Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти ноҳияи Шаҳритус бо раиси ноҳияи мазкур Абдуллозода Тағой Маҳкам хабарнигори МТЖТ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.

Дар оғози суҳбат номбурда қайд кард, ки тамоми талошу кӯшиши мо баҳри ободонии ноҳия ва ҳамзамон ба боварии Пешвои муаззами миллат сарфароз гардидан аст. Зеро пешравии ноҳия суботу зиндагии шоистаи шаҳрвандонро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, барои боз ҳам беҳтар гардидани вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинони ноҳия мекӯшем тамоми имкониятҳоро истифода барем.

Иҷрои буҷет

Мавсуф изҳор дошт, ки нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 37,4 млн сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 76,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 52,5 млн сомонӣ иҷро гардид.

Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1-уми январи соли ҷорӣ 6,4 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 141,5 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

 Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Ҳамзамон, номбурда қайд кард, ки тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 дар ноҳия 5423 соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин инҳо 422 шахси ҳуқуқӣ, 2648 хоҷагиҳои деҳқонӣ, 365 соҳибкори инфиродӣ тибқи шаҳодатнома, 482 соҳибкори инфиродӣ бо патент фаъолияткунанда ва 1506 бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолият менамоянд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра фаъолияти 12 субъекти фаъолияткунанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 зиёд шудааст.

Ба ҳолати имрӯза дар ноҳия 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,7 милион доллари ИМА амалӣ шуда истодааст. Маблағи умумии азхудкардашуда 3,7 миллион доллари ИМА ё 100 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳритус барои солҳои 2021-2025, 94 лоиҳаро ба маблағи 151,5 млн сомонӣ дар бар гирифта, то ба имрӯз 58 лоиҳа ба маблағи 93,9 млн сомонӣ ба иҷро расидааст.

 Кишоварзӣ

Мавсуф тазаккур дод, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 734619,1 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 87,6 млн сомонӣ зиёд иҷро гардидааст.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 15,4 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100 фоиз зиёд мебошад.

Аз кишти анҷомдодашуда ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо 15411 гектар, зироатҳои техникӣ 5167 гектар, аз он пахта 5127 гектар, картошка 634,2 гектар, сабзавот 1693,6 гектар, полизӣ 730,8 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 2092,8 гектарро дар бар мегирад.

Истеҳсоли сабзавот 832 тонна, гӯшт 1937,6 тонна, шир 6833 тонна, тухм 2 млн 541,1 ҳазор дона ва моҳӣ 65,0 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин дараи соли 2023 сабзавот 113,1 фоиз, гӯшт 1112,8 фоиз, шир 105,4 фоиз, тухм 100,0 фоиз, ва моҳӣ 100,2 фоиз зиёд шудааст.

 Сохтмон ва меъморӣ

– Дар ин давра сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 11,7 млн сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, 6,8 млн сомонӣ 2,4 баробар зиёд мебошад. Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 12,4 млн сомонӣ иҷро шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, 2,4 млн сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон, ба маблағи 11,7 млн сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 дар маҷмуъ 2,4 маротиба зиёд мебошад, – афзуд номбурда.

 Маориф ва илм

Дар ҷараёни суҳбат мавсуф қайд кард, ки дар ноҳия 55 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 2 литсей, 1 мактаб-интернат фаъолият мекунад, ки дар онҳо 33 ҳазору 399 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 1869 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд. Инчунин дар ноҳия 1 муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникӣ» ва 8 муассисаҳои томактабӣ мавҷуд мебошад.

Тавассути Маркази миллии тестӣ дар соли 2024 аз 1358 нафар хатмкунандагон 1334 нафар барои идомаи таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, коллеҷҳо ва литсейҳои касбии техникӣ ҳуҷҷат супориданд, ки ин 98,2 фоизро ташкил медиҳад.

Барномаи компютеркунонӣ 72 фоиз иҷро гардида, шумораи компютерҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба 1091 адад расидааст.

 Тандурустӣ

Дар хусуси вазъи тандурустӣ дар ноҳия номбурда сухан карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар соҳаи тандурустии ноҳия 56 духтур, аз ин шумора 56 нафар бо категорияи олӣ ва 180 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд.

Беморхонаи марказӣ аз 10 шуъбаи бистарикунонӣ, 5 шуъбаи ёрирасон ва 6 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат мебошад.

Дар қайди маркази минтақавии зидди бемории сили ноҳия 34 нафар ба қайд гирифта шудааст. Шумораи беморони дарёфтшуда дар шашмоҳаи аввали соли 2024 13 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 10 нафарашон бори аввал буда, 3 нафарашон такрорӣ мебошанд.

Шумораи гирифторони бемории вируси норасоии масъунияти одам ҳамагӣ 174 нафарро ташкил дода, дар шашмоҳаи аввали соли 2024 6 нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли 2023  4 нафар зиёд гардидааст.

 Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

– Тибқи маълумот шумораи ҷавонон дар ноҳия 47810 нафарро ташкил намуда, аз он 25512 нафар духтарон мебошанд. Дар ҳудуди ноҳия 189 майдончаи варзишӣ, 19 толори варзишӣ ва 1 варзишгоҳ фаъолият дорад. Варзишгарони ноҳия дар 2 мусобиқаи вилоятӣ иштирок намуданд. Вобаста ба имкониятҳои сайёҳӣ зикр кардан бамаврид аст, ки дар ноҳия 1 осорхона, 12 мавзеи таърихӣ-бостоншиносӣ, 1 истироҳатгоҳ мавҷуд буда, теъдоди сайёҳони хориҷии ба ноҳия воридшуда дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 1980 нафарро ташкил медиҳанд, – қайд кард мавсуф.

Омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Дар фароварди суҳбат номбурда зикр кард, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳияи Шаҳритус бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 327 иншоот ба нақша гирифта шуда, 146 иншоот ба истифода дода шуданд ва корҳои созандагиву ободонӣ дар ин раванд бомаром идома доранд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь