Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи «Иқтисодчӣ» Фаридун Усмонов мегӯяд: «Кишварҳои мо дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта эҳёи мазҳабиро аз сар гузарониданд. Ин солҳои эҳё ва бозгашт ба арзишҳои динӣ барои тамоми кишварҳои минтақа хеле душвор буд. Худи Тоҷикистон дар натиҷаи бедоршавии динӣ ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор гардид ва яке аз омилҳои асосӣ дар он давра – пурзӯр шудани нерӯҳое, ки тарафдори барқарории ҳокимияти динӣ дар кишвар буданд. Ӯзбекистон низ дар натиҷаи эҳёи мазҳабӣ оқибатҳои хеле вазнинро аз сар гузаронидааст, дар охири солҳои 90-ум дар қаламрави ин кишвар чандин ҳамлаҳои ҷиддии террористӣ ба амал омад, ки боиси сахттар кардани сиёсат нисбат ба ходимони динӣ ва гурӯҳҳое, ки ҳамчун ҷонибдори таҳкими дин дар ҳаёти ҷомеъа баромад мекарданд, гардид».
Ҳарчанд имрӯз дар Тоҷикистон ҳар як шахс метавонад озодона ба ин ё он дин пайравӣ кунад, дар ИМА чунин фикр намекунанд. Эҳтимол ба андешаи Амрико, Вашингтон ҳама чизеро, ки дар фосилаи даҳҳо ҳазор километр дур аз он рух медиҳад, беҳтар медонад. Ҳамасола Амрико ба нақзи озодиҳои мазҳабӣ дар ҷумҳурии мо ишора мекунад, ки ин аслан ё беасос аст ва ё ба хотири безарар кардани ақлҳои ноустувори ҷавонон (манъи рафтани кӯдакони то 18-сола ба масҷид) анҷом дода мешавад.
Чанде пеш чунин омили исломиро дар қаламрави Қазоқистон аллакай истифода бурда буданд. Ман фикр мекунам, ки ин тасодуфӣ набуд, зеро Қазоқистон нисбат ба намояндагиҳои созмонҳои ғарбӣ дар қаламрави худ комилан таҳаммулпазирона муносибат мекунад ва ба созмонҳои ғайридавлатии ғарбӣ барои фаъолият бурдан имконият фароҳам меоварад. Ин созмонҳо тавассути намояндагиҳои худ дар Қазоқистон фаъолияти худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пеш мебаранд. Ва маҳз Қазоқистон хатари воқеиро аз ҷониби исломгароён дар худ таҷриба кард, дар натиҷаи як силсила ошӯбҳое, ки дар ноҳияҳои Қазоқистон сар заданд, даҳҳо нафар кушта шуданд (ошӯбҳо дар вилоятҳои Актюбинск, Манғистау, Караганда ва вилоятҳои ҷанубии Қазоқистон ба қайд гирифта шуданд). Ва ҳатто дар ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 низ гурӯҳҳои исломгароёни тундрав даст доштанд.
Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ: “Лоиҳаҳои давлатҳои ғарбӣ, ки ба эҳёи ҷомеаи мазҳабӣ нигаронида шудаанд, дар асл барои эҷод кардани бесуботӣ, ворид кардани гурӯҳҳои тундрав ва таълимоти радикалӣ дар минтақа таҳия карда гардидаанд.”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва пеш аз ҳама Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар ҷаҳони ислом ҳамчун марказҳои маърифати исломӣ маъруфанд. Бесабаб нест, ки Бухоро маркази таълими динии мусалмонон дар фазои пасошӯравӣ маҳсуб меёбад. Аксари имом-хатибон ва ходимони динии Осиёи Марказӣ ва Русия хатмкардагони мадрасаи Мири Араб дар Бухоро мебошанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ислом дар кишварҳои мо пояҳои хеле мустаҳкам дорад. Дар Тоҷикистон беш аз 98% ва дар Ӯзбекистон беш аз 90% аҳолӣ ба дини ислом эътиқод доранд; зиёда аз 80 дарсади сокинони Қирғизистон низ ба дини Ислом пайравӣ мекунанд”.
Таҳдиди исломгароии радикалӣ
Таъсири созмонҳои ғарбӣ ба раванди ифротгароии ҷавонон дар Осиёи Марказӣ нигарониҳои ҷиддии таҳлилгарон ва сиёсатмадорони минтақаро ба бор овардааст. Бархе аз коршиносон таъкид мекунанд, ки барномаҳое, ки ҳукуматҳои ғарбӣ ва созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ дар зери пардаи пешбурди демократия ва ташаббусҳои башардӯстона маблағгузорӣ ва ҷорӣ мекунанд, баъзан ба фароҳам овардани заминаи мусоид барои тундгароӣ (радикализатсия) мусоидат мекунанд. Ин тавассути барномаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ ба амал бароварда мешавад, зеро онҳо мехоҳанд ақидаҳо ва тарзи ҳаёти анъанавии мардумро тағйир дода, дар байни қишрҳои муҳофизакори аҳолӣ муқовимат ва норозигӣ ба бор оранд.
Илова бар ин, фаъолияти созмонҳои ғарбиро метавон ҳамчун кӯшиши дахолати беруна арзёбӣ кард, ки руҳияи зиддиғарбиро бештар карда, ба паҳншавии идеологияҳои ифротӣ мусоидат мекунад. Радикалҳо ин ривоятро барои сафарбар кардани ҷавонон бар зидди тавсеаи фарҳангӣ ва сиёсии Ғарб истифода мебаранд. Ин боиси ташдид ёфтани зиддиятҳои иҷтимоӣ ва амиқтар шудани ҷудошавии (фосилаи) байни наслҳову гурӯҳҳои иҷтимоӣ гардида, осебпазирии ҷавононро ба ақидаҳои радикалӣ ва хатари ташкилёбии гурӯҳҳои ифротиро дар минтақа зиёд мекунад.
Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов: “Дар ҷомеа, дар байни сокинони кишварҳои мо, албатта таваҷҷуҳ ба ислом афзоиш меёбад. Вале таҳдиди асосӣ – ин кӯшиши истифодаи донишҳои динӣ ба манфиатҳои шахсии худ аст. Бесабаб нест, ки шумораи муайяни ҷавонон ба гурӯҳҳои радикалӣ шомил мешаванд, зеро маҳз хоҳиши омӯхтани дин аз ҷониби гурӯҳҳои радикалӣ ҳамчун фишанг барои ҷалб кардани ҷавонон истифода шуда, ҷавонони бесаводро ба абзори дасти онҳо табдил медиҳад”.
Тавре дар мисоли ҷавонони ба гурӯҳҳои тундрав шомилшуда мебинем, ин гурӯҳҳо кӯшиш мекунанд, ки ҷавонони бесаводро ҷалб карда, барои ҳадафҳои худ истифода баранд. Яъне ин ҷавонон бозичаи дасти кишварҳои манфиатдор мегарданд. Мақсади онҳо бо истифода аз ин афрод ва гурӯҳҳо ба равандҳои сиёсии кишварҳои ҷаҳон таъсир расонидан аст.
Инқилоби исломии Эронро ба ёд меорем. Дар замони давлатдории шоҳ як қисми роҳбарияти исломгароёни эронӣ дар кишварҳои НАТО ва кишварҳои Аврупои Ғарбӣ паноҳ ёфтанд. Онҳо тӯли солҳои зиёд аз ҷониби Амрико ва кишварҳои Аврупои Ғарбӣ дастгирӣ ва маблағгузорӣ карда мешуданд. Ва маҳз бо ҳамин дастгирӣ онҳо тавонистанд, ки ҳукумати онвақтаи Эронро сарнагун кунанд.
Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ: “Фаъолияти ошкорои кишварҳои ғарбӣ дар самти дастгирии нерӯҳое, ки гӯё ба эҳёи дин ва арзишҳои динӣ нигаронида шудаанд, албатта бенатиҷа намемонад. Ин пайомадҳо бештар ба зиндагии шаҳрвандони одии кишварҳои минтақа таъсир мерасонад”.
Аз як тараф, мо шоҳиди он ҳастем, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои озодии баёни мавқеи динӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мубориза мебарад, аз тарафи дигар, имрӯз тавре мебинем, дар Амрико тӯли ду ҳафта инҷониб тазоҳуротҳои эътирозии донишҷӯён, ки ба тарафдории сулҳ дар Фаластин баромад мекунанд, саркӯб карда мешаванд. Донишҷӯёни амрикоӣ, ки дар байни онҳо мусалмонон низ кам нестанд, Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба қатъ кардани кӯмакҳои молиявӣ ва низомӣ ба Исроил, ки беш аз ҳафт моҳ инҷониб мардуми осоиштаи навори Ғаззаро ба қатл мерасонад, даъват менамоянд”, – мегӯяд Фаридун Усмонов.
Исломи радикалӣ барои Осиёи Марказӣ ва умуман ба суботи минтақа хатари ҷиддӣ дорад. Инчунин, бо назардошти ҳамсоягии кишварҳои мо бо Афғонистон, ки тӯли даҳсолаҳо ба як майдони машқ барои ташкили гурӯҳҳои тундрави гуногун табдил ёфта буд, масъалаи муборизаи муштарак бо паҳншавии таълимоти душманона барои тамоми кишварҳои минтақа аҳамияти калон пайдо мекунад. Ва кӯшишҳои аз дур “ишора” кардан ба камбудиҳои гӯё мавҷудбуда дар масъалаи озодиҳои мазҳабӣ дар Осиёи Марказӣ, нишонаи шарикӣ ва иродаи нек намебошад.
Матлубаи Қ.