Дар бораи адабиёти бадеӣ ва вазоифу аҳдофи он асару рисолаҳои зиёде таълиф шудаанд ва сабаби чунин амал ҳамин аст, ки аввалан, то кунун таърифи мушаххасу муайян, таърифи илмии эҷоди бадеӣ мавҷуд нест ва баъдан онро ҳар муҳаққиқе мувофиқ ба тавон ва тасаввури хеш баҳо медиҳад.
Китоби пурмуҳтавои адабиётшинос, устоди кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, журналист ва публисисти намоён Ҳафиз Раҳмон бо номи «Ҷанбаҳои назариявии маърифати адабиёти бадеӣ» бо хусусиятҳои вижаи илмии худ, баёни афкори наву ноб ва таҳлилу бозтоби қавоиду таърифи адабиёти бадеӣ нақши барҷаста дорад. Китоби мазкур аз 6 боб иборат буда, дар онҳо масоили ҷойи тахайюлот дар шинохти асари бадеӣ, махсусиятҳои муносиботи методологӣ дар фаҳмишу дарки табиат ва моҳияти адабиёт, таҳқиқи жанри ҳикоя, сохтор ва марҳалаҳои ташаккули он, ормонҳои гуманистӣ ва асарҳои реалистӣ, ҳикояти реалистӣ дар адабиёти тоҷик ва вижагиҳои он, ҳамчунин, раванди кори эҷодӣ ва таъсири асари бадеӣ ба ҷомеа баррасӣ шудаанд.
Дар қисмати аввали асар, ки «Таносуби тахайюл ва тасвир дар контексти шинохти адабиёт» номгузорӣ шудааст, муҳаққиқ аз моҳият ва хусусиятҳои мафҳуми «адабиёти бадеӣ» сухан ронда, тафовути онро аз дигар анвои ҳунар бо андешаҳои ҷолиб баён месозад. Ҳафиз Раҳмон зимни овардани иқтибосҳо аз гуфтаҳои адибону файласуфони ҷаҳонӣ, амсоли М. Горкий, Стендал, Лев Толстой, П. Бомалд, Х. Грили, Ч. Диккенс, В. Г. Белинский, Арасту, Н. Г. Чернишевский ва назариётчиёни илми адабиётшиносии муосир ба натиҷае мерасад, ки дар қиёс бо саноеъи рассомӣ, меъморӣ, мусиқӣ ва монанди инҳо, адабиёти бадеӣ хусусияти таъсирбахши интеллектуалӣ дорад, на эҳсосӣ. Дарвоқеъ, адабиёт (кулли осори баландпояи бадеӣ) дар ҳама давру замонҳо сарнавишти мураккабу пур аз тазоди инсонҳоро ба риштаи тасвир мекашид. Ба таври дигар гӯем, адабиёти бадеӣ ҳаёти мардумро ба маънои васеъ таҷассум менамуд. Муаллифи китоб таъкид мекунад, ки арзиши баланди иҷтимоии асари бадеӣ ва барои халқ хидмат намудани онро дар тӯли асрҳо тамоми бузургони машҳуру номвари илму адаби ҷаҳонӣ зикр намудаанд. Аз ҷумла, Арасту инъикоси воқеияти зиндагиро дар адабиёти бадеӣ ба истилоҳи «мимесис» ифода карда, онро тафаккури образнок меномад. Ҳамзамон, файласуфи донишвар қайд мекунад, ки асари бадеӣ тавассути тоза намудани руҳи қаҳрамон аз ҳама гуна бадию каҷравиҳо инсонҳоро тарбия ва комил месозад, ки онро «катарсис» меноманд. Ҳафиз Раҳмон дар ин хусус андешаҳои адабиётшиносони русро низ пайгирӣ мекунад. Таври мисол, П. А. Николаев дар он ақида аст, ки адабиёти бадеӣ инъикоси эҷодкоронаю образноки ҳаёт мебошад, на тасвири натуралистии он. Як ҷиҳати назарраси таҳқиқоти Ҳ. Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки номбурда як-як суханон ё таърифи мафҳуми «адабиёти бадеӣ»-ро, ки дигар олимон тафсир кардаанд, меорад ва дар заминаи ин баҳогузории эшон хулосабарории илмӣ анҷом медиҳад.
Адабиётшинос В. И. Тюпа қонуниятҳои бадеии адабиётро аз рӯи 5 принсип арзишдоварӣ кардааст, Д. С. Лихачев, В. Э. Хализев, М. В. Овсянников, Г. Гадамер ва дигарон ҷаҳони бадеии воқеоти образноки зиндагиро, ки дар осори адибон бозтоб меёбанд, дар ину он доира (маҳдуда)-и тасвироти нависанда мебинанд. Дар ин масъала, Ҳафиз Раҳмон баробар бо афкори адабиётшиносону назариётчиёни адабӣ, андешаи намояндагони адабиёти классикии форсу тоҷик, Шамс Қайси Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва Форобиро ба сифати далели раднопазир дар баҳогузорӣ ба шинохти адабиёт иқтибос меорад. Ибни Сино бар он андеша буд, ки ҳақиқати бадеӣ аз ҷониби шоир ё нависанда бо ду роҳ тасвир карда мешавад: тасвири реалӣ (воқеӣ)-и зиндагӣ ва таҷассуми дурӯғини рӯйдодҳои ҳаёт. Муҳаққиқ дар ин масъала афкори адабиётшиноси шинохтаи муосир Абдунабӣ Сатторзодаро меорад, ки вай гуфтаҳои Ибни Синоро таҳлилу баррасӣ кардааст. Дар маҷмуъ, аз иқтибосоту хулосабарориҳои Ҳафиз Раҳмон маълум мегардад, ки кулли олимону адабиётшиносон ва ноқидони сухан, чи дар замонҳои гузашта ва чи муосир, дар таърифи адабиёти бадеӣ бо ҳам дар як нуқта бархӯрд мекунанд. Мазмун, адабиёти бадеӣ зиндагиро айнан нусхабардорӣ намекунад, балки рӯйдодҳои онро ба таври образнок муҷассам месозад.
Боби дуюми асари мавриди назар «Махсусиятҳои муносибати методологии шинохт (дарк)-и табиат ва моҳияти адабиёт» унвонгузорӣ шудааст. Вазифаю рисолати назарияи адабиёт ҳамчун илми алоҳида дар таҳқиқи ҳамаҷонибаи осори бадеӣ аз ҷиҳати бармало сохтани табиати асар, вижагиҳои бадеии он, хусусиёти жанрию сабку шеваи нигориш, услуби таълиф ва ғайра, инчунин мақсади таърихи адабиёт – нишон додани рушду таҳаввули падидаҳои адабӣ, раванди ташаккули таърихии ин равандҳои адабӣ маҳсуб меёбад. Бояд зикр намуд, ки доираи мулоҳизаронию натиҷагирии илмии Ҳафиз Раҳмон дар ин қисмат доманадору батафсил буда, муҳаққиқ чун дар боби аввал ақидаҳои олимони қарнҳои гузашта Арасту, Афлотун, Симонид Кеосский, Сенека, Лессинг, Бомарше, Сорел, Дидро, Батте, Буало ва дигар фозилону назариётчиёни адабиётро меорад. Донишмандони номбурда фарқияту тафовути адабиёти бадеиро аз дигар навъҳои санъат баён намуда, ҳамзамон, умумияту муштаракоти онро бо мисолҳои воқеӣ тавзеҳ медиҳанд. Аз таҳқиқи Ҳафиз Раҳмон марҳалаҳои инкишоф ва рушди тадриҷии ғоявию бадеии адабиёт аз давраи Юнони қадим, Рим, мамолики Аврупо (Англия, Франсия, Италия…) то ба асрҳои баъдӣ таҳлил ва бозтоби илмии худро меёбанд. Аз ҷумла, гуфтаи Симонид Кеосский ҷолиб аст, ки ӯ иртиботи амиқи санъати рассомиро бо шеър (умуман назм) ҳатмӣ мешуморад. Демокрит бошад, дар ин масъала алоқамандии мусиқӣ ва меъмориро бо адабиёти бадеӣ дар мадди назари аввал мегузорад. Ҳамин тавр, Д. Галикарнакский таваҷҷуҳ ба зебоию маърифатро барои адиб муҳим мешуморад. Сенека бошад, дарку фаҳмиши қоидаву қонуниятҳои сарфу наҳв, ҳусни калом, фасоҳату балоғати суханро барои эҷодкор афзалтар медонад. Дар ин қазия, адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон андешаҳои олимон – адабиётшиносон, аз қабили В. Ванслов, Н. Берковский, А. Потебня, А. Веселовский, Г. Тард, О. Фрайденберг, Ф. Брюнетер, В. Волкенштейн, Г. Поспелов, Г. Абрамович… ва дигаронро дар хусуси масоили назарияи адабиёт – ҷинсу жанрҳои адабӣ, забон ва услуби асари бадеӣ, образ, қаҳрамони асар ва монанди ин ба риштаи таҳлил кашида, зикр мекунад, ки барҷастаю ҳунармандона эҷод гардидани асари бадеӣ (ҳамон тавре ки таҷрибаи эҷодии адибон шаҳодат медиҳанд), аз ҷониби адиб марҳала ба марҳала сурат мегирад. Ин гуфтаи худро бо мисолҳои зиёде (аз ҷумла, асари Балзак – «Мазҳакаи инсонӣ», романи М. Горкий – «Зиндагии Клим Самгин», роман-достони А. Пушкин, осори Н. Гогол…) тақвият бахшида, иброз медорад, ки таъсири маънавии адабиёт ва зиндагии инсонҳо, ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳангу тамаддун хеле бузург аст. Дар ин боб, бо нерӯи таъсирбахши худ адабиёт, чунонки сотсиологҳо муайян намудаанд, танҳо аз театр қафо мемонаду халос. Дар боби зикршуда адабиётшинос Ҳ. Раҳмон мавзуи баҳси деринро, ки таҳқиқу омӯзиши аҳвол ва осори адиб дар муайяну мушаххас намудани ғояву консепсияи бадеию фалсафии эҷодиёти ӯ нақши мондагору муассир дорад, бо диду фаҳмиши худ аз нигоҳи илмӣ баррасӣ менамояд. Нуқтаҳои асосии таърифу баҳогузорӣ дар ин масъала бо овардани гуфтаҳои адабиётшинос Ш. О. Сент-Бёв (1804-1869) натиҷагирӣ шудаанд. Таври мисол, Сент-Бёв дар раванди омӯзиши паҳлуҳои асосии эҷодиёти адиб дар даҳ боб таҳқиқи муфассали зиндагиномаи эҷодкорро пешниҳод мекунад, ки омӯзанда аст.
Дар боби сеюми асар – «Проблемаҳои таҳқиқи жанри ҳикоя: сарчашмаҳо, сохтор ва ташаккулу таҳаввули он» адабиётшинос пиромуни моҳияти илмии мафҳуми жанр, сохтор ва табиати жанрии ҳикоя, нигоҳи илмию назариявии олимон доир ба хусусиёти ҳикоя ва сохтору сужети он, тасвири характери қаҳрамон дар ин навъи хурди адабӣ, забону нигориш ва услуби нависанда, маҳорату ҳунари эҷодии ӯ ва монанди инҳо андешаронӣ намудааст. Бахусус, таърифи адабиётшиносон Б. В. Томашевский, Г. Н. Поспелов, В. У. Хализев, Л. В. Шепилова, Ф. М. Головенченко дар масъалаи моҳияти жанрии ҳикоя ва сохтмони ҷузъи таркибҳои сужети он хеле таваҷҷуҳбарангез буда, доварии онҳо дар муайян намудани ҳикоя ҳамчун жанри адабӣ аҳамияти калон доранд. Ба андешаи Ҳафиз Раҳмон, ҳикоя тасвири хурду мухтасари лаҳзаҳои зиндагӣ буда, печутоби мураккабиҳои ҳаёти шахс (ё дигар мавҷудот)-ро ба таври фишурда ва муъҷаз ифода мекунад. Ҳамчунин, дар ин росто, навъи дигари ҳикоя – новелларо набояд истисно кард. Адабиётшиносони муосири рус дар умум, ҳикояро шакли хурди асари ҳамосӣ меҳисобанд. Дар новелла бошад, ҷанбаи нақлӣ (таҳкиявӣ) нақши калон дорад. Ҳафиз Раҳмон дар ин фасли асари худ талошу заҳмат кашида, таҳаввулу такомули жанри ҳикояро ҳам дар адабиёти классикии форсу тоҷик ва ҳам адабиёти муосири ҷаҳон таҳлил ва бознигарӣ намуда, ба он андеша мерасад, ки ҳикояҳои адибони муосири тоҷик бо тасвири ҳолати ботинии қаҳрамон, психологизми амиқ ва хусусиятҳои ғоявию мундариҷавии худ аз таълифоти солҳои 20-50-ум дар адабиёти тоҷик тафовути ҷиддӣ доранд.
Таҳлилҳои амиқи илмию назариявии Ҳафиз Раҳмон дар бораи паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти нависандаи маъруфи тоҷик, шодравон Фазлиддин Муҳаммадиев дар боби «Принсипи инсондӯстӣ (гуманистӣ) ва асари реалистӣ» тафсилоти бештар пайдо кардааст. Муҳаққиқ консепсияи гуманизмро дар осори адибони ҷаҳон ҷустуҷӯ намуда, бо сароҳат эълон медорад, ки кулли асарҳои безавол реша дар тасвири ормонҳои инсондӯстона ва дар маҷмуъ, моҳияти ахлоқии зиндагии одамон доранд. Ҳафиз Раҳмон бад-ин манзур аз эҷодиёти адибони олам, чун Франсуа Рабле, Вилям Шекспир, Мигел Сервантес, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ мисолҳо оварда, таъйид мекунад, ки ақидаҳои инсондӯстӣ шабеҳи нахи сурхе аз байни тамоми асарҳои нобиғагони адабиёт мегузарад.
Дар адабиёти муосири тоҷик, хоса наср, асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев дорои ғояи баланди гуманистӣ ва таблиғи арзишҳои волои ахлоқӣ мебошанд. Ба андешаи муҳаққиқ, дар эҷодиёти Ф. Муҳаммадиев, аз ҳикояву қиссаҳо то романи «Палатаи кунҷакӣ»-и ӯ, қудрату бузургии инсон ва ормонҳои ахлоқии мардум дар пояи баланд инъикос гардидаанд. Қаҳрамонони ҳикояву қисса ва романи ягонаи нависанда шахсони ҳалолкору меҳнатдӯст, ҳақиқатхоҳу адолатҷӯ ва нисбат ба ноҳаққию беинсофиҳои гуруҳу афроди алоҳида оштинопазиру якқавла мебошанд. Ҳафиз Раҳмон таҳқиқи бадеии ҷаҳони ботинии инсонро бавижа дар романи «Палатаи кунҷакӣ» аз ҷониби нависанда муфассалан таҳлил намудааст.
Инсонҳои соҳибдилу накӯрой ва бо хислатҳои бади одамӣ муқовиматпазир, монанди Носир Аббос, Иброҳимҷон, Ивон-амак ва … дар ҳама ҳолат бо ормонҳои адолатхоҳӣ ва ҳақиқатҷӯӣ, ки аз тарбияи баланди ахлоқии онҳо шаҳодат медиҳад, бо хислатҳои манфие, чун хушомадгӯию чоплусӣ, манфиатхоҳӣ, қаллобию фиребгарӣ, бевиҷдонию бемасъулиятӣ ва амсоли инҳо мубориза мебаранд. Дар ин роҳ онҳо ба бемориҳои сактаи дилу фишорбаландӣ гирифтор мешаванд. Андешаҳои фалсафию ахлоқии нависанда, ба ақидаи Ҳафиз Раҳмон, дар мулоҳизаронии яке аз қаҳрамонони роман – Иброҳимҷон ба таври равшан ифода ёфтааст. Яъне ҳар қадар инсон бомасъулияту поквиҷдон бошад, ҳамон андоза ба ӯ фишор меоранд, ба пешравию дар ҷомеа соҳиби обрӯю манзалате гардидани ӯ садди маснӯӣ эҷод мекунанд. Ва баръакс, ҳар қадар инсон пасту сифла бошад, ба ҳамон андоза гули сари сабади маҳфилу маҷолис асту аз лаззатҳои зиндагӣ бархӯрдор…
Моҳияти умумибашарии осори Фазлиддин Муҳаммадиев маҳз дар инъикоси масоили ахлоқӣ ва равандҳои инсонгароёнаю гуманистии онҳо нуҳуфтааст.
Дар ду боби дигари асар Ҳафиз Раҳмонов ба методологияи ҷусторҳои илмию назариявии вижаи худ содиқ монда, моҳияти рушди жанри ҳикояро дар адабиёти тоҷик ва раванди эҷодиро дар таъсири адабиёти бадеӣ ба афкори ҷомеа баррасӣ менамояд.
Умуман, китоби нави Ҳафиз Раҳмон – «Ҷанбаҳои назариявии маърифати адабиёти бадеӣ» дар илми адабиётшиносии тоҷик қадами ҷиддӣ буда, ҷиҳати омӯзиши паҳлуҳои гуногуни осори бадеӣ ва равандҳои нави адабӣ хидмати арзандае анҷом хоҳад дод.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь