Ҷасорати ҳақиқии халқҳои бомаърифат дар ҷонфидоии онҳо ба Ватан намоён мегардад.                         

Г. ГЕГЕЛ

Мӯъминобод ноҳияи маъмурии вилояти Хатлон буда, 29-уми декабри соли 1973 ҳамчун ноҳияи Ленинград дар ҳайати вилояти Кӯлоб ташкил шудааст. Аз маркази ноҳия то шаҳри Душанбе 244 км, то ш. Кӯлоб 42 км роҳ аст. Масоҳаташ 880,6 километри квадратӣ аст. Шумораи аҳолӣ 103 ҳазор нафар буда, 97 фоизро тоҷикон ва 2,3 фоизро ӯзбекон ташкил медиҳанд. Дар ноҳия 7 ҷамоат (1 ҷамоати шаҳрак ва 6 ҷамоати деҳот) ва 149 деҳот мавҷуд аст.

Соҳаи асосии хоҷагии ноҳия чорводорӣ ва боғдорӣ аст. Ғалла ва картошкаву сабзавот низ кишт карда мешаванд. Майдони умумии заминҳо 92051 га буда, 2908 га заминҳои обӣ, аз ҷумла 10840 га замини корам аз майдони умумӣ ва 1974 га замини обӣ аз майдони умумии заминҳои корам мебошад. Заминҳои кишт аз обанбори «Мӯъминобод» обёрӣ мешаванд. Дар нозироти андози ноҳия 4800 Хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи иқтисодӣ дар семоҳаи аввали соли 2024 мардуми шарафманди ноҳия аз имконияту захираҳои дохилӣ истифода намуда, нақшаи даромади буҷети маҳаллиро 106,3 фоиз таъмин намуданд, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 338 ҳазору 217 сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 142 ҳазору 98 сомонӣ зиёд аст. Нақшаи андоз аз ҳисоби андоз аз даромад 100,9 фоиз, андоз аз арзиши иловашуда 119,5 фоиз, андоз аз соҳибони нақлиёт 101,5 фоиз иҷро гардидааст.

Саноат ва энергетика, нақлиёт

Корхонаҳои саноатӣ дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 7 миллиону 658 ҳазору 800 сомонӣ расониданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 100,3 фоиз рост меояд. Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – «Саноатикунонии босуръати кишвар» дар соли ҷорӣ сохтмони корхонаи истеҳсоли маҳсулотҳои заргарӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Дар ҳамин давра шабакаи барқи ноҳия ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ ба миқдори 11 миллиону 800 ҳазор кВт соат барқро интиқол намудааст, ки аз ин миқдор 8 миллиону 400 ҳазор кВт соат барқи фоиданок мебошад. Нақшаи ҷамъоварии ҳаққи истифодаи нерӯи барқ 80,9 фоиз, аз ҷумла ба аҳолӣ 97,4 фоиз рост меояд. Дар ҳамин давра нақшаи ҷамъоварии ҳаққи нерӯи барқ 2 миллиону 207 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, ба миқдори 1 миллиону 786 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ карда шуда, нисбати нақша 421 ҳазор сомонӣ кам  мебошад.

Дар ҳамин давра тавассути нақлиёти автомобилӣ ба миқдори 140 ҳазор тонна бор, 132 ҳазор мусофир кашонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан аз 100,8 то 112 фоизро ташкил менамояд. Дар се моҳи соли 2024 ҳаҷми гардиши савдои чакана дар ҳамаи соҳаҳо 33 миллиону 612 ҳазору 300 сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 137,7 фоиз баробар аст. Хизматрасонии пулакӣ дар ҳамин давра дар ҳамаи соҳаҳо ба 14 миллиону 506 ҳазору 400 сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 100,7 фоизро ташкил намудааст.

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар асоси Нақшаи чорабиниҳо корро ба роҳ монда дар ин давра 68,6 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмиру тармими роҳҳо масраф намудааст. Аз тарафи муассиса дар зарфи 3 моҳи соли ҷорӣ 8 километр роҳҳои автомобилгарди Чашмасор – Лангар, Мӯъминобод – Тутқавул – Хоҷаинур, Мӯъминобод – Момандиён ва Мӯъминобод – Ғеш – Чилдухтарон таъмири ҷорӣ гардида, 1 адад қубури обпарто дар чорум километри роҳи Мӯъминобод – Ғеш таъмир карда шуд, ки аз ин 26 деҳа баҳравар гашта истодаанд. Дар ин давра аз ҷониби кормандони муассиса 330 бех навниҳолҳои сояафкан, ороишӣ ва мевадиҳанда дар шафати роҳҳои автомобилгарди Муъминобод- Кӯлоб ва Муъминобод – Тутқавул – Хоҷаинур шинонида шуда, инчунин 50 км роҳҳоро 7 маротиба аз барф тоза карда, ҳамзамон барои таъмини ҳаракати нақлиётҳо дар фасли сармо 319 метри мукааб масолеҳи зидди лағзиш  истифода намудааст.

Сохтмон, меъморӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Дар се моҳи соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 3 миллиону 35 ҳазору 800 сомонӣ маблағҳо аз худ карда шуда, корҳои сохтмону васлгарӣ бошад, дар ҳаҷми 2 миллиону 995 ҳазору 700 сомонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 806 ҳазору 500 сомонӣ кам аст. Дар ҳамин давра хонаҳои истиқоматӣ ба масоҳати 806 метри мураббаъ сохта ба истифода дода шуда, сохтмони 27 адад иншоотҳои хизматрасонию маишӣ бо маблағгузории соҳибкорон ва буҷети ҷумҳуриявӣ идома доранд. Бино ба маълумоти 1-уми апрели соли 2024 7992 нафар нафақагирон дар қайд буда, аз ин шумора 2968 нафарро нафақагирони меҳнатӣ, 2801 нафарро нафақагирони иҷтимоӣ ташкил менамоянд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 417 нафар зиёд аст. Талаботи маблағи нафақапулиҳои моҳона 2 миллиону 868 ҳазору 507 сомониро ташкил намуда, қарздорӣ аз ҳисоби пардохти нафақа мавҷуд нест. Маблағи нафақаи миёна дар ноҳия 335 сомонию 88 дирамро ташкил менамояд.

Сармоягузорӣ, суғурта, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Қайд кардан бамаврид аст, ки аз рӯйи нақшаву барномаҳо ва лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар ноҳия 69 Барнома, 15 Консепсия, 14 стратегия, 2 нақшаи миллӣ, 1 Дурнамо, 6 лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодаанд, ки нисбати иҷрои онҳо ба мақомотҳои болоӣ дар муҳлатҳои муайянгардида маълумот ирсол карда шудааст. Амалишавии 6 лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ бошад, маблағи умумии 15,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2021-2025 бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 28-уми декабри соли 2020, №50 ба тасвиб расида, барои иҷро ба зиммаи Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Муъминобод гузошта шудааст, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 275 миллиону 285 ҳазор сомонӣ дар назар дошта шуда, аз 123 лоиҳа иборат аст, ки то ба имрӯз 17 лоиҳа амалӣ гардида, дар 32 лоиҳа корҳо идома дошта, маблағи азхудшудаи онҳо 222 миллиону 65 ҳазор сомониро ташкил намуда, дар маҷмуъ 80,6 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад.

Филиали корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дар ноҳия  дар се моҳи соли 2024 аз рӯи суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ 1509 шартнома бастааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 784 шартнома кам мебошад. Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҳамин давра 574 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд. Аз ин шумора 277 нафар занҳо ва ҷавондухтарон мебошанд. Ба корҳои ҷамъиятӣ 50 нафар сафарбар гардида, 160 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб карда шудааст.

Кишоварзӣ

– Пешрафт ва рушди соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ дар ғанӣ гардонидани сабади истеъмолии аҳолӣ ва фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва дар баланд бардоштани иқтисодиёти ноҳия нақши муҳим мебозад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, тараққиёти воқеии ҳаҷми маҷмуи маҳсулотҳои кишоварзӣ дар се моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 58 миллиону 552 ҳазору 400 сомонӣ расонида, ба соҳаи чорводорӣ рост меояд. Дар се моҳи соли 2024 кишоварзон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 7244 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ аз он дар майдони 6992 гектар ғалладонагиҳо, 60 гектар картошка, 42 гектар сабзавот ва дар майдони 150 гектар кишти зироатҳои техникӣ гузаронида шуда, кишти зироатҳои кишоварзӣ идома доранд.

Дар се моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калони шохдор ба 42405 сар, чорвои майдаи шохдор ба 145434 сар, саршумори асп ба 3415 сар, парранда ба 124879 сар ва занбӯри асал ба 7877 оила расонида шудааст. Дар ин давра 1069 тонна гӯшт, 30278 тонна шир, 915,6 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шуда, 9094 сар барраю бузғола ва 419 сар гӯсола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 154 сар гӯсола зиёд ва 11923 сар барра кам гардидааст, – мегӯяд Раиси ноҳияи Мӯъминобод     Амирзода Сайвалӣ.

Маориф ва илм

Тавре ба ҳамагон маълум аст, имрӯзҳо роҳбарияти олии кишвар барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар пешрафти ин соҳаҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Дар ноҳия 47 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 2 гимназия, 1 мактаб-интернати ятимон ва бепарасторон, 4 муассисаи томактабӣ (аз ин 2-тоаш хусусӣ), Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, Муассисаи таҳсилоти иловагӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, дар маҷмуъ 66 муассисаи таълимӣ ва 55 Марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият доранд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар соли таҳсили 2024 дар се зинаи таҳсилот 22 ҳазору 506 хонанда (нисбати соли гузашта 492 нафар зиёд аст) ба таълим фаро гирифта шудаанд. Айни ҳол дар ноҳия теъдоди омӯзгорон ба 1 ҳазору 710 нафар расидааст, ки аз ин шумора 818 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, дар ин давра 139 нафар омӯзгорон дар филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳри Кӯлоб аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуданд. Дар олимпиадаҳои фаннӣ дар семоҳаи соли 2024 377 нафар хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таълимии ноҳия дар даври минтақавии шаҳри Кӯлоб ширкат варзида, 75 нафари онҳо ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Шумораи умумии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли 2023-2024 1217 нафарро ташкил намуда, 814 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Айни ҳол дар нуқтаҳои бақайдгирии Маркази миллии тестӣ аз қайд гузашта истодаанд.

Тандурустӣ ва кор бо занон

Дар ноҳия 3 беморхона, аз ҷумла 1 беморхонаи марказӣ, 1 беморхонаи рақамӣ, 1 беморхонаи минтақавӣ, 1 Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ, 1 Маркази саломатии ноҳиявӣ, 21 Маркази саломатии деҳотӣ, 33 бунгоҳи тиббӣ, 7 Марказҳои соҳавӣ ва 1 шӯъбаи дезинфексионӣ фаъолият доранд. Айни ҳол дар ноҳия сохтмони 3 бинои маркази саломатии деҳотӣ идома дорад. Ба аҳолӣ 70 нафар духтурон, 760 нафар кормандони миёнаи тиб хизмати тиббӣ мерасонанд. Тибқи маълумотҳои оморӣ аҳолии ноҳия 103 ҳазору 445 нафар мебошад, ки аз ин шумора 52 ҳазору 106 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Мавриди зикр аст, ки аз шумораи умумии 55 ҳазору 795 нафар аҳолии қобили меҳнат дар ноҳия 28 ҳазору 682 нафарашонро 51,4% занон маҳсуб меёбанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби бахш аксияҳои «Тоҷикона мепӯшем», озмуни ноҳиявии «Бонуи ҳунарманди сол» ва 14 адад рейду санҷишҳо оид ба риояи сару либоси миллӣ инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули «Хона ба Хона» ва семинару машваратҳо байни занону бонувон гузаронида шуд.

Фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Дар семоҳаи аввали соли 2024 аз ҷониби шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо клубу китобхонаҳо 135 чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ бахшида ба ҷашну идҳо, санаҳои муҳими таърихӣ ва зодрӯзи шоирону нависандагон гузаронида шудааст, ки теъдоди иштирокчиёнашон зиёда аз 55 ҳазору 600 нафарро дар бар мегирад. Имрӯзҳо барои қонеъ гардонидани ниёзи фарҳангӣ-фароғатии шаҳрвандон дар ноҳия 42 адад муассисаҳои фарҳангӣ дар хизмати сокинони ноҳия қарор доранд.

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия барои тарбияи сиёсӣ-ватандӯстӣ, тарбияи ҷисмонӣ, пешгирии омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон аз ҳама захираву имкониятҳо самаранок истифода бурда истода, ба дастовардҳои калон ноил гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ варзишгарони ноҳия дар 3 мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори 12 медал, аз ҷумла 2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ гардидаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 медал зиёд мебошад. Ҳамчунин дар 3 мусобиқаи минтақавӣ варзишгарони ноҳия иштироки фаъолона намуда, сазовори 31 медал аз ҷумла 11 медали тилло, 18 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ гардидаанд. Дар ин давра аз ҷониби бахш 24 мулоқоту вохӯриҳо бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва падару модари онҳо гузаронида шудааст.

Амирзода С. иброз дошт: “Амалӣ гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2024, №791 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар самти ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ дар рӯзи аввали даъватшавандагон ба пуррагӣ иҷро гардид. Моро зарур аст, ки дар даъватҳои оянда низ чунин иқдомро идома диҳем ва ҷавонони шуҷоъи Ватанро тарбия карда, меҳри ватандориро дар қалби онҳо ҷой намоем, то ки ҷавонон дар даъватҳои дигар низ ихтиёран ба даъват ҳозир шуда, бо хоҳиши худашон ба хизмати ҳарбӣ, муҳофизати Модар Ватан ҳозир шаванд. Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол дар ноҳия 4 харитаи сайёҳӣ, 14 мавзеҳои сайёҳӣ, 4 лавҳаҳои ахборотдиҳӣ, 1 маркази иттилоотии сайёҳӣ, 3 тарабхона, 12 марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва бонкаматҳо, 5 меҳмонхона ва 2 ширкати сайёҳӣ  фаъолият дорад. Оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар 3 моҳи соли 2024 шумораи сайёҳон нисбати солҳои қаблӣ ба ноҳия зиёд гардида, тибқи ҳисоботҳои оморӣ дар ин давра ба ноҳия ҳамагӣ 15 744 сайёҳон ташриф оварданд, ки аз ин шумора 15 563 нафар сайёҳони дохилӣ ва аз ин 181 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳад.

Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ    

Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияти худро тибқи нақша ва низомномаи бахш ба роҳ монда, дар семоҳаи аввали соли равон як қатор корҳоро ба сомон расонидааст. Дар семоҳаи аввали соли 2024, 240 адад тӯйҳои домодию арусӣ гузаронида шуданд. Дар маҷмӯъ теъдоди маъракаҳои гузаронидашуда 248 ададро ташкил дода, маблағи умумии онҳо 809 ҳазору 420 сомониро дар бар мегирад. Аз тарафи кормандони бахш дар якҷоягӣ бо комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар се моҳи аввали соли равон 38 маротиба рейду санҷишҳо гузаронида шуда, 1 адад қонуншиканӣ ошкору ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мӯъминобод оид ба омодагиҳо ва корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мӯъминобод барои солҳои 2022-2026 тасдиқ гардида, корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром идома доранд. Дар умум 200 адад иншоотҳои ҷашнӣ дар нақша буда, аз инҳо 30% иншоотҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд. Умуман, 61 иншоот то оғози соли 2024 ба истифода дода шудааст. Аз ин 36 ададаш соли 2023 ва 25 ададаш соли 2022 ба истифода дода шудааст. Дар умум имрӯз аз шумораи умумии иншоотҳои ҷашнӣ 139 ададаш ба истифода дода нашуда, дар қисме корҳои сохтмонӣ рафта истодааст. Дар соли 2024 бошад дар нақша аст 34 иншоот ба истифода дода шавад. Аз ҷумла аз шумораи умумии иншоотҳои ҷашнӣ иншоотҳои соҳаи маориф 21 адад, соҳаи тандурустӣ 13 адад, соҳаи фарҳанг 5 адад, соҳаи варзиш 17 адад, бунёди корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бошад 17 адад буда, иншоотҳои соҳаи кишоварзӣ 13 ададро ташкил мекунанд. Таъмир ва сохтмони роҳу пулҳо бошад 40 адад иншоотро дар бар мегирад.  Иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бошанд, 4 адад, 2 адад ҳаммом ва 4 адад сартарошхона ва 7 адад марказҳои хизматрасонӣ ва савдо мебошанд.

Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия №272  41 иншоотҳои дигари ҷашнӣ илова карда шуданд. Дар асоси ин нақша чорабиниҳои иловагии МИҲД-и ноҳияи Мӯъминобод «Оид ба омодагиҳо ва корҳои ободониву бунёдкорӣ” ба муносибати таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2022-2026 корҳо идома доранд. Ҳамин тавр, аз ин 41 иншооти иловагии ҷашнӣ бошад 23 ададаш ба истифода дода шудааст ва дар боқимонда 18 иншооти дигараш корҳои сохтмонӣ рафта истодааст. Мардуми бонангу номуси ноҳия барои сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  дигар санаҳои муҳим аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода намуда, ҳама якҷо содиқона ва софдилона заҳмат кашида, баҳри ободу зебо гардонидани Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Билоли ШАМС,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь