Қалам ба даст гирифтан осон аст, аммо дар васфи Ватан хома фарсудан на осон аст. Бештари фарзонафарзандони ҳувиятгаро ва дифоъгари Ватан худодод ҳастанд ва кори сад пайкону шамшерро ба хомаву қалам анҷом медиҳанд. Ба гунаи Ҳаким Фирдавсӣ ва даҳҳо дигар суханварони оқилу фарзона, бо достону хамосаҳои меҳанпарваронаву инсонгароёнаашон номи Ватану миллати хешро дар авроқи таърих бо шарафмандӣ ҳаккокӣ  кардаанд. Хидмати эшон буд, ки то имрӯз моро зиндаву ҷовидона нигаҳ доштааст. Вале нигаронӣ дар он аст, ки на ҳама аз осору рисолаҳои онон огаҳиву баҳрае дорад. Магар мумкин аст, ки аз асли худу ҷибиллати хеш ғофил бошӣ?  На! Зинҳор шоистаи чун мо як миллати фарҳангофару хирадпеша набуду нест!

Дар остонаи ҷашни фархунда ва муборак – Истиқлоли кишвар  қарор дорем ва барои ҳар яки мо ин санаи тақдирсозу озодиофар муқаддас аст. Агар барои кулли давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлол осон ва бе ҳеч ҷангу ҷидоли девонавор ба даст омада бошад, баҳри мо на чун эшон, балки бо ҳазорон қурбониву ҷонбозиҳо, дилрешиву захм дар дилҳо ба ҷо гузошта, ба даст омад.  Яъне мо барои ба даст овардани Истиқлол талафоти зиёде додаем ва дар натиҷа ин ҷанги бунёдсӯз бештари аҳли зиёи хешро аз даст додем.  Ба қавли шоир:

Ҷабри торих ягон қавм надидаст, ки мо,

Заҳри торих нажоде начашидаст, ки мо…

Ва дар манзумаи пурдарди дигаре чунин ба қалам додааст:

Бас буридандат забону бас шикастандат миён,

Боз  гӯё,  боз  пӯё,  боз  поё  мондаӣ…

Бад-ин минвол шоиронамон зиёд нигоштаанд, ки он, гумон мекунам, моро ба худшиносиву ватандӯстдорӣ бештар водор мекунад. Бо вуҷуди ҳама он нобаробариҳо, хиёнати баъзе фарзандони миллат, имрӯз мо рӯ ба сӯи фардо овардаем ва аз пайи сохтану бунёд кардан ва тармими вайронаҳо ҳастем. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ рукнҳои давлатдорӣ рӯз аз рӯз пурқуввату тавоно мегардад, ки ин ба мо имкон медиҳад, баҳри баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиёт, хирадгустарӣ ва иқтисодиёти давлату миллати худ гомҳои аз ин ҳам бештар бигзорем.

Аз рӯзи нахуст то ба имрӯз шахсан Роҳбари давлат заминаҳо барои васеъ шинохтани асолату рисолати хидмати содиқона ба Ватанро  гузоштаанду мегузоранд, аммо на ҳар кадоми мо масъулиятшиносӣ мекунем. Ба мисол, нарасидани кадрҳои соҳавӣ то ба ҳол дар мо ҷо дорад, ки метавонистем дар ин муддат бартараф намоем, вале ноуҳдабароӣ ва ба таври бояду шояд амал нанамуданамон садди ин роҳ гардидааст. Бахусус, қисмати фарогирии таълиму тарбия дар мактабҳои миёнаву олӣ, ки ҳарчанд дастовардҳои назаррасе ҳам доштаем, аммо наметавон ба он иктифо кард ва ин ҷараёнро то ҷое ба ҳоли худ гузошт. Пешниҳоди мо дар ин замина ин аст:  агар аз ҳама бештар асарҳои бадеӣ, рисолаҳои илмии адибони классику муосири милллат ва хориҷаро, ки хусусияти тарбиявӣ ва ахлоқӣ доранд, нашр намоем ва дастрасӣ тарбиятгирандагону толибилмон гардонем, дар ин маврид муваффақ хоҳем гашт, то насли наврасу ҷавон соҳибмаърифату соҳибилм бигарданд. Сари ин нукта нигаронии мо ҳам бесабаб нест, чунки Пешвои миллат таваҷҷуҳашон ба насли ҷавон ва ҳам фарогирифтани эшон ба омӯзиши илмҳои гуногун зиёд аст. Дар аксари суханрониҳо ва паёмҳои солонаи хеш нисбат ба насли ояндасоз, яъне ҷавонон диққати махсус медиҳанд ва баҳри баланд гардидани савияи донишашон тавсия ва дастурҳои саривақтӣ медиҳанд.

Дар айни ҳол бештар раванди ҷаҳонишавӣ, бархурди тамаддунҳо ва ақидаҳои ифротӣ, ки аксарияташон барои ғасб кардани фарҳангу суннатҳои давлату миллатҳои аз лиҳози иқтисодӣ ва амниятӣ заифтар аст. Дар ин росто, моро зарур аст, ки ҳама гуна арзишҳои миллии хешро ҳифз намоем ва нагузорем, он гургони дар либоси меш ҳатто дар як ваҷаби хоки Ватан пой гузоранд. Мо эҳсос мекунем, ки хатарашон рӯз аз рӯз афзунтар гардида истодааст, вале барои бегазанду беосеб мондан, худшинос, асолатшинос, дониши фаровон доштан мебояд. Дар муқобили он падидаҳои номатлуб, ки ҳатто ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардаасту дар пайи нобуд карданаш саъй доранд, ҷомеаи моро лозим аст, беш аз пеш моҳият ва ғарази онҳоро хубтар омӯзанд.

Бо вуҷуди он ҳама нобасомониҳову норасоиҳо дар дунё, имрӯз мо тавоноем ва умед ба каси ғайр ҳам надорем. Бигзор суннати аҷдодиамон – фарҳанги сутургофарӣ, инсонпарастӣ, дили бекина, ғаразе ба касе надоштан ва табиати инсониамон поянда бимонад. Миллати куҳанпайванди тоҷикон дар гузашта пояи давлаташро бо пиндору гуфтору кирдори нек бунёд намудааст, ки ин далели бегазанд ва ҷовидонагиаш аст. Дар ҳама бедодгариҳои замон агарчи зиёни бештар бар тоҷикон расидааст, аммо боз захмҳои таърихиро бо хирад, бо заковат даво бахшида,  худро сохтаанд. Ҳарчанд имрӯз мушкилоти зиёде дар пеши рӯи кишвар ҳаст, вале аминам, ки ба таври густурда ҳар кадомашон ҳалли худро меёбанд ва мо фарзандони ҳампои истиқлол талош меварзем Тоҷикистон ободтар ва боз фарзандонаш бо хирадмандӣ рӯи дунёро фатҳ намоянд. Аз дасти мо ғоратгариву бедодгарӣ барнамеояд ва ҳамин сабаб шудааст, ки сарзаминҳои паҳноварро ба ғосибону кучманчиён во гузошта, омадем ба тангноҳову дараву кӯҳҳо. Вале донишу ҳунару санъат сарҳад надоранд ва аз ин лиҳоз, мо дар ҳама ҷо ҳузур доштем. Чи тавре, ки шоири шаҳир Бозор Собир мегӯяд:

Оҷ гумкарду забонро гум накард,

Тоҷ гум карду забонро гум накард,

Тахт гум карду забонро гум накард,

Рахт гумкарду забонро гум накард,

Бахт гум карду забонро гум накард…

Яъне миллати тоҷикро бо фарҳангу забон ва маърифаташ мешиносанд.

Таманно мекунем, ки Истиқлоли кишвар то ҷовидонаҳо пойдор бимонад.

Ҳусни анҷоми таманниётро ба шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ мегузорем:

Бо сухан, бо хирад, бо шараф, бо ҳунар

Мекунӣ, эй-Ватан, бар адӯят зафар.

Ҷумла фарзанди ту, решапайванди ту

Хӯрда савганди ту- ҷонфидои туем.

Раҳкушои туем, раҳнамои туем.

Зоҳири САЙФУЛЛО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь