Ҳамасола дар охири сол аз тарафи журналистон дар тамоми олам ба касбу кор ва ташкилоту вазоратхонаю шаҳру ноҳияҳо дар доираи хизматҳояшон ба халқу ҷомеа раддабандии ғайрирасмию расмӣ гузаронида, ба идораву ташкилот ва шаҳру вазоратхонаҳо ҷойҳои ифтихорӣ ва дар расонаҳо эълон дода мешавад. Имсол низ давоми тамоми сол Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон чунин як тадқиқоти густурдаи худро ба анҷом расонид, ки барои хизматҳои созандаву бунёдкориҳои беназир барои имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азиз, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун раиси бунёдкори асри 21 эълон гардиданд.
Раиси ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд Давлатзода Зафарбек “Раиси сол” эълон гардиданд, чунки давоми фаъолияти кории худ дар мансабҳои раиси шаҳри Конибодом ва ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд он кас тавонистанд худро яке аз вафодортарин нафар дар командаи кории Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дода, дар фаъолияти кориашон ба нишондиҳандаҳои хуби корӣ ноил гардидаанд.
Дар раддабандии раисони орӣ аз амалҳои коррупсионӣ номи раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Маҳмадулло Умар ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар ҷои аввал қарор дорад. Байни раисони бунёдкор бошад, номи раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Фирдавс, раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода ва раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷовуддин дар ҷойҳои ифтихорӣ қарор доранд.
Имсол дар раддабандии хизмати шоён барои миллату давлат номи Хадамоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, роҳбараш Бекмуродзода Султонмурод дар робита бар шароити вазнини пандемияи “КОВИД-19” ва таъминоти аҳолӣ бо доруворӣ ва маводҳои тиббӣ ба забон оварда шуд.
Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия бозори “Панҷшанбе”–и шаҳри Хуҷанд ва бозори “Султони Кабир”–и шаҳри Душанбе ғолиб дониста шуданд.
Унвони “Соҳибкор ва муассисаи сол”-ро муассиси бозори “Корвон” Нуршед Машрабов соҳиб шуд. Унвони “Табиби сол”-ро бошад, директори Маркази миллии тиббии “Шифобахш” Шамсзода Хизматулло ва сартабиби Беморхонаи шаҳри Турсунзода Ятимзода Тоҷиддин гирифтанд. Унвони “Роҳсози сол”-ро ҶДММ “Заводи асфалту бетон”-и шаҳри Душанбе соҳиб шуд.
Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон кулли соҳибунвонҳоро ба ин муносибат табрику таҳният мегӯяд.
Имрӯзҳо бо шарофати соҳибистиқлолии кишвари азизамон мардуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бунёдкориҳо, беҳбудии рӯзгор ва фатҳи қуллаҳои баланди меҳнатӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар заҳмати софдилона ба харҷ дода истодаанд.
Бо мақсади амалӣ гаштани самтҳои асосии фаъолият нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тарҳрезӣ гардидааст, ки он ба таъмини устувории иқтисодӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, сохтмон ва барқарорсозии иншоот, инкишофи соҳаи иҷтимоии ноҳия, дастгирии табақаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд мусоидат намуда истодааст. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ афзоиши мунтазами ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ, кишоварзӣ ва сохтмони асосӣ таъмин гардидааст.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои солҳои 2016-2020 тибқи банди 15-и Нақшаи Протоколи №1с/22-1 ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2015 ҷиҳати идома додани таҳияи барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳо (бо мақсади тақвият бахшидан ба таъмини инкишофи баробари онҳо) ва дар ин замина то охири соли 2015 пурра фаро гирифтани шаҳру ноҳияҳо бо барномаҳои рушди минтақаҳо таҳия шуда, он бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 30-юми октябри соли 2015, №53 тасдиқ шудааст.
Дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар давраи ба нақша гирифташуда тамоми паҳлуҳои рушди ноҳия, усулҳо ва ҳадафҳои ҳамкорӣ бо тамоми тарафҳои дахлдор ба инобат гирифта шудааст. Дар Барнома 174 лоиҳа ба маблағи 139464,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар давраи ҳисоботӣ 126 адад лоиҳаҳо ба маблағи умумии 156210,8 ҳазор сомонӣ амалӣ гардидаанд, ки 112,0%-и иҷрои Барномаро ташкил медиҳад. Барои амалишавии лоиҳаҳо аз буҷети вилоят 21150,0 ҳазор сомонӣ, аз буҷети ноҳия 33185,4 ҳазор сомонӣ, аз ташкилотҳои хориҷӣ 3625,0 ҳазор сомонӣ, аз соҳибкорон ва аҳолӣ 39645,0 ҳазор сомонӣ, аз суратҳисоби махсуси муассисаҳои ноҳия 4762,5 ҳазор сомонӣ, аз маблағҳои вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ 55642,9 ҳазор сомонӣ равона гардидааст.
Қисми даромади буҷети давлатӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2020-ум 101,1 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи 231699,0 ҳазор сомонӣ, воридот 234248,7 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 2549,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Буҷети маҳаллӣ дар ин давра 90,6 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи пешбинишудаи 169912,6 ҳазор сомонӣ, дар асл 153905,9 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст.
Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 89,2 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи 175189,0 ҳазор сомонӣ 156308,5 ҳазор сомонӣ хароҷот гардидааст, ки ин аз нақша 18880,5 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
Нақшаи хазинаи ҳифзи иҷтимоӣ 83,6 фоиз иҷро гардида, ба хазинаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ 67,0 млн сомонӣ маблағ ворид гардидааст.
Ҳамкорӣ ва дастгирии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ҳаҷми кӯмаки молиявӣ ва иқтисодӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои амалӣ намудани дастуру супоришҳо таҳти назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Дар ёздаҳ моҳи соли 2020 ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия 2389,7 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағҳо равона карда шудааст. Аз ҷумла, барои музди меҳнати дастгоҳи ҷамоатҳо ва кормандони хизматрасон 2178,8 ҳазор сомонӣ, барои харидории маводҳои конселярӣ 16,2 ҳазор сомонӣ, барои хизмати алоқа 10,7 ҳазор сомонӣ, хизмати коммуналӣ 29,6 ҳазор сомонӣ ва барои дигар хароҷотҳо 154,3 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шудааст.
Дар ноҳия барои рушди минбаъдаи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид ба рушди соҳибкорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ субектҳои бо шакли шахсони ҳуқуқӣ фаъолияткунанда 1174 адад ва 13163 нафар шахсони воқеӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин миқдор соҳибкорон 6498 нафар дар соҳаи кишоварзӣ, 155 нафар дар соҳаи саноат, 73 нафар дар соҳаи сохтмон, 1213 нафар дар соҳаи нақлиёт ва алоқа, 2696 нафар дар соҳаи савдо, 455 нафар дар соҳаи хизматрасонӣ, 7 нафар дар хизмати молиявӣ, 2301 нафар дар дигар сохторҳо фаъолият намуда истодаанд. Шумораи соҳибкорон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 860 нафар зиёд гардидааст.
Аз ҷониби бахши хусусӣ дар ин давра ба маблағи 96,0 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки ҳиссаи он дар маҷмӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 6,5 фоизро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати дастгирии соҳибкороне, ки дар самти истеҳсолот фаъолият мебаранд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тадбирҳо андешида шуда, вобаста ба ин барои ворид намудани технологияҳои муосири истеҳсолӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ корбарӣ идома дорад. Дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 200,0 ҳазор доллари ИМА сармояи хориҷӣ, яъне ба ҶДММ “Алфа ПЭТ” ворид гардидааст. Бояд қайд намуд, ки дар ин давра аз ҷониби соҳибкорон 13 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд. Ҷиҳати дастгирии соҳибкорон ва дастрасии онҳо ба қарзҳои бонкӣ аз ҷониби филиалҳои бонк ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ба 5594 нафар соҳибкорон ба маблағи наздики 80,8 млн сомонӣ қарзҳо пешниҳод шудааст, ки аз шумораи умумии қарзгирандагон наздики 3000 нафар занҳо ва 650 нафар ҷавонон мебошанд.
Дар ёздаҳ моҳи соли 2020 аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 2158,9 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 932,4 млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ 176,0 фоизро ташкил додааст. Аз ҷумла, саноати истихроҷӣ ба маблағи 2486,3 ҳазор сомонӣ, саноати коркард ба маблағи 2060667,3 ҳазор сомонӣ: аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти хӯрока 1383877,0 ҳазор сомонӣ, истеҳсол ва консервакунии гӯшт 11390,0 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли равғанҳои растанӣ, чорво ва чарбу 37867,7 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли маснуоти тамоку 14798,0 ҳазор сомонӣ, дӯзандагӣ 3937,4 ҳазор сомонӣ, маснуоти чӯбу тахта 6643,5 ҳазор сомонӣ, маҳсулоти нафтӣ 2257,3 ҳазор сомонӣ мебошад.
Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 159,3 млн доллари ИМА маҳсулот содирот карда шудааст. Тибқи маълумоти гумруки “Хуҷанд” дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 625,0 тонна нахи пахта ба маблағи 874,6 ҳазор доллар, 604,0 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 220,9 ҳазор доллар, 88,0 тонна калобаи пахтагӣ ба маблағи 169,2 ҳазор доллар, 1011,0 тонна либосворӣ ба маблағи 16,1 млн доллар, 150,6 ҳазор тонна маъдан ва консентрат ба маблағи 117,5 млн доллар, 1223,0 тонна чарм ба маблағи 1363,2 ҳазор доллар содирот карда шудааст.
Дар соли 2020 таъсиси 11 адад корхонаҳои хурду миёна пешбинӣ гардида, дар ин давра дар ноҳия 13 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолӣ таъсис дода шудаанд, ки дар натиҷа зиёда аз 200 нафар шаҳрвандон бо ҷои корӣ таъмин шудаанд. Аз 115 адад корхонаҳои саноатӣ 101 ададаш фаъолият намуда, аз ин 49 адад ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёд намудаанд.
Дар ёздаҳ моҳи соли 2020 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1564,3 млн сомонӣ баробар гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар ҳаҷми 984,8 млн сомонӣ маҳсулоти растанипарварӣ истеҳсол карда шудааст, ки суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 106,2 фоизро ташкил менамояд. Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 126185,2 тонна сабзавот, 9926,8 тонна картошка,13059,6 тонна полезӣ, 30455,1 тонна мевагиҳо, 14756,8 тонна ангур, 39740,7 тонна ғалладонагиҳо, аз он ҷумла гандум 12810,0 тонна истеҳсол гардида, дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш аз 100,1 то 111,0 фоизро дар бар мегирад.
Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар ҳаҷми 579,4 млн сомонӣ маҳсулоти чорводорӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 139,6 фоизро ташкил менамояд. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба миқдори 10120,8 тонна гӯшт истеҳсол карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи гузашта 4003,2 тонна зиёд мебошад. Истеҳсоли шир 32339,1 тоннаро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи гузашта 908,2 тонна зиёд мебошад. Истеҳсоли тухм ба 326,9 млн дона расонида шуда, истеҳсоли он нисбат ба ҳамин давраи гузашта 104,1млн дона зиёд мебошад. Дар корхонаҳои парандапарварии ноҳия ба миқдори 5502 тонна гӯшти парҳезии паранда истеҳсол карда шудааст.
Соли ҷорӣ ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини корхонаҳои коркарди нахи пахта бо ашёи хом дар ноҳия дар майдони 8354 гектар кишти пахта гузаронида шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия ба миқдори 18532 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 401 тонна зиёд мебошад.
Дар ҳудуди ноҳия 164 адад гармхонаҳо пурра фаъолият мебаранд, ки масоҳати умумии онҳо 16,74 гектарро ташкил менамояд. Иқтидори умумии 12 адад сардхонаҳои дар ҳудуди ноҳия мавҷудбуда бошад, барои нигоҳдории 3400 тонна маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи сохтмончиён ба маблағи 103,2 млн сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро карда шуда, ба маблағи 129,9 млн сомонӣ сармояи асосӣ иҷро карда шудаст. Инчунин, ба маблағи 113,9 млн сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда, ба миқдори 32848 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ бунёд гардидааст. Боиси қайд аст, ки санаи 30-юми июни соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Хистеварз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ, аз ҷумла Маркази ташхисию табобатии “Ваҳдат”, Беморхонаи сироятӣ, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази хизматрасонии “Гулистон”, моҳи октябр бошад, дар маркази ноҳия маркази савдо ва хизматрасонии «Суғдиён» мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатӣ 1282 банди нақшаи чорабинӣ таҳия гардида, дар солҳои 2018-2019 ва ёздаҳ моҳи соли 2020-ум 1020 банди онҳо амалӣ гардидаанд, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 221,8 млн сомонӣ маблағҳо равона гардида, дар натиҷа ҳамасола 8,0 ҳазор ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ ташкил карда шудаст.
Дар қаламрави ноҳия 91 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 82 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 адад гимназияҳои хусусии «Нур» ва «Сафина», 3 адад мактабҳои хусусии «Амид», “Дурахшандагон” ва “Хистеварз”, 2 адад гимназияҳои давлатӣ, 1 адад мактаб-кӯдакистон, 1 адад мактаб-парваришгоҳи махсус барои кӯдакони шунавоиашон суст фаъолият доранд.
Ҳоло дар қаламрави ноҳия 37 адад муассисаҳои таълимии томактабии шакли моликияташон гуногун, аз ҷумла 20 адад муассисаҳои таълимии томактабии тобеи шуъбаи маориф, 2 адад муассисаҳои таълимии томактабии ташкилотҳои дигар, 15 адад муассисаҳои таълимии томактабии хусусӣ фаъолият доранд. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия 6254 нафар кӯдакони синни томактабӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои таълимии томактабии тобеи шуъбаи маориф 5118 нафар, дар муассисаҳои таълимии томактабии ташкилотҳои дигар 280 нафар, дар муассисаҳои таълимии томактабии хусусӣ 856 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон, бо мақсади фарогирии ҳарчи бештари кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия, алҳол дар назди 60 адад муассисаҳои таълимии ноҳия 108 адад гуруҳҳои Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шуда, дар маҷмуъ 2591 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Муассисаҳои таълимии ноҳия бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин мебошанд. Ҳоло дар муассисаҳои таълимии ноҳия 4912 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 3952 нафар занҳо бо кори таълиму тарбияи насли наврас машғул буда, аз шумораи умумии омӯзгорон 4527 нафар дорои маълумоти олӣ, 144 нафар дорои маълумоти олии нопурра ва 241 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус мебошанд.
Муассисаҳои таълимии ноҳия алҳол бо кадрҳои баландихтисоси фанҳои забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пурра таъмин мебошанд. Рафти омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва русиву англисӣ таҳти назорати доимии шуъбаи маориф қарор дошта, дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони фанҳои номбурда машваратҳои дастурдиҳии дурӯза ва 10-маротибагӣ машварати доимоамалкунандаи омӯзгорони ин фанҳо ташкил карда шудааст.
Дар сметаи ягонаи даромад ва хароҷотҳои муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли 2020 барои харидории китобҳои бадеӣ 62,5 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2019 ба маблағи 36,3 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Давоми соли ҷорӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия 88905 адад китобҳои дарсӣ ва 6006 адад китобҳои бадеӣ ворид карда шудаанд.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хизматрасонии тиббӣ тариқи сохтори госпиталии ноҳия тавассути 12 адад беморхонаи дорои 1210 кат, аз ин аз ҷумла, 1 адад Беморхонаи марказии ноҳия дорои 480 кати табобатӣ, 7 адад беморхонаи ноҳиявӣ, 3 адад беморхонаҳои минтақавии деҳотӣ, 1 адад маркази бемориҳои руҳӣ ҳамагӣ бо 606 кат ва дар сохтори шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бошад, 1 адад маркази саломатии ноҳиявӣ, 31 адад маркази саломатии деҳотӣ, 50 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 6 адад марказҳои махсусгардонидашуда, 1 адад стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ (13 адад нуқтаи ёрии таъҷилӣ), 1 адад маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, 1 адад маркази безараргардонӣ ва 11 адад муассисаҳои тиббии хусусӣ ба роҳ монда шудааст. Дар соҳаи тандурустии ноҳия 3331 нафар кормандон фаъолият доранд, аз он ҷумла табибон 478 нафар ва мутахассисон бо маълумоти миёнаи тиббӣ 1982 нафар ва дигар кормандон 871 нафарро ташкил медиҳанд.
Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, шумораи умумии онҳо дар ноҳия 127500 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 63500 нафар духтарон ва 64000 нафар писарон мебошанд. Айни ҳол 10 нафар хонандагон гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 40 нафар гирандагони стипендияи Раиси ноҳия мебошанд.
Ҳоло дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 171 майдончаи варзишӣ ва 70 толорҳои варзишӣ фаъолият менамояд. Солҳои охир дар ноҳия беш аз 48 иншооти варзишӣ, аз ин 37 майдончаҳои варзишӣ, 11 толори варзишӣ, 2 корти теннисӣ, 1 майдонча барои бозии кӯдакон сохта мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ҷойҳои таърихии тамошобоб ба монанди Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Академик Бобоҷон Ғафуров, Қасри маданияти Арбоб, мавзеи Хоҷабақирғон, хона-музейи “Анора”, минтақаи истироҳатии “Биҳиштосо”, маҷмааи фарҳангию фароғатии ба номи “Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ” мавҷуд мебошад, ки ин метавонад барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ мусоидат намояд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба унвони раиси ноҳия 4502 адад мактуб ва 4196 адад аризаҳои хаттии шаҳрвандон бобати масъалаҳои гуногун ворид гардидааст. Ҳамзамон, дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон ба раиси ноҳия 557 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки муроҷиати онҳо аз ҷониби шахсони масъул мавриди баррасӣ ва корбарӣ қарор дода шудааст. Илова бар ин, аз ҷониби раиси ноҳия дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия “Рӯзҳои қабул” доир гардида, муроҷиатҳои шаҳрвандон барои корбарӣ ба масъулин ирсол карда шудаанд. Инчунин, ба 100 нафар сокинони ноҳия, ки барои гирифтани табобат, сохтмон ва таъмири манзил ба унвони раиси ноҳия муроҷиат намудаанд, 28,5 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шудааст.
Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муҳтарам Зафарбек Давлатзода, “дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таҳти назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад”.
– Минбаъд низ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияти худро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани нақшаҳои созандагиву ободонӣ, пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ва дар маҷмуъ барои таъмини рушди босуботи кишвар ва шукуфоии Ватани азизамон роҳандозӣ менамояд,- афзуд ӯ.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ