Даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, пур аз ҳодисаву руйдодҳои гуворою фараҳбахш мебошад. Дар ин давра ба таърихи Тоҷикистон саддаҳои зарурие зам шудаанд, ки то ҷовидон мони ифтихори аҳли миллат хоҳад буд. Яке аз рухдодҳои мондагору арзишманд дар марҳилаи аввали Истиқлолияти давлатии ба тариқи райпурс ҳамагон қабул шудани Кониститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли равон сиюмин солгарди он таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибат бо ибтикори Пешвои миллат соли 2024 дар мамлакат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Кониститутсия роҳнамои сокинони Ватани азизамон гардид ва барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти аҳли ҷумҳурӣ заминаи қавию боэътимод ба вуҷуд овард. Дар ин хусус Пешвои миллат чунин иброз доштанд. “Амалӣ намудани меъёрҳои Кониститутсия мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу ороӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодавонаро муҳайё созем”. Барои он ки ҷомеаи мо бомуваффақият пеш равад ва комёбии ҳамагонӣ таъмин бошад, бояд ҳар як шаҳрванди кишвар қонунҳои амалкунандаи ҷумҳуриро хуб дошад, ба қонунҳо арҷ гузорад, мутеи қонун гардида ҳар амалашро бо он мутобиқ созад. Хуб омӯхтану донистани қонунҳо, пеш аз ҳама, Кониститутсия маърифати ҳуқуқи шахсро таъмин мекунад ва мусоидат бар он намояд, ки ҳар фард дар ҷаҳон ҳаёти дилпурона боазми қавӣ ва бо сари баланд қадам гузорад, комёбу муваффақ бошад. Маърифати ҳуқуқӣ қисми таркибии донишҳои инсон ба шумор меравад, яъне ифодагари он аст, ки ин ё он шахс аз донишҳои ҳуқуқӣ то ба кадом сатҳ бархурдор аст ва дар зиндагӣ онҳоро чӣ гуна ба роҳбари мегирад, тадбиқ мекунад. Маърифати ҳуқуқӣ тақозо дорад, ки шахс фаъолияти кӯшо бошад, қонунҳоро омузад, ба гуфторҳою намоишҳои радиою телвизион оид ба тафсири ҳуқуқҳо ва хусусияти ҷомеаи ҳуқуқбунёд таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Дар натиҷаи омӯзиши оммавии қонунҳо ва донистани вазифаҳои худ маърифати ҳуқуқии ҷомеа боло меравад ва зиндаги амну осоишта ва пешрав мегардад. Ин бо он маънист, ки маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бунёди ҷомеаи муваффақ мебошад. Мардуми то ба кадом дараҷа меъёрҳою талабот ва муқаррароти ҳуқуқиро медонанд, оид ба муносибатҳои ҳуқуқӣ чӣ гуна маълумот доданд, иртиботи онҳо бо бо мақомоти суди, қонунҳо ва дигар мақомоту асноби зарурӣ чӣ тавр аст, аз ҳама баёнагри дар чӣ гуна мавқеъ қарор доштани маърифати ҳуқуқӣ мебошад.
Барои вусъат ёфтани маърифати ҳуқуқӣ бояд ба тарбияи ҳуқуқӣ таваҷҷуҳи махсус ва ҳамешагӣ зоҳир кард. Дар ин сол таълимгоҳҳо, мактабҳои олӣ, мақомоти ҳуқуқию қудрати, воситаҳои ахбори омма ва зиёиёни эҷодкору фаъол метавонанд корҳои зиёди судбахшро ба сомон расонад. Зинаи аввали соҳиб шудан ба маърифати ҳуқуқӣ, албатта, муассисаҳои таҳсилоти умумист. Дар ин замина тарбияи ҳуқуқӣ бояд дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад ва барои ин ҳама маъмурияти таълимгоҳҳо биноҳои беруназсинфию беруназмактабӣ, аз ҷумла, ташкили вохуриҳо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор намудани озмунҳои “Ҳуқуқдони беҳтарин”, “Конститутсияро меомӯзем”- метавонад дар таҳкими марифати ҳуқуқии насли наврас нақши баланд дошта бошанд.
Як тадбири дигари муҳим он аст, ки бояд дар ҷумҳурӣ ҳарчи бештар дастуру китобчаҳо оид ба маърифати ҳуқуқи омма таҳия ва чоп карда шавад.
Баъзе дастурҳои тавзеҳиро оид ба ҳуқуқдонӣ бояд ба таври ройгон дар байни мардум паҳн кард. Дар умум, барои тақвияти маърифати ҳуқуқии ҷомеа бояд ҳар як шахс масъул бошад.
Мирҷумъа Ҳусайнов,
корманди ДҶТИБКСМ