Назариев Рамазон Зибуҷинович  – 19-уми декабри соли 1958 дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ таваллуд шудааст. Файласуф, доктори илмҳои фалсафа (2011), профессор (2019), узви пайвастаи Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия (2014), Аълочии маорифи Тоҷикистон (соли 2013), дорандаи ордени “Пётри Бузург»-и Академияи мазкур, тавсифномаҳои Ҳизби сотсиалистии Ҷумҳурии халқӣ-демократии Яман, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 1985 шуъбаи арабии факултаи забонҳои шарқи ДДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ)-ро хатм кардааст.

Дар давоми таҳсил солҳои 1983-1984 ба ҳайси тарҷумони забони арабӣ бо даъвати Штаби Генералии Вазорати Мудофиаи ИҶШС дар Ливия ва баъди хатми Донишгоҳи мазкур бо даъвати Вазорати робитаҳои хориҷии иқтисодии ИҶШС дар Ямани Ҷанубӣ аз соли 1985 то соли 1989 ба ҳайси тарҷумони забони арабӣ кор кардааст. Солҳои 1990 – 1991 аввал дар ҳунаристони рақами 60-и ноҳияи Вахш ва баъд дар мактаби миёнаи №2 ин ноҳия ҳамчун муаллими забон ва адабиёти тоҷик ба таълиму тарбия шуғл меварзад. Солҳои 1991-1992 бошад, вазифаи ҷонишини директори омӯзишгоҳи касбии №5-и ш. Душанберо ба уҳда дошт.

Аз соли 1992 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аввал ҳамчун муаллими забон ва адабиёти тоҷик дар кафедраи байнифакултавии забон ва адабиёти тоҷик ва пас дар кафедраи фалсафа ва фарҳанг ба ҳайси ассистент, баъд муаллими калон корҳои таълимӣ-методӣ ва тадқиқотӣ бурдааст. Солҳои 1994-1995 дар ш. Ҳалаби Сурия ва 1995-1997 дар ш. ал-Ҳудейдаи Ямани Шимолӣ ҳамчун тарҷумони забони арабӣ ифои вазифа кардааст. Солҳои 1996-1999 дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев таҳсил намуда, соли 2000 рисолаи номзадиашро таҳти унвони “Таъвили масоили фалсафӣ ва теологии исмоилия» дифоъ мекунад.

Бо ташаббус ва ҳамкории бевостаи ӯ бо олимону муҳаққиқони кишвар осори Носири Хусрав – “Зод-ул-мусофирин» (ба забонҳои русӣ дар тарҷумаи М.Диноршоев ва тоҷикӣ), “Девони ашъор» дар ду ҷилд, “Ҷомеъ-ул-ҳикматайн», “Хон-ул-ихвон», “Кушоиш ва раҳоиш», китоби “Ахлоқи Носирӣ»-и Насируддини Тӯсӣ, маҷмуи мақолаҳои олимону муҳаққиқоне, ки дар Конфронси байналхалқӣ бахшида ба ҳазорсолаи Носири Хусрав дар ш. Душанбе ироа шуда буданд, интишор ёфтанд.

Соли 2007 тавассути Барномаи JFDP (Junior Fellowship Development Program) дар донишгоҳи Канзаси ИМА аз курси такмили забони англисӣ гузашта, ба Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон барои таҳқиқоти илмӣ фиристода мешавад. Дар яке аз маҷмуаҳои илмии Донишгоҳи мазкур ду фишурдаи мақолааш – “Ғояи Худо аз нигоҳи Носири Хусрав ва Декарт (таҳлили муқоисавӣ) ва “Назаре ба вижагиҳои фарҳанги Амрико»-ро ба табъ мерасонад. Бо гранти “Ҷомеаи кушод»-и Институти Сорос китобҳои Э.Полетаев “Рӯзноманигории байналхалқӣ» (1997) ва К.Поппер “Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рақибони он» (2021)-ро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Дар конгресси умумиҷаҳонии шарқшиносон (ICANAS) дар соли 2004, дар Конфронси байналхалқӣ бахшида ба 125-солагии В.А. Иванов дар Санкт-Петербург (2011), Конгресси умумиҷаҳонии файласуфон дар ш. Афинаи Юнон (2013) ва давлати Италия (2024) бо маърузаҳои илмӣ баромад кардааст. Соли 2011 рисолаи докториашро таҳти унвони “Фалсафаи иҷтимоии “Ихвон-ас-сафо» ва Носири Хусрав (таҳлили муқоисавӣ)» дар шурои дифои Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ мекунад.

Солҳои 2012-2013 мудири кафедраи фалсафаи ДДОТ ба номи Садриддини Айнӣ буд. Аз давраи фаъолияташ дар кафедра мунтазам барои низоми таълиму тарбия, ҳуҷҷатгузорӣ, дар амал татбиқ кардани қарору фармонҳои Президент, Ҳукумат ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, риёсати Донишгоҳ, риоя шудани низоми меҳнат аз ҷониби омӯзгорон ва кормандони кафедра, баланд бардоштани сифати таълими фанҳои ҷомеашиносӣ, тавсиаи ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти шогирдон, тарбияи мутахассисони ҷавони соҳавӣ, мураттаб намудани барномаҳо, силлабусҳои таълимӣ, саволномаҳои тестӣ, навиштани китобҳои дарсӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Дар баробари машғул будан ба корҳои роҳбарӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ то соли 2022 дар тарҷумаи осори Абуалӣ ибни Сино бо маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории мустақим дошт. Дар ин муддат аз ҷониби ӯ фаслҳои алоҳидаи рисолаи “Ал-бурҳон», мантиқи “Аш-шифо», “Ат-табииёт» ва “Ас-самоъ-ут-табии»-и Ибни Синоро аз забони арабӣ ба русӣ тарҷума кардааст, ки алъон дастраси хонандаи тоҷик ва муҳаққикони ватанию хориҷӣ мебошанд.

Аз соли 2022 инҷониб роҳбари маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ-ро ба душ дошта, на фақат ба тарҷума ва нашри осори боқимондаи Ибни Сино машғул аст, балки бо соҳибиродатӣ ва масъулияти баланди олимона осори омодашударо таҳрир намуда, барои нашр тавсия медиҳад. Муаллифи 3 монография, 4 таҳқиқоти илмӣ-методӣ, 6 асарҳои тарҷумонӣ ва бештар аз 70 мақолаи илмӣ мебошад.

Ҳамзамон, таҳти роҳбарии профессор Назариев Р.З. сездаҳ нафар шогирдон рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, боз се нафари дигар пажӯҳандагон зери роҳнамоияш таҳқиқоти илмӣ анҷом медиҳанд. Мавсуф узви Шурои дифои рисолаҳои илмии соҳаи фалсафа дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Р.З.Назариев вобаста ба тамоилгирии самти таҳқиқоти илмии худ мақолаҳо, монографияҳо, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методии зиёдеро таҳия намудааст. Бавижа, асарҳои таълифкардаи муаллиф аз инҳо иборатанд: “Аллегорическая интерпретация философских и теологических проблем в исмаилизме». – Душанбе, 2008; «Социальния философия «Ихван-ас-сафа» Насира Хусрава (сопоставительний анализ)». – Душанбе, 2010; «Фарҳанги забони Носири Хусрав (бо ҳаммуаллиф)”. – Душанбе, 2016; “Носири Хусрав: Дирӯз, имрӯз ва фардо. Nasir Khusraw. Yesterday. Today. Tomorrow. – Хуҷанд, 2004; «Человековедение». Личность и общество (для студентов ВУЗов Центральной Азии)». – Душанбе, 2002. (бо ҳаммуаллифон); “Таърих ва фалсафаи илм” (бо ҳаммуаллиф). – Душанбе, 2011; “Вожаномаи фалсафа ва методологияи илм” (бо ҳаммуаллифон). – Душанбе, 2015; “Фалсафаи илм” (бо ҳаммуаллиф). – Душанбе, 2015; “Фалсафа ва методологияи илм” (бо ҳаммуаллифон).-Душанбе, 2016; “Фалсафа дар нақшаҳо” (бо ҳаммуаллифон). – Душанбе, 2021; “Фалсафа”. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. – Душанбе, 2022 ва ғайра.

Аз ин нигоштаҳо чанд нуктаро месазад мушаххас кард, ки донишманди нуктасанҷ, дақиқназар, навовару сермаҳсул Рамазон Назариев шоиста ва сазовори сифатҳои зер мебошад:

– инсони шариф ва дӯсти содиқу соҳибэҳтиром (фазилатҳои накуи инсонӣ дорад, барои дӯст ва ниёзманд мекушад мудом машваратҳои судманд диҳад);

– омӯзгори асил, роҳбари кордону соҳибтаҷриба (дар тӯли фаъолияти омӯзгорӣ ба ташаккули ҷаҳонбинӣ ва ташаккули донишҳои илмии ҳазорон мутахассисони ояндаи ватанӣ саҳми худро гузошта, барои дурнамои рушди кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносии ДДОТ ба номи С.Айнӣ, низоми ҳуҷҷатгузорӣ ва таҳсилот, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим  ҳамчун мудир тавонист, ки мактаби худро таъсис диҳад);

– олими возеҳбин, забондон, мутарҷими соҳибмактаби дар арсаи байналмилалӣ шинохта (ин нуктаро бо он далел метавон асоснок кард, ӯ дар сатҳи зарурии илмӣ бо забонҳои арабӣ, русӣ, англисӣ суҳбат меорояд, оид ба мавзуи баҳс андешаашро озодона ва бо далел баён мекунанд, ҳарос надорад, сарчашмаро бо забони асл мехонад);

– роҳнамои серталаб, ҷиддӣ, вале ғамхору мушфиқ (худхоҳ нест, бо он асос, ки дар баробари таҳқиқоти бунёдии анҷомдода, инчунин кушидааст, ки атрофи мактаби худ олимони ҷавонро сарҷамъ карда, онҳоро ҷиҳати таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни афкори фалсафии мутафаккирони тоҷик ба фаъолияти илмӣ водор созад);

– олими возеҳназар ва навовару худогоҳ (барои муаррифии илми тоҷик, бавижа фалсафа талош меварзад, ки пайваста дар конференсия ва конгересҳои умумиҷаҳонӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои илми тоҷик ҳарф занад, истиқлоли фикрии олими тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд ва ғайра).

Бар замми ин нигоштаҳо саҳми донишманди шинохта Р.Назариев дар таҳқиқи афкори фалсафии намояндагони макотиби фалсафии тоҷик дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла давраи асримиёнагӣ мондагор аст. Чунки дар ин самт якчанд асарҳои бунёдӣ таълиф ва ба нашр расонида, инчунин чанде аз рисолаҳои арзишманди мутафаккирони тоҷикро аз забони арабӣ бо забонҳои тоҷикию русӣ тарҷума карда, дастраси аҳли илму таҳқиқ намуд. Бо ин ибтикорот дар муаррифии шахсият ва осори донишмандони маъруфи тоҷик: Абурайҳони Берунӣ, Абунасри Форобӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Насириддини Тусӣ ва дигарон хизмати шоён ва сазовореро дареғ надошт.

Дар шинохти шахсият ва муаррифии осори Абурайҳони Берунӣ хизмати муаллиф аз он иборат аст, ки ӯ мутафаккирро аз зумраи донишмандони маъруфи тоҷик меҳисобад, ки дар давраи асримиёнагӣ на танҳо масоили улуми табииро ба риштаи таҳқиқ кашид, балки дар баррасӣ ва ҳалли мушкилаҳои илмҳои иҷтимоӣ-инсонгароӣ асари бунёдӣ таълиф намуд. Махсусан, муаллиф ба таҳқиқи афкори фалсафӣ ва равиши гуногунандешии Абурайҳони Берунӣ дар таҳқиқи суннатҳои динӣ, дар асоси маводи асари ӯ “Ҳинд” пардохта, тавассути таҳлили муқоисавӣ умумият ва тафовути суннатҳои динии ҳиндуён, пайравони дини Монӣ, мусулмонҳо, масеҳиён ва яҳудиёнро нишон медиҳад. Зимни омӯзиш ва таҳқиқи мавзуъ ба чунин натиҷа мерасад, ки А.Берунӣ мантиқ ва наҳвро вобаста ба ин матлаб ҳамчун василаи муқоиса истифода мебарад, ки онҳо барои моил нашудани ӯ ба хулосабарории муғризона ва субъективӣ мусоидат намудаанд.

Муаллиф, дар доираи таҳқиқоти мазкур ишора мекунад, ки бозёфти илмии А.Берунӣ доир ба мавзуи баҳс он буд, ки файласуф мавзуи матраҳшавандаро на аз истифодаи усули тавсифӣ ё хронологӣ, балки бо таснифи ақидаҳои динӣ, бо ба эътибор гирифтани унсурҳои динӣ баррасӣ менамояд. Инчунин, дар бораи ҳар як мардум дар заминаи суннатҳои динӣ ва фалсафӣ фикри худро баён медошт ва ғайра.

Р.Назариев дар мақолаи пуразиши худ зери унвони “Бори дигар ба масъалаи мансубияти этникии Абунаср Муҳаммад ал-Форобӣ” –  дар асоси сарчашмаҳои муътамад собит менамояд, ки Абунасри Форобӣ  фарзанди тоҷик аст ва пайванди бевосита бо асилзодагони суғдӣ дорад, на ба турку қаззоқу ӯзбек. (Барои ба даст овардани маълумоти муфассал руҷуъ карда шавад ба китоби “Таълимоти фалсафӣ-иҷтимоии Абунасри Форобӣ: моҳият ва аҳаммият барои ҷаҳони муосир. – Душанбе, 2024. – 743с”).

Омӯзиш ва тақиқи тамоилгирии афкори фалсафии намояндагони равияи “Ихвон-ус-сафо” ва Носири Хусрав дигар самти фаъолияти илмии донишманди тоҷикро бозгӯ медорад. Доир ба ин масъала аз ҷониби муаллиф монография зери унвони “Фалсафаи иҷтимоии “Ихвон-ус-сафо” ва Носири Хусрав” таҳия шуда, ба нашр расид, ки масоили калидии онро мавзуҳои зер дар бар мегиранд:

– муайян кардани сарчашмаҳои идеявии ташаккули афкори иҷтимоии “Ихвон-ус-сафо” ва Носири Хусрав;

– илман асоснок кардани тамоили синкретии фалсафаи иҷтимоии “Ихвон-ус-сафо” ва Носири Хусрав;

– муқоиса кардани умумияти фалсафаи иҷтимоии “Ихвон-ус-сафо” ва Носири Хусрав;

– таҳқиқ кардани тартиби сохторбандии ҷомеа дар таълимоти “Ихвон-ус-сафо” ва Носири Хусрав;

– таҳлил ва муқоиса кардани ақидаҳои иҷтимоии “Ихвон-ус-сафо” ва Носири Хусрав доир ба масъалаи шаклҳои давлатдорӣ, тақсими ҳокимият ва ҷойгоҳи фард дар ҷомеа ва ғайра.

Монографияи мазкур арзиши баланди илмиро доро буда, барои ташаккули ҷаҳонбинӣ, тақвият бахшидани хотираи таърихии насли имрӯзи миллат ҷиҳати арҷ гузоштан ба дастовардҳои илмӣ ва арзишҳои фарҳангии ниёкон нақши муассир метавонад гузорад. Зеро фалсафаи “Ихвон-ус-сафо” ва ҳаким Носири Хусрав ҳамчун фалсафаи ақлгароӣ дар қатори  фалсафаи Берунию Форобӣ, Ибни Синою Хайём ва дигар донишмандони беҳамто ҳамавақт аҳамияти вижа дошт ва имрӯз низ дорад.

Ё худ ба андешаи донишманди фареҳта  шароити кунунии ҷаҳон ва бархӯрди тамаддунҳо тақозо мекунад, ки осори арзишманду бузурги мутафаккирони тоҷикро имрӯз дар шакли нав бо сифати хубу беҳтар пешкаши ҷаҳониён гардонем. Зеро ҷое, ки ақл аст он ҷо илм аст, ҷое ки илм аст он ҷо ҳатман ба пешравӣ рӯ ба рӯ меоем.

Қалами профессор, донишманди арҷманд Рамазон Назариев ҳамеша сабз, фикрашон тоза, назарашон нек, танашон солим бошад. Барои миллат шукуфоии ҷомеа, тақвият бахшидани хоираи таърихӣ ва роҳҳои ҳифз доштани арзишҳои фарҳангӣ ва бозёфтҳои илмӣ солҳои дароз хизмат кунанд. Ҳамзамон, баҳори 66-умин солгарди умри бобаракатро барояшон муборак мегуем ва 54 соли дигарро илова карда, умри 120 солагиро барояшон таманно мекунем.

Самиев Бобоҷон,

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь