ЧАРО БАЪЗЕ РОҲҲОИ МАРЗӢ СОЛҲО БАСТА ҲАСТАНД?

Ё зарари ноаёни роҳҳои баста ба мардуми деҳаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон

Агар шумо ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон расидеду мехоҳед аз Чоркӯҳ ба Шӯроб равед, ба харита нигариста пай мебаред, ки ҳамагӣ бояд 10 километр роҳ тай кунед, то ба манзил расед. Аммо ин хаёли хом аст, зеро шумо бояд тавассути Самарқандак гузаред, ки ин дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди Қирғизистон аст. Марзҳо бастаанд, пас роҳ ҳам ба ҷониби шаҳраки конканҳо баста аст.

Инак, соли даҳум аст, ки як қатор роҳҳои автомобилгард дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бастаанд. Ин ҳамон роҳҳоеанд, ки иртиботи нақлиётро байни деҳаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон таъмин мекарданд. Одамон барои аз як деҳа ба деҳаи дигар рафтан вақту маблағи иловагӣ сарф карда, бояд бо роҳҳои давру баргашт раванд. Албатта гап дар бораи роҳҳое меравад, ки аз қадим, новобаста аз он ки дар ҳудуди кадом кишвар асту онро кӣ сохтааст, мардуми Қирғизистон Тоҷикистон аз он баробар истифода мекарданд.

Яке аз чунин роҳҳо роҳи автомобилгарди Шӯроб-Самарқандак-Чоркӯҳ аст. Имрӯзҳо нороҳатии зиёдро коргарон ва мутахассисоне, ки дар кони Шӯроб ба истихроҷи ангишт машғуланду аксарашон дар деҳаҳои атрофи Сурх ва Чоркӯҳ зиндагӣ доранд, ҳис мекунанд. Онҳо барои он ки ба кор раванд ё аз кор ба хона баргарданд, бояд ду маротиба бештар масофаеро тай кунанд, ки то замони авҷи низоъҳо дар марз тай мекарданд.

Роҳи мошингарди Шӯроб-Чоркӯҳ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, вақте хатти марз дар байни ҷумҳуриҳои шӯравӣ шартӣ буд, сохта шудааст. Вақте Тоҷикистону Қирғизистон дар охири солҳои 2000-ум дар хусуси муайянсозӣ ва нишонаву аломатгузории марз ба гуфтушунид сар карданд, байни аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ, ки дар имтидоди роҳ зиндагӣ мекарданд, дар мавриди ба кӣ тааллуқ доштани роҳ мушкил пайдо шуд. Даъво байни ҷомеаи маҳаллӣ то ба низоъ, ки ба он низомиён низ ҳамроҳ шуданд, кашида шуд.

Дар соли 2013 дар имтидоди роҳи мошингарди Шӯроб-Чоркӯҳ чанд ҳодиса сар зад, ки дар натиҷаи он аҳолии ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон зарар диданд. Вақте дар моҳи январи соли 2014 даъвои марзӣ байни ду кишвар ба далели таъмири роҳи мошингарди Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ аз ҷониби Қирғизистон ба низои мусаллаҳона кашида шуд, тасмими баста шудани марзи Тоҷикистону Қирғизистон гирифта шуд, ки дар натиҷа боиси як қатор роҳҳои марзӣ баста шуданд. Дар ин қатор роҳҳои мошингарди Шӯроб-Чоркӯҳ ва Исфара-Ворух низ буданд, ки аз тариқи Оқсой мегузаштанд. Вақте марз боз шуд, роҳ тавассути Оқсой низ боз шуд, аммо роҳи мошингарди Шӯроб то ҳол баста аст. То ҳол маълум нест, ки чунин иқдомро кӣ гирифтааст, зеро марзбонҳое, ки дар замонҳои гуногун дар ин хатти марз хидмат мекарданд, чанд сол ҳамеша як гапро мегуфтанд: «Тасмим дар боло гирифта шудааст». Аммо баъзе коршиносон мегӯянд, ки баста шудани чанд роҳи мошингарди марзӣ кори дасти низомиён ва мақомоти маҳаллӣ аст, ки гӯё ба хотири амнияти шаҳрвандон гирифта шудааст.

«Қитъаҳои роҳи Шӯроб-Чоркӯҳ, ки тавассути ҳудуди Қирғизистон мегузаштанд, аз дигар қитъаҳои роҳе, ки ҳамарӯза мардуми деҳаҳои Ворух ва Оқсой аз он убур мекунанд, ҳеҷ фарқе надоранд. Имрӯз ҳеҷ зарурате барои баста нигоҳ доштани ин роҳ нест. Аз ин коргарону мутахассисони мо, ки дар деҳаҳои Сурҳ ва Чоркӯҳ зиндагӣ мекунанд, ранҷ мекашанд. Онҳо ҳамарӯза беш аз ду-се соат вақти худро барои ба кор омадану аз кор баргаштан сарф мекунанд. Ҳол он ки тавассути Самарқандак ин роҳро метавон дар ним соат тай кард. Амниятро метавон бо дигар роҳ таъмин кард. Масалан, мешавад назорати муштаракро ба роҳ монд, мисле, ки дар гузаргоҳи маҳалҳои аҳолинишини Кӯктош ва Сомониён ҳаст», – гуфт ба «Суғднюс» раиси иттифоқҳои касабаи Ҷамъияти саҳҳомии «Ангишт»-и шаҳраки Шӯроб Боир Ҳомидов.

Қирғизҳои қавмӣ низ, ки дар Шӯроб зиндагӣ мекунанд, бо мушкилот рӯбарӯ ҳастанд. Барои ба назди хешу табори худ ба Самарқандак ва дигар деҳаҳо расидан, ба онҳо лозим меояд, ки чанд километр роҳро пиёда тай кунанд. Якуним сол аст, ки дар ин қитъа хеле кам касе марзро убур мекунад, хол он ки дар минтақаҳои Оқсой, Кӯктош, Учдобоо, Коктерек одамон озодона рафтуо мекунанд.

«Ман ҳам дар Шӯроб ва ҳам дар Самарқандак хона дорам. Марзбонҳо инро мефаҳманд ва ба ман иҷозат медиҳанд, ки аз Шӯроб ба хоки Қирғизистон гузарам ва ҳар дафъа ба ман лозим меояд, ки 3-4 километр роҳро пиёда тай кунам. Ман аз рӯйи ихтисос пизишк ҳастам. Ҳамчун корманди ботаҷрибаи тиб зуд-зуд занони Қирғизистон барои зоймон ба ман муроҷиат мекунанд. Ҳарчанд ман ҳоло бознишаста шудаам, аммо фаъолияти пизишкиамро идома дода, кӯшиш мекунам, ки чӣ дар Шӯроб ва чӣ дар Самарқандаку Оқтотир ва дигар деҳаҳои Кирғизистон ба одамон ёрӣ расонам. Аз ин рӯ, маҷбурам, ки баъзан ба ин деҳаҳо равам», – гуфт сокини шаҳраки Шӯроб Баҳрихон Тошева ба «Суғднюс».

Баҳрихон, ки солҳои тӯлонӣ дар бемористони клиникии Шӯроб кор кардааст, гуфт, сокинони бисёре аз рустоҳои наздимарзии Қирғизистон қабл аз даргириҳои солҳои 2021-2022 дар бемористони Шӯроб табобат мегирифтанд.

«Онҳо ба пизишкони тоҷик ҳамчун мутахассисони варзида эътимод доштанд», – гуфт ӯ.

«То вақтҳои охир дар бисёре аз деҳаҳои Кирғизистон бемористон набуд ва дар дармонгоҳи Самарқандак пизишкон беморро фақат муоина карда метавонистанду халос. Ба ҷойи рафтан ба Бодканд расидан ба Шӯроб, ки дар он ҷо ёрии тиббии ҳирфаӣ ва табобат гирифтан мумкин аст, осонтар буд, зеро пизишкон соҳибихтисос ва муассисаи тиббӣ хубтар муҷаҳҳаз буд, вале баста шудани роҳ барои одамони ниёзманд нороҳатӣ эҷод мекард. Имрӯз Самарқандак бемористони замонавии худро дорад, аммо дар он ҷо мушкили кадрӣ эҳсос мешавад», – афзуд Тошева.

Роҳи мошингарди Шӯроб – Чоркӯҳ, ки 10 километр тӯл дорад, барои иртиботи нақлиётӣ байни маҳалҳои бузурги аҳолинишини деҳаҳои ҷанубу ғарбии Исфара масири муносиб мебошад. Илова бар пайвастани шаҳраки кӯҳканҳои Шӯроб бо шаҳракҳои тоҷикону қирғизҳо, он барои соҳибкорони ду кишвар, ки дар бозорҳои наздимарзии Самарқандаку Чоркӯҳ тиҷорат мекарданд, масири ҳамлу нақли хуб маҳсуб мешуд.

Роҳҳои алтернативӣ тавассути Исфараву Чордеҳ на танҳо аз ҳисоби дарозии масофааш носозгору гаронарзиш аст, балки барои ҳаракати мошинҳо дар мавсими боронгарӣ ва ба сабаби серравуо будани нақлиёт дар баъзе минтақаҳо хатарнок аст. Ба ҳамин ҳол кӯҳканҳои Шӯроб маҷбур мешаванд, ки бо ҳамин роҳ ҳаракат кунанд.

Аз баста шудани қитъаи роҳи мошонгарди Исфара-Ворух тавассути деҳаи қирғизии Қара-Бак (ба Досток тағйири ном кардааст) қариб 10 сол мегузарад. Ин деҳаи Қирғизистон бо он қобили таваҷҷуҳ буд, ки сокинони рустоҳои наздимарзии Тоҷикистон имкон доштанд, бо нархи арзон мошинҳои худро аз сӯзишворӣ пур кунанд ва навъҳои зиёди колоеро, ки дар кишвар камчин ё гарон буд, харидорӣ кунанд. Ин пеш аз ҳама ба нуриҳои маъданӣ дахл дошт, ки сокинони Қара-Бак дар дарозои кӯча дар назди хонаҳои худ савдо мекарданд. Деҳқонҳои қирғиз метавонистанд қурут ва аз боғҳои худашон зардолуи хушк, себ ва сабзавоти тару тоза фурӯшанд.

«Ман ҳар боре, ки аз Қара-Бак мегузаштам, на танҳо ба мошинам сӯзишворӣ мерехтам, ҳамчунин, қурут ва баъзан помидор ё себи тару тоза мехаридам. Баъзан лозим меомад, бо сокинони ин деҳа муошират мекардам ва медонам, ки савдо барои бисёре аз оилаҳои Қара-Бак манбаи муҳими даромад буд. Аксари оилаҳо дар ин ҷо аз ҳамин ҳисоб зиндагӣ мекарданд», – нақл кард ба мо сокини деҳаи Ворух Парвиз Тоҷибоев.

Тиҷорати яклухт низ миёни соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон дар Қара-Бак (Досток) рушд карда буд. Ба ин ҷо аз Ҷалолобод ва Ӯш ба миқдори зиёд олу, чормағз ва тухми офтобпараст оварда мешуд. Харидорон ҳам намояндагони саноати коркарди Тоҷикистон ва ҳам соҳибкорони одӣ, ки ба Русия маҳсулот ворид мекарданд, буданд.

Пас аз баста шудани ин қитъаи роҳ дар соли 2014 тиҷорат дар Қара-Бак комилан “мурдааст”. Ин тасмими нерӯҳои амниятӣ на танҳо ба равобити иқтисодии ду давлат, балки ба аҳолии деҳаҳои марзии ду тарафи марз низ хисороти ҷиддӣ ворид кард. Баъзеҳо манбаи даромадро аз даст доданд, дигарон имкони сарфаи пулро тавассути нархҳо аз даст доданд, ки ба ҳар роҳе ба сатҳи зиндагии мардум таъсир мерасонад.

Қитъаи алтернативии роҳ тавассути Чордеҳ танг буда, гардишҳои зиёде дорад. Маҷрои зиёди мошинҳо, аз ҷумла мошинҳои боркаш ба ҷони шаҳрвандоне, ки дар канори роҳ ҳаракат мекунанд, хатар эҷод мекунад. Аммо дар нақшаҳои мақомоти шаҳри Исфара то ҳол таъмини роҳи дигаре пешбинӣ нашудааст.

Сокинони минтақаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон ифтитоҳи марзҳоро бесаброна интизоранд. Онҳо медонанд, то замоне, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи хатти марзи давлатӣ тасмим нагиранд, ба тағйироти мусбат дар фаъолияти иртиботи нақлиётии марзӣ умед баста наметавонанд. Хушбинӣ аз фаъолияти пайвастаи гурӯҳи корӣ дар марз, вохӯриҳои мунтазами сарони Комиссияи байниҳукуматӣ ва маълумоте, ки дар мавриди тасдиқи қитъаҳои тавсифшудаи марз тавассути расонаҳо эълон шудааст, мардумро рӯҳбаланд мекунад. Ҳарчанд дар ин бора кам иттилоъ дода мешавад, аммо барои фаҳмидани он, ки тарафҳо ба анҷоми кор наздиканд, кифоя аст. Умед аст, ки бо боз шудани марз тамоми роҳҳои наздимарзӣ ба таври маъмулӣ ба кор шуруъ мекунанд. Равуои озоди мардум ва интиқоли молу коло дар ин марз метавонад на танҳо ба беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолии наздимарзӣ мусоидат кунад, балки омили муҳими субот, таҳкими эътимод, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек миёни сокинони манотиқи марзӣ ва мардуми Тоҷикистону Қирғизистон дар умум гардад.

Муталиб ШАРИФОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь