи 356 ҳазору 990 сомонӣ кӯмакҳо расонида шудааст. Дар Барномаи кӯмаки унвонии иҷтимоӣ 1115 оилаи камбизоат ба қайд гирифта шуда, 17 фоизи Барномаро дар бар мегирад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи Барномаи мазкур ба маблағи 665 ҳазору 892 сомонӣ ба оилаҳои дар боло зикргардида маблағ пардохт карда шудааст.

Саҳми бонкҳо дар рушди ноҳия

Яке аз пешбарандагони иқтисодиёт ин бонкҳо мебошанд, ки дар пешрафти иқтисодиёти шаҳр ва ҷумҳурӣ саҳмгузор мебошанд. Инчунин қарзҳои додашуда аз тарафи маркази хизматрасонии молиявӣ ба 929 нафар ба маблағи 7 миллиону 32 ҳазор сомонӣ аз ҷумла, барои истеъмолот 4 миллиону 376 ҳазор сомонӣ, барои соҳибкорӣ 1 миллиону 990,7 ҳазор сомонӣ, барои хоҷагии қишлоқ 664,7 ҳазор сомонӣ ва боқӣ ба дигар соҳаҳо маблағ дода шудааст. Шумораи соҳибкорони қарзгиранда 357 нафар буда, аз ин 156 нафар занон ва 145 нафар ҷавононанд, ки ба маблағи 5 миллиону 77 ҳазор сомонӣ қарз дода шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 153,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Таваҷҷуҳ ба ҷалби соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Давоми шаш моҳи соли 2024 тибқи маълумотҳои Нозироти андоз дар шаҳр шумораи андозсупорандагон 696 нафарро ташкил дода, аз ин 256 нафар шахсони ҳуқуқӣ, 440 нафар соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора 81 адад, аз ҷумла 44 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва 37 нафар соҳибкорони инфиродӣ бе фаъолият ва фаъолияткунанда 615 адад, аз ин 212 адад шахсонӣ ҳуқуқӣ, 403 адад соҳибкорони инфиродӣ мебошанд.
Дар ин давра шумораи андозсупорандагони дар қайди Нозироти андоз ба қайд гирифташуда 28 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 1 адад шахси ҳуқуқӣ, 8 адад соҳибкорони тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 10 нафар соҳибкорони инфиродии тариқи патент, 3 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 6 адад шаҳодатномаи тибқи низоми содакардашуда фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудаанд. Дар шаҳр 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи татбиқшуда 132,3 миллион доллари америкоиро дар бар мегирад.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Левакант барои солҳои 2021-2025 бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант аз 28 декабри соли 2020, №47 тасдиқ гардида, ба барномаи мазкур 77 лоиҳаҳои афзалиятнок бо маблағи умумии 665,4 миллион сомонӣ ворид гардида, аз ин 34 лоиҳа бо маблағи 174,9 миллион сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 22 лоиҳа ба маблағи 88,6 миллион сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 17 лоиҳа бо маблағи 400,6 миллион сомонӣ ба бахши инфрасохтор, 1 лоиҳа бо маблағи 0,9 миллион сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода ва 3 лоиҳа бо маблағи 0,3 миллион сомонӣ ба бахши таъминотӣ рост меояд. Шумораи лоиҳаҳои амалигардида 35 адад буда, 20 лоиҳа дар амал қарор дорад. Ҳаҷми маблағи умумӣ 1,7 миллиард сомониро дар бар гирифта, иҷроиши маблағии барномаи мазкур тибқи лоиҳаҳои амалигардида 255,1 фоиз ва аз ҳисоби шумораи лоиҳаҳои амалигардидаву дар амал қарордошта 71,4 фоизро ташкил медиҳад.

Рушди саноат – омили пешрафти кишвар

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 197,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2023-ум 173,0 миллион сомонӣ зиёд буда, бо нархҳои муқоисавӣ 114,3 фоизро ташкил медиҳад.
Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Азот” дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 35,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст. Аз ҷумла, карбамид 5328 тонна, гумаки калий 1228 литр ва кисларод 2155,8 м3-ро дар бар мегирад. Айни ҳол дар корхонаи мазкур зиёда аз 1000 нафар коргар ҷалб гардида, музди меҳнати миёна дар корхонаи мазкур 1250 сомониро дар бар мегирад. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ силсиланерӯгоҳҳои Вахш 708,2 миллион кВт/с. нерӯи барқ истеҳсол намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба миқдори 20,9 миллион кВт/с нерӯи барқ зиёд истеҳсол шуда, 103 фоизро дар бар мегирад.
Дар шаш моҳи соли равон тибқи ҳисоботҳои Шабакаҳои барқи шаҳр ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр 76,1 миллион кВт соат ба маблағи 34 миллиону 961 ҳазор сомонӣ қувваи барқ интиқол гардидааст. Ҷамъоварии маблағи нерӯи барқи истифодашуда 39,0 миллион сомонӣ ё ин ки 111,7 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 5,4 миллион сомонӣ ё ин ки 94,7 фоизро ташкил медиҳад.

Рафтуомади нақлиёт дар роҳҳо таъмин аст

Дарозии роҳҳои шаҳр 111,7 километрро ташкил дода, аз он дорои аҳамияти байналмиллалӣ 37,3 километр, аҳамияти ҷумҳуриявӣ 20,9 километр ва аҳамияти маҳаллӣ 53,5 километрро дар бар гирифта, барои таъмири роҳҳо аз буҷети ҷумҳурӣ 105,4 ҳазор сомонӣ ва аз буҷети маҳаллӣ 66,0 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, барои таъмири ҷорӣ 47,8 ҳазор сомонӣ, таъмири роҳ 30,8 ҳазор сомонӣ, зимистонгузаронӣ 14,2 ҳазор сомонӣ, таъмири қубур 2,4 ҳазор сомонӣ ва кабутизоркунӣ 10,2 ҳазор сомонӣ хароҷот карда шудааст. Шумораи техника ва механизмҳои роҳ аз 9 адад иборат мебошад. Дар ин давра ҳаҷми боркашонӣ ба 625,0 ҳазор тонна ва мусофиркашонӣ 6320,5 ҳазор нафар расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 124 ҳазор тонна ҳаҷми боркашонӣ ва 1006,9 ҳазор нафар мусофиркашонӣ зиёд мебошад.

Авҷи корҳои сохтмони дар шаҳр

Дар шашмоҳаи соли ҳисоботӣ ҳаҷми маблағгузории асосӣ 108,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 миллиону 675 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз 15 ташкилоти сохтмонӣ 4 ташкилоти сохтмонӣ амал мекунад, ки ба маблағи 41,5 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкуниро ба анҷом расонидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 32,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Бунёди беш аз 70 иншооти ҷашнӣ

Нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ва сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 71 банд, бо арзишӣ 1 миллиарду 766 миллиону 719 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар маркази маъмурии шаҳр 25 иншоот бо арзиши 254 миллиону 116 ҳазор сомонӣ, дар Ҷамоати деҳоти “Гулистон” 24 иншоот бо арзиши 11 миллиону 94 ҳазор сомонӣ ва дар Ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” 21 иншоот бо арзиши 1 миллиарду 501 миллиону 509 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.
Аз он ҷумла, 23 адад иншоот бо арзиши 97 миллиону 107 ҳазор сомонӣ дар соли 2022, 12 иншоот бо арзиши 12 миллиону 152 ҳазор сомонӣ дар соли 2023, 16 иншоот бо арзиши 1 миллиарду 607 миллиону 479 ҳазор сомонӣ дар соли 2024, 12 иншоот бо арзиши 47 миллиону 200 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 ва 8 иншоот бо арзиши 2 миллиону 780 ҳазор сомонӣ дар соли 2026 ба нақша гирифта шудааст. Аз иншоотҳои ба нақша гирифташуда 14 иншоот ба соҳаи истеҳсолоту саноат, 10 иншоот ба соҳаи маориф, 1 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 3 иншоот ба соҳаи варзиш, 3 иншоот ба соҳаи ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ, 7 иншоот ба соҳаи кишоварзӣ, 13 иншоот ба соҳаи роҳ ва нақлиёт, 1 иншоот ба соҳаи таъминот бо об ва 19 адади боқимонда ба дигар соҳаҳои иҷтимоию маишии шаҳр рост меояд.
Дар маҷмуъ дар шаҳр аз иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 иншоот бо арзишӣ 117 миллиону 129 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд, ки 56 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Аз иншоотҳои ба истифода додашуда 20 иншоот дар маркази шаҳр, 13 иншоот дар ҷамоати деҳоти “Гулистон” ва 7 иншоот ба ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” рост меояд.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд шудааст

Шаҳри Левакант бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот дар ҷумҳурӣ ном баровардааст. Деҳқонони шаҳр натанҳо бозори дохилии худ, балки бозорҳои маркази вилоят, пойтахти кишвар ва дигар манотиқи ҷумҳуриро бо меваю сабзавотҳои барвақтии тару тоза таъмин менамоянд. Қайд кардан зарур аст, ки дар ин давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмуи маҳсулотҳои умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ сол то сол афзун гардида, ин рақам дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар соҳаи чорводорӣ 39,4 миллион, растанипарварӣ 78,3 миллион, дар маҷмуъ 117,5 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,1 миллион сомонӣ зиёд буда, 107,4 фоизро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии шаҳр ҳамагӣ дар майдони 2525 гектар кишти зироатҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ гузарониданд. Аз ҷумла 646 гектар ғалладонагиҳо, 38,5 гектар ҷуворимаккаи дон, 1030 гектар пахта, 341,9 гектар сабзавот,118 гектар полезиҳо, 92,5 гектар картошка, 8 гектар офтобпараст ва 288,3 гектар хӯроки чорворо дар бар гирифта, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 гектар сабзавот, 0,4 гектар картошка ва 4 гектар полезӣ зиёд гардидааст. Аз майдони дар боло зикргардида хоҷагидорони шаҳр дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 2649,5 тонна ғалладонагиҳо, 1630,0 тонна картошка, 7887,5 тонна сабзавот, 3506,2 тонна полезиҳо, 555,0 тонна мевагӣ истеҳсол намуданд. Хоҷагидорони шаҳр дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи дурнамо ба миқдори 150 тонна маҳсулотҳои кишоварзӣ, аз ҷумла мевагиҳо ба хориҷи кишвар содирот намуданд, ки 27 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 7871 сар, моли майда ба 32279 сар, 230 сар асп, саршумори паранда ба 96859 сар, занбӯри асал ба 277 оила расонида шуд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта, 281 сар чорвои калон, 469 сар чорвои майда, 8541 сар паранда ва 4 оилаи занбӯр зиёд мебошад.
То имрӯз дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории шаҳр 2622 сар гӯсола, 13129 сар барраю бузғола ва 65 сар тойча насл гирифта шудааст, ки афзоиш нисбати соли гузашта 756 сар гӯсола, 291 сар барраю бузғола ва 4 сар тойча зиёд мебошад. Инчунин дар ин давра 571,3 тонна гӯшт, 2909,2 тонна шир, 4 миллиону 821,7 ҳазор дона тухм, 61,4 тонна пашм, 6,8 тонна моҳӣ ва 2,1 тонна асал истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли 2023-ум 151,6 тонна шир, 2,0 тонна пашм, 110,0 ҳазор дона тухм ва 77,6 тонна гӯшт зиёд мебошад.

Таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф зиёд аст

Рушди соҳаи маориф омили асосии баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум буда, барои дар руҳияи баланди меҳандӯстию хештаншиносӣ ба камол расонидани фарзандони мардум нақши муассир дорад. Дар 17 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр 14111 нафар, аз ҷумла 7263 нафар писар ва 6878 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 829 омӯзгорон таълим медиҳанд, аз ҷумла 620 нафарашонро занон дар бар мегирад, ки аз шумораи умумии омӯзгорон 586 нафар бо маълумоти олӣ, 240 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 3 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд. Дар шаҳр 4 муассисаи томактабӣ фаъолият намуда, аз ин як муассисаи хусусӣ бо фарогирии 600 нафар кӯдакон дар 24 гурӯҳ дар 17 маркази инкишофи кӯдак 1246 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Солимии ҷомеа таъмин аст

Дар соҳаи тандурустии шаҳр 629 нафар кормандон, аз ин шумора 67 нафар табиб, 349 нафар кормандони миёнаи тиббӣ ва 213 нафар коркунони хурди тиббӣ ва ғайритиббӣ фаъолият намуда истодаанд. Беморхонаи марказӣ аз 6 шуъбаи бистарикунонӣ, 5 шуъбаи ёрирасон иборат буда, дар ин давра ҳамагӣ 35860 кат рӯзҳо ба нақша гирифта шуда, дар асл 12546 кат рӯзҳо истифода мешавад, ки ин нишондод 34,9 фоизро дар бар мегирад. Дар ин давра 1682 нафар беморон бистарӣ карда шудаанд, ки 3 нафарашон фавтидааст. Хизматрасониҳои пулакӣ дар беморхонаи марказӣ ба маблағи 337,1 ҳазор сомонӣ 110,6 фоиз расонида шуда нисбати ҳамин давраи соли сипаригашта 32,3 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ хизматрасонии пулакиро дар ин давра ба маблағи 59,8 ҳазор сомонӣ 104,7 фоиз расонидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ дар қайди маркази мубориза бар зидди бемории сили шаҳр 111 беморони сили фаъол зери назорати диспансерӣ қарор доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 нафар кам мебошад.

Фарҳанг – ҳасти миллат

Дар шаҳр 1 қасри фарҳангӣ, 10 муассисаи фарҳангӣ, 1 клуби сайёр, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 2 китобхонаи деҳотӣ, 1 боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ, 2 осорхона ва 1 мактаби санъати бачагона ба аҳолӣ хизмат расонида истодаанд. Дар шаҳр 4 китобхона фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 33310 нусха китоб маҳфуз аст. Дар ин давра дар муассисаҳои фарҳангии шаҳр 25 чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ ва сиёсӣ гузаронида шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 18510 нафар иштирок намуданд.

Шумораи занони роҳбарикунанда афзудааст.

Шумораи умумии занҳо дар шаҳр 26191 нафарро ташкил медиҳад, ки 89 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 14 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва вакилони ҷамоатҳо, 21 нафар хизматчии давлатӣ буда, 122 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Дар Ҷамоати деҳоти “Гулистон” аз тарафи соҳибкорзан Фозилова Файзия коргоҳи адрасбофии “Шоҳзамон” таъсис дода шуда, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1193 метр адрас бофта шудааст. Гарчанде дар шаҳр теъдоди занҳои ҳунарманд зиёданд, мутаассифона, тибқи ҳисоботҳо ҳамагӣ ҳафт ҳунарманд ба қайд гирифта шудааст.

Ҷашну маросимҳо танзим шудаанд

Дар шаҳр 3 комиссияи доимоамалкунанда ва 44 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият дошта, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 388 тӯйи домодию арӯсӣ, 5 маросими чил ва 10 маросими сол баргузор шудааст, ки дар маҷмӯъ теъдоди умумии маъракаҳо 403 ададро ташкил намуда, хароҷоти умумии онҳо 1,2 милион сомонӣ буда, ба ҳар як маърака 3 ҳазор сомонӣ рост меояд. Дар маъракаҳои дар боло зикргардида 17 сар чорвои майда забҳ шуда, ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7 сар чорвои калон кам ва 6 сар чорвои майда зиёд гардидааст.

Дастовардҳои назарраси ҷавонони шаҳр

Ба хотири дастгирии ҷавонон дар шаҳр корҳои зиёде ба анҷом расонида мешавад. Зеро ҷавонон нерӯи созанда ва пешбаранда дар ҷомеа ба шумор мераванд, ки МИҲД-и шаҳр ба ин таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодааст. Шумораи ҷавонон дар шаҳр 22471 нафар, аз ин 11205 нафаррашонро ҷавондухтарон ташкил дода, дар давраи ҳисоботӣ 24 чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ, 24 мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шудааст. Теъдоди умумии толорҳои варзишӣ 4 адад, варзишгоҳ 1 адад, майдончаҳои варзишии хурд 36 адад, майдонҳои варзишии калон 3 адад, мактаби варзишӣ 1 ададро дар бар мегирад.
Дар муассисаи мактаби варзишии кӯдакону наврасони шаҳр зиёда аз 394 нафар аз рӯи 12 намуди варзиш ба тамрини гуногуни варзишӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар ин давраи ҳисоботӣ ҷавонони шаҳр дар 67 мусобиқаҳои варзишии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштирок намуда, сазовори 76 медал аз ҷумла, 37 медали тилло, 30 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ гардиданд.

Левакант боз ҳам зеботар хоҳад шуд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва меҳнаткашони шаҳри Левакант дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро асоси фаъолият худ қарор дода, иҷрои ҳамаи нақшаҳои истеҳсолиро таъмин карда, чорабинии муҳими сиёсии дар пешистодаро дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ гузаронида, бо дастовардҳои назаррас сарбаландона ҷамъбаст менамоянд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант минбаъд низ ҷиҳати таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва вусъат бахшидани фаъолият дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Ва ҳама он дастуру супоришҳоеро, ки аз тарафи роҳбарияти Ҳукумати кишвар дода мешавад, саривақт иҷро намуда, шаҳри Левакантро ба як шаҳри зебои кишвар табдил диҳанд. Ин ҳама талошҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту идораҳо, соҳибкорон ва сокинони он бо мақсади шукуфоии бештари шаҳри Левакант буда, муҷиби таҳсину офарин аст.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь