Чанде пештар дар сафҳаҳои фейсбук оид ба воқеаҳои Афғонистон ва Панҷшеру Аҳмади Масъуд навиштаҳои бисёр пахш мешуданд, ки хеле хуб буд, зеро ҳамдиливу ҳамовозиву ҳамдардии мардуми тоҷикро ба бародарони худ – мардуми Афғонистон баён мекарданд. Дар ин кор ҳар кас ба қадри тавону имкони худ иштирок мекард, яке бо навиштани хабар, дигаре даъват, мақола, хулоса, ҳар кас бо чизе, ки дораду метавонист, саҳм мегузошт. Шоирон ҳам аз ҳамин қабил, бо шеъри худ ширкат мекарданд, аммо дар сафҳаи яке аз гурӯҳҳо хондам, ки чунин навишта буданд: “Ба Аҳмад шеър нанависед, ӯ ба кумак ниёз дорад” ва баъзеҳо ба ин навишта лайк ҳам гузошта буданд. Албатта, гурӯҳи дигар ҳам буданд, ки ин навиштаро накӯҳиш мекарданд. Ҳоло мебинам, ки баъзеҳо аз ҷиҳати рушду нумувви илму фановарӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ қафомонии шарқро аз ғарб ва халқи тоҷикро ҳам аз ғарбиён ба гӯё дилбастагии онҳо ба шеъру шоирӣ нисбат медиҳанд. Ба ин муносибат банда ба худ иҷоза медиҳам, ки дар ин бора ақидаамро бинависам.

Ман нахуст дар ҳайратам, ки дар як гурӯҳи мардум ин ночиз гирифтани шеър ва бо як ҳавобаландие дар бораи шеъру шоир сухан гуфтан аз куҷо пайдо шудааст. Оё онҳое, ки бо чунин лаҳн дар бораи шеър- олитарин кори сухан менависанд, худ ба чӣ коре машғуланд, ки бунёдкору мондагортар аз маҳсули сухан аст?! Оё онҳо медонанд, ки шеър – сухан инсон месозад, чӣ чизе аз сохтани инсон муқаддамтару олишонтар аст. Оё онҳо медонанд, ки дар “Китоби муқаддас”, ки онро “Қуръони карим” ҳам таъйид кардааст, чунин гуфта шудааст: “Дар ибтидо калима буд ва калима назди Худо буд… ҳама чиз ба воситаи ӯ офарида шуд… дар ӯ ҳаёт буд ва ҳаёт нури инсон буд” (“Инҷили Юҳано”, ояҳои 1-4.). Ва агар ба гуфтаи бузургон рӯй биёварем, чунин суханҳоро мехонем:

Сухан дӯзахеро биҳиште кунад,

Сухан мазгитеро куниште кунад.

(Асадии Тӯсӣ)

Ёдгоре, к-аз одамизод аст,

Сухан аст, он дигар ҳама бод аст.

(Низомии Ганҷавӣ)

Сухан з-осмонҳо фуруд омадаст,

Бар иқлими ҷонҳо фуруд омадаст.

(Абдурраҳмони Ҷомӣ)

Ва аз ин гуна ҳарфҳое, ки дар ситоиши шеъру сухан гуфта шудаанд, китобҳо мешавад таҳия кард. Оё он ҳама беҳудаанд, ки имрӯз гурӯҳе шоиронро аз гуфтани сухан дар мавриде, ки шояд аз тиру туфанг ҳам заруртар аст, дар сафҳаҳои фейсбук водоштанӣ мешаванд? Агар манзур аз ин гуна суханҳо ҳар чӣ зудтар расонидани ёрии ҳарбиву силоҳ ба муқовиматгарон бошад, (ҳарчанд ҳар чӣ ба ҷойи худ аст), ба эшон расида бод, ки ин гуна тасмимҳо аксаран на ба воситаи эълом доштан гирифта шуда, махфӣ ҳам дошта мешаванд.

Ҳоло баргардем ба сари кори сухану шеъру шоир, ки ба эшон намефорад. Ҳарфҳои ба ин монанд чанд вақт пеш ҳам садо дода буданд, ки мо гӯё ҳама побанди шеърему ин сабаби қафомониамон дар соҳаҳои дигари илму технику тараққиёт шуда бошад. Нахуст бояд қайд кунам, ки мо гӯё ҳама ошиқи шеърему олам-олам шеър медонем, муболиғаи маҳз аст, зеро то ба роҳ андохтани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, шеърдонии мо дар дараҷаи ниҳоят пасте буд, ки шарми кас меомад. Ҳоло ҳам шеърро аксаран талабаҳо, донишҷӯёну муаллимон азёд мекунанд, ки сабабаш ҳам маълум аст, агар воқеан ҳам дӯстдори шеър мешуданд, бе озмун ҳам азёд мекарданд. Ман дар айни ҳол дӯстдории саросарии шеърро дар назар дорам, ки дар халқҳои дигар мушоҳида кардаам, масалан, русҳо. Онҳо дар нишастҳо ва ҷашну сурҳояшон даҳҳо шеъру сурудро ҳама бо оҳангаш якҷоя месароянд, ки орзуи мост. Бинобар ин, ба ҳар чӣ аз рӯи воқеияташ бояд баҳо диҳем, худситоии бепоя суде надорад.

Дар ин ҷо онро ҳам бояд қайд кунам, ки байти машҳури Зуфархон Ҷавҳарӣ, ки мегӯяд:

Мо ҳама дар асл шоирзодаем,

Дил ба ин меҳнат на аз худ додаем.-

на ба ҳамаи халқ тааллуқ дошта, балки ба аҷдоду авлоди худи ҷавҳариҳо тааллуқ дорад, ки бисёре аз онҳо шоир буданд.

Ҳоло ба як ривояти сабтшуда дар таърих рӯй меорем. Дар гузашта бо номи Амр ибни Ҳинд яке аз умарои сахт машҳуру муқтадири араб буд, ки рӯзе аз дарбориёни худ бипурсид: – Оё дар араб касе ҳаст, ки аз ман наҳаросаду аз фармони ман сарпечӣ кунад? Гуфтанд: – Бале, шоир Амр ибни Кулсум, аз қабилаи Тағлаб. Амр ибни Ҳинд ӯро бо хонаводааш ба меҳмонӣ даъват кард. Шоир омад, худ пеши амир рафту занонро ба ҳарамсаро фиристод. Ҳангоми меҳмонӣ модари амир ба модари шоир гуфт: – Он пиёларо бардору ба ман деҳ! Модари шоир гуфт: – Шоиста нест, ки ман инро бикунам, худ бардор! Модари амир фармонро такрор кард. Як вақт модари шоир фарёд зад: – Во Тағлабо! Во зало! Яъне вой аз хории Тағлаб! Иттифоқан садо ба гӯши шоир Кулсум расид, ӯ дарёфт, ки ба модар беэҳтиромӣ шудааст, дафъатан шамшер аз ғилоф баркашиду бо як зарба амирро сар зад. Аз он пас дар байни ин ду қабила ҷанг сар шуду садҳо нафар қурбон шуданд. Пас Амр ибни Кулсум дар ин бора қасидае гуфт, ки ҳамаи қабила азёд медонистанд ва онро бо оби тилло навишта ба дари Каъба овехта буданд, ки дусад сол барҷо буду дар қабила эҳсоси ифтихору силаҳшӯрӣ мепарварид ва онҳо онро хонда ба ҷанг мерафтанду ба ғалаба мерасиданд. (Шиблии Нуъмонӣ. Шеър-ул-Аҷам.Ҷ. 1У. Душанбе, 2016, саҳ. 432-33.). Чунин аст таъсири сухани шеър!

Акнун дар бораи он ки оё таваҷҷуҳ ба шеъру адаб боиси вомондагӣ дар соҳаҳои илму техник мешавад? Танҳо як мисол меорам. Дар Ҷопон, ки аз ҷиҳати ривоҷи илму техник дар ҷаҳон дар ҷойи аввал аст, ҳар сол озмуни шеъри ҳойку гузаронида мешавад. Ҳойку шеърест, ки ҳамагӣ аз 17 ҳиҷо иборат буда, се мисраъ аст, мисраи аввал 5 ҳиҷо, дувум 7 ҳиҷо, севум 5 ҳиҷо. Дар он озмун миллионҳо нафар иштирок мекунанд ва дар охир дар ҷамъбасташ яке аз хонаводаи императорӣ доварӣ мекунад. Ҷоизаро ба ғолиб худи Император месупорад. Оё агар ин машғулият бефоида бошад, Ҷопон ва хонаводаи императорӣ кори дигар надорад, ки ба он вақт сарф мекунад? Онҳо ин гуна озмунро дар кишварҳои дигар ҳам мегузаронанд ва онро воситаи шинохт ва густариши нуфузашон мегардонанд. Аммо мо чӣ мекунем, дар замоне, ки бояд ҳамдиливу ҳамдастиамонро бо муқовиматгарони истибдоду бардагӣ нишон диҳем, рӯҳияи ҷанговаронро тақвият бахшем, ки бо сухан ба ҷо оварда мешавад, мегӯем, ки ба ӯ шеър нанависед.

Манзури ман аз тарғиби шеър он нест, ки ҳама шоир бишаванд, ки ин имкон ҳам надорад, зеро истеъдоди худовандӣ мехоҳад, балки он аст, ки ҳама ба дил меҳру завқи шеър бипарваранд, онро хонанду азёд кунанд, барои худ ва агар тавонанд, барои дигарон ҳам нависанд, ки дарку ҳушмандии инсонро меафзояд. Ин чиз ба ҳеҷ ваҷҳ монеъ намешавад, ки фард инженер, табиатшинос, кайҳоншинос, риёзидон, табиб ё чеҳраи дурахшони соҳаҳои дигари илму фан бишавад, баръакс мадад мерасонад, ки қувваи ҳофизаи ӯ такмил ёфта, онҳоро ба осонӣ аз бар кунад. Шеър ҳамчун як дилмашғулии азиз (ҳамчунонки мегӯянд “хобби”) бо онҳо бошад. Ҳоло гӯш бидиҳед, ки ҳазор сол пеш дар бораи мондагории маҳсули ҳунар чӣ гуфта шуда:

Аз он чандон наими инҷаҳонӣ,

Ки монд аз Оли Сосон в-оли Сомон,

Санои Рӯдакӣ мондасту мидҳат,

Навои Борбад мондасту дастон.

(Шариф Муҷалладии Гургонӣ)

Банда бар ин боварам, ки агар ҳар яки мо шоири инсони дигар бошем, зарур нест, ки бо ҳама заруриёти шоирона – донистани вазну қофияву сувари хаёлу монанди инҳо, балки бо чашми зебову шоирона ба оламу одам нигарему онро бо суханони самимиву дилнишин баён намоем, дунёву зиндагии мо хеле инсонитар шуда буд. Барои ин чизи бисёре даркор нест, танҳо меҳру муҳаббат ва самимият ба инсони дигар мехоҳад, ки мояи гуфтани сухани шоирона мешавад ва инро ба мо манъ насозед, ва агар метавонед, бипазиред, ҳамчуноки банда дар яке аз шеърҳоям – “Эй, шумо даъвигарон!…” дар ин бора чунин мегӯям:

Маъние дар зиндагии мо,

агар бошад,

ҳамин бошад,

ки ҳар инсон

Шоири шоёни инсони дигар бошад.

Яъне ин маъно бувад равшан –

Ки ман астам шоири ту,

Ки ту ҳастӣ шоири ман.-

ва агар ҳам наметавонед, Худо хайратонро бидиҳад!

Ва дар охир шеъре дар ин бора:

ДАЪВӢ

Оре, оре,

Чӣ қадар даъвии воқеиву ҳақ дорӣ,

Ки шикамро накунад байту ғазал пур асло.

Оре, оре,

Барад аз ту аммо

байту ғазал

ғами ишкамхорӣ,

Ва кунад пур зи фари одамият,

То кунӣ зиндагӣ

одам ворӣ.

Аскар ҲАКИМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь