Дар тӯли таърихи башар қишри зиёӣ воқеан саҳмгузори пешрафти ҷомеаҳои башарӣ буданд. Зиёиён дар ҳар марҳила аз рӯзгори башар бо хирад ва донишу фаросат ва офаринандагии хеш мушкили рӯзгорро саҳлу сода намуда, ба  он маъниву таровати нав бахшидаанд. Дар масири таърих зиёиёни тоҷик барои мондагории ин халқ ҳазорон кашфиёти гуногунро дар соҳоти гуногун анҷом дода, иддае аз онҳо бар зидди ғосибону султаҳои бегонае, ки дар минтақа ҳукумат рондаанд тавассути қалам мубориза бурдаанд. Теъдоди ҳамин бузургмардон ва натиҷаи офаридаҳои онҳо буд, ки таи фарозу нишебиҳои таърих миллати тоҷик истодагарӣ  намуда, ҳуввияти хешро аз даст надодааст. Аз ин рӯ, дар сарнавишти  миллатҳо ва давлату халқиятҳо нақши зиёиён ниҳоят муҳим ва меҳварӣ мебошад.

Дар баробари қишри озодандешу равшанфикри ҷомеа, инчунин гуруҳҳои вопасгаро ба монанди саркардагону аъзоёни ташкилоти террористии наҳзати исломӣ низ буданд, ки дар либоси ҳомии дину мазҳаб ба боварии мардумӣ осоишта даромада, дар муқобил қишри равшанфикрону зиёиён қарор гирифтанд. Дар таърихи навини миллати тоҷик махсусан дар даврони расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ва пас аз он зиёиёни мо дубора ба ҳамин сарнавишти талх мувоҷеҳ гаштанд. Вуҷуди ҳамин палидони наҳзатӣ, ки худро ҳомии дину оин, дар солҳои 90-уми қарни гузашта дар кишвар нишон медоданд, сабаби таасубзадагӣ, вопасгароӣ, қатлу куштор ва хонабардуши миллати тоҷик гардид.  Ин палидони наҳзатӣ, чун пайваста аъмоли касифона ва авомфиребонаашон аз ҷониби ин қишри ҷомеа мавриди интиқод қарор мегирифт, ба таври пайваста нисбаташон душманӣ меваразиданд, даст ба зулму ситам ва қатлу куштори онҳо заданд.

Ин палидони наҳзатӣ аз оғоз то ба имрӯз ба мардум танҳо мусибат овардаанд, оғози ҷанги бародаркуш, ҳиҷрату парешонии мардум, харобии иқтисодиёт, таназзули фарҳангӣ, ихтилофи ақидавӣ, кинаву адоват ва чандин фалокату бадбахтии дигар фишурдае аз ин амалҳои хунхоронаи ин ташкилоти террористии наҳзати исломӣ мебошад. Афкори тахрибгар, вопасгаро ва зиддиинсонии саркардагону аъзоёни ташкилоти террористии наҳзати исломӣ бадбиниву нафрат ва инсонситезиву таҳаммулнопазириро тарғиб намуда, сабаби асосии ҷанги дохилии солҳои навадуми асри гузашта гардид. Дар ин марҳилаи ҳассос, ки мардуми кишвар бо такя ба афкори пешқадаму созандаи зиёиёни хеш дар пайи бунёди як ҷомеаи солими милливу инсонпарвар ва дифоъ аз манофеи миллиашон буданд, ин ташклоти террористии наҳзати исломӣ аз пайи аз байн бурдани равшанфикрони ҷомеа, аз он ҷумла, рӯзноманигорон гардиданд.

Он махлуқу ҷондорҳо, террористони наҳзатӣ, гурӯҳи ҷиноятпешаи Қори Вости наҳзатӣ 31 сол қабл, 19 октябри соли 1992 рӯзноманигори варзида Таваккал Файзуллоевро боздошт ва ба таври ваҳшиёна ба қатл расониданд. Марҳум қурбонии хашму ғазаб, бадмастиву сархушии гурӯҳи мусаллаҳи наҳзатӣ гардид, ки ҳамагӣ 32 сол дошт. Мусалам аст, ки ин гурӯҳи мусаллаҳи Қори Восит бо дастуру пуштибонии саркардагони ташкилоти террористии  наҳзати исломӣ рӯйи кор омада буд, зеро ки созандаву бунёдгузори бесарусомониҳо, қатлу куштор, ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар маҳз саркардагони ин ташкилоти террористии наҳзатӣ ва хоҷагони хориҷиашон буданд.

Таваккал Файзуллоев, соли 1960 дар деҳаи Тошохури ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Таваккал ҳунарманди ширинсухану маҳфилорои ноҳияи Ёвон буд, ки дар оғуши пур аз нозу накҳати модаронаи ноҳияи Ёвон ба дунё омадааст. Инсону Ватан ҳамдигарро ба оғуш мегиранду мукамал месозанд ва Ватан ҳақдор ҳам ҳаст, ки ин тифли парваридааш то чӣ андоза ӯро васфу навозиш ва шуҳратманду ифтихорманд мегардонад.

Таваккал Файзуллоев, фарзанди ҳамин диёр, ҳунарманди нотакрор, рӯзноманигори варзида дар сухану калом  ҳамто надошт. Қироъати шеъри воло барои ӯ шуҳрат пайдо кард. Таваккал шеъри волоро мехонд, то ҳунару истеъдодаш боло равад. Ӯ баъзан шогирдонаву самимона суруд мехонд. Сурудҳояш тарануми дӯстиву ваҳдат, меҳру муҳаббат ва ишқу вафодорӣ буд.

Таваккал Файзуллоев он солҳо ба ҳайси котиби масъули  рӯзномаи ноҳиявии “Субҳи Ёвон” фаъолият менамуд. Дар зиндагӣ низ шахсияти вологуҳар буданд, ҷавони боистеъдод, қавиирода буд, чунки шабу рӯз аз пайи эчоду навовари дар ҷодаи интихоб кардааш буд. Дар солҳои 90-уми қарни гузашта, ки наҳзатиҳои ифротӣ ба мардум зулму ситам мекарданд, дар қатори дигар рӯзноманигорони ватандӯст Таваккал низ ба муқобили ин хунхорон баромадҳо мекард, дар мақолаҳояш онҳоро маҳкум мекард, ба ин палидон нафрат дошт. Аз ин ҷост, ки чашми нотавонибинони наҳзатӣ ин ҳамаро таҳаммул карда натовонистанду Таваккали ҷавонро дар авҷи камолот ва бо сад орзуву умедҳои зиёдаш ба қатл расониданд.

Ҳар як инсон дар ҳаёт ба хотири номи нек умр ба сар мебарад, талошу заҳмат  мекашад, то дар зиндагӣ мавқеъи муайян дошта бошад. Мусаллам аст, ки дар рӯи замин инсонҳое зистанд ва мезиянд, ки аз худ бо қаҳрамониҳо дар набардҳои шадиди душманони миллат, меҳнати ҳалолашон, хислатҳои хубашон ному нишони нек ёдгор мондаанд ва мемонанд. Қаҳрамони мо Таваккали Файзулло низ дорои чунин хислатҳои олии инсонӣ буд, ки ба ин хотир роҳи рӯзноманигориро пеша намуд ва то лаҳзаи вопасини умри худ баҳри ободӣ, шукуфоӣ, пешравии Ватани азиз кору пайкор намуд.

Хотираи неки устоди гиромиқадр Таваккали Файзулло ҳамеша дар дилу дидаи мардуми кишвар абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Одинаев Миралӣ, сармуҳарири рӯзномаи «Субҳи Ёвон»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь