Аз 13 то 16-уми феврали соли 2013 Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов пайваста драммаи «Тӯҳфа аз муҳоҷират»-ро намоиши медод.

Муаллифи пйеса ва режиссёри таҳиягар Шодӣ Солеҳ.

Маро чизе дар вуҷудам мегуфт: нарав, вақтро беҳуда мекушӣ, зиқ мешавӣ, пушаймон мешавӣ. Ин боз ҳамон моле аст, ки мислашро борҳо дида будӣ. Аммо гарданшахӣ кардам. Рафтам. Балки як дӯсти андешамандамро низ бо худ бурдам. Ва баъд, раҳораҳ то расидан ба бинои театр, тарсидам. Гумон кардам, ки ба худам гуноҳ харидам, зомин шудам ба вақти беҳуда сарф шудаи ҳамраҳам.

Шояд ин боис шуд, ки бо ғараз омадам сӯи театр. Ба ҳама чиз хӯрдагирӣ мекардам. Дар гӯшаи бинои он дар бахши тарғиби намоишҳо унвони намоишро, ки бо ҳарфҳои калон навишта шуда буд, хондам: «Тӯҳфа аз муҳоҷират». Гуфтам, чӣ номи беранг! Хотирмон нест.

Ба толори намоиш ворид шудем. Пардаи саҳна нопӯшида буд. Ва фаҳмидем, ки моро лозим меояд, ки бо ҳамин ороиши саҳнаи бенуру ноҷолиб минбаъд қаноат кунем. Чароки медонем – театри давлатии ҷавонони кишвар дар қатори яке аз камбағалтарин театрҳост…

Чора нест. Балки моро ҳамин қабил театрҳо одат кунонидаанд, ки мисли бузургони гузашта, гӯем: на ҳамин саҳнаи зебост нишони театр. Ҳусн ва чеҳраи театр ҳамеша драмматургияи қавӣ, режиссураи олӣ ва ҳунарпешаи баистеъдод буду ҳаст…

Моли кист ин намоиш?

Э, аз устод Шодӣ Солеҳ?! Ин тавр бошад, фоли нек аст. Механдем. Устод воқеан, комедиографи варзидаанд. Моро ба худамон муаррифӣ карда, содалавҳиҳоямонро ба мо нишон медиҳанд ва механдонанд. Моро бо ханда мекушанд. Не. Балки моро бо ханда бедор карданӣ мешаванд. Агар бедор шавем. Агар инро бихоҳем…

«Тӯҳфа аз муҳоҷират» шурӯъ шуд. Оғози намоиш хабардор кард, ки дар он ҳамон танз, шӯхиҳои намакини пур аз ишора вақти моро хуш хоҳад кард.

Вале минбаъд ин тавр нашуд…

Мо бо пешниҳоди шодравон Фаррух Қосимов одат карда будем, ки театр – саҳнаи ёд аз гузашта аст, саҳнаи ҳикматомезу пандбори пирон, ҳадиси Юсуфи гумгашта аст.

«Мутафаккирони гузаштаву ҳозира сухан аз тафсири ҷаҳон мекарданду мекунанд, ҳол он ки гап сари он аст, ки ҷаҳонро дигаргун мебояд кард…».

Устод Шодӣ Солеҳ бошад моро то ин намоишаш одат кунонда буд, ки зиндагӣ аслан саросар танз аст, содалавҳист, пур аз ханда ва мазҳака. «Тӯҳфа аз муҳоҷират» ҳарчанд тамошобинро гоҳ-гоҳе ба ханда меовард, вале ин хандаҳо бештар гиряолуд буданд. Ин дафъа дар намоиши тозааш Шодӣ Солеҳ собит кард, ки театри ӯ метавонад рангоранг бошад, натанҳо пур аз ханда, пур аз мазоқу мазҳака.

Устод Шодӣ собит кард, ки театри ӯ як зайл ва ё доири як жанр нест. Яъне, ин намоиш аз паҳлӯи дигари то индам зуҳурнаёфтаи устод Шодӣ ҳамчун драмматург, ҳамчун режиссёр ва ҳунарпеша дарак дод…

Спектакл анҷом ёфт. Ва хушнуд аз он будам, ки дӯсти сахтгиру андешамандам дар поёни спектакл «Офарин!» гуфт.

Асар дар воқеъ, таассуроти хуб гузошт. Ба он далел, ки қиссаи дар саҳна таҷассумшуда драма буд, воқеӣ, пур аз дард. Ва он дар бозии волою касбии кулли актёрон ҳиссиёти тамошобинро бедор мекард.

Ҳиссиёт бедор кардан – яке аз омилҳои аввалин ва калидии ҳама гуна асари бадеист.

Дилам сӯхт ба қиссаи он ду ҷавон. Ориф – ҷавонест, ки пеш аз издивоҷ дар муҳоҷирати меҳнатӣ будаасту худаш нафаҳмида касалии ваҳмангез – ВИЧ СПИД-ро гирифтор шудааст. Баъд аз санҷиши хуни ҳамсари соҳибҷамолаш Зевар бо сабаби ҳамиладорӣ маълум мешавад, ки ҳар ду ба ҳамин касофат гирифтор шудаанд ва ҳатто шояд кӯдаки дар батн буда низ аз ин маризӣ сироят ёфтааст. Дар мағзи одамон чунин таассуб ҷой гирифтааст, ки ин маризии зикр шуда табобатнашаванда аст. Ва барои ҷавононе, ки нав издивоҷ кардаанду минбаъд орзуву армони зиндагии хушбахтона карданро доранд, зарбаест фоҷиабор. Вақте ҷавонеро, ки тамоми вуҷудаш зиндагӣ кардан мехоҳад, ишқ фавора мезанад, дар мағзаш гӯё мехе мезананд печдор ва он занг мезанад, мепӯсад ва ӯро гаштаву баргашта аз наздик шудани замони мурданаш огаҳ мекунад – ин фоҷиа аст! Илова ба ин, фикри он ки ту сабабгори ба ҳамин маризӣ гирифтор шудани каси дигар – инсоне шудаӣ, ки туро азиз аст, дӯсташ медорӣ ва ӯ метавонист туро фарзанд эҳдо кунад – фоҷиаест аз ин гаронтар! Ба замми ин, вақте, ки атрофиён, аз муллои масҷид сар карда то духтурон ва аҳли ҷомеа туро бо ин иштибоҳи беихтиёрат маҳкум мекунанд, вақте мебинӣ, ки азизат, завҷаи дӯстдоштаат бо фарзанди ту дар батн қасди худкушӣ мекунад, ба уқёнуси ғам ғӯта мезанӣ. Фақат падари солхӯрдаи поквиҷдону сахтгират (бобои Абдулло) аз ту даст намекашад, туро ва келини азияткашидаашро бо асои чӯпонӣ аз ҳамлаи маҳкумкунандагон дифоъ карданӣ мешавад…

Ин қисса саркушода анҷом меёбад. Нуқтаи охирин надорад. Ва тамошобин бе ихтиёр пеши суолҳо мемонад. Аввалан суолҳо мустақим ба мундариҷаи қисса нигаронида шудаанд. Мисли ин ки бо чӣ анҷом меёбад- сарнавишти ин ду ҷавон? Оё кӯдаки дар батн буда ҳам ба ин касалӣ гирифтор мешавад? Оё мусафеди якраву адолатҷӯ бо меҳри беҳамтои падариаш ба муқобили ҷомеаи пур аз таассуб пирӯз мешавад?

Баъдан бидуни ихтиёр тамошобин меояд ба андешаи суолҳои амиқтар…

Сухан инҷо аз одамият аст. Сухан сари он аст, ки оё мо метавонем нафаронеро бифаҳмему бубахшем, ба ишон дасти ёрӣ дароз кунем, ки гоҳе бо айби кӯтоҳандешии лаҳзавиашон ва ё гоҳе бидуни огаҳӣ гирифтори маризии касофатовар шудаанд?!

Дар ҷомеаҳои мухталиф муносибат ба ин гуна маризон ҳар хела аст. Ҷомеаҳое ҳастанд, ки онҳоро маҳкум мекунанд, таҳқир менамоянд, лаънат мехонанд.

Худо бахшандаву меҳрубон, мегӯянд. Оё мо, бандагонаш метавонем ин сифати илоҳиро дошта бошем?

Дар спектакли «Тӯҳфа аз муҳоҷират» саҳнае ҳаст, ки сардухтури поликлиника аз гирифтории ин маризӣ ба тундӣ ва гилаи таҳқиромез мегӯяд: – Бо сабаби номнавис шудани маҳз шумоён… ба ман вазифаи баланд надоданд!

Ва аз ин зайл муносибати бераҳмона ба маризон дар ин асар хеле зиёдаст. Балки тазоди асосии асар на танҳо драмаи он ду ҷавони сироятшуда, балки муносибати бераҳмонаи тангназарон аст, балки иникоси костагиҳои маънавиёти мо аст, ки зери таассуб монда. Навоварии асари номбурда аз диди камина ин масъалаи доғро на ба тарзе, ки он дар ҷаҳон матраҳ мешавад, овардааст, балки кӯшидааст онро бо ҳастии воқеии имрӯзаи мардуми тоҷик вобаста намуда, масоили мубраму доғро аз дидгоҳи арзишҳои одамгароии фарҳанги тоҷикон баррасӣ намояд.

Ба назари густохонаи банда «ВИЧ СПИД» – моли сивилизатсияи технократии вайроншуда ва нопок аст, ки дар он инсон қадри зиёд надорад. Ва тоҷикон, ки ҳанӯз ба ин сивилизатсия кам гаравида буданду кам ба кишварҳои дигар муҳоҷират мекарданд, дар замони шӯравӣ нисбати ин маризӣ ташвиши зиёд надоштанд. Вале баъди пош хӯрдани шӯравӣ оҳиста-оҳиста ин маризии фоҷиабор ба сари мардуми мо низ омад. Чароки бачаҳои ҷавон маҷбур шуданд муҳоҷират кунанд, барои хонаводаашон пул кор кунанд. Ба истилоҳ, онҳо гаравгони ин гуна мусибатҳо шуданд. Онҳо гарвгони СПИД, наъшамандӣ, саратон, коронавирус ва амсоли ин нопокиҳо шуданд…

Замони бераҳм, вазъи хароби иқтисодӣ-молиявии оилаи тоҷик сабаб шуд, ки ин зайл маризӣ ба хонаҳои мо ворид шуд. Айб бештар дар ин аст, на дар бадахлоқии фарзандонамон. Агар раҳоӣ меҷӯем, мебояд ба решаи масъала нигоҳ кунем, на ба натиҷаи он.

Касе мегуфт, ки бояд ҷавононро пеш аз ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанашон лозим аст, ки ҳамин спектаклро бубинанд. Дуруст аст, аммо ин – ҳадафи охирини намоиши устод Шодӣ нест. Асар плакат ки нест. Онро нашояд танҳо ҳамчун моли ташвиқӣ ва ё  тарғибӣ муаррифӣ кард. Ин асар мавзунтар ва бориктар аз ташвиқу тарғиб аст. Дар он нерӯи истеъдоди нодир ва ҷӯяндагӣ дида мешавад. Дар он шахсияти эҷодгари навовар хеле рӯшан ифода ёфтааст. Намоишнома чеҳраи хос дорад, такрорнашаванда аст. Ин асар қиссаест, ки дар он ҳар қаҳрамонаш дарде дар вуҷудаш дорад. Ва ҳар як ҳунарпеша, ки дар он бо истеъдоди баланд нақш офаридааст, мекӯшад ҳамин дардро ба тамошобин ифшо кунад.

Ва умуман дидам, ки новобаста аз бузургиву кӯчакии нақш аксарияти ҳунарпешагон аз худи устод Шодӣ сар карда, то Г. Абдуллоева, Т. Розиқов, Н. Мӯсоев, С. Қурбонова, М. Ёрова, Қ. Мирзоев таҷрибаи синамоӣ доранд, яъне дар филмҳо нақш офаридаанд. Шояд аз ин буд, ки дар бозии актёрон ман бозии «театрӣ»-ро кам дидам. Бозии «театрӣ» – ин вақте ки ҳунарпешагон оҳу воҳи сохтакорона карда, грими зиёдро дар чеҳра молида, ба тариқи лӯъбатакон даст «мешиканад», мисли зочаҳо ҳаракату худнамоӣ мекунанд. Вале дар намоиши «Тӯҳфа аз муҳоҷират» ба гуфти дӯсти андешамандам бозии ҳунарпешагон воқеӣ, ҳаётӣ буд. Яъне марз миёни рафтору аъмоли табиии инсонҳо дар зиндагии воқеишон ва таҷассуми онҳо аз ҷониби актёрон дар саҳна қариб ки мушоҳида намешуд. Дар ҳар сурат ман дар «Тӯҳфа аз муҳоҷират» ба ҳамин бозии актёрон бовар кардам…

Умуман худи таҳияи намоиш дар усули синамо ба назар расид. Иллати аввали ин даъво ин аст, ки темпоритми спектакл ба қавле пауза надошт, мисли филм буд, ки дар як раванди ягонаи таҳаввулкунанда пешниҳод мешуд. Ва ҳамин чиз рафту рушди эҳсосоти тамошобинро канда намекард. Яъне тамошобин аз намоиш таассуроти яклухт мебаровард.

Дуюм – технологияи пешниҳоди саҳнаҳо шабеҳи синаморо дошт. Саҳнаҳо ба тариқи истифодаи хоси рӯшанидиҳандаҳо ба сужаҳои гуногуни ҷудогона баррасӣ шуда, актёрон на танҳо дар саҳнаи асосӣ, балки тамоми фазои толори намоишии театрро истифода мекарданд. Яъне рӯшаниандозиҳои хосу мантиқдор, гуногунии саҳнаҳо дар як вақт монтажи (тадвини) синамоиро шабоҳат доштанд. Ин тарзи пешниҳоди саҳнаҳо ҳарчанд дар театр чизи нав нестанд, вале «забони» намоишро бой ва диққатҷалбкунанда намудааст.

Саввум далели ба тариқи синамоӣ баррасӣ шудани «Тӯҳфа аз муҳоҷират» ин буд, ки воқеаҳои рӯи саҳна рухдиҳанда боварибахш буданд. Тамошобин фаромӯш мекард, ки асари саҳнавиро мебинад. Яъне бовар мекард. Бовар кунондани тамошобин – ин яке аз унсурҳои калидӣ ва ҳатмии синамо аст. Ва албатта, моли театр ҳам ҳаст, театри асил. Чароки К.С. Станиславский дар рафти кор бо ҳунарпешагон гоҳе «бовар надорам» мегуфт. Актёрон мисли ҳама гуна намояндагони ҳунар ба табақаи статист, ҳунарпешаи косибтабиат ва истеъдоди баланди нотакрор дошта, табақабандӣ мешаванд. Банда ба он ақида тарафдор будам, ки мӯсафеди Станиславский бештар ниёз ва таманно дошт, ки ҳамин гуна актёронеро рӯи саҳна биоварад, ки бо омаданашон рӯи саҳна, барандаи образе бошанд, ки фаҳмо бошад бидуни ҳарфзанӣ. Танҳо бо мимика, бо чеҳра ва чашмони гӯё. Станиславский чунин актёрро тарбия кардан мехост, ки бо пайдо шуданаш рӯи саҳна Кӣ будану чикора буданаш фавран маълум гардад. Агар ӯ рӯи саҳна ва ё дар экрани кино пайдо мешуд, ҳеҷ гуна сухани иловагие лозим набуд. Бо нигоҳаш, бо сураташ ҳамон маънии заруриро баррасӣ мекард. Мегӯянд, ки Станиславский актёронро «ҷоду» мекард. Онҳоро то андозае ба ваҷд меовард, ки эшон маҳз ҳамон лаҳза, ҳамон замон, дар ҳамон спектакл нақшҳои худро бо илҳом ва истеъдоди баланд бозӣ мекарданд. Ва маҳз ҳамин усули ӯро баъзе аз мутахассисин усули синамоӣ номида буданд. Дарвоқеъ, дар синамо истилоҳи «крупный» (бузург) ё «суперкрупный план» (плани аз ҳад зиёд бузург) вуҷуд дорад. Ин усули филмбардориест, ки дар он одатан чеҳраи инсон ё объекти тасвир ба тариқи хеле бузург инъикос меёбад. Дар филми бадеӣ ин усул маҳз барои нишон додани чеҳраи актёр ва ҳатто узвҳои алоҳидаи он рӯи навор меоянд. Ин кор ба хотири он содир карда мешавад, ки тибқи драматургия дар ҷузъ кулли вазъи равонии нақшро дар намои чашмон ё ҳаракати лабҳо ё мушакҳои рӯй нишон диҳанд.

Бохабар шудем, ки баъзе аз мунаққидон ин усули таҳиягарии Станиславскийро нақд мекардаанд. Мегуфтаанд, ки вай актёронро барои як спектакл тайёр мекард. Аз ин рӯ, актёр нақшашро гӯё танҳо дар як намоиш ба илҳом бозӣ мекард. Дар дигар спектаклҳо гӯё танҳо аз рӯи ҳирфавият, механикӣ бозӣ мекард. Ман ба ин нақд мувофиқам нестам. Актёри боистеъдод дар ҳама маврид боистеъдод аст. Ҳатто дар ҳолате, ки драматург ё режиссёри ноӯҳдабаро ба ӯ чизи арзандае пешниҳод карда натавонанд. Мисли Ато Муҳаммадҷонови зиндаёд …

Аммо агар ин баҳс нисбати илҳоми яклаҳзаинаи ҳунарпешагон рост бошад, пас ба ман ва дӯсти андешамандам, дар паҳлӯи чанд табошобини ангуштшумор ҳамон рӯзи намоиши «Тӯҳфа аз муҳоҷират» омад кард. Мо шоҳиди қиёми боилҳоми бозиҳои актёрӣ шудем. Ҳама бо илҳом бозӣ мекарданд. Ҳама ҳаракату аъмоли эшон маънӣ дошт, мантиқ дошт. Ҳама рафтору хислати онҳо табиӣ ва боврибахш буд, таҷассумгари воқеият буд. Ҳар кадом нақш дар худ тазоде дошт алоҳида. Барои он ки дар худи драматургияи асар «чизе» буд, ки онро актёрон бозӣ мекарданд.

***

Дар осори Шодӣ Солеҳи драматург (номбурда чанд ихтисос дорад: драматург, актёри театр ва кино, режиссёри ҳамин ҳунарҳо, ташкилотчии маъмурии соҳаи театр) як умумияти сабкиро мушоҳида кардам: реализми бе рамз, реализми сода, аввал бешиддат, бо ритми худи воқеият, реализме, ки онро дар асарҳояш Эрнест Хемингуэй истифода мебурд (истифодаи исми Хемингуэй на барои бардурӯғу беасос монанд кардани сатҳу сифати эҷодиёти Шодӣ Солеҳ бо сатҳу сифати эҷоди нависандаи машҳури амеркоӣ мебошад. Чунин таъриф маъмулан хоси муҳаққиқони ҳарзагӯй аст. Ҳар як аз ин устодони эҷодкор мақому истеъдоди нотакрор дораанд. Балки мо ин усулро фақат барои шабеҳии модели реализм истифода кардаем, ки ин шахсиятҳо дар асарҳояшон мувофиқ медонистанд). Реализме, ки дар сохтори умумии асар фазои вазъро ишғол мекунад. Сужет ва диалогҳо дар осори Шодӣ Солеҳ гӯё мисли дарёи осуда ҷараён доранд. Хонанда ва ё бинандаи асарҳояш, ки саҳнагузорӣ шудаанд, ягон ҷумбиши ғайричашмдоштро пай намебарад, то расидан ба кулминатсия. Вале дар кулминатсия сабаби ин равониву “бетазодии” нисбӣ рӯшан мегардад. Кулминатсияи асар хонандаву бинандаро ба шӯр меоварад, ҳушёр месозад, ба андеша меорад, дар масъалаҳои муҳими рӯз ҳамфикр менамояд. Бештар ин масъалаҳои мубраму доғи ахлоқианд. Онҳо ба ҳаёти кунунии тоҷикон дахл доранд. Вале дар ин махсусият драматург проблемаҳои ҷаҳониро инъикос мекунад…

То ин кулминатсия муаллиф моро бо ҳасбу ҳол ва хислатҳои қаҳрамонҳояш шинос менамояд. Ҳар як персонаж, хоҳ зан бошад, хоҳ мард ва ё наврас, хислату рафтор, характери ба худ хоси нотакрор дорад.

Ҳатто дар қиссаи кӯтоҳе, ки «Машкан ба дасти хеш…» ном дорад, образи пирамарди лимупарвар чеҳра ва хӯи нотакрор дорад. Вай дар замони бесару сомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ умр ба сар мебурду аз одамони яроқдори одамкуш ҳазар мекард, бо онҳо рӯбарӯ шудан ҳаргиз намехост. Аммо рӯзе ҳамин афрод ба хонаи вай тасодуфан барои ғорат ворид мешаванд. Ва вақте ки онҳо дарахтони лимуро дида, ваҳшиёна шохаҳои оноҳоро шикаста, лиму мечиданд, мусафеди лимупарвар, ки ботарс руст шуда буд, тоқати ин ваҳшигариро накарда, бидуни хатар онҳоро ба одоби инсонӣ ҳидоят карданӣ мешавад. Вале одамкушон кай тоқати одобу насиҳатанд. Худои онҳо ҳамеша зӯровариву яроқ буд. Ҷавоби муйсафеди лимупарвар, ки дилаш аз шикастани шохаҳои дарахтон ба дард омада буд – садои силсилатирҳои “калашников” шуд…

Ман дар ин қиссаи кӯтоҳ модели филмеро дидам, ки саҳифае аз фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ буд… Гӯё ин қисса аз ҳаёти дирӯзаи мост. Вале оё ин қисса бо ҳамин анҷом ёфт?! Магар дар рӯзгори ҳамарӯзаи аҳли башар ин қисса паёпай такрор намешаванд?!

Ҳар як қаҳрамон дар асари устод Шодӣ Солеҳ нотакрор, бо ҳусни шинохташаванда, бо мотивизатсияи рафтору кирдори миллимонанд зуҳур мекунад. Вале дар ин миллимонандӣ хӯю хислати персонажи конкрет ва ҳам ғунҷоиши бани одам нуҳуфта аст.

Мегирем драмаи тозаэҷоди “Атои Худо”-ро. Дар ин асар яке аз персонажҳои асосӣ образи Бунафша ва очааш Шарофат мебошанд.

“Бунафша: Ман ягон касро зорӣ накардам, ки мана омада дар хонаи худамон хуш кунанд!.. Гапа бину… Аз ким-куҷое, ким кадом ҷанобаке, бо кару фар ба хонаи мо ташриф фармуда, маро чаппаву роста тамошо карда, сонӣ интихоб мекардааст!

Шарофат: (Баромада) Ту чизе гуфтӣ?

Бунафша: Гуфтам, ки: ман шалғами бозор нестам! (Ба хонааш медарояд) Шарофат: Гули ман! Арӯсро ҳам интихоб мекунанд.

Бунафша: (Баромада) Арӯс чӣ кор бояд кунад, оча? (Бозӣ мекунад) Хай мана гиред, пушаймон намешавед. Панҷ панҷаам ҳунар. Самбӯсаву фатири қат-қат, оши палову бурида? Марҳамат! Шумо ба завқ бошед, ман рафта ҳезум майда мекунам. Ҳамин хел?

Шарофат: Агар аз дастакат биёяд, чаро не?

Бунафша:  Не, оча!

Шарофат:  Не, нагӯй, духтарҷон. Ту ҳам шалғами гуфтагиат барин, сурху сафед нашаву интихоб кун. Маъқул шавад, ҳа, нашавад, не.

… Шарофат: Сафсатта нагӯй, бачаҷон. Худакат розӣ шудӣ, худакат интихоб кун. Мо туро маҷбур намекунем, духтарам. Ба Умедҷон ҳам ваъда додӣ. Рав! Фишорама набурор. Рафта рангу бората кун, духтарҷон. Чӣ истодӣ? Фишорама…

Бунафша: Рафтам, рафтам оча. (Боз ба хонааш медарояд).

Шарофат: (Худ ба худ) О, мон биёяд, дарояд, бинад, ту ҳам бин. Бину соз бин. Баъд, аз бинӣ, унтарафтар ҳам бин, духтарам. Гуфта намешавад-да, рафту ягон сиёҳӣ ё бурӣ дар гуфтору рафтораш дидӣ…

Бунафша: (Мебарояд, лабу лунҷаш суп-сурх) Мешавад, оча?

Шарофат: Худоё! Бо ин лабу лунҷ, туро аҷина хуш намекунад.   Масхарабоз!

Дар ин порчаи драма муаллиф ҳам характери персонажҳоро тасвир менамояд ва ҳам проблемаи маъмулии хостгориро, ҳам темпоритми ҷарайёни қиссаро.

Бунафша духтари қадрас, лоиқи арӯсшавӣ, эркаи оча ва худшинохта ва дорои сифати нодир – чеҳрашиносу нақдгар аст. Вай ба ин синну соли ҷавонӣ нигоҳ накарда, асилии ҷавҳари ҳар одамро пай мебарад ва мувофиқатан рафтор мекунад. Бо модар рафтори эҳтиромона, вале шӯхомез дорад. Шарофат – модар аст, нозпарвар. Байни ҳар ду диалоги одии пур аз саҳнаҳои шӯхии духтар ва ташвишҳои модар иъикос ёфтаанд.

Мавзӯи баҳс хостгорӣ аст. Муаллиф оини миллии хостгориро тариқи типпӣ нишон медиҳад ва хонанда (бинанда) худаш бурду бохти ин оинро хулоса мекунад. Дуруст будани эътирози Бунафшаро бар оини мардумӣ дастгирӣ мекунад…

Дар ин байн дар диалогҳои Маҳмуд ва Ҷамила муносибати тоҷикии зану шавҳар баррасӣ шудааст. Новобаста аз муносибати драматург ба ин масъала, мушоҳида мешавад, ки дар оилаҳои анъанавии тоҷикӣ муносибати зану шавҳар падарсолорӣ, консервативӣ аст. Яъне тарзе ҳаст, ки зан худро аз шавҳар хеле паст мегирад, дӯғу писханд ва калонигарии шавҳарро дидаву дониста раво медонад ва ҳеҷ гоҳ ба ин ҳукм эътирозе надорад.

Хулоса, чунин муносибат маъмулӣ буда, шоистаи нақд аст. Ин тарзи муносибат дар дигар драмаҳои устод ва муаллифони дигар низ дида мешавад…

Ниҳоят дар поёни қисса ба кулминатсия мерасем.

“Шарофат: Хуш омадед. Қадамҳотон нури дидаву тоҷи… (Таваққуф). Умедҷон. Ту ба хонаи худат даро. (Умед ҳайрон аз ҷой хеста ба модараш нигоҳ мекунад). Ман мехоҳам бо меҳмон алоҳида суҳбат дошта бошам.

Умед: Хуб очаҷон. (Меравад).

Шарофат: (Таваққуфи тӯлонӣ) Маъзарат, меҳмон. (Давида аз ошхона табақчаи орд мебарорад). Анъанаро вайрон мекунем. (Ба китфи Аламшо орд мепошад).

Аламшо: Бас будагист? Шумо…

Шарофат: Не, бас нест, Аламшо…! (Боз мепошад).

Аламшо:  Шумо маро… Шарофат…?

Шарофат: Шарофат. Шарофатам.

Аламшо: Э вой! Инҳо мана куҷо оварданд?

Шарофат: Худо туро овард, Аламшо, Худо.

Аламшо: Шарофат.., ман хобам ё бедор…?

Шарофат: Бедорӣ, бедорӣ, бозӣ накун.

Аламшо: Шарофат! Бунафша ҳам аз ман аст?

Шарофат: Аз ту, аз ту. Агар ту аз вай бошӣ…

Аламшо: Нафаҳмидам, Шарофат?

Шарофат: Бунафша дар қадам буду ту ҷоната каҷ кардӣ.

Аламшо: Не, Шарофат! Овозаи: Силоҳдорон омаданд!- маро маҷбур кард! Агар ман намегурехтам, туву Умед ҳам ҳадафи тир мешудед.

Шарофат: Сӣ сол гурехтӣ-е. Сӣ сол…

Ҳаракату ташвишҳои Шарофат ранги дигар мегиранд. Сухан аз арзишҳои ҷавҳарӣ, аз одобу рафтори мардонагии зан ва заифии мард шурӯъ мешавад…

Драмаи мазкур ҳамчун дастури одамгарӣ ҷилва мекунад. Мурод падар будани Асламшоро аввал қабул надошт, аз ӯ рӯ тофт. Вале баъд аз фаҳмидани Бунафша дар бораи зинда омадани падараш ба ҳавлиашон ва меҳри фарзадӣ зоҳир кардани вай, Мурод ақидаашро оҳиста-оҳиста дигар мекунад.

Дар ин саҳнаи пайдошавии падар драманавис якбора чанд масъалаи маънавию ахлоқиро гузоштааст. Муносибати зане, ки аз рафтори собиқ шавҳараш ранҷур буд. Вале ҷавҳари инсондӯстии Шарофат боло гирифта, аз падархоҳии духташ ва муносибати сарди писараш ба падар, тарафдори Бунафша мегардад.

Яъне ин саҳнаҳо ҳар кадом дар ҳаракатанд, таҳаввулот доранд. Ин воситаи тасвир дар драмаи имрӯзаи тоҷик яке аз усулҳои нодир аст. Фарҳанги инсонӣ сифатҳои хубу пешқадами худро зоҳир менамояд, кунду шахшӯл, беҳаракат нест. “Аввалан, шахс худро ҳамчун падидаи ягона, якхела ва воҳиду комил дарк мекунад, аз идомаи ҳастии худ ва нигоҳ доштани ин ваҳдат, сарфи назар аз ҳама дигаргуниҳои рухдода огоҳ аст. Сониян, ҳувияти фардӣ бо он вобаста аст, ки ин ҳувият ва идомаиятро дигарон, яъне ҷомеа, муҳити иҷтимоӣ эътироф ва тасдиқ мекунанд”.

Ҳамин усули пешниҳоди мавод дар дигар драмаҳои Шодӣ Солеҳ нотакрор, ба таври хос мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, дар драмаи тозаэъҷоди устод “Қумрӣ шишту Шоҳин парид…”. Дар хонаводаи Одилу Адолат фарзандашон Шоҳин, ки солҳои дароз бо иллате гунг шуда буд, тасвир мегардад. Тамошобин гумон мекунад, ки бенутқии Шоҳин абадӣ аст.

Аммо дар кулминатсия… Боз ҳамон кулминатсия… Дар кулминатсия воқеаи ғайричашмдошт рух медиҳад. Шоҳини гунг ногаҳ овоз мебарорад…

Хуб мебуд, агар драмаро худатон, хонандаи мӯҳтарам, дар маҷмӯаҳои чопшудаи устод қироат мекардед. Ё агар бахтатон омад кунад, дар саҳна медидед…

Бояд таъкид кунам, ки хотимаи қисса анҷом надорад. Онро мебояд мову шумо – тамошобинон анҷом диҳем. Ин усул тахайюли бинандаро фаъол менамояд, ӯро шарики муллиф менамояд, ҳаммуаллиф мегардонад…

Чи хуш муаллифе, ки бинандаро ҳаммуаллиф худ менамояд!

Дигар ҳамин…

Саъдулло РАҲИМОВ,

фарҳагшинос

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь