Пойгоҳи таҳлилии “Дидгоҳи роҳбурдӣ ба таваҷҷуҳи Шумо ёддошти Саъдӣ Ҳомид, коршинос ва пажуҳишгари робитаҳои байналмилалиро пешкаш мекунад.

Таърихчаи мавзуъ

Дар чанд амалиёти террористии охири ДОИШ дар Эрон, Туркия ва Русия (Крокус Ситии Маскав) мо шоҳиди ин шудем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон мутаассифона, дар ҳамлаҳои ҳаросафканонаи ин шабака даст доштанд. ДОИШ борҳост, ки аз осебпазирии шаҳрвандони Тоҷикистон бештар дар хориҷ баҳра мебарад ва аз абзорҳо ва ҳалқаҳои мухталиф барои ҷазб ва истихдоми онҳо истифода мекунад. Боиси нигаронӣ ин аст, ки ДОИШ бо талошҳояш то ҳадде муввафақ шудааст ва номи Тоҷикистон дар расонаҳо якҷо бо номи ин созмон зикр мешавад.

Тибқи баровардҳои Созмони Миллал ДОИШ-и Хуросон аз 4000 то 6000 ҷангҷӯ дорад, аммо баъзе манобеъ ба чунин теъдод бо шакку шубҳа бархурд мекунанд. Чун бар ин боваранд, ки теъдоди ҷанҷӯёни ДОИШ-и Хуросон ба маротиб камтар аст. Аз оғози фаъолиятҳои ДОИШ ба унвони як гурӯҳи ҷудо аз Ал-Қоида 11 сол мегузарад, вале ҳануз маълумот аз сохторҳо ва ниҳодҳои ДОИШ хеле кам аст ва ба ин сабаб дар расонаҳо низ ин мавзӯъ камтар мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад. Огоҳӣ аз созу кор ё мехонизимҳои дохилии ДОИШ барои муборизаи Тоҷикистон бар зидди ин созмони террористӣ пураҳаммият аст. Махсусан, бо таваҷҷуҳ ба ин ки ДОИШ-и Хуросон қасд дорад аз Осиёи Марказӣ, ба вижа Тоҷикистон, ҳамчун манбаъи нерӯи инсонии худ истифода кунад.

Муҳтавои мавзуъ

Баъди тасарруфи бахшҳои қаламрави Ироқ ва Сурия (Шом) дар соли 2014, раҳбари ин гурӯҳ Абубакри Бағдодӣ ба таври ошкор эълом кард, ки ин созмони террористӣ ҳадаф дорад хилофаташро дар саросари ҷаҳон густариш диҳад. Ҳоло аз он чизе, ки мушоҳида мешавад ДОИШ шабакаи худро дар Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, Офриқои Шимолӣ ва Офриқои Ҷануби Саҳро густариш дода ва ба наҳви худ ин манотиқи номбурдаро ба “вилоятҳо” тақсимбандӣ кардааст.

Барои идора кардани созмоне, ки дар оғоз дар ҳоли бузург шудан буд, раҳбарии ДОИШ дар Шом ниҳоди “Идораи Вилоятҳои Дурдаст”-ро таъсис дод ва баъдан ин ниҳод ба Идораи Кулли Вилоятҳо мубаддал гардид. Баъди шикастҳои пай дар пайи ДОИШ дар Ироқ ва Сурия нақши ин идора бештар шудааст.

Сохтори созмонии ДОИШ

Пас аз шикасти ДОИШ дар Ироқу Сурия ва кушта шудани Бағдодӣ ва Қурайшӣ – ду раҳбари ин созмони террористӣ, сохтори ин созмон аз силсиламаротиби мутамаркиз ба сохтори ғайримутамаркиз тағйир ёфт. Баъди чунин тағйирот дар низоми ДОИШ, баъзе ниҳодҳо дар барномарезиҳои ДОИШ нақши бештар гирифтаанд.

Дар ин раванди тамаркуззудоии (decentralization) сохтори ДОИШ, шохаҳои ин созмон салоҳиятҳои бештаре дар тасмимгирӣ ба даст овардаанд. Дар ҷараёни ҳамин тағйироти сохтории ДОИШ, аҳаммияти Идораи Кулли Вилоятҳо (Идорат ул-Ъомат ул-Вилоят) бештар шуддаст. Ин идора умури сатҳҳои боло, аз ҷумла тасмимҳои молӣ ва раҳномоии амалиётиро дар силсиламаротиби тасмимгирии ДОИШ бар уҳда дорад. Бар асоси он шавоҳиде, ки Созмони Миллал гузориш медиҳад, дастурамалҳо дар мавриди тарзи созмондиҳии шохаҳо ё ба истилоҳ вилоятҳои ДОИШ ва интихоби раҳбарони вилоятҳо тавассути ин ниҳод содир мешавад. Ҳамчунин, дар сурати мухолифат байни вилоятҳо ин ниҳод ба унвони довар амал мекунад.

Яке дигар аз иқдомоти муҳими ниҳодӣ дар созмони ДОИШ таъсиси дафтарҳои минтақаи (regional offices) мебошад. Ин амр боиси коромадтар шудани иртиботи ниҳоди марказии ин созмон бо дигар шохаҳояш гардидааст. Ҳоло 8 дафтар таҳти назорат ва фармони Идораи Кулли Вилоятҳо аст. Ин дафтарҳо ба номҳои Мактаб ул-Шом, Мактаб ул-Ироқ, Мактаб улСиддиқ, Мактаб ул-Каррор Мактаб ул-Фурқон, Мактаб Умм ул-Қура, Мактаб Зул-Нурайн, Мактаб ул-Форуқ ёд мешаванд. Тасвири сохтори ниҳодии ДОИШ ва минтақаҳои фаъолияти ин созмон дар намудори (диаграмма) зер пешкаш шудааст:

Сохтори ниҳодии ДОИШ

Манбаъи аслӣ: https://ctc.westpoint.edu/the-general-directorate-of-provinces-managing-the-islamic-states-global-network/.

Дар ин силсиламаротиб, дафтарҳо муваззафанд ба Идораи Кулли Вилоятҳо аз вазъи амалиётӣ ва низомӣ дар минтақаи худ гузоришҳои моҳона ирсол кунанд. Дар посух ба чунин гузоришҳо, Идораи Кулл маъмулан пиромуни барномарезиҳои токтикӣ ва роҳбурдии оянда машварат медиҳад.

Ҳамонтавр ки дар боло ишора шудааст ДОИШ-и Хуросон тобеъи дафтари Мактаб ул-Содиқ аст ва яке аз фаъолтарин шохаҳои ин созмон мебошад. Идораи Кулл ба таври фаъол ин вилоятро таъмини молӣ мекунад, зеро ин шоха тавонмандиҳои афзоиши амалиёт, ҷазби неру ва густариши доманаи ҳамлаҳоро дорад, чунонки дар ҳамлаҳои террористии ахири ДОИШ-и Хуросон дар Эрон, Туркия ва Русия дидем.

 Сарчашмаҳои даромади ДОИШ ва дафтарҳо

Пас аз шикасти ДОИШ дар майдонҳои ҷанг дар минтақаи Шом (соли 2017), мудели молии ин созмон дар ҷараёни тамаркуззудоии сохторӣ низ шакли дигаре ба худ гирифтааст. Масалан, қаблан сарчашмаҳои молӣ аз марказ ба пойин, яъне ба вилоятҳои ДОИШ интиқол меёфт, вале ба далели фишорҳои неруҳои зидди ДОИШ, даромадҳои ин созмон ба шиддат осеб диданд. Гумон меравад, ки тақрибан дар соли 2017 барои ҷуброни ин зарар ДОИШ вилоятҳои худро ба абзори даромад табдил додааст. Бинобар ин, ҳоло яке аз сарчашмаҳои асосии молии ДОИШ дафтарҳои ин созмон аст ва бахше аз будҷаи ДОИШ аз ҳамин дафтарҳо ба марказ интиқол меёбад.

Сарчашмаҳои даромади худи шохаҳои/дафтарҳои ДОИШ (аз ҷумла ДОИШ-и Хуросон) дар минтақаҳои мухталиф: боҷгирӣ, одамрабоӣ, қочоқ, тиҷорат ва кумакҳои молӣ аз тарафдорони ин созмон аст. Чунин роҳҳои даромадзоӣ ва созу кори молӣ, ҳамонгуна ки пештар зикр шуда буд, бо машварат ва раҳнамоии Идораи Кулли Вилоятҳо сурат мегирад.

Ончи аз фаъолиятҳои ДОИШ-и Хуросон дар Афғонистон гузориш шудааст, маълум мегардад, ки ин шоха барои ба даст овардани даромад аз роҳҳои дар боло номбурда истифода мекунад, аммо ахиран натавонистааст даромади кофӣ ҳосил кунад. Аз ин сабаб, бино бар гузориши Созмони Миллал ва баёнияи вазири дифоъи Омрико, Мактаб ул-Сиддиқ, яъне дафтари ДОИШ-и Хуросон аз дигар дафтари минтақаии ДОИШ ба номи Мактаб ул-Каррор ёрии молӣ дарёфт кардааст. Ин иқдом ба ДОИШ-и Хуросон имкони инро дода, ки ба роҳандозии амалиёти террористӣ ва ҷалби одамҳо ба саффи ҷангҷӯёни худ идома диҳад. Ингуна сарчашмаҳои молӣ ба эҳтимоли зиёд пушти ҳамаи амалиёти террористии ахири ДОИШ-и Хуросон, аз ҷумла ҳамлаи хунин ба Крокус Ситии Маскав аст.

Ниҳоди Мактаб улКаррор масъулияти фаъолияти ДОИШ дар Сумолиро бар уҳда дорад ва аз соли 2022 ба пурдаромадтарин шохаи ДОИШ мубаддал шудааст. Сарчашмаи даромади асосии Мактаб ул-Каррор боҷгирӣ ва ҷамъоварии молия (андоз) аз фаъолиятҳои гунонгун – аз қочоқ гирифта то тиҷоратро дар бар мегиранд. Ин дафтар тавоноии ҳосили ҳудуди 6 милиюн долларро дар як сол дорад ва бар асоси чандин гузоришҳои муътабар бахше аз ҳазинаи молии чанд шохаи ДОИШ, аз ҷумла ДОИШ-и Хуросон тавасутти ин ниҳод фароҳам мешавад.

Омили ДОИШ-и Хуросон ва чолишҳо барои Тоҷикистон

То ҳоло се халифаи ДОИШ кушта шуданд ва ин зарбаи ҷидди барои ин созмони террористӣ аст. Тавре маълум мегардад, ин омил боиси аз байн рафтани ДОИШ намешавад, зеро ин созмон ба як нерӯи ғайримутамаркиз табдил шудааст ва дар он ниҳодҳо ё ҳамон Идораи Кулли Вилоятҳо ва дафтарҳо қобилияти худсозмондиҳӣ, ҳамбастагӣ, коркард ва фаъолиятро нигаҳ медоранд. Пушти амалиёт ва тарҳҳои истихдоми ДОИШ-и Хуросон ниҳодҳо ва шабакаи созмонёфта, бо сарчашмаҳои молӣ вуҷуд дорад. Ҳамон тавр ки қаблан ишора шуда буд, сарачашмаҳои молии ин созмони террористӣ боҷгирӣ, одамрабоӣ, қочоқ, тиҷорат ва кумакҳои молӣ аз тарафдоронаш ва дафтари минтақаии ДОИШ ба номи Мактаб ул-Каррор аст. Бо чунин тавонмандиҳо ин созмони террористӣ аз осебпазирии кишварҳои монанди Тоҷикистон баҳра мебарад. Ба ҳамин далел, бартарафсозии заъфҳо ва ҳама гуна заминаҳо дар Тоҷикистон як амри зарурӣ аст. Аз ин рӯ, чораандешӣ ва тадбирҳои ниҳодӣ барои густариши бозори кор, беҳбудӣ дар сатҳи зиндагӣ ва густариши ватандӯстии шаҳравандони Тоҷикистонро дар барораби ҳар гуна ифротгароӣ ва тундравӣ дар ниҳоят муқовимтар ва масунтар хоҳад кард.

Дар шароити имрӯза бо назардошти омили истифодаи абзории шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби ДОИШ-и Хуросон чунин чолишҳо шакл гирифтанд:

Якум, бояд ин воқеъиятро дар назар гирифт, ки дар пушти ин созмони террористӣ ниҳодҳо ва фаъолиятҳои созмонёфта нуҳуфтаанд ва наметавон аз тавонмандиҳои зикршудаи ДОИШ чашмпӯшӣ кард. Барои мубориза бо неруҳои ғайридавлатӣ монанди ДОИШ (non-state actors), огоҳӣ аз ин ки ин гуна гурӯҳҳо метавонанд таъсиргузор бошанд ва ба аҳдофи худ бирасанд хеле муҳим аст.

Дуюм, пешбинӣ метавон кард, ки ДОИШ-и Хуросон ба кори худ дар ҷалби шаҳрвандони осебпазири Тоҷикистон идома хоҳад дод. Чун ба назар мерасад, ки ҳадаф ҳам бештар ҷалб кардани шаҳрвандони Тоҷикистон барои амалиёти ҳаросафканона дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон аст. Барои гирифтани пеши роҳи чунин падида – роҳандозии васеъи ҳамкориҳо бо кишварҳои манфиатдор лозиманд, то воқеан қурбонии амалиёти ДОИШ-и Хуросон будани шаҳрвандони Тоҷикистон бештар маълум шавад.

Сеюм, сарбозгирии ДОИШ-и Хуросон чолиши ҷиддие ба сиёсати хориҷии кишвар аст ва амалан рӯйкарди усулии Тоҷикистон дар муқовимат ба экстремизм ва терроризмро зери суол мебарад. ДОИШ-Хуросон беш аз ҳама ба обрӯи кишвари мо дар саросари ҷаҳон латма ворид карда ва пайомади он дар арсаи байналмиллалӣ бар нафъи миллат нахоҳад буд.

Хулоса

Муқобила бо таҳдиди ДОИШ ва талошҳои он барои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба дарки дуруст ва ҷомеъ аз сохторҳои дохилии ДОИШ ниёз дорад. Сохтори созмонии ДОИШ, дафтарҳои минтақаӣ ва сарчашмаҳои молии он пушти фаъолияти густардаи ДОИШ-Хуросон нуҳуфтаанд ва ҳамбастагии кулли шабакаи ДОИШ-ро нигаҳ медоранд. Шабакаи террористии  ДОИШ барои Тоҷикистон як таҳдиди ҷиддӣ аст. Аз ин рӯ, бахши бузурге аз мубориза бо он бартарафсозии осебпазириҳои дарунии Тоҷикистон бояд бошад, то ДОИШ-и Хуросон натавонад аз нуқоти заъфи кишвари мо баҳра барад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь