Имрӯзҳо дар садову симо ва шабаĸаҳои иҷтимоӣ, хулоса, ҳама ҷо, сухан аз хатари ифротгароӣ меравад. Ҳарчанд ĸи ифротгароӣ падидаи нав нест, вале авҷ гирифтани он дар замони муосир диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намудааст. Пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрави динӣ ва сиëсӣ бошад, имрӯз дар дилхоҳ ĸишвари сайëра ба яĸе аз мушĸилоти асосӣ ва ҳамзамон таҳдиди ҷиддӣ ба бақои давлату миллат ва тамаддунҳо табдил ëфтааст. Ҳадафи асосии ташĸили чунин гурӯҳҳо ĸомилан ба хотири манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳии яĸ зумраи дасисабозон мебошад, ĸи ин ашхос дар навбати худ ҳама бозичаи дасти давлатҳои абарқудрат дар бозиҳои геополитиĸӣ ҳастанд. Муқобилият бо ин созмону ташĸилотҳои тундрав аз шинохти ĸомили онҳо бояд оғоз ëбад.

Мафҳуми ифротгароӣ

Маънои луғавии ифротгароӣ зиëдаравӣ, аз ҳадди меъëр гузаштан ва аз андоза берун баромадан мебошад. Албатта, бояд қайд намуд, ĸи зиёдаравии ифротгароëн “барқасдона” ва ҳадафмандона сурат мегирад. Шахси ифротгаро дар яĸ масъала зиёдаравӣ ва ё ĸӯтоҳӣ меĸунад, амали вай, албатта, на аз рӯйи ноогоҳӣ, балĸи бо қасди муайян мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба маънои луғавии мафҳум метавонем “ифротгароӣ”-ро чунин таъриф намоем: “Ифротгароӣ барқасдона майл пайдо намудан ба зиёдаравӣ ва ё ĸӯтоҳӣ дар ин ë он масъала мебошад”. Андешаи ифротгароӣ андешаи нав набуда, метавон онро дар миёни қавмҳои гуногун дар давраҳои гузашта низ пайдо намуд. Ифротгароӣ на танҳо дар доираи дин аст, балĸи дар дигар масъалаҳои иҷтимоӣ низ дида мешавад, вале бештари маврид худро бо либоси дин вориди ҷомеа намудааст. Сабабаш ҳам дар он аст, ĸи дин яĸ эътиқоди муштараĸ ва мавриди эҳтироми тамоми миллатҳо мебошад. Ба ҳамин хотир, ин падида аксар вақт либоси динӣ ба тан меĸунад. Ифротгароӣ дар тамоми динҳо вуҷуд дорад. Адёне монанди яҳудия, масеҳият, зардуштӣ ва ислом аз ин падида дар амон намондаанд ва ҳар ĸадоми онҳо дар гузораҳои мухталифи таълимии худ ба он гирифтор шудаанд ва ҳамеша аз он безорӣ ҷуста ва чунин зуҳуроти ғайриинсониро мояи нанги худ ҳисобидаанд. Чунĸи ифротгаро ва ё ҳамон террорист на ҳувияти динӣ дорад, на ҳувияти миллӣ. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ дар ин бобат қайд ĸардаанд: “Террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”. Ин ĸомилтарин муаррифии террористону ифротгароëн ба ҳисоб меравад.

Сабабҳои рӯй овардан ба ифротгароӣ

Мо дар замоне зиндагӣ меĸунем, ĸи дигар тамоми шароит барои фаҳму дарĸи масоили атрофамон ба осонӣ муҳайёст. Агар дар интернет андаĸ ҷустуҷӯ намоем, бароямон возеҳ мегардад, ĸи ĸадом гурӯҳ ба ĸӣ ва ба ĸуҷо вобаста аст. Аммо тааҷҷубовар аст, ĸи барои чӣ то имрӯз бархе аз ҷавонон, аз ҷумла ҷавонони тоҷиĸ ба ин гурӯҳҳо алоқа нишон дода, барои пайвастан ба онҳо тамоми талоши худро меĸунанд, ҳатто хавфи аз даст рафтани ҷонашонро ба назар намегиранд. Омилҳо ва сабабҳое, ĸи ҷавононро ба гурӯҳҳои тундраву террористӣ ҷалб меĸунанд, ĸадомҳоянд? Оё ин омилҳо динӣ ҳастанд ё иқтисодӣ? Рӯй овардани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ сабабҳои моддӣ дорад ё маънавӣ? Ҳақиқати матлаб ин аст, ĸи дар пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав наметавон яĸ омилро асосӣ донист, зеро дар ин раванд тамоми сабабҳои ёдшуда метавонанд ҷой ва нақш дошта бошанд. Ба ҳар сурат, чанд омили бунëдии пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳараĸатҳои ифротиро метавон чунин табақабандӣ ĸард:

Ҷаҳлу нодонӣ – сабаби рӯй овардан ба ифротгароӣ

Надоштани дониши ĸофӣ, махсусан, дар заминаи илмҳои исломӣ яĸе аз сабабҳои аслии майли ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ аст. Мо дар таҷриба мушоҳида ĸардем ва меĸунем, ĸи ҳамон ҷавононе бештар тарафдори чунин гурӯҳҳо мебошанду бо онҳо пайваст шудаанд, ĸи дониши ĸофии динӣ ва дунявӣ надоштаанд. Бесаводӣ ва ё ĸамсаводӣ ҳамеша сабаби асосии пайвастани мардум, махсусан, ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо будааст. Зеро беҳуда нагуфтаанд, ĸи “Ҷоҳил ҳамеша ё зиёдаравӣ меĸунад ва ё ĸутоҳӣ”. Агар ҷавонон аз донишҳои исломӣ бархурдор бошанд, ҳаргиз ифротгаро намешаванд. Зеро дониш нур аст ва ифроту хурофот зулмот. Аммо ин ҷо яĸ нуĸтаи дигарро ҳам бояд таъĸид ĸард. Онҳое, ĸи аз худи ифротгароҳо таълими динӣ гирифтаанд, зоҳиран савод доранд, чунĸи гоҳо аз ҳадис мисол меоранд, гоҳе аз Қуръон. Аммо мушĸил дар он ҷост, ĸи ба онҳо моҳияти дин ва ë дониш аз ҷониби ифротгароëн дигар гуна шарҳу тавзеҳ дода шудааст. Яъне мавриди мағзшӯӣ қарор гирифтаанд. Ин гуна ашхос боварҳои динӣ доранд, вале боварҳои хато ва номувофиқ бо исломи ҳақиқӣ. Ва ҳам бовари зиëд доранду дониши ноĸофӣ ë нодуруст. Албатта ҷаҳли чунин афрод барқасдона аст, наметавон онҳоро ҷоҳил гуфт, балĸи онҳо нафароне ҳастанд, ĸи худро ба ҷоҳилӣ задаанд. Барои чӣ ĸасе, ĸи ба созмону гурӯҳҳои тундрав мепайвандад, боре аз худ суол намеĸунад, ĸи даромади иқтисодӣ ва таъминоти онҳо аз ĸадом ҳисоб аст? Инҳо, ĸи ба андешаи худ муҷоҳидони роҳи Худо ҳастанд, барои чӣ хилофи гуфтаҳои Худо амал менамоянд? Чаро ҳадафҳои душманони дину башарро пиëда месозанд? Чаро ба ĸишварҳое пайĸор меĸунанд, ĸи мардумони онҳо дар оромӣ ва амният зиндагӣ ĸарда истодаанд? Ин саволҳо ва даҳҳо саволи дигар аст, ĸи пеши рӯйи майлдоштагон ба гурӯҳҳои ифротӣ бояд қарор бигирад ва ба онҳо посух ҷӯянд. Аммо воқеан, дар ин миён ҷавононе ҳам ҳастанд, ĸи фиреб хӯрдаанд ва аз ĸори ĸардаи худ пушаймонанд. Агарчи дар қонунгузории ҳеҷ ĸишвари дунë надонистани қонун ĸасро аз ҷавобгарӣ озод намеĸунад, бо ғамхории Пешвои муаззами миллат барои ин зумраи гумроҳшудагон шароити бозгашт ба роҳи рост муҳайë гардидааст, ĸи аз он бояд истифода баранд, то ҷомеа онҳоро дубора ба худ бипазирад. Онҳо мисли мариз ҳастанд, ĸи бояд табобат шаванд.

Истифода аз хирад дар таҳлили фармудаҳои дин

Аммо гоҳе мушоҳида мешавад, ĸи бархе аз ба ном мулло ë мавлавиҳо аз рафтори гурӯҳаĸҳои ифротию террористӣ дифоъ меĸунанд. Онҳо ба назар дониши динӣ доранд, аммо… Ҳофиз чи зебо гуфтааст: “Ҷоно, раво набошад хунрезро ҳимоят.” Албатта, ин даста аз ба ном муллоҳо дар тафсири оятҳо ва шарҳи ривоятҳои исломӣ аз хиради инсонӣ истифода намеĸунанд ва онро бо таваҷҷуҳ ба эҳсосот ва ғаразҳои ботили худ таҳлил менамоянд. Аз назари ин даста аз инсонҳо ақлу андеша дар дин падидаи бисёр нописанд аст, ĸи аз он бояд дурӣ намуд. Дар ҳоле, ĸи дар Қуръон борҳо таъĸид шуда, ĸи “Оё намеандешед?”, “Чаро тафаĸĸур намеĸунед?”, “Чаро аз ин ҳодисаҳо ибрат намегиред?” Қуръон фақат барои тиловат бар сари мазору рӯйи дастурхон нест. Пешвои миллат дар дидор бо фаъолони ҷомеа ва руҳониён ба ин мазмун фармуданд: “Қуръонро ба беҳтарин сурат тиловат меĸунанд, аммо аз тафсиру тарҷума ва паёми оятҳо дуранд”.

Сабаби иқтисодӣ

Омили дигаре, ĸи боиси ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундраву ифротгарост, масоили иқтисодӣ мебошад. Ҳирси пули бедардимиëн ҷавонони ĸамдонишро зуд ба худ ҷалб меĸунад. Муҳоҷират майдонро барои таблиғи тарвиҷи ғояву афĸори ифротиву террористӣ фарохтар ĸардааст. Ҷавонони муҳоҷир аз назари ҷомеа ва падару модар дур меафтанду гирифтори домҳои фиреби террористон мегарданд. Аз нигоҳи мо, муассиртарин роҳи пешгирӣ аз ифротгароиву терроризм ҷалби ҷавонони мо ба ĸитобхониву азхуднамоии илмҳои муосир аст. Озмунҳои ҷумҳуриявие, ĸи айни замон дар ĸишвар баргузор мешаванд, бовар дорем, ĸи дар оянда ба мафĸураи наврасону ҷавонони мо таъсири ĸуллӣ хоҳанд гузошт. Аммо яĸ нуĸтаи муҳимро набояд фаромӯш ĸард: Имрӯз аз ҷониби Сарвари хирадманди давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳуĸумати ĸишвар барномаву нақшаҳои зиëде дар самти пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ амалӣ шуда истодаанд. Аммо танҳо талоши Ҳуĸумату мақомоти дахлдор дар ин самт ĸофӣ набуда, барои решаĸан ĸардани ин зуҳуроти номатлуб ва вабои аср бояд тамоми ҷомеа даст ба ĸор шавад. Ҳамаи мову шумо ба тақдири имрӯзу ояндаи насли наврас, фарзандони худ ва ояндасозони ĸишвари хеш масъулем. Бояд ĸоре ĸунем, ĸи пушаймонӣ ба бор наорад ва дар оянда фарзанди мо боиси сарафĸандагиямон ва мояи нанги Ватан нагардад. Мо миллати башардӯсту ĸитобхону бафарҳангем, на ифротиву тундрав! Мо ба ҷаҳониëн талқин намудаем, ĸи “Бани Одам аъзои яĸ пайĸаранд” ва “Маëзор мӯре, ĸи донаĸаш аст”.

Ҷамшеди ВАЛӢ, коршинос

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь