Тамоми филми пурраметражаи “Роҳ” (2021, коргардон Носир Саидов) дар бораи як рӯзи аз зиндон озод шудани занон ва то расидан ба манзили хеш нақл мекунад.

Ба ибораи дигар, кулли филми мазкур дар бораи сафари собиқ зиндониён ба “соҳили” рамзӣ аст. Аз ин рӯ, ин навор бояд ҳаракатеро иъикос намояд, ки ҳам шакли биноӣ ва ҳам маънавиро дошта бошад. Хуллас, мароми асосии филм бояд ҳаракат мебуд. Муаллифони филм бояд ҳаракати ҷисмонӣ ва маънавии персонажҳоро дар роҳ ба тамошобин нишон дода тавонанд. Ҳаракатро ба воситаи ҳунари режиссёриву операторӣ таҷассуму инъикос кардан мумкин аст. Яъне, мо тамошобинонро бо дарки ғояи асосӣ ҷустуҷӯи персонажҳо ва дарёфти онҳо роҳ ба сӯи хона, ё рамзӣ, роҳ ба сӯи хешро нишон медоданд.

Аммо аз раванди филм маълум мешавад, ки ҳар се зан ҳар як ба тариқе чунин хона, чунин бозгашт ба сӯи хешро надоранд. Ва бонуҳои филм бо дарки тамоми рисолату шаъну шарафи инсонӣ дар асари мазкур кӯшиш доранд, ки дар тӯли тамоми қиссаҳои нотакрори хеш ин роҳро пайдо кунанд. Вале ин роҳ хеле печида ва мураккаб будааст. Пеш аз ҳама муносибати наздикон ва гирду атроф ба ин бонувони бадбахту мушти пар мушкилӣ эҷод менамояд. Яке нафаҳмида, дигари дониста.

Манижа дар назари аввал гӯё ба мақсад расида менамояд. Вале мо тамошобинон ниҳоят мефаҳмем, ки вай роҳи пешинаи худро ба хонааш тамоман гум кардааст ва барои ёфтани роҳи нав бояд кӯшиши зиёд ба харҷ диҳад…

Саёҳат гӯё ҷисман ба кӯчаи худ, ба деҳае, ки хонааш он ҷо аст, мерасад. Вале оё вай ба мақсади худ мерасад ё не? Ин, пеш аз ҳама, ба бисёр қиссаҳои ҳанӯз ногуфта ва пеш аз ҳама, гуфтугӯи вай бо писараш, ки бо вай вохӯрдан мехост, сахт вобаста аст…

Аммо пайроҳаҳои Надя ва дӯсти интернатии ӯ – Шоҳин комилан дар печутоб аст… Барои Надя бо сарнавишти худ, ки дар филм тағйир ёфтаву бисёр чизҳо ногуфта мондааст, ин роҳ комилан ғайривоқеӣ мебошад. Тасвири қиссаи ба таври саросема овардашудаи филм ба мо мегӯяд, ки вай хонаи асл надорад. Он «лона»-е, ки дар он Надя тасаллои худро ёфта метавонист, барои таъмини кайфияти рӯҳонии ӯ тамоман қонеъкунанда нест. Дигар ӯ худро дар онҷо ғунҷонида наметавонад…

Яъне дар филм қиссаи ҳар се зан ҷамъбаст нашудааст, охираш боз аст. Ин тарзи гузориши тақдири персонажҳоро артфилм мегӯянд. Дар бораи чи тавр сурат гирифтани қисматҳо ба хулосаи ҳар як тамошобин ҳавола шудааст…Занони зикршуда ҳамсинну сол нестанд.

Надя намояндаи насли калонсол аст. Саёҳат – зани 50-сола. Манижа аз Саёҳат каме хурдтар.

Дар филми “Роҳ” ҳунарпешаҳои маъруфи ҷумҳурӣ дар се нақши асосӣ чеҳрасозӣ кардаанд: “Надя” – Надежда Мамадҷонова, “Саёҳат” – Зулфия Қодирова (Содиқова), “Манижа” – Мавлонбибӣ Наҷмидинова. Ин се зан баъди солҳои тӯлонӣ аз зиндони занон озод шудаанд. Нақшҳои ин се актрисаҳо баъди солҳои тӯлонӣ аз зиндони занон озод мешаванд ва то ба манзили худ расидан ҳар кадом ба тариқи хеш азоби рӯҳӣ мекашад.

Ин ҷо албатта, Надя – лидер аст. Вале Саёҳату Манижа ҳар кадом хӯю хислати худро дошта, ба рафтору кирдори бегонагон аъмолу рафтори худро зоҳир мекунанд.

Масалан, Саёҳат табиатан хоксору шармгин ва зани камгапу дарунӣ аст. Тибқи раванди ҳодисаҳои филм ӯ бояд ҳамин тавр ором, камгап ва интизори вохӯрӣ бо писараш Ворисҷон мебуд. Вай таҷассумгари орзуи шикаста буд. Дар ҷавонӣ мехост, ки таҳсил намуда, муаллима шавад, ҳамаи китобҳои арзишноки ҷаҳониро бихонад. Аммо вазъият ӯро маҷбур месохт, ки вай пайваста, ғайри ихтиёрӣ, худро дар маркази ҳодисаҳо дарёфт мекард: аввалан шавҳарашро барои рафтори ношоямаш ба қатл расонду зиндонӣ шуд. Надонист, ки аз шавҳараш ҳомиладор будааст. Дар зиндон ӯро таваллуд кард. Тифлакашро се сол дар зиндон парастиш кард ба ӯ меҳр баст, вале хешовандон тифлаки ӯро аз вай рабуданд. Баъди аз зиндон озод шудан, бо ҳамраҳонаш ба садама дучор шуд, – рӯяш осеб дид. Дафъаи дигар тоқат накарда, вақте ки шиносҳои ронандае, ки онҳоро (Нурик) аз роҳ ба мошинаш гирифтаву баъд ба ҷои обод расидан, ба зиёфат даъват кард ва ба ӯ рафиқонаш ҳамроҳ шуданд. Рафиқи бетамизаш Раҳим маст шуда, хеле дағалона рафтор кард, занҳоро таҳқир намуд. Да ҷавоб Саёҳат аввал барои дифоъи шаъни занона ба сару рӯи Раҳим торт партофт ва дафъаи дуюм, вақте ки Раҳим дағалишро давом додан гирифт, як шишаи майро дар сари ӯ бишикаст. Маълум нест, ки агар Нурик ва дигар шиносаш – Самад Раҳимро аз утоқ намебароварданд, чӣ ҳодиса рух медод. Аммо Раҳими маст дар ғазаб ва интиқом нисбат ба Саёҳат кина карда, тавассути ронандаи шиноси “Жигули” ӯву Надяро ба канори беодам бурда, махсусан Саёҳатро латукӯб кард…

Ва бори охир Сайёҳат сабаби ҷанҷоли байни дӯстдоштаи Надя – Шоҳин мешавад, ки вай хонаи ӯро гӯё бе иҷозати Шоҳин рӯбучин кардааст…

Умуман, Сайёҳат табиатан ором, ғамзада, сухангӯй набуд, худро дар ҳолати табиии худ – камгапӣ пайдо карда наметавонист. Вай аз сабаби вазъиятҳои беруна маҷбур мешуд, ки дар ғаш бошад. Вазъияти фоҷиабори аз сараш гузаша, ӯро раҳо намекунад ва ҳамеша аз чизе хавф дошт ва бузургтарин хавфи ӯ ба дидори Ворисҷонаш муяссар нагаштан буд.

Ӯ намедонад, ки баъди баргаштанаш чӣ тақдире ӯро мунтазир аст. Бо вуҷуди бузургсол гаштан ва баланд будани ҳисси шарафи инсониаш,  Саёҳат ҳанӯз ҳам фикр мекунад, ки писари 17 сол қабл оғӯши ӯро тарк карда, тифл мондааст.

Онҳо бо ҳам дар роҳи бозгашт ба хона во хӯрданд. Писараш ҷавони зебо шудааст, донишҷӯй. Феълан бобояшро ба манзили охират гусел мекард. Модар ба писараш ин қадар мехост сӯҳбатҳо дошта бошад. Вале воқеият ҳамин лаҳза ин имкониятро аз онҳо рабуда буд. Дар натиҷа онҳо хомӯшона сари роҳ ба ҳамдигар нигоҳ мекарданду хомӯш буданд. Чи нигоҳҳову хомӯшии пурмаъние доштанд онҳо.

Истеъдоди коргардону наворбардор ва рамзҳо дар ҳамин нигоҳҳо нуҳуфтаанд…

Надяву Манижа низ ҳамчунин озодрафтору озодкирдор буданд.

Хуллас ҳар кас сарнавишти худро дошт ва борояшон қиссаҳои аламовару ғамангез дар пеш буданд.

Надя зиёда аз 20 соли умрашро дар зиндон сипарӣ кард ва ҳеҷ чизи муфиде ба даст наовард. Марде, ки ӯро гӯё дӯст медошт (Шоҳин), фақат дар назараш чунин менамуд. Дар асл Шоҳин шефтаи дурӯғини китобнависӣ (графафамания) буд ва ғайри худ ва графоминӣ касеро ва чизеро дӯст намедошт. Бинобар ин Надя ишқи ӯро напазируфт. Ҳар ду айёми наврасӣ дар мактаб-интернат таҳсил мекарданд. Баъд ба камол расиданд. Вале ҳама чиз дар зиндагӣ дар назари онҳо мисли интернат намуд.

Ба назари Надя зиндон шабеҳи мактаб-интернат намуд. Аз ин рӯ, вай аз маҳбас озод шуда, фавран боз велосипед медуздид (вай бо ҳамин велосипеддуздӣ одат карда буд), то ин ки боз ба «интернати» хеш баргардад. Ва дар натиҷа – на оила дошту, на фарзанд.

Надя ояндаи худро надошт. Тақдири вай мисли як параки сабуки паррандаеро мемонд, ки рӯи каф қарор дошту бо шамолаки тасодуфие ба ҳаво парвоз карда ғайб мезад.

Манижаро баъди аз зиндон озодшудан, ба ҷуз модараш, касе дӯст намедошт. Хусусан писари ба воя расидааш. Писараш ҳарчанд худро муъмину мусулмон метарошид, вале дар асл нисбати модараш ҳеҷ гуна дилсузӣ зоҳир намекард. Аз зиндон озод шудани ӯро сард пешвоз гирифту хабар дод, ки Манижаро аз хонаи истиқоматиаш маҳрум кардааст.

Образи Манижаро актриса Мавлона Наҷмиддинова ба таври концептуалӣ дуруст офаридааст. Вай дар вуҷудаш ду оламро ҳифз мекард. Сараввал, вай ҳамеша бо бозию ҳазл ҳама ҳолатҳои душвори пешомадаро ҳал мекард. Вале ин барояш ниқоби муҳофизатии ӯ буд аз ҳамлаи берунаи бегонагон ба ҷаҳони ботинии ӯ. Дар асл ҷаҳони ниҳониаш хеле фоҷиабор буд, ки аз раъд шудани наздикон дар азобу изтироб буд. Умедаш шофёр Нурик буд. Гумон дошт, ки ҳадди ақал ин ҷавон дар воқеъ дӯсташ медораду ба китфи мардонааш такя кардаро имкон медиҳад. Аммо аҳду вафои ин ҷавон низ нопойдор будааст. Ғайр аз модари пираш, зиндагӣ дар чашмони Манижа дурӯғу ноасл намуд …

Алқисса, занҳои номбурда ҳам дар зиндон оромӣ надоштанд. Баъди аз он ҷо озод шудан, низ зиндагиашон ширинӣ надод.

Чунин натиҷаро филми мустанаде дар ин мавзӯъ низ тасдиқ мекунад. Дар синамои мустанади тоҷик чунин таҷриба дар филми Искандар Усмонов “Бовар дорам, зиндагӣ мекунам, дӯст медорам”, (2018, 21 дақ.) таҷассум ёфта аст.

Дар ҳар ду филмҳо масъалаи хеле муҳимми зиндагӣ ба миён гузошта шудааст, ки ҷамъияти мо бояд ба он таваҷҷӯҳи махсус диҳад.

Филми “Роҳ” бори нахуст дар таърихи филмҳои достонии тоҷик дар бораи заноне нақл мекунад, ки тоза аз зиндони занона баромаданду бо ҳам ба манзили зиндагии худ мераванд. Аввалин будан дар таҳияи ин гуна мавзӯъҳо ҳамеша бо мушкилҳо вобаста аст. Ва дар ин роҳ барои амалӣ гардондани ин мақсад ҷасорати эҷодкорӣ ва шаҳрвандӣ зарур аст. Бинобар ин мехостам филмсозонро барои интихоби мавзӯи нодиру мураккаб ва масъулиятнок табрик намоям.

Носир Саидов ва Сафар Ҳақдодов бо асарҳои қаблии худ, хусусан бо «Қиёми рӯз», «Муаллим» ва «Роҳ» ба мо тамошобинон ростқавлӣ, нигоҳи навоварона, пур аз тазоду драмавӣ ва воқеияти зиндагиро нишон доданд.

Аз ин рӯ, дафъаи оянда низ интизориҳои мо аз ин нафарон моро фиреб нахоҳанд дод…

Шодам, ки филми мазкур ва созандагони он ба Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ пешниҳод шудаанд.

Саъдулло Раҳимов,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь