Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб сокини 23-солаи ноҳияи Муъминободро бо иттиҳоми узвият дар равияи «Салафия» (ташкилоти фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон) равонаи зиндон намуд. 

Муродов Хуршед Ҷурахонович, санаи таваллудаш 18-уми апрели соли 1994, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, миллаташ тоҷик мебошад. Дар ин бора Додгоҳи минтақаи Кӯлоб зимни нишасти матбуотии ниҳодаш дар моҳи июли соли 2017 ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Муродов Хуршед нусхаи фикри айбдориро санаи 10. 04. 2017 гирифтааст ва дар айбдорӣ бо қисми 2 моддаҳои 307 прим 3, қисми 1 моддаи 189, қисми 1 моддаи 347 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳабс қарор дорад.
Изатулло Табарзода, раиси Додгоҳи минтақаи Кӯлоб зимни нишасти матбуотӣ моҳи июли соли 2017 чунин тавзеҳ дод: «Муродов Хуршед Ҷурахонович дидаву дониста, ки 8-уми декабри соли 2014 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон равияи динии «Салафия» дар ҶТ иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф шудааст ва 14-уми апрели соли 2015 мутобиқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти «Давлати исломӣ» ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф ва фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, сомонаи интернетии он баста шуда, ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) манъ гардидааст, ҷиҳати давом додан ва аз нав оғоз намудани фаъолияти ғайриқонунии манъшудаи иттиҳоди экстремистии (ифротгароӣ) равияи динии «Салафия» номбурда аз моҳи декабри соли 2013 то моҳи феврали соли 2016 ҳангоми дар Федератсияи Россия қарор доштанаш тавассути телефони мобилиаш дар сомонаи интернетии «Одноклассники» бо номҳои мустаори «Муҷибураҳмони А» ва «умар- Умар» баромад кардааст.
Ӯ санаи 7-уми июли соли 2015 вақти дар шаҳри Читаи Федератсияи Россия қарор доштанаш тавассути телефони мобилиаш дар сомонаи интернетии «Одноклассники» аз суроғаи электронии Сулаймонов Нозим Ҳотамович бо номи мустаори «ШАҲАДА или ПОБЕДА», акси парчами ташкилоти террористӣ – экстремистии «ДИИШ»-ро нусхабардорӣ карда, бо мақсади иштирок дар фаъолияти ташкилоти экстремистии «Давлати исломӣ» дар суроғаи электрониаш бо номи мустаори «Муҷибурраҳмони А» дар бахши «фото» ҷойгир намудааст. Ҳангоми азназаргузаронии сомонаи интернетии «Одноклассники» дар суроғаи электронии Муродов Х. Ҷ. бо номҳои мустаори «Муҷибураҳмони А» ва «умар-Умар» матнҳои динӣ, сабтҳои видеоиву аксҳо ёфта гирифта шудаанд. Номбурда аз моҳи сентябри соли 2012 барои муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамроҳи рафиқонаш Амруллои А. ва Сулаймонов Н. Ҳ. ба шаҳри Читаи Федератсияи Россия сафар намудаанд.
Ба иттилои Додгоҳи минтақаи Кӯлоб, «мувофиқи хулосаи ташхиси давлатии диншиносии №50 аз 17-уми марти соли 2017 дар файлҳои 3-юми аксҳои Муҷибураҳмон ва 7-уми (заметки Муҷибураҳмон) папкаи «Муҷибурраҳмон» 2 акси байрақи ташкилоти экстремистӣ – террористии «ДИИШ» ва дар файли «Группы»-и папкаи «умар-Умар» ҷой дода шудааст, ки ҳамаи инҳо мансуб ба ақидаи равияи ифротгарои «Салафӣ» буда, метавонанд сабабгори барангехтани кинаву адовати динӣ – мазҳабӣ гарданд».
Дар ин бора Додгоҳи минтақаи Кӯлоб нисбати Муродов Хуршед Ҷурахонович ҳукм қабул намуда, бо қисми 2 моддаҳои 307 3, қисми 1 моддаи 189 ва қисми 1 моддаи 347-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шудааст. Бо дастрасии моддаи 67 қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоӣ нисбати Муродов Х. Ҷ. маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 (шаш) сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар тамоми Тоҷикистон барномаҳои ҷиддӣ барои ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ рӯйи даст гирифта хоҳад шуд. Бино ба омори расмии Додситони кулли Тоҷикистон, дар солҳои охир беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба гуруҳи тундрави «Давлати исломӣ» шомил шудаанд.

Исломи РАҶАБАЛӢ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь