Шукронаи неъматҳои истиқлол, ки имрӯзҳо халқи ободкору созанда ва меҳанпарвару меҳнатдӯсти мо дар рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувори худро гузошта истодааст. Аз ин рӯ, комилан табиист, ки вазъи имрӯзаи кишварамон дарку эҳсоси нави арзишҳои фарҳангию миллиро тақозо намудааст, зеро дар баробари ба даст овардани истиқлолият заминаи мусоиди ташаккулёбии худшиносии миллӣ, таваҷҷуҳ ба мероси таърихии халқи худ, эҳёи давлатии миллӣ, забони миллӣ, анъанаҳои фарҳангию маърифатӣ, идҳою маросимҳо ва ғайраро тақозо дорад.

Таърих гувоҳ аст, ки ташаккули ҳар як давлати соҳибистиқлол пеш аз ҳама ба анъанаҳои миллӣ-фарҳангӣ, ба дарки мансубияти миллӣ, сарватҳои бемислу монанду нотакрори фарҳангӣ, ки таърихи ҳар як халқро тавлид месозад, ба муҳити табиӣ ва дастовардҳои гуногуни ҳаёти маънавӣ такя мекунад. Гузашта аз ин, воқеияти миллии ҳар як халқ бо арзишҳои умумибашарӣ ҳамаҷониба омезиш ёфта, бо равандҳои умумиинсонӣ пайваст мешавад.

Таърихи куҳанбунёди тоҷикон саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоиест, ки дар тамаддуни халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд. Воқеаи сиёсии нисбатан муҳимтарине, ки дар даврони навини таърихи тоҷикон ба вуқуъ пайваст, дастёбӣ ба истиқлолияти давлатӣ мебошад. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст. Дар даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам омад, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил буда, созандагию ободонӣ, азму талошҳои фидокорона, расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонид, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро тақвият бахшид, ҳаёти озодонаи ҳар як фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аҳамияти махсус зоҳир намуда, ба хотири баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон ва ҷиҳати дастгирии давлатии ин қишри фаъолу созандаи ҷомеа силсилатадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд. Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус зоҳир намуда, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд. Чи тавре, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, «ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».

Мо – ҷавонони бо нангу ор дар ҷавоб ба ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бояд нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошем, ташаббусҳои созандаеро рӯи даст бигирем, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунем, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Ватани азизамон бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзем, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дорем ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари азизамон бошем.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд. Вохӯриҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони кишвар собит месозад, ки Сарвари давлат ба нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷавонон итминони зиёд доранд. Аз ин рӯ, ҳар мулоқот бо ҷавонони кишвар бо падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб оғоз меёбад. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бо дастгириҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон қабул гардида, шаш ҷоизаи бо номи Исмоили Сомонӣ, барои олимон ва муҳақиқони ҷавон, Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода кардани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ ва грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон дар самти ватанпарастӣ таъсис ёфтаанд. Теъдоди квота ва стипендяҳои Президентӣ зиёд гардида, барномаҳои соҳавии “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон” ва рушди саломатии ҷавонони Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардидаанд.

Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аз дастовардҳои арзишманди таърихию муқаддаси даврони истиқлолият мебошанд. Ваҳдат иттиҳоду сарҷамъии инсонҳо буда, сулҳу оромӣ ва ободию пешрафти давлат аз мавҷудияти ваҳдату ҳамдилӣ вобастагии калон дорад. Воқеан, Ваҳдати миллӣ меҳвари сиёсати дохилию хориҷии давлати мо буда, онро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо, махсусан ҷавонон аз он иборат аст, ки бо саъю талоши пайваста аркони давлати соҳибихтиёрамонро боз ҳам таҳким бахшем.

Зикрулло РАҶАБОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь