(Чанд андешаи иҷмолӣ дар ҳошияи зодрӯзи фарҳангшинос, коршиноси аршади масоили синамоӣ ва рӯшангари муосири миллӣ устод Саъдулло Раҳим)

8 ноябр яке аз донишмандону фарҳангшиносону синамогарону рӯшангарони намоёни миллӣ, устод Саъдулло Раҳим зодрӯз дорад. Имсол зодрӯзи устод Саъдулло Раҳимро бидуни ҳузураш ҷашн мегирем. Мутаассифона, Саъдулло Раҳим бар асари бемории тулонӣ, ки солҳои зиёд озору азияташ медод, 4 майи соли ҷорӣ дар синни 73-солагӣ аз дунё даргузашт. Аммо шахсияти маданию отифӣ, симои маънавӣ, чеҳраи фарҳангӣ, осору орои илмӣ-фалсафӣ, нақду баррасиҳои ихтисосӣ-ҳунарӣ ва мавқеъгириҳои ҷиддии миллии ӯ даҳсолаҳову садсолаҳо миёни алоқамандону дӯстдорони илму фалсафаву фарҳангу ҳунари миллию фаромиллӣ зиндаю ҷовид хоҳад монд.

Воқеан, шахсияти ба тамоми маъно фарҳехтаву фарҳангиро метавон дар симои устод Саъдулло Раҳим мушоҳида кард. Мушаххасоту вежагиҳои ахлоқию ҳувиятию ҳайсиятие монанди сатҳи баланди муошират, бидуни такаллуфу таоруф сухан гуфтану муносибат кардан, бо далелу бурҳон ва дар айни замон бо отифату самимият  гуфтугӯ кардан, эҳсоси баланди миллӣ доштан, аз миллияту шарофати аҷдодӣ ҳимоят кардан, ба илму фалсафаву фарҳангу ҳунари асили миллӣ садоқат варзидан устод Саъдулло Раҳимро миёни доираҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии ватанию минтақавию бурунмарзӣ соҳибэҳтиром намуда буд.

Ростӣ, садоқат ба касбу ҳирфа ва илму фалсафаи миллӣ доштани устод Саъдулло Раҳимро дар ҳар сухану ҳаракат, имову ишора ва ҳатто сукути бардавоми мавсуф мушоҳида кардан мумкин буд. Борҳову борҳо шоҳиди суханронии ихтисосӣ-ҳирфаии устод дар доираи Синамобазми байналмилаии “Дидор”, ки бо ташаббусу ибтикори бевоситаи ин фарҳангшиносу коршинос ва синамопажуҳи матраҳи миллӣ таъсис ёфта буд, шуда будем. Дар чунин фестивалҳои байналмилалӣ киношиносону коршиносони матраҳи минтақавию ҷаҳонӣ ширкат меварзиданд ва дар он муҳити батамом ихтисосӣ радду бадалҳои ҳирфаӣ хеле мушкил аст. Хушбахтона, устод Саъдулло Раҳим бо тамкину тавозуъ ва сабки вежаи таҳлилӣ сухан мекард ва хотири ҳакамону коршиносон ва тамошобинону ихлосмандони синаморо шод мегардонд. Ҳатто ҳангоми суханронии ифтитоҳӣ ҳам устод аз резакориҳои такаллумӣ ва вежагиҳои ихтисосӣ васеъ истифода бурда, атрофи филмномаҳои озмунӣ таҳлилу арзёбиҳои ҷолиби ихтисосӣ ироа медоштанд. Дар хотир дорем, боре, дақиқтараш, моҳи майи соли 2017 гурӯҳи мутахассисону коршиносони аршади донишгоҳҳои фарҳангу ҳунари Русия ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ташриф оварда буданд ва дар маҷлисгоҳи Донишкада бо ҳузури коршиносони дохилию хориҷӣ семинар-машварати ихтисосӣ доир гардид. Дар семинар-машварати мазкур устод Саъдулло Раҳим минҳайси коршиноси умури синамоӣ ширкат ва суханронӣ кард. То омодан ва суханронӣ кардани доктори илми фалсафа, профессор Саъдулло Раҳим мутахассисону коршиносони русӣ суҳбатҳои ихтисосӣ анҷом доданд ва ҳамин ки устод Саъдулло Раҳим ба сухан гуфтан оғозида, ба баррасии масоили ҳунари синамоӣ ва мушаххасоти синамои миллӣ дар имтидоди солҳои 70-90-уми садаи бист пардохт, маҷлисгоҳ, ки пур аз коршиносони матраҳи соҳавӣ буд, гӯйӣ яку якбора сукут варзида, батамом шефтаву маҷзуби таҳлилу арзёбиҳои илмӣ-ихтисосии коршиноси тоҷик шуд. Мо ҳам, ки он ҷо ҳузур доштем, аз биниши илмӣ-ихтисосӣ, равиши махсуси баррасӣ, тарзи масъалагузорӣ, сабки такаллумӣ, тариқаи хоси ҳарфзанӣ, шеваи таркибсозию ибораороӣ ва мантиқи арзёбии мунҳасир ба фарди устод Саъдулло Раҳим, аз як тараф, лаззати маънавӣ бурдем, аз тарафи дигар, ба лиҳози ватандорию мизбонӣ ҳисси ифтихоротамон боло гирифт. Мунтаҳо, дар он маҳфили вежа бо доштани коршиносе аршад дар симои устод Саъдулло Раҳим дар риштаи фарҳангшиносию синамогарию ҳунарварзии миллию ҷаҳонӣ сахт ифтихор кардем ва сатҳи ифтихороти мо дар заминаи шинохту арҷгузорӣ ба шахсиятҳои миллию мадании ватанӣ дар мисоли устод Саъдулло Раҳим ҳамчунон болост.

Фаъолияти илмию эҷодӣ ва сиёсию ташкилию ҳирфаии устод Саъдулло Раҳим густурда аст. Устод Саъдулло Раҳим аз замони наврасию ҷавонӣ ба самти синамо ва ҳунари синамогарӣ иштиғол варзида, бо шахсиятҳои варзидаи синамои ватанӣ ошноӣ пайдо менамояд ва тайи солҳои 1968-1969 ба ҳайси ёвари коргардони филмҳои бадеии киностудияи “Тоҷикифилм” фаъолият мекунад. Пас аз хатми факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ба кори илмӣ-таҳқиқотӣ машғул шуда, тули солҳои 1974-1987 дар вазифаҳои лаборанти калон, аспирант, ходими хурди илмӣ, котиби илмии Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (ҳозира Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) фаъолият мекунад. Тайи солҳои 1987-1993 дар симати директори Киностудияи “Тоҷикфилм”, солҳои 1993-1995 ходими илмии Институти фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, солҳои 1995-1997 муҷаддадан симати директории Киностудияи “Тоҷикфилм”-ро бар уҳда гирифта, солҳои 1997-1998 вазифаи муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифо менамояд. Баъдан устод пурра ба кори илмӣ-пажуҳишӣ мегузарад ва аз соли 1998 шуруъ карда, то охири умр (4 майи соли 2024) дар Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вазифаҳои ходими пешбари илм, сарходими илмӣ, мудири Шуъбаи онтология ва гносеология ва тайи солҳои ахир мудири Шуъбаи фалсафаи фарҳанги Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ фаъолият менамояд. Соли 1978 дар Институти фалсафаи Академияи илмҳои ИҶШС дар мавзуи “Вежагиҳои боризи санъати тоҷик дар давраи сотсиализми мутараққӣ” рисолаи номзадӣ ва соли 2007 сари мавзуи “Андешаҳои фалсафӣ-зебоишинохтии зардуштия” муваффақона рисолаи докторӣ ҳимоя карда, сазовори дараҷаи илмии доктори илми фалсафа мегардад.

Устод Саъдулло Раҳим дар таҳия ва рӯйи экран омадани филмномаҳои зиёде саҳми асосӣ гирифтааст. Мавсуф муаллифи сенарияи филмномаҳои мустанади “Димишқ. Дуди Ватан” (1990), “Як замин” (1992), “Ҷустуҷӯйи ҷода” (дар ҳаммуаллифӣ, соли 1996), “Чӣ турӣ, Душанбе” (1989), “Маҳваш” (1998), ҳамчунин муаллифи сенария ва коргардони филмномаҳои мустанади “Сафар дар Ватан” (1997), “Устод Осимӣ” (2002), “Намедонем, чӣ мекунем” (2003) ва амсоли инҳо буда, вазифаи мушовир-консултантии даҳҳо филмномаҳои донишҷӯйию касбӣ-ҳирфаиро бар дӯш доштааст.

Устод ба ҳар мансабу мақом ва рутбаву дараҷае, ки расидааст,  бо саъю талошҳои фардӣ ва сахткӯшиҳои шахсӣ ноил гардидааст. Мақолоту мутолиботи ахирии илмӣ-ихтисосии устод Саъдулло Раҳим “Кинои тоҷик ва тафаккури нав” (ба забони русӣ), “Инсон бар сони зангулаест” (ба забони русӣ), “Таҳлили муқоисавии сенария ва филми “Роҳ” (ба забони русӣ), “Пас, бо чашми дил ба асрори коинот бинигар (ва ё андешаҳо пас аз тамошои филми нави истеҳсоли “Тоҷикфилм”)” (ба забони русӣ) мавзуъ ва масъалаҳои ҳассос ва муҳимми синамои тоҷик ва фарҳангу ҳунари миллиро фаро гирифтаанд. Нақди касбӣ-ҳирфаии Саъдулло Раҳим аз таҳлилу арзёбиҳои соири ҳампешагону коршиносони соҳавии ватанию хориҷӣ мутафовит аст. Устод ҳар як филмномаро на танҳо ба лиҳози мушаххасоти ҳунарӣ-синамоӣ, балки бар мабнои ҷаҳоншиносии илмӣ-фалсафӣ нақд карда, ҷиҳати боло рафтаани сатҳи синамо ва фарҳангу ҳунари синамосозӣ пешниҳодоти ҷолиб ироа доштааст.

Устод ҳамеша сари масоили ҳассоси фарҳангӣ, илмӣ, фалсафӣ, ҳунарӣ, театрӣ, синамоӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва миллӣ фикр мекард ва дар атрофи мушкилоти ҷиддии соҳавӣ ба забонҳои ноби тоҷикӣ ва русӣ матлабҳои хуби таҳлилӣ-ихтисосӣ интишор медод. Хеле роҳату осон ва дар айни замон, бо иштиёқи тамом дар мавзуъ ва масъалаҳои муҳимми замонию маконӣ изҳори назар мекард. Ба касе хурда намегирифт, мусоҳибро орому ботамкин гӯш медод, дабдабаву  дағдаға намекард, вале аз мусоҳиб далел металабид ва пасон ба сухан гуфтан меоғозид. Орому ботамкин ва бо як отифати тамом сухан мегуфт. Ҳатто дар навиштаҳояш ҳам отифату самимияту илтифотро, ки хоси як инсони бакуллӣ маданист, мушоҳида мекунем.

Аз даргузашти устод Саъдулло Раҳим шаш моҳ сипарӣ шудааст. Дар ин муддати кӯтоҳи замонӣ, мисли ин ки ҳеҷ чиз тағйир наёфтааст, аммо ҷойи устод миёни доираҳои илмию маданӣ ва фарҳангию ҳунарӣ ҳанӯз холист ва мунтаҳо, холӣ хоҳад монд, чаро ки тарбияи чунин шахсиятҳои илмию ҳунарию маданӣ кори саҳлу осон ҳам нест. Ва аммо ба ояндаи дурахшони илму фарҳанг ва ҳунари миллӣ хушбин ҳастем.

Ҷашни мелоди устод Саъдулло Раҳимро барои наздикону пайвандону алоқамандону ҳампешагону ҳамназарону ҳамандешонаш табрик мегӯем. Ёдаш бахайр ва хотираи некаш гиромӣ бод!

Нозим Нурзода, пажуҳишгар

ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь