Ба муносибати 2500-солагии Тахти Сангин, ки бо қарори ЮНЕСКО соли 2022 ҷашн гирифта мешавад

Тасвиркорӣ санъати муҳими халқҳои дунё мебошад. Тоҷикон дар ин санъат ҳамеша мумтоз буданд. Осоре, ки бостоншиносон аз давраҳои қадим то имрӯз аз минтақаҳои гуногуни форситаборон ва махсусан Вароруд ба даст меоварданд, дар миёни кишварҳои дунё ҳамто надоштанд. Қалъаҳои бошукӯҳи ҳазорҳо сол муқаддам сохтаи мардумони Панҷакент, Ҳулбук, Вахш, ки аз обу хоку санг бунёд мегирифтанд, ҳанӯз ҳам мисли дирӯзу парерӯз сохташуда ба чашм намоён мешаванд. Чунин осорро дар вилояти Қубодиён хеле зиёд мушоҳида кардан мумкин аст, ки мо мухтасар дар мисоли “Хоҷа Машҳад, мадрасаву мақбара ва маъбадҳо” (2013) нишон дода будем. Ҳоло мехоҳем ба тасвирҳои маводи Дафинаи Амударё ва ҳамчунин Маъбади Тахти Сангин, ки солҳои охир бо ташаббуси Б.Литвинский ва И.Пичикиён аз Қубодиён маводи зиёд берун овардаанд, диққат медиҳем.

Тахти Сангин намунаи олии маъбадест, ки чанд ҳазор сол муқаддам дар саргаҳи Амударё эҳё шудааст. Қариб 200 сол муқаддам тӯфони дарёҳои Вахшу Панҷ Хазинаи Амударёи чанд ҳазор сол дар зери хок пинҳонмондаро берун овардааст. Тахти Сангин намунаи олии маъбади замони Зардуштист, ки аз толору Айвон ва даҳлезҳо иборат мебошад. Аз ғарб рӯ ба шарқ гузошта шудани дарвоза ба хотири эҳтиром ба Офтоб мебошад, ки оташпарастони зардуштӣ чунин анъана доштанд. Тахти Сангин намунаи барҷастаи иморатҳои замони ҳахоманишист, ки бо қарори ЮНЕСКО бинои аслиаш дар солҳои 2021-2022 аз нав эҳё шуда, 2500-солагии он дар ҳамин мавзеъ ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Мо ҳоло дар бораи маводи аз ин ҷо пайдошуда андеша менамоем. Тасвири одамони замони қадим, сару либос ва феълу аъмол; дастгоҳи шикор ва тиру камони сохтаи мардумони қадим; тасвири ҳайвонҳо ва амалиёташон; паррандагону хазандагон ва гоҳ даҳшатноку афсонавӣ намоён шуданашон; тасвири маводи рӯзғор; асбоби зироат ва ҳоказо бисёр ҷолиб намоён мешаванд.

Мардумон ба Худованд аз рӯйи фаҳмиши замони худ муносибат менамуданд. Бохтариён дар баробари Аҳура Маздо Аҳриман соҳиби қувваи бадро мешинохтанд, ки ҳамеша бо ҳамдигар дар эътидол будаанд. Шояд ба хотири бисёрхудоии Ҳинду Юнон чунин таъсир ба мардумони Бохтар ҳам мерасид. Онҳо низ худоҳои худро доштаанд. Худои оби Окс Митра – Ананта (Анаҳито)-ст, ки Артасеркс Мнемон ӯро дар бисёр шаҳрҳои Форс ҳайкал гузошта, бо ҳамватанони худ парастиш менамудааст. Нанаро низ ном мегиранд, ки ҷавонзани зебое буда, дар тахт дар зери садҳо ситорагони осмон гул ба даст ва бо кабӯтар тасвир шудааст. Лекин мардумон ба ӯ кам мароқ зоҳир кардаанд.

Як сабаби зиёд намудор шудани худоҳо шояд ба ин хотир аст, ки мардумони Бохтар дар қурбонгоҳ, дар рӯшноии оташи шуълавар дар баррасии сураҳои Авесто маъниҳо аз дину ойин мепазируфтанд. Пайдо омадани худоҳо дар маъбад, бештар дар суҳбатҳои дохили маъбад ва қурбонгоҳ оид мешуд. Дар он нисбат худоҳои зироат, барқ, даҳшат ва ҳоказоҳоро пайдо менамуданд. Форситаборон худоҳои зиёд надоштанд, агарчи ба Анаҳитову Нана эътиқод менамуданд, шояд аз таъсири ҳамсояҳое мисли юнониёну ҳиндуҳо пайдо шудаанд.

Онҳое, ки ба қурбонгоҳ меомаданд, дастмояе бо худ меоварданд. Аз одамони доро, аз онҳое, ки молу сарвати зиёд доштанд, дархост мешуд, шутур, асп, гов ва ҳар чизе, ки молу мавод бештар доранд, ба маъбад омадагон қурбон кунанд, Баръакс, ба онҳое, ки камбизоат буданд, иҷозат дода мешуд, ки бо харгӯшу мурғ ва ҳоказо ҷонварҳои хурдҷусса қаноат кунанд. Бинобар зиёдии молу чарогоҳ майдони маъбад то 70 га замин доштааст. Муъбад робитаи байни кайҳону замин ва худову одамонро нигоҳ медошт. Одамон дар маъбад ба туфайли фаъолияти ӯ гирд меомаданд. Руҳониён дар равшании оташи шуълабори ба ғайр аз маънавиёт, ки аз оламу одам суҳбат меороянд, ба талаботи моддӣ низ диққат медоданд. Ба ҷуз мардҳо занон бо иштироки худ дар даст гул ё кафтару мурғе доштанд, ки ҳамчунин рамзи зебоӣ ва парвози андешаҳо шинохта мешуданд. Чунонки Анаҳитои зебоандом – Худои Амударё хушқаду қомат тасвир шуда, бо либосҳои фохира дар тахт бо гулу кафтар нишастааст.

Либоси зану мардони Бохтар аз  матои тунук ё  катон иборат буда, то зону дароз дӯхта шудааст, аслан либоси таг аз матои сафед иборат буда, болопӯшҳо дароз то поёни по мерасидаанд. Пойпӯшҳои мулоими чармини бо банд басташудае доштаанд. Аз капюшону каллапӯши мисли кирбосия ва рӯймолҳо худро аз гарду ғубор, хунукию гармӣ, тафбодҳо эҳтиёт менамуданд. Қалпоқи скифҳо дарозрӯяи теғдор буда, бештар либосҳо аз пӯст тайёр карда мешудаанд, ки онро фақат дар вақти хоб аз тан мебаровардаанд. Матои даҳону бинипӯш низ доштаанд, ки бо он худро аз бӯй, чангу ғубор ва регҳои саҳро эҳтиёт менамуданд, чунон ки мо имрӯз аз ковид ва дигар вирусҳои ҷаҳонӣ худро эҳтиёт менамоем.

Мегӯянд, дороён либоси фохира, равшану ҳошиядор ва қиматбаҳо мепӯшиданд, Доро бо либоси фохира ва тоҷи дандонадор тасвир шудааст, дар либосҳои ҷангии ӯ сурати шоҳин тасвир шудааст. фарзандон ва шахсони соҳибкорро ҳамчунин дар мавридҳо бо либосҳои фохира ва ҷавоҳирот меоростанд. Масалан, Сиаргарес духтарашро дар замони ба Куруш никоҳ карда додан бо либосҳои гарону ҷавоҳирот оростааст. Аз рӯйи нақли Ксенофонт, шоҳи ҷавон Куруш ба шоҳи Тарс – Килкий Сийенес либосҳои фохираи маҳаллӣ пӯшонида, ӯро бо авезаҳои зарҳалин, дастмонаву шамшери тиллогин ороста ба ватанаш гусел менамояд, лекин гардунаи дучархаи ӯ дар роҳ ҳангоми баргаштан ба ботлоқ дармемонад, ҳамон замон дарбориён бохабар шуда, остин барзада, болопӯшҳояшонро кушода, аробаи подшоҳи ҷавонро аз ботлоқ мебароранд. Вале вақте, ки онҳо аробаро бо китф зӯр зада, аз лой мебароварданд, дар гардану дастҳояшон авезаву дастмонаҳои зарҳалини вуҷуддошта, дар шуои офтоб барқ мезаданд (7, 69).

Дар миёни ганҷинаҳои ёфтшудаи Окс, Персеполис, Суз ва ҳоказо тасвири одамон, ҳайвонҳои хонагиву даштӣ, паррандагон хеле зиёд дида мешаванд. Дар он миён ҳайвонҳою паррандагони даҳшатангезро низ зиёд мебинем. Баъзе аз чунин ҳайвонҳо воқеан дар замонҳои қадим вуҷуд доштанд. Миёни онҳо ва одамон ҷангу талош зиёд воқеъ мегардид. Баъзе ҷонварҳое вуҷуд доштаанд, ки ҳангоми гурусна мондан одамону ҳамнаслҳои худро мехӯрдаанд. Мардум аз чунин ҳайвонҳо, ки воқеан даҳшатовар буданд, тарс доштанд. Бинобар ин, ҳам онҳоро дар шаклҳои гуногун, баъзан афсонавӣ ба тасвир меоварданд. Масалан, грифонро, ки як намуди ҷонваре ба тасвир овардаанд, ки вай парранда, шерсар, уқобпой, болдор ва ҳоказо… Мисли Динозавр ба тасвир овардаанд, ки он ба дигар ҳайвонҳо зӯроварӣ менамуд. Дар Бохтар чунин ҳайвон-паррандагоне вуҷуд доштаанд, ки дар сурати гурусна мондан ба одамон ҳуҷум оварда, онҳоро мехӯрданд, ҳатто барзаговҳоро бардошта мебурдаанд. Яъне одамон ба чунин даҳшат ва миёни чунин ҳайвонҳо зиндагонӣ намуда, онҳоро гоҳ бо чашмони худ дида ва он тавр ки ҳастанд, ба тасвир меоварданд.

О.Далтон ва баъзе дигар муҳаққиқон ин гуна ҳайвонҳоро кашфкардаи чиниёну муғулҳо, парвози хаёли онҳо ба қалам медиҳанд, лекин агар ба таърихи дуру замонҳои қадим назар андозем, мефаҳмем, ки чунин намунаҳо воқеан дар табиат вуҷуд доштаанд. Парвози хаёли мусаввирон, ҳамчунин, аз ҳақиқатҳои воқеии замони зиндагониашон дур набуданд, бо вуҷуди аз онҳо тарс доштан дар бораашон ҳикоя менамуданд, ҳатто дар дастаи аслиҳаҳои ҷангӣ сурат аз онҳо насб менамуданд, ки худованд дар лаҳзаҳои душвори ҷангу хархаша барояшон қувваю иқтидор афзоянд.

Ҷангу муқовимат, кишваркушоиҳо боиси пайдо омадани аслиҳаҳои гуногун шудааст. Агар одамони замони санг бо аслиҳаҳое мисли сангу чӯб ҷанг менамуданд, баъд теғу камон, шофу шамшер, табар ба вуҷуд омадан гирифтанд, аслиҳаҳо бо равиши вақту замон торафт мураккаб мешуданд. Тадриҷан теғҳои мисли бинӣ нӯгтез, камонҳои аз чӯбу шохҳо ва пӯсту рӯдаҳои ҳайвонот ба вуҷуд меоварданд. Аз камон дар масофаҳои гуногун тир меандохтанд. Ривоят мекунанд, Ораш пас аз ҷанги Эрону Тӯрон барои ҳудуди Эронро афзудан аз камон бо тамоми қувва тир меандозад, тир то саргаҳи Амударё расида ва аз ҳамон ҷо масоҳати Эрону Тӯронро муайян карда буданд, лекин худи Ораш дар сарф намудани қувваи беинтиҳои бадан пора-пора гардид. Ҳамчунин, одамон бо аспу гардуна низ ҷанг менамуданд, филҳои ҷангиро истифода мебурданд, аз шеру паланг кор мефармуданд. Аз гардуна барои сайругашт, мусобиқа ва махсусан замони ҷанг васеъ истифода менамуданд. Аз гардунаҳои дучарха дар ду тараф найзаву шамшерҳои буррон мегузоштанд, ки наздикомадагони муқовиматро бурида гузаранд. Дар Дафинаи Амударё мо аз чунин осори ҷанг ва намунаҳои чунин ҳайвонҳо хеле зиёд тасвирҳо мебинем, ки амалиётҳои ҷангии замони қадимро хеле хуб нишон медиҳанд.

Тоҷикон аслан зироаткор буданд, аз белу каланд, табару теша, дос васеъ истифода менамуданд. Аз теғу камон ва шамшер барои муҳофизати худ дар ҷангу ошӯб кор мефармуданд. Лекин вақти холиро бо парвози хаёл мегузаронданд, ки қалам воситаи асосии ифода гардидани мақсад буд. Дар Дафинаи Амударё сурати қаламе ҳаст, ки намунаи олии бо қалам кор кардани тоҷикони Бохтарро нишон медиҳад. Маҳз қалам буд, ки онҳо бо ақлу тамиз ва эҷодиёташон оламгир шуда буданд. Ҳахоманишиён ними дунё гирифта, Куруши Кабир ҳанӯз чанд ҳазор сол муқаддам бо нӯки қалам ҳуқуқи башар имзо намуда буд. Қалам “Авасто”, “Шоҳнома” ва “Тоҷикон” навиштааст. Қалам ҳеч гоҳ аз дасти форситаборон канда нашудааст. Маҳз қалам будааст, ки тоҷикон роҳи худ ва дигар халқу миллатҳоро дар илму адабиёт ва фан равшан кардаанд. Қалами тоҷикон боиси бахту саодати мардумони дунё гардидааст.

Осори санъат як намунаи ифода кардани ҳаётдӯстист. Авезаҳои гӯшу гардан, дастмонаву ангуштарин, нишонаҳо, либосҳои ҳариру шоҳӣ, дигар чизҳои гаронбаҳо, ки зеби қомати мавзуни духтарону занон ва модарон мегардиданд, боиси илҳом гирифтани мардони худиву ҷаҳон мешуданд. Ин намунаҳои осор, ки аз Хазина ёфт шудаанд, ҳамеша дар давраҳои гуногуни ҳаёт мардумро ба фикру андеша дароварда, ҳатто ғарбиёнро бо осори шарқӣ мутеъ мегардониданд. Ҳайкалчаҳои мардону занон, сурати зан-худоҳои бохтарӣ, ки ҳусни занони дунёро муҷассам мегардониданд, дар тахти подшоҳӣ бо тоҷу либосҳои гаронбаҳо нишаста дар даст гулу гиёҳҳои гуногун ва ҳар гуна паррандагон доштаанд, ки муҳаббату шараф ва саодати занҳои шарқиро нишон медоданд. Шоҳоне мисли Куруши Кабир, Дорои бузурги дароздаст, Искандари Мақдунӣ, Ардашери Бобакон, сурати ҳокимону подшоҳони маҳаллию юнонӣ ва садҳо чунин шахсоне дар тангаҳо сикка зада шудаанд, ки бо чеҳраҳояшон таърихи пурсарвати бостонро дар давраҳои дарози таърих равшан намудор мегардонанд. Тамошобинон марду занҳои тасвир-шударо муоина  карда, чунин хулоса менамоянд, ки нигоҳи одамон барқосо, иқтидорашон афзун, соҳиби бахту саодат мебошанд, аз зиндагӣ қаноатманд, пуркору зафарманд, саховатпешаанд, бо вуҷуди ин, ҳамеша дар вуҷудашон як эҳсоси ниҳоние доранд, ки оянда чӣ табаддулот дар пеш нигаронанд. Мардум онҳоро тамошо карда, дар зиндагӣ  ибрат гирифтан мехоҳанд.

Аз чарандагон бузе, ки гӯё аз як қулла ба қуллаи боз баландтаре парвоз менамояд, ҳамчунин ҷонварҳои дигар ба сайёде дучор шудаанд, ки бо ҳавли ҷон дар гурез мебошанд, ҷон халос кардан мехоҳанд, вале теғ ба яке ва тири камон ба дигаре расида, бо вуҷуди ин метозанд, ки паноҳгоҳе ёбанду пинҳон шаванд. Бо ҳайкалчаҳои зиёд дучор мешавем, ки дар онҳо ҳайвоноту паррандаҳои зиёд мисли уқобу шоҳин, кафтар, мурғобӣ ва мурғу моҳӣ дар ҳолатҳо ва феълу аъмоли гуногун воқеӣ нишон дода шудаанд. Устод Бобоҷон Ғафуров навиштаанд: “Истеъдоди санъаткории бохтариёни қадим, ҳунари заргарии ҳайратафзои онҳо дар бисёр ашёи “Дафинаи Амударё” ба таври барҷаста муҷассам гардидааст. Чунончи, аробаи дучархаи ҷангии тиллоӣ, ҳайкалчаи нуқрагии одам, сафҳаи тиллоие, ки дар рӯйи он сурати барҷастаи одам кашида шуда, либос ва аслиҳаҷоти ӯ бо тамоми ҷузъиёташ тасвир ёфтааст, бозубанди тилло, ки нӯгҳои он ба шакли сари буз зинат дода шудааст, муҷассамаи тиллоии гавазн ва бисёр чизҳои дигари моҳирона сохташуда ба гуфтаи боло далолат мекунанд” (5,103).

Шоҳзамон РАҲМОН,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь