Ин ҷаҳон кӯҳ асту феъли мо нидо,

Сӯи мо ояд нидоҳоро садо.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Дар чунин рӯз, яъне санаи 2-уми майи соли 1911 арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо, Барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неру ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таваллуд шудааст. Дар ин зимн, хостем ба нақши ӯ дар ташфиқу тарғиби рушди эҷоди ҷомеаи сулҳу суботу созандагӣ назари кутоҳе дошта бошем. Дар ҳикмати халқӣ чунин масале ҳаст: “Бузургон шиносанд қадри бузургон”. Ин ишора ба он мекунад, ки “қадри зар заргар шиносад, қадри ҷавҳар ҷавҳарӣ”. Барои миллати тоҷик ифтихор ва шарафмандист, ки ин миллат аз гӯзаштаи қадим фарзандони бонангу ор дошт ва дорад, ки таърих онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард ва набояд кунад. Зеро онҳо касоне буданд, ки тамаддун ва адабу фарҳанги миллати моро ба авҷи камол расонданд ва ба ҷаҳониён нишон доданд.

Дар байни ин фарзандони асили миллат боз касоне буданд, ки бо истифода аз нерӯи сухан тамаддуну фарҳанги моро ба ҷаҳониён шиносонида исбот карданд, ки миллати тоҷик ҳамеша муқобили зулму ситам буда, озодиву сулҳро мепарастад. Дар мисоли ин метавон устод Мирзо Турсунзодаро масал зад, ки меҳру муҳаббат ва кӯмакҳои башардӯстонаи ӯ дар таърих сабт гардидаанд. Ба қавли шоир

Зиндаву ҷовид монд ҳарки накуном зист,

Аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Фаъолияти эҷодии шоир солҳои 30-юми асри пор оғоз шуда буд ва Ватану ватандӯстиро чун пояҳои асосии худшиносӣ медонисту дар шеърҳояш мудовим тарғибу ташвиқ мекард.

Бо тағйирёбии вазъияти геополитикӣ дар даврони пасоҷангӣ густариши ноадолатӣ ва чашмпӯшӣ аз ҳимояи ҳуқуқи мазлумону бечорагон рағбати эҷодии шоирро ба сӯи муноқишаҳову чолишҳои қораи Осиё овард, ки онро бо як раҳму дилсӯзӣ ва меҳру дӯстӣ дар зери садои Сулҳ тасвир намуда, халқияту мардумро ба тарафи озодии ҳақиқӣ роҳнамоӣ менамуд.

Ҳамин муҳаббату меҳрубонияш буд, ки имрӯз чун шоири сарояндаи сулҳу амонӣ ва дӯстии халқҳо номвар аст. Дар олам ӯро чун мунодии ҷаҳони безулму истисмор, беҷангу хунрезӣ, инсонпарварӣ ва хоҳони хушбахтии инсон эътироф кардаанд.

Ин абармарди таърихро на фақат дар Тоҷикистони имрӯза, балки дар тамоми дунё, хусусан, манотиқи Осиё ва Африқо мешиносанд ва то имрӯз номи некашро ба ёд меоваранд. Зеро ӯ тавассути нерӯи сухан тавонист дар дили мардуми кишварҳои олам ҷой гирад ва бо ҳар нафаре бо забону фаҳми ӯ суҳбат кунад ва ҳар суханеро дар мақоми хеш ба мардум расонад. Ҳамин ҷасорату фасоҳати ӯ буд, ки дӯстони хуберо аз тамоми кишварҳои олам кашф кард, то ҷаҳонро ба чашми хирад бубинанду бисозанду бираҳанду бигзаранд. Ана ҳамин хирадмандон тавонистанд барои васл кардани аҳли башар камари ҳиммат банданд. Бо ҳамин орзуву ҳавас ин абардмарди таърих бо чунин дурдонаҳои ақлу нақл сари суфраи пур аз ганҷу ҳикмат зери шиори озодӣ, ободӣ, оромӣ ҷамъ шуда, барои васли наслҳои қораи Осиё ва Африқо бедорхобиҳо ва ранҷу заҳматҳо кашид, то ноумедиҳои мардумони ин ҷоро ба хуршедҳои тобон роҳ кушояд ва ба қавли Мавлоно

Эй басо коро, ки аввал саъб гашт,

Баъд аз он бикшода шуд, сахтӣ гузашт.

Баъди навмедӣ басе уммедҳост,

Аз пайи зулмат басе хуршедҳост.

Бо ҳамин азму иродаи матин вориди саҳнаи муборизаҳо шуда, ба мардуми олам ва алалхусус, Осиё паёми сулҳу оромиро меоварад ва ба онҳо хитоб менамуд, ки бо ҳамин силоҳ метавон тухми ҷаҳлу ҷангро решакан кард ва ғолибиятро ба даст овард. Чунонки мефармояд:

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,

Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил.

То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,

Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯи ҷаҳон.

Сулҳу амният таваллуд ёфт чун дар мулки ман,

Дӯст медорем мо онро ба монанди Ватан.

Ин паёми сулҳу озодӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки мардуми баъзе аз манотиқи олам зери садоҳои тӯбу туфанг ва чангҳои вирусмонанди ҷангӣ қарор доранд. Бояд зикр кард, ки афроди зиёде аз ҷумла пиронсолону хурдсолон зери зулму ситаму тиру туфанги даҳшатафканону муҳоҷимон қарор гирифта ва замину гулу булбулу обу ҳавои табиат ҳама ба хоку хун табдил шуда истодаанд.

Марому мақсади аслии устод Мирзо Турсунзода ҳимоя ва риояи ҳуқуқи мардуми мазлуму бечора мебошад, ки зери чархаи зулму ҷаҳолат ва бераҳмии ғосибону истеъморгарону муҳоҷимону даҳшатфканон қарор мегиранд.

Дарвоқеъ, вазъияти ҷаҳон куллан дигаргун шуда, имкони аз нав тақсимбандии он вуҷуд дорад ва дорои ғояҳои мутафовитест, ки ҳар як бо дидгоҳи худ чархиши айёмро шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Тамоми ҷаҳонро ваҳшату даҳшат фаро гирифтааст, ки мардуми сайёраро таҳдиду хатарҳои пайдарпай ва ноамниҳо фаро гирифтааст.

Ин ҳамаро устод Мирзо Турсунзода кайҳо дарк карда буду аҳли оламро аз он огоҳӣ медод. Ӯ дар бештари суханрониҳои худ аз андарзҳои бузургон аз ҷумла Саъдӣ, Ҳофиз ва Хайём иқтибосҳо меовард ва ба суханони машҳури онҳо, аз қабили “Бани одам аъзои якдигаранд…”, “Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ, Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ” такя карда, калому ҳадафашро ба шунаванда мерасонид.

Ҳамин тариқ, барои мубориза ва пешгирӣ аз хатарҳо ва роҳ надодан ба фоҷиаҳои навбатӣ ташкилоте бо номи “Кумитаи умумиҷаҳонии муҳофизати Сулҳ” таъсис дода шуд, ки намояндагони асосии онро олимон ва равшанфикрони тамоми дунё ташкил медоданд, ки Мирзо Турсунзода дар он чун узви фаъол интихоб шуда, то охири умр мунсифона бо дилу ҷон ва муваффақияти том хизмати пурсамар адо намуд.

Дар чунин лаҳзаҳои фоҷиавор барои башар суруди Сулҳи Турсунзода бо Садои Осиё пахш шуд ва ҳӯшёриву бедориро ба мардуми олам меовард,

Осиё гӯяд сухан овози онро бишнавед,

Мавҷи дарё, ғӯрриши баҳри ҳамонро бишнавед.

Воқеан, агар ба рӯзгори эҷодии устод Турсунзода боинсофона назар кунем, пай мебарем, ки бештари талошу мароқи ӯ ба васлу ҳамгироии мардумони Осиё ва дӯстиву рафоқати халқиятҳои олам бахшида шудааст, ки натиҷаи ниҳоияш сабабу омили рушди ҳамгироӣ ва пайдо кардани ёрону дӯстони меҳрубону бовафо барои васлу рабти аҳли башар мегардад. Донишманд ва таърихнигори Тоҷикистон профессор Иброҳим Усмонов фаъолиятҳои гуногуни устод Турсунзодаро дар муаррифии фарҳангу адабу тамаддуни тоҷикон дар миёни халқҳои ҷаҳон муҳим арзёбӣ карда, меафзояд, ки “Мирзо Турсунзода адиби хеле варзидаву бузург аст, ки шоирону нависандагони Ҳиндустону Покистон, Эрону Афғонистон ва дигар мамолики осиёиву африкоӣ ба ӯ чун шахсияти барҷастаи адабиёт ва инсони нерӯманду сулҳпарвар рӯ меоварданду эҳтиромаш мекарданд”.

Мавриди зикр аст, ҳамин заҳматҳои устод Турсунзодаро дӯсташ Файз Аҳмад Файз, шоир ва нависандаи покистонӣ чунин менигорад: “Аввалин бор Турсунзодаро дар соли 1949 дидам ва баъдҳо дар Москва ва Тошкент вохӯрдем. Турсунзода шахсияте буд, ки бо ҳама инсонҳо чи коргар, чи адиб муносибати дӯстона мекард, зеро ӯ бо одамон бо чашму дил суҳбат мекард. Ёд дорам, боре ӯ дар яке аз шаҳрҳои Покистон бо коргарону дӯкондорон ба забони форсӣ-тоҷикӣ суҳбат менамуд ва онҳо ӯро мефаҳмиданд, зеро ӯ бо онҳо бо чашму дил суҳбат мекард. Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд. Дар ҳама ҷо ӯро дӯст медоранд. Ӯ Ватани худро, халқи худро дӯст медошт. Ҳарчанд ӯ бо забони классикии тоҷикӣ ғазал меофарид, лекин мавзӯҳои онҳо рӯзмарра, муосир ва марбут ба сиёсат буданд, ки ин корро устод Лоҳутӣ шурӯъ карда буд”. Бо ҳамин қадршиносӣ ва меҳрубонӣ Файз Аҳмад Файз дар як ғазалаш бо каломи ширини форсии тоҷикӣ Турсунзодаро чунин васф кардааст,

Биё ёрам, ки чашмам музтариб баҳри тамошоят,

Куҷо рафтӣ, ки ёрон дар талоши омаданҳоят.

Зи мо рафтӣ, валекин пеши олам дар миён астӣ,

Ва бо мардум, ки мерақсанд дар тарзи суханҳоят…

Зи ту омӯхтам халқи ҷаҳонро ҳифзи ҷон кардан,

Китоби дӯстиро дилнишин кардам ба имоят…

Мирзо Турсунзода аз ибтидои ҳаёти худ барои сулҳу дӯстии инсонҳо талош карда, пайваста таъкид мекард, ки “Миллионҳо одамони тамоми қитъаҳои дунё бо чашми умед ба мо менигаранд ва мо ҳеҷ як қувваи худро дареғ надошта, дар оянда ҳам байрақи мубориза барои сулҳро дар дастамон маҳкам медорем… ва бо тамоми одамони софдили дунё дасти дӯстӣ дароз мекунем”.

Бо ҳамин хотир дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода саҳифаи хосае оид ба сафараш ба кишварҳои ҷаҳон тасвир ёфтааст, ки дар рушд ва нумӯи адабу фарҳанг ва робитаҳои таърих кӯмак мерасонад ва даъват мекунад, ки роҳи сулҳу амниятро пеша карду мардуми худро ба сӯи фардои нек бояд роҳнамоӣ намуд.

Аз ин лиҳоз, шинохт ва қадрдонии шахсоне чун ӯ муҳим арзёбӣ мешавад, то чароғи дӯстии инсонҳо хомӯш нагардад. Ҳамаи ин бузургони адабро метавон чун ифтихорнома ва санади дипломатияи мардумӣ донист, зеро онҳо ҳастанд, ки заминаи равобитро истеҳком бахшида, миёни кишварҳо қарордоди ҳасанаро барқарор месозанд.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон робита дорад ва дар замони истиқлол муаррифгарони адабӣ ва ходимони ҷамъиятии онҳо заминаи рушди равобити дипломатияи фарҳангии ин кишварҳоро ба вуҷуд оварда, бо ташаббусҳои созандаи худ мақоми хос пайдо кардаанд. Хулосаи калом, мо фарзандони Тоҷикистонро зарур аст, то дастуру роҳнамоиҳои устод Турсунзода ва ташаббусҳои созандаи давлатро асоси кору пайкори худ қарор дода, бо дуои неки нависандаи бузурги Қирғизистон Чингиз Айматов ба хотири шоири бузург – Мирзо Турсунзода, ки роҳи моро бо нури илҳом ва эъҷозӣ сухан мунаввар кардааст, эҳтиром гузошта, баҳри ободии халқу Ватан ва мардуми сайёра саҳмгузор бошем.

Мирсаид РАҲМОНОВ,

ходими калони илмии

Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь