Банда бо Мирзонасриддин аз соли 2000 – ум, ҳине ки дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии кишвар падидаҳои низоми демократӣ қадамҳои нахустину устувори худро гузошта, бо қабули Конститутсияву (соли 1994) ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба он (соли 1999) парлумони касбӣ ба фаъолият оғоз намуд ва ӯ аз ҳисоби 30 фоизии қувваҳои мухолифин узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саноат, нақлиёт ва коммуникатсия пешбарӣ шуд, шиносоӣ пайдо кардам ва баъдҳо ба эҷодиёти адабии ӯ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудам.

Сараввал, адиби пурмаҳсул ба арсаи адабиёт соли 2016 бо чопи асари таърихии «Оташ дар хонаи қадим» қадам гузошта, зуд бо дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ мушарраф гардид. Ва инак, соли равон тавассути нашриёти «Ирфон» романи наваш «Нони шарикӣ» – ро аз чоп баровард. Бояд тазаккур дод, ки ҳар ду роман зери таҳрири адабиётшиноси варзида Абдураҳмони Абдуманнон ба табъ расидааст.

Бо масъулияти бузург таъқид карданиям, ки Мирзонасриддин яке аз адибони таърихнигор буда, дар ҳар ду романаш давраи мушкили таърихии халқамон, ҳаёти пурфоҷиаи солҳои инқилоби болшевикӣ, зиддиятҳои табақаҳои гуногуни ҷамъиятӣ, рӯзгори даврони шӯравиро тасвир ёфта, пешравию қафомондагии сохти сотсиалистӣ, аз байн рафтани хонадонҳои номдори косибон, деҳқонон, зиёиёни бофарҳанг ва муомилаву муозинати волиёни Марказ нисбат ба тобеони худ, республикаҳои ба ном бародар қисса намуда, дар ҳар ду роман қаҳрамонони асар пайи барқарорсозии адолати иҷтимоӣ муборизаи шадид бурда, ба мағлубияту нокомиҳои иҷтимоӣ гирифтор мешаванд.

Вале, ҳоло сухан аз боби романи дуюми Мирзонасриддин «Нони шарикӣ» оғоз намуда, қайд карданиям, ки пас аз нависандаи маъруф Бруно Ясенский «Одам пусти худро иваз мекунад» ӯ тавонист мавзӯи сохтмони Вахшстройро бо тамоми ҷузъияташ ба қалам диҳад. Асари тозанашри адиб асосан инъикоси рӯзгори солҳои 30 – 90 – уми асри сипаригаштаи ҷомеа ва вокуниш ба падидаҳои манфӣ ва гоҳе пандомези он буда, гувоҳ бар мушоҳидакорӣ ва нигоҳи ҳақиқатбинии муаллиф ба шумор рафта, аз тақдири инсон дар даврони шӯравӣ ҳикоят мекунад. Ба ин нуқта эътибор диҳед.

Тавораи чӯбии атрофи хона нест. Дарвозаи ҳавлиро низ канда бурдаанд. Рӯи ҳавлиро хору хораи аз гармиҳо зардшуда пӯшондааст. Ду хонаи дарун ба дарун низ дару тиреза надоранд… саҳ. 3.

Аслан, романи таърихӣ фармонбахши дардҳои ҷомеа ва воситаи беҳтарини тарбияи руҳии насли наврас ба шумор меравад. Бо таваҷҷуҳ ба он ки мавқеи насри таърихӣ солҳои охир дар адабиёти кишвар саҳл коҳиш ёфтааст, ба мйдони адабиёт ворид шудани асари Мирзонасриддин боиси хурсандист. Қаҳрамони асосии асар Ҷовид Мансуров баъд аз ҷанг ба диёрш омада, деҳаҳои вайронаву киштзорҳои валангор, бисоти колхозро холӣ дида, дар ҳайрат мемонад.

Бадалов байрақи болои мизро ба гӯшае гузошт ва рӯ ба рӯйи Ҷовид нишаста, ба гуфтугӯ шурӯъ кард:

– Колхоз чор барзагов дорад, ду трактори вайрона ва як аспу тахминан чил сар бузу гусфанд. саҳ 13.

Бояд зикр намуд, ки ғояи асоси асар – номутаносибии ҳаёти ҷомеа, дар мисоли ободонии водии Вахш, бо талошҳои пайвастаи ҷонсӯзи афроди ҷудогона дар роҳи расидан ба зинаҳои баланди мансаб, аз як тараф ва ба тарзи маснӯъӣ ташаккул додани фикру ақидаи шахс ва номувофиқии он ба қонунҳои навиштаю нонавиштаи мақомоти давлатӣ, ки дар натиҷаи онҳо инсони фаъол ҳам ба мақсад расида наметавонад, аз тарафи дигар тавассути манзара ва образҳои бадеӣ амалиёти типҳои мухталифи иҷтимоӣ равшану муътамад ифода ёфтааст.

Озар Ҳаким ба суханаш идома дод:

– Дар замони Ковал дар Сека сахт гурӯҳбозӣ буд. Ковал мардони андак ҳамиятдошта, суханашро мегузарондаро баҳона ёфта, аз партия берун мекард. Кӯшиш менамуд, дар мансабҳо ҳарчӣ бештар одамони худашро монад. саҳ. 260.

Ҷоиз ба зикр мебошад, ки нависанда на танҳо зиндагии ҳар насл, мураккабот ва талхию шириниҳои он, балки пайванди моддию маънавӣ ва меросбарии ахлоқии онҳоро моҳирона ба силки тасвир меорад.

Мансуров мулзам шуд. Ӯ танзу таъна доштани сухани Буровро ҳис карду гуфт:

– Медонед, Иван Акимович, гуфтаҳоятон дуруст. Аммо ман ҳамин қадар медонам, ки пеш аз инқилоби шумооварда зиндагиамон бад набуд. Ҳама ба ризқу рӯзие ки дошт, қаноат мекард. Ҳоло ободониҳо шуда истодааст. Ҳама дар чашм намоён. Аммо дар асл зиндагии бароҳат надорем. Ман мардуми ин ҷо будаи шуморо намедонам, аммо дар рӯзгори мардуми мо як ошуфтагие мушоҳида мешавад. саҳ. 100.

Дар симои Ҷовид ва муносибати ӯ ба қаҳрамонҳо як риштаи сужету муборизаи анъанавӣ мушоҳида мешавад: ин муборизаи некӣ ба бадӣ аст. Аммо адиб Мирзонасриддин ин риштаи суннатиро, ки дар дараҷаи таърих борҳо бофтаю тофта шудааст, бо усули тоза ба қалам додааст. Муаллиф симои ашхоси дурӯяро не, балки бисёррӯя, ҳамелеонҳои замони нав, типҳои разолатпешаро, ки аз рӯ шонаю аз таг фона мезананд, эҷод кардааст.

Котиби Сека Зарипова Низорамо тоқат накарда хеста суханашро бурида мегӯяд:

– Раҳматов мегӯйӣ, медонистам. Ӯлҷабоев ба ҳамкорон дағалӣ мекард, медонистам ба изофанависӣ роҳ медиҳад, пас чаро дар маҷлисҳо боре изҳор накардӣ, медонистагиатро?! Магар ту набудӣ, ки мудом мехостӣ, пешдаҳонӣ карда ба Маскав хабари хуш расонӣ! «Плони пахта аз сад ҳам гузашт!…» саҳ. 159.

Нависанда башараи манфури як нафарро нишон намедиҳад, балки маҷмӯи чеҳраҳои номуборакро (Суслов, Козлов, Ковал, Кувалдин, Раҳимбоев, Буларгин, Лузгин ва даҳҳо дигаронро) тасвир менамояд, ки на танҳо худ гуноҳи қабеҳ содир мекунанд, на танҳо худ ба решаи дарахти сарсабзи инсони бегуноҳ табари марг мезананд, балки ба мақсади рупӯш кардани кирдори нобахшидании худ диққати аҳли ҷомеаро ба гуноҳи дигар мекашанд. Бадхоҳони Ҷовид мегуфтанд, ки яке аз онҳо Ғанӣ – назорат, «Раис – бобо мӯяшро дар кори колхоз сафед кардаст». Аламовар аст, ки дар талошҳо барои ҳақиқат Ҷовид мағлуб мешаваду баъдҳо пас аз маҳбас озод шудан дар натиҷаи меҳнати садоқатмандона боз ҷояшро дар ҷамъият пайдо мекунад, номи некашро барқарор менамояд.

Воситаҳои тасвири бадеӣ – муболиғаю иғроқ, тасвиру ташбеҳ, истиораю маҷоз ва ғайра дар роман дар мавкею мақоми худ моҳирона корбаст шудааст.

Зарбулмасалу мақол ва ҳикмату андарзҳо, ҳамчунин масалҳои русӣ дар алфози тасвирии адиб ва дар забони қаҳрамонони асар фаровон истифода шуда, тору пуди онро матин ва гуфторро рангину нишонрас карда, тафаккури бадеии халқро адиб ба ҷилва оварда, ғановати фикру андеша ва мазмуну муҳтавои романро ифода сохтааст.

Забони асар сода, равон, оммафаҳм ва хушрангу муассир буда, аз истеъдоди баланди адиб дар ин жанри адабӣ гувоҳӣ медиҳад.

Боварӣ дорем, ки беҳтарин навиштаҳои Мирзонасриддин ҳанӯз дар пешанд…

Зариф Ғулом, адиб

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь