Вақте ба таърихи ҷомеаҳои инсонӣ назар меафканем, ба он дучор мешавем, ки дар дарозои таърих ҷомеаҳо бо такя кардан ба ақоиду андешаи берун омада аз бовар солиёни дароз бо даъвои ҳақиқатҳои динию мазҳабӣ мавриди бархурду ҷангҳо ва хунрезиҳо қарор гирифта, умуман бар асоси таълимотҳои боварманд, даъвиҳои мутасибонаи ҳақиқатҳои догматикии бетағйир сабаб гардидааст, то пайравони таассубзадаи ин навъ боварҳо ҳамеша аз афсурдагии ҳувийятӣ ва асабонияти том ба пархошгарии ҳамдигар шуғл варзиданд. Ҷангҳои ҳавлноке низ ба миён омадаанд ва сабаби хунрезию қатлу ғоратҳои зиёд гардидаанд. Аврупоиён ҳам аз ҷангҳо бардавоми мазҳабӣ хаста гардиданд ва дар даврони нав ҷиҳати ҳалли ин мушкилӣ рӯ ба ҷониби шакли дунявияти идоракунӣ оварданд.

Аксар аз дину боварҳое, ки дар қолаби  тафаккури сомӣ шакл гирифтаанд, сабаб гардидаанд, ки ғорат, чаповулӣ ва аз худ кардани молу ашёи дигаронро фатвои шаръӣ бахшанд. Аз ҷониби дигар тарс ва таассубияти давомдор дар тули қарнҳо зеҳнияти иддае аз ҷомеаҳоро мубталои бемориҳои равонӣ намуда, аз ҷумла мазахаизмро ба миён овардааст, ки биниши иддае аз мардумони ин сарзамин чунин шакл гирифтааст, ки бояд ҳар қадар худро заҳмат дод ва ҳар қадар бояд дар зиндагӣ ранҷ кашид. Ин навъи тафаккури ноқиси бовармандона онҳоро чунон маҳдуд намудааст, ки ҷойи ин ки аз неруҳои инсонии худ истифода баранд ва халлоқияту офаринандагиро ба роҳ монанд, баръакс даст ба сӯи осмонҳо мекушоянд ва нерӯҳои инсонии худро нодида гирифта, ба танбалӣ майл мекунанд.

Ин раванд боиси бебарномагӣ, бебандуборӣ тавакаллӣ будан оварда мерасонад, ки дар маҷмуъ фарди аз назари равонӣ танбалеро тарбият месозад. Хусусияти афроди танбал он аст, ки ҳеҷ гоҳ худро дар ҳеҷ вазъ масъул намедонад. Вазифаҳои дар ихтиёрашон бударо дақиқ ва то ба охир иҷро  намекунанд. Онҳо бо баҳонаи  ҳавола кардани раванди воқеият ба сарнавишт, аз масъулиятпазирӣ фирор мекунанд. Агарчӣ ин тарзи тафаккур онҳоро метавонад осуда намояд, вале моҳиятан як худфиребие беш нест.Ва вақте чунин тарзи андеша ба раванди иҷтимоӣ табдил меёбад, боиси дармондагии ҷомеа мегардад.

Сабаби аксар аз кишварҳое, ки аз лиҳози иқтисодӣ дастнигару вобастаанд ва фақру бадбахтӣ дар онҳо бедод мекунад, решаи аслиаш дар нодонӣ, таассубзадагӣ ва хурофот аст. Аҷиб ин аст, ки мардумони ин сарзаминҳо сабаби оқибмондагиашонро дар навъи ҷаҳонбинию тафаккурашон намедонанд. Онҳо худ ва амалкардҳояшонро муқассири ин ҳама бадбахтиҳо намеҳисобанд. Онҳо гумон мекунанд, ки муҷиби ҳамаи бадбахтии онҳо касон ва давлатҳои дигаранд. Ин танбалиҳо дар фарҳанги кишварҳои оқибмонда аз тарзи боварҳояшон маншаъ мегирад. Онҳо истидлол пеш меоварнад, ки гӯё дар гузашта як навъ давлатҳои пешрафта ва соҳибтамаддун дошта бошанд. Аммо агар раванди ҳаводиси таърихиро мурур кунем, аксар аз давлатҳое, ки дар ин минтақ ташаккул ёфтаанд, бештар хусусияти бовармандона дошта, вуҷуди онҳо бар ғорату чапповуллӣ аз худ кардани чизи дигарон, барпо будааст. Фарқе надорад, ки он давлати уммавиҳо, аббосиҳо ва ё туркҳои усмонӣ бошад. Аз ҷумла сафаввиҳою шайбониҳо низ ҳамон амалеро анҷом додаанд, ки моҳияти он ғорат, куштор, китобсузӣ ва оташзании шаҳрҳову марказҳои тамаддунӣ будааст. Бо шаклгирии даврони нав иддае аз кишварҳои ин минтақа чун аз захираи нафту газ саршор буданд, сарвати зеризаминиро ба фуруш гузошта, даромадҳои ҳанагуфтеро ба даст оварданд ва тамоми сохтусозҳои муосире, ки дар ин мнтақаҳо сурат гирифтааст ҳам аз фуруши нафт ва газ ба миён омадаанд. Аммо ба ҳами ин нигоҳ накарда, дар асл онҳо натавонистаанд ин ҳама сарвату бозёфтҳоро барои рушди маънавии ҷомеаи худ истифода намоянд. Агарчи аз фанновриҳои навин дар шаҳрсозиашон истифода бурдаанд вале ҳамаи онҳо тариқи мутахассисини хориҷ бахусус аврупоиён, чиноиён ва куриёиҳову ҷопониҳо сурат гирифтааст.

Таваҷҷуҳ дошта бошед, ки решаи таассубу хурофот ва таваҳуммот то ҷое рафта, ки дар ин ҷомеаҳое таассубзада як навъ карахтӣ ва мунҷамидии андеша ба назар мерасад. Ҳанӯз ҳам иддаову даъвоҳои муъҷизасозӣ ва иртибот ба ғайру фарозаминӣ дар шаҳрҳои бузурги минтақа ба назар мерасад. Гӯё ҳамоқат дар ин манотиқ ба анҷом намерасад.

Гуруҳҳои манфиатдор аз нодонию камшуурии мардумон истифода намуда, худро то ҳануз инсони фарозаминӣ ҷилва медиҳанд ва кушиш ба харҷ медиҳанд, ки дигарон ба онҳо саҷда кунанд. Гуруҳҳои манфиатдор иддае аз мардумони нодону ноогоҳро чунон бовар кунондаанд, ки онҳо воқеан дорои нерӯи бартари ғайбианд ва метавонанд, ки тамоми мушкилу вазъиятҳои вахими пешомадаро тавассути муъҷизаҳояшон бароварда карда, роҳи ҳалли онҳоро пешниҳод намоянд.

Гоҳо мебинем, ки баъзеҳо муддаӣ мешаванд бо ин ё он фаришта дар гуфтугӯ шуда бошанд ва аз даму нафасашон ҳама навъи дардҳо ё мушкилоти ба афрод пеш омада, соддаву осон гардад. Аммо дар асл инҳо ҳамон шуъбадабозонеанд, ки бо роҳи тасхир кардани ҳушу зеҳни дигарон бо роҳи осону беранҷ сармоя ва дороии онҳоро аз худ мекунанд. Дар тули ҳазорон сол ҳамеша кушиш шудааст, гуруҳҳои айёр беранҷ, тавассути боваркунонидани афроду гуруҳҳо молу дороии онҳоро аз худ намоянд.

Таърих гувоҳ аст, ки ҳамаи ҳокимоне, ки миллатҳои дар зери дасти худ бударо ба ҷаҳлу нодонӣ ва хурофапарастӣ маҷбур мекунанд, онҳо аз нодониву дур аз ҷаҳонбинии илмӣ будани мардумон суд меҷуянд. Аммо бояд як омили равшанро дарк кард, ки ҳар миллате мардумонаш дар пояи таассуб ва ҷаҳлу хурофапарастӣ андеша мекунанд, бояд бидонанд, ки як руз чунин навъи давлат ва чунин навъи миллат суқут хоҳад кард. Мо чунин вазъро дар суқути давлати Афғонистон бармало мушоҳида мекунем.

Набуди дониш ва андешаи илмӣ хурофазадгӣ ва нодонию ҷаҳолат боиси он гардид, ки толибон дар камтарин фурсат ҳукумати Афғонистонро суқут диҳанд ва онро дар кутоҳтарин замон бидуни муқовимат ба ихтиёри худ дароваранд. Вобаста ба вазъияти ба амал омада кишварҳои дигари минтақаро зарур аст, ки бо нодонӣ, хурофазадагӣ, мазҳаббозиву динбозӣ, ки ҳадафи ҳамаи инҳо бебунёд намудани давлат ва ба мустамлика табдил додани давлатҳоанд, дарку фаҳм карда шаванд ва чунин раванд ҳамеша мавриди назар ва мутолеаи ниҳодҳои иҷтимоӣ қарор дода шавад. Зеро агарчи нодонию таассуб ва мазҳабзадагиву хурофаандешӣ мардумонро дар карахтиву идоракунии осон қарор медиҳад ва барои сиёсатҳои вақт манфиати кутоҳи замонӣ дорад, вале барои давлатмиллатҳо ва ҳувйяитҳои миллӣ  сахт шикананда ва зараровар аст.

Исомуддин Шарифзода,

номзади илмҳои фалсафа

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь