Дар охири солҳои ҳаштодум ва аввали солҳои навадуми асри гузашта  насли нави адибон ба бозори пурошӯру валвалаи адабиёт омаданд. Ин навомадагон ҳар яке на фақат бо хислати хоси табиати мардумӣ, балки ба даъвоҳои тозаи андеша ва ҳунари эҷодӣ ва тарбияти касбии адабӣ қадам мебардоранд. Яке аз намояндагони ҳамин насли адибон хонум Гулрухсор Сафиева мебошад.

Гулрухсор Сафиева як бонуи ҳунар, як шоири тавоно, як нависандаи боистеъдод ва шахсияти барҷастаи адабиёти нимаи дуюми асри бист ва аввали асри бисту яки тоҷик ба ҳисоб меравад. Эҷодиёти ӯ падидаи тозаҷӯйӣ, арзу ниёз, дарду армон, ирода, ҷаҳони рангомези ботинии худу ҳамзамон, нармиву тундии набзи ҷомеа, далериву ғурури саркаши занонаро таҷассум менамояд, ки роҳи мураккаби камолоти эҷодиро тай намуда, ҳамчун шоир, нависанда, драматург, публисист, адабиётшинос, мутарҷиму мунаққид шуҳрат ёфтааст.

Оид ба ташаккули шахсияти адабӣ ва эҷодии Гулрухсор Сафиева мехоҳам суханро бо навиштаҳои коршинос Абдуллоҳи Раҳнамо оғоз бахшам, ки бисёр бамаврид  овардааст:

“Дар таъриху адабиёту андешаи муосири мо бону Гулрухсор Сафӣ танҳо як зан ё як шоир нест. Балки Гулрухсор як падида, як шоҳкор, як асари нодир, як нигораи арзишманд ва як сатҳест, ки зани тоҷик дар камолу ҷамол, дар маърифату огоҳӣ, дар ҳувияту ватандорӣ ва дар озодагию растагорӣ онро метавонад зина ва меъёр бигирад. Худро ба он сатҳ бикашад, ба он тарҳ бирезад, ба он рӯҳия бисозад.

Агар бихоҳем, ки як бонуи ворастаи элитарии тоҷикро бо ҳама маънову сифоташ тасаввур кунем, ки дар ҷавҳару вуҷуду симои ӯ ҳам зан бошаду ҳам отифа бошаду ҳам шахсият бошаду ҳам маърифат бошаду ҳам ҷамъият бошаду ҳам миллат, пеш аз ҳама симои Гулрухсор пеши назар меояд. Ӯ гули як фарҳанг ва меваи як тамаддун аст:

Ман омадам, ки ҷилваи нози ҳунар кунам,

Бо килки шуъла қиссаи шаб мухтасар кунам!”

Оре, Гулрухсор шахсиятест, ки бо килки сухан тавонист ҳам ба зебоӣ, ҳам ба фарҳанг, ҳам дар ҳувияти ватандориву хештаншиносӣ, ҳам бо покиву орифиву ҷасорати беандоза симои зани тоҷикро пешорӯйи тамоми ҷаҳон гардонад.

Шеъри Гулрухсор чун омили аслии худшиносии миллӣ шинохта шудааст. Ӯ дар тағйироти сифатию сохтории шеър пайваста кӯшиш намуда, ба эҷодиёти рангину пурмуҳтавои хеш ба рушди худогоҳи адабии насли ин солҳо зиёда мусоидат менамояд.

Гулрухсор шоири лирик аст, дар шеърҳои ӯ тавсифи Ватан, изҳори меҳр ба Тоҷикистон, табиати зебои он, ба халқи меҳнатдӯсти тоҷик бо самимият ифода гардидааст. Дар шеъри “Ватандор” шоир ҳиссиёти шахсии худро бо рӯҳи шикастнопазиру боғурури худ чунин ба тасвир додааст:

Дар замоне, ки замин бе такя аст,

Такядорӣ навбати ман омадаст.

Такядору ҳақгузари ман, Ватан,

Довари оинадори ман, Ватан!

Гулрухсор бо такя бар кӯҳистони пурустувори Ватан, бо бехазонии арчаҳои сарсабзи кӯҳистон ба ҳар як сангу сангреза пайванди ногусастанӣ дошта, ҳиссиёти худро ифода мекунад:

Торе, ки туро Ватан нахонад, назанам,

Он дил, ки ғами Ватан надонад, шиканам.

Шамъе, ки бари Ватан насӯзад, бикушам,

Чашме, ки туро Ватан набинад, биканам.

Ашъори устод Гулрухсор ба дили хонанда зуд роҳ меёбад. Аз ин рӯ ҷавонон бештар бо шеъри Гулрухсор изҳори муҳаббат мекарданду мекунанд.

Мавзуи меҳри Ватан, ҳифзи нангу номусу покӣ, тасвири мардуми одӣ дар эҷоди солҳои аввали фаъолияти Гулрухсор баръало дида мешавад. Чунки ин суханвари тавоно дар ҷараёни адабии ин давр дар қатори он шоирони навпардозе ҷой гирифт, ки хидматашон дар роҳи рушди шеъри муосири тоҷик беназир буд. Шеъри Гулрухсор солҳои 70-80-ум чун омили аслии худшиносии миллӣ шинохта шуд.

Масалан, шеъри “Тоҷик”, ки маҳсули солҳои 70-ум аст, хонандаро ба худшиносии миллӣ даъват намуда, ба омӯзиши таърихи гузаштагони худ водор месозад. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик дар тӯли таърихи дароз чи сахтиҳоро аз сар гузаронид, чи тохтутозҳоеро бартараф накард. Лек бо сабуриву пурандешагӣ, бо хираду фарҳанги воло роҳи наҷоти худро дарёфт, аз нобудӣ раҳо гардид:

Даври гардун он қадар хуштоҷро бетоҷ кард,

Он қадар шаҳро ба каҷкули гадо муҳтоҷ кард.

Он қадар истора аз бурҷи фалак бар хок рехт,

Зиндагӣ Қоруну ганҷашро ҳаме тороҷ кард:

Тоҷики ман дар ҳама айём соҳибтоҷ монд,

Ҳар қадар тороҷ дида, боз бетороҷ монд!

Гулрухсор бо халқи тоҷдори худ ифтихор мекунад. Аз сабуриву бофарҳангиву ободкориҳои миллати хеш меболад ва мо – хонандагонро низ ба он далолат мекунад:

Маънии тоҷикро гӯянд: халқи тоҷдор,

Миллати тоҷикро гӯянд: гурду бурдбор.

Маскани тоҷикро гӯянд: ҳамранги баҳор,

Хонаи тоҷикро гӯянд: зеби куҳсор;

Маънии номи ту дар тасвири бепардози ман,

Ҷони ман, имони ман, виҷдони ман, овози ман!

Мавзуи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва хештаншиносӣ, ҳифзи забону  миллати худ дар ҳар давраи эҷодиёташ ҳамқадами Гулрухсор буду ҳаст. Гулрухсор аз фарзандони барӯманди халқи тоҷик меболад, номи онҳоро, кори онҳоро тараннум мекунад, қаҳрамониҳову ҷоннисориҳои ватандӯстонро тарғиб намуда, насли ҷавонро ба омӯзишу сарбаландӣ, ифтихормандиву меҳнатдӯстӣ даъват менамояд:

Шаъни тоҷик қудрату номуси фарзандони ӯст,

Файзи дастурхони ӯ мӯъҷизаи дастони ӯст.

Зӯри тоҷик дӯстони родмарди ӯ бувад,

Меҳри тоҷик оташи Суғд аст, дар чашмони ӯст.

Аз таърих бармеояд, ки халқи тоҷик дар ягон давру замон миллати беандеша ва ҷангҷӯ набуд. Номбардори миллати тоҷик фарзандони фарзонаи миллат – Фирдавсиву Абуалӣ ибни Сино, Беруниву Ал-Хоразмӣ ва амсоли инҳо буданду ҳастанд, ки ному нишони миллатанд!

Чун Бухоро халқи ман пир аст, чун Норак ҷавон,

Ҳамчу Сино оқил асту чун ҳақиқат ҷовидон!

Гулрухсор як муддат дар муҳоҷират, берун аз Тоҷикистон зиндагӣ кардааст. Аммо ҳеҷ гоҳ бе ёди Ватан, бе ёди ҳамин хоки муқаддас набудааст ва ҳамеша бо ёди Ватан ва дар васфи Ватан эҷод мекард. Дар ин бора шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат чунин овардааст: “Дар ривояту устураҳо Симурғро дар кӯҳи Қоф таъбир мекунанд. Мурғони хушилҳон ба кӯҳи Симурғ роҳ мегирифтанд ва басо мешуд, ки дар ин роҳ болу пар месӯхтанд ва ба манзил намерасиданд. Вале Гулрухсор баъди саёҳатҳову мусофиратҳо боз ба ин ошёни қудсӣ – бурҷи Симурғ омад. Чун сарчашмаи илҳоми Гулрухсор ҳамин хоки муқаддас аст”:

Ман турна наям, ки рӯзи сардӣ зи Ватан

Бар хонаи гарми дигарон раҳ гирам.

Чун моҳии аз об бурун афтода

Як дам зи Ватан дур фитам, мемирам.

Чунон ки Лоиқ гуфтааст, “Шеър аз меҳри Ватан сар мезанад.” Ҳамин тавр ки бошад, талаботи бадеияти баланд низ, пеш аз ҳама, ба шеърҳое тааллуқ дорад, ки ба мавзӯи Ватан бахшида мешаванд. Шеъри хуб ба мавзӯи Ватан зеб ва тоҷгули маҷмӯаву китобҳо бояд бошад, ки шеъри “Ватан”-и Гулрухсор ифокунандаи ин фикр аст:

Тоҷикистон, сари ҳар санги ту бар ман Ватан аст,

Бари ҳар буттаи хори ту бароям чаман аст.

Истиқлол барои мардуми тоҷик бисёр гарон омад. Истиқлол дӯст доштани Ватан, обод кардани Ватан, миллатро сарҷамъ дидан аст, ки яке аз мавзуъҳои асосии эҷодиёти Гулрухсор аст:

Чист истиқлол? Иззат доштан,

Бар диёри  худ муҳаббат доштан.

Дар замини шуҳрати озодагон

Донаи меҳру муҳаббат коштан.

Ҳадяи Яздон биҳишти мо, Ватан,

Шаҳкитоби сарнавишти мо, Ватан.

Шеъри Гулрухсор дар ҳақиқат шеъри мардумписанд аст, ба ин хотир, бо забони мардум, ниёзҳои мардум, андешаҳои мардум дарди ҷомеаро ҳамеша бозгӯ кардааст.

Гулрухсор аз хоку кӯҳи диёр, аз кӯҳистонӣ будани худ ифтихор мекунад, худро чун “лолаи худрӯи диёр”, дар марзи домони Ватан парваришёфта ва “зарраи Хуршеди сӯзони он” медонад:

Зарраи хуршеди сӯзони туам,

Лолае дар марзи домони туам.

Эй Ватан,

Эй рӯҳ,

Эй модархудо,

Духтари барқи кӯҳистони туам!

Дуд аз сӯзи алав сар мезанад,

Нанг аз дарди Ватан сар мешавад.

Шеър тифли рӯҳи исёнзода аст,

Шоир аз дарди Ватан сар мешавад!

Аз ҳар сатру банди шеъри Гулрухсор муҳаббату садоқати хоса ба марзу буми кишвари азизамон  аён аст. Худи шоир мефармояд: “Шоирро шинохтан хоҳед, ашъорашро мутоила бикунед. Дар ҳар банду сатраш шоирро хоҳед пайдо кард.”

Ҷаноби Олӣ, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: “Дар тарбияи насли худогоҳу худшинос мактабу муаллим нақши муҳим доранд ва онҳо воқеан ганҷинаи маънавии халқамон ба ҳисоб мераванд”.

Аз ин рӯ мо омӯзгорон, мураббиён ва волидонро зарур аст, ки бо омӯхтани таърихи пурғановати худ, бо сайқал додани ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву хештаншиносӣ насли навинро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва бузургдошти забони модариамон тарбия намоем, то нуфузи Тоҷикистони азизамонро боз ҳам болотар бардорем. Сатрҳои ватандӯстонаи шоир Гулрухсорро чун сархати кори худ намуда, аз миллату аз забони худ ифтихор намоем:

Дар шеваи ман санъати Монии ман аст,

Дар лаҳзаи ман ҳусни маонии ман аст.

Аз он, ки забони ман забони Ватан аст,

Бешубҳа, забони зиндагонии ман аст.

Сулҳия ИЗАТУЛЛОЕВА,

мудири кафедраи фанҳои гуманитарии коллеҷи

технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь