Воқеан, инсон бузургтарин насли бошуурест, ки маҳз тавассути ақлу хирад, илму маданият, фарҳангу адаби худ аз дигар офаридаҳои Офаридгори бузург фарқ мекунад. Инсон фардиятест, ки дорои ақлу заковати бузург буда, мебинад, мешунавад, дарк мекунад ва ҳамаи дидаву шунидаҳояшро бо ёрии ақлу идрок натиҷагирӣ намуда, худро аз корҳои баду номатлуб дар канор мегирад. Маҳз ҳамин канорагириҳо инсони комилро дар зиндагӣ соҳибмаърифат, бомаданият ва бузургдил мегардонад.

Инҷо суоле ба миён меояд, ки кист инсони комил? Албатта, он касест соҳибмаърифат, донишманд, дурандеш, накукор ва ибратомӯзи имрӯзи рӯзгор. Ӯ касест, ки суханаш адаб, ишорааш маън, кирдору рафтораш кони ҳусну малоҳат ва хираду заковаташ дурри ноёбу гаронбаҳост ва инчунин шахсест, ки ҷомеа аз ӯ ибрат мегирад. Зеро пурдону пуртаҷрибаву пурхирад аст ва аз суханрониҳои ҳар як шахс дунёи хубу бадро ҷудо карда метавонад.

Инсони дурандеш ҳеҷгоҳ паи хислатҳо ва андешаҳои номатлуб намеравад. Инсони комилу соҳибхирад аз бадон худро канор мегирад. Дар ҷамъомаду нишастҳое, ки зиёну бади меоранд иштирок намекунад. Саволе ба миён меояд: Хислатҳои номатлуб кадомҳоянд ва онҳо аз куҷо сар мезананд? Пеш аз ҳама бетарбиятӣ, беадабӣ бемаданиятӣ, дуздию мардумфиребӣ, авбошию бадмастӣ, кинаҷӯиву бешармӣ, ноадолатӣ ва амсоли ин ба қатори хислатҳои номатлуб дохил мешаванд, ки шахсро ба касодию беиффатӣ ва беобрӯгиву шармандагӣ оварда мерасонанд.

Албатта, агар кас дидаву дониста ин гуна хислатҳоро ихтиёр кунаду шахсияти худро поймол гардонад, бевосита дар шумори инсонҳои асил буда наметавонад. Шояд ягон таклифу ишораи каси дигар ӯро бо ин роҳ мебарад ва худ намедонад, ки хислатҳои номатлубро ихтиёр намудааст. Мумкин падару модар гунаҳкоранд, ки тифли бо ноз парвардаашон бадкор шуда, аз дардҳои рӯзгор аз қабили нодориву тангдастӣ бепарасториву беаҳамиятии наздикон ба ҳар гуна равияҳои номатлуб шомил шудааст.

Хислатҳои номатлуб албатта, яку якбора дар вуҷуди инсони асил ҷо шуда наметавонад. Ба хусус имрӯз дар ҷомеаи мо баъзе ашхоси беандеша мавҷудаст, ки нодидаву надониста бо баъзе шахсони ношинос дӯстию ошноӣ мекунанд. Мутаассифона, баъзе ҷавонон ба хотири ба дастовардани музди ночизе ба корҳои ношоиста, аз қабили наркамандӣ, нашъаҷалобӣ, ғоратгарӣ ва шомил гардидан ба ҳаргуна ҷараёнҳои характери экстримсти дошта ва ғайра машғул мешаванд. Чун боре аз ин амал фоидаи андаке ба даст оварданд, дигар ҳама рӯза паси анҷоми ҳамин гуна амалҳои номатлуб даст зада, худро асири ҳавову ҳавас мекунанд. Бехабар аз он ки натанҳо ҳаёти худро зери хатар қарор медиҳанд, балки сӯзонда нобуд месозанд.

Барои сари роҳи ин гуна зуҳурот ва амалҳои номатлубро гирифтан ҳаминро бояд қайд кард, ки тамоми ҷомеа бояд кӯшиш ба харҷ дода, бетаваҷӯҳ набошанд. Дуруст аст, ки баъзан ба мушоҳида мерасад, ки баъзе ҷавонони мо бинобар сабаби паст будани тарбия ва маърифати диниашон ба ҳар гуна равияҳои номатлуб даст мезананд.

Донишмандони соҳаи таълиму тарбия ба чунин андешаанд, ки маънои истилоҳии “Тарбия” зери мафҳуми мушаххас ворид шуда наметавонад. Зеро кори тарбия аз як тараф ниҳоят печидааст ва аз тарафи дигар он зери таъсири одатҳо, тақлидҳо, арзишҳо, динҳо, урфу одатҳо ва ҳадафҳои гуногун қарор мегирад. Илова бар ин, масъалаи тарбия яке аз масоиле аст, ки доим рӯ ба тараққӣ мениҳад ва бо тағйирёбии замону макон дигаргун мешавад. Аз ин сабаб имкон дорад, ки гуфта шавад: “Тарбия аз ҷумлаи масоили ҳамеша зиндае ҳаст, ки доим рушд карда меистад”.

Масъалаи оғози замони тарбият аз назари аҳли хирад чунин андешае ба назар мерасад, ки тарбияи инсон синни муайян надорад, зеро инсон дар ҳар вақт қобилияти тағйири ахлоқи худро дорад.

Аз Ҳасани Басрӣ ривоят шудааст, ки «Ҳифз дар хурдсолӣ ба монанди нақши болои санг аст».

Имом Ғаззолӣ (р) мегӯянд: «Қалби поки кӯдак ба монанди гавҳари қимматбаҳое аст, ки аз нақш холӣ аст, аммо қобилияти қабули тамоми нақшро дорад».

Вале агар дар робита ба ин масъала каме диққат зоҳир кунем, дармеёбем, ки тарбияи фарзанд ба пеш аз ба дунё омадани ӯ марбут аст.

Паёмбар (с) дар мавзӯи интихоби ҳамсар роҳнамоиҳои зиёде доранд, аз маҷмӯи ривоятҳои Расули акрам (с) ба хулосае омадан мумкин аст, ки замони оғози тарбия пеш аз интихоби ҳамсар мебошад.

Абдуллоҳ Носеҳи Улвон яке аз донишмандони муосир дар китоби «Тарбит-ул-авлоди фил-Ислом» мегӯяд издивоҷ бо ҳамсар интихобӣ аст. Он бояд болои чанд қоида ва қонун асос ёбад:

Издивоҷ дар асоси диндории ҳамсар, мақсад аз диндорӣ фаҳми ҳақиқӣ нисбати дин доштан.

Паёмбар (с) барои ҷавонон тавсияи интихоби ҳамсари диндорро намуданд, то дар ҳаёт ҳаққи шавҳар, фарзандро ба ҷо оварда, корҳои хонаро идора кунад.

Издивоҷи ҳамсари аслдор ва покзода.

Паёмбар (с) дар яке аз аҳодиси худ мефармоянд: «Худро аз гиёҳи сабзу тару тозае, ки дар хокрӯбаҷо рӯйида аст, дур гиред! Асҳоб пурсиданд: «Ин чӣ гуна гиёҳ аст»? Паёмбар (с) гуфтанд: «Зани зебое, ки дар оилаи бешараф нашъу намо ёфтааст».

Ҳатто илми имрӯза ҳам исбот намудааст, ки тамоми сифатҳои ахлоқии падар ва модар ба тифл сироят мекунад.

Саъдии Шерозӣ мегӯяд:

Замини шура сунбул барнаёрад,

Дар ӯ тухму амал зоеъ магардон.

Интихоби ҳамсар аз бегонагон.

Яке аз роҳнамоиҳои дигари шариати муқаддаси Ислом дар боби издивоҷ ин аст, ки ҳамсар аз бегонагон интихоб шавад.

Албатта, ин амал ҳам нафъи фардӣ ва ҳам нафъи ҷамъиятӣ дорад.

Нафъи фардии он аз он иборат аст, ки саломатии фарзанди худро аз заъфу бемориҳо маҳфуз медорад.

Аммо манфиати ҷамъиятӣ дар он аст, ки бо интихоби ҳамсар аз бегонагон саффи хешу таборон зиёд мешавад.

Илми имрӯза низ исбот намудааст, ки агар издивоҷ бо наздикон сурат гирад эҳтимоли гирифтор гаштани фарзанд ба баъзе бемориҳо мегардад. Вале Паёмбари азимушшаъни мо чаҳордаҳ қарн пеш ин суханро гуфта буданд.

Омили дигаре, ки дар тарбияи шахс таъсири зиёд мерасонад ин равиши насиҳат аст. Бо дарназардошти аҳаммияти ин омил Паёмбар (с) дини мубини Исломро ба таври комил зери маънои «Насиҳат» ҷой додаанд.

Насиҳат гӯш кун ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,

Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.

Ҳофизи Шерозӣ

Албатта, таъсири насиҳат рӯҳи пок, қалби боз ва ақли дақиқу дурандеш зарур аст. Дар истифодаи ин равиш ҳеҷ табақае аз табақаҳои инсоният истисно шуда наметавонад. Кӯдакон, занон, қавму миллатҳои гуногун ва тамоми мардум ба ин омили тарбиявӣ ниёзманд мебошанд.

Имом Ғаззолӣ мегӯяд: «Мураббӣ монанди табиб аст». Ҳамон тавре, ки табиб барои муолиҷаи тамоми беморон аз як навъ дору истифода намекунад, инчунин мураббӣ низ набояд барои ҳалли мушкилоти тарбиятгирандагон аз як навъ восита истифода барад. Бояд қайд намуд, ки ҷазодиҳӣ шартҳои хоси худро дорад.

Пеш аз истифодаи тамоми воситаҳо набояд воситаи заданро истифода кунад.

Дар ҳолати ғазаб фарзандро назанад.

Аз задани нуқтаҳои ҳассос ва зараровар худдорӣ кунад.

Дар аввалин ҳолатҳои зарб бояд аз зарбаҳои оҳиста истифода кунад.

Кӯдакро набояд қабл аз даҳсолагӣ зада шавад.

Бори аввал лағжиши ӯ бахшида шавад ва ба ӯ фурсат дода шавад.

Шахсан худи мураббӣ ғро ҷазо диҳад ва набояд кори ҷазодиҳиро ба дигарон ҳавола кунад.

И.М. Умаров,

имомхатиби масҷиди ҷомеъи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе,

А.А. Салихов,

имомхатиби масҷиди ҷомеъи маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь