Исломгароии радикалӣ дар Тоҷикистон имрӯз мавқеи ниҳоят заиф дорад, аммо он мисли вулқони нуҳуфтае аст, ки метавонад дар сурати сар задани як қатор омилҳо ба як таҳдиди ҷиддии амниятӣ табдил ёбад. Ислом ногузир ба равандҳои сиёсӣ таъсир мерасонад ва нерӯҳои беруна бошад аз истифодаи омилҳои мазҳабӣ ҳамчун василаи таъсиррасонӣ ва ташаккули афкори ҷомеа даст намекашад.

Чаро ислом радикалӣ шуда истодааст?

Коршинос Рустам Азизӣ мегӯяд: “Гаравидан ба тундгароӣ омилҳои зиёде дорад. Пеш аз ҳама омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ ба тундгароӣ сабаб мегарданд ва дар шароити минтақаи мо, паст будани дониши сиёсӣ ва набудани имкониятҳои дигар низ, радикализмро дар шакли исломгароӣ ба вуҷуд меоранд. Магар шумо боре шунидаед, ки масалан миллатгароёни тоҷику ӯзбек ё ягон ҷунбишҳои чап дар ҷойе ҷамъ омада бошанд? Омили динӣ танҳо ба радикалҳо кумак мекунад, ки барномаи худро тақвият бахшанд. Аммо он омили аслӣ нест. Яъне худи диндорӣ ё муносибати бепарвоёна нисбат ба дин ба радикализм  иртиботи ғайримустақим дорад».

Албатта,  дар ин ҳолат дин ҳамчун яке аз омилҳои эҳтимолӣ ва ё муҳимтарин метавонад, ба як абзори сиёсӣ дар дасти нерӯҳои беруна табдил ёбад. Солҳои охир мо шоҳиди он будем, чӣ гуна дар Украина миллатгароӣ  ба миён оварда шуд, ки дар натиҷа он ба як шакли асосии тундгароӣ табдил ёфт.

Осиёи Марказӣ ҳар он ҳодисаеро, ки имрӯз дар Украина мегузарад,  набояд ҳамчун ҳодисаи сиёсии хушку холӣ қабул кунад, зеро хатари табдил додани минтақа ба чунин як майдони ҷанг (дар марзҳои ҷанубии Русия) вуҷуд дорад. Дар ин минтақа омили миллатгароӣ ба ҳеч ваҷҳ муҳим нест, зеро чунин руҳия дар ин ҷомеа мушоҳида намешавад.

Тоҷикистон оё зери хатари исломгароии радикалӣ қарор дорад?

Фаҳмондани он, ки ифротгароӣ падидаи бад аст, он қадар душвор нест, вале пур кардани фазои холӣ бо иттилоотҳои мусбат яке аз вазифаҳои асосии  тамоми ҷомеаи мо мебошад” – мегӯяд, коршинос Рустам Азизӣ.

“Исломгароии радикалиро дар маҷмуъ метавон яке аз таҳдидҳои асосии амниятӣ дар Тоҷикистон ном бурд, зеро кишвари мо таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст. Дар он замон исломгароӣ дар шакли исломи сиёсӣ кӯшиши бо зӯрӣ ба сари қудрат расиданро дошт. Аз ин рӯ, мо бо чунин таҷрибаи таърихӣ бояд ҳамеша ҳушёр бошем. Албатта, таҳдидҳои амниятӣ зиёданд ва ҳарчанд исломгароӣ яке аз онҳост, ҳатто бо назардошти вобастагии он бо омили Афғонистон, ман ин таҳдидро калонтарин таҳдид ба минтақа арзёбӣ намекунам. Зеро тибқи изҳороти ҳам мақомоти амниятии мо ва ҳам дигар коршиносон, теъдоди ҷангҷӯён дар миёни шаҳрвандони Тоҷикистон он қадар зиёд нест (ба он ҳадде нарасидааст), ки хатари бузургро ташкил диҳад. Бале, бар ҳар ҳол бад аст, зеро он барои амнияти мо хатарҳои изофӣ эҷод мекунад, ки дар натиҷа захираҳои муайян сарф карда мешавад. Аммо ман намегӯям, ки дар Афғонистон ё Тоҷикистон теъдоди зиёди исломгароёни радикалӣ вуҷуд доранд, ки метавонанд ба амнияти минтақа хатари воқеӣ эҷод кунанд.

Ҳоло ин хатарҳо бештар ба он рабт доранд, ки ин исломгароён фазои иттилоотӣ ва арсаи иҷтимоиро бо андешаҳои худ пур кардаанд ва умуман онҳо дар марҳалаи ҷамъоварии захираҳову нерӯ қарор доранд. Аз ин рӯ, агар ба муҳтавои таблиғоти радикалии қишри ҷомеа нигоҳ кунем, ба ҷуз аз шиорҳои даъваткунанда таҳдиди ҷиддие ба мисоли ҳамлаҳои мусаллаҳона  ба назар намерасанд. Албатта, баъзе ҳодисаҳои алоҳида  ба амал омаданашон мумкин аст (дар ягон кишвари ҷаҳон касе аз чунин ҳолатҳо эмин нест), вале дар умум вуҷуди ҳатто як террорист ҳам дар ҷомеа аллакай хатар ҳисобида мешавад.

“Дар Тоҷикистон барои иҷрои ибодатҳо маҳдудият вуҷуд надорад, ҳар шаҳрванд ҳуқуқи мустақилона муайян кардани муносибати худ ба дин ва пайравӣ кардан ба ин  ё он равияи диниро дорад” – мегӯяд директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода.

Агар дар мавриди усулҳои мубориза бар зидди ин таҳдид ҳарф занем, бояд ёдовар шуд, Ҳукумати кишвари мо дар ин замина маҷмӯи  чораҳоеро, ки онҳо дар стратегия дарҷ гардидаанд, андешида истодааст.  Бештари ин тадбирҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва ба фаъолияти идеологӣ дар фазои иттилоотӣ нигаронида шудаанд. Дар ин ҷодда дастовардҳои хеле калон ба назар мерасанд, зеро тибқи маълумотҳои пурсиши сотсиологӣ, сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи таҳдидҳо ва моҳияти ҷараёнҳои радикалӣ баланд гардидааст. Ба абзорҳои нарм таваҷҷӯҳи камтар дода мешавад, махсусан ба баланд бардоштани устуворӣ ва эҷоди як барномаи алтернативӣ диққат дода мешавад, зеро танҳо бо баёнияҳои муқобил пеш рафтан ғайриимкон аст” – мегӯяд коршинос Рустам Азизӣ.

Мақомоти Тоҷикистон ба ин масъала бо ҷиддият муносибат мекунад. Дар кишвар дар ин замина як қатор қонунҳо қабул карда шудаанд, ки вазъи диниро дар ҷумҳурӣ ба танзим дароварда ва ба таҳкими пояҳои дунявии ҷомеа нигаронида шудаанд.

Як гурӯҳи созмони террористии “Вилояти Хуросон”, ки  дар Тоҷикистон мустақар аст, бо ёрии криптовалютаи “Tether” (USDT), ки қурби он ба қурби воқеии доллар мутобиқ карда шудааст, кумаки молиявӣ мегирад. Яке аз ҳамёнҳои криптографии марбут ба ин созмон дар соли 2022 дар тавозунаш тақрибан 2 миллион доллар  дошт. (Гузориши ширкати таҳлилии TRM Labs)

Агар насли калонсол оқибатҳои ноором шудани вазъро хуб дарк кунанд, пас бо шуури насли наврас бояд кор кард, то ки ба онҳо ҷараёнҳои радикалӣ таъсир нарасонанд. Соли 2010 пас аз изҳороти президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ пайвастани донишҷӯёни тоҷики дар мадрасаҳои хориҷӣ таҳсилкунанда,  садҳо донишҷӯёни тоҷике, ки ғайриқонунӣ дар муассисаҳои динии Миср, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Эрон таҳсил мекарданд, ба Ватан баргардонида шуданд. Ба наздикӣ  Прокуратураи генералии Тоҷикистон 7 нафар шаҳрвандони тоҷикро, ки дар муассисаҳои динии Эрон ғайриқонунӣ таҳсил мекарданд, ба Ватан  баргардонид.

Тадбирҳои мақомоти Тоҷикистон дар самти назорат ва мубориза бо ифротгароии мазҳабӣ мухолифи манфиатҳои Ғарб аст. Аз ин рӯ, кӯшиш доранд, бо баҳонаи “ҳимояи озодиҳои мазҳабӣ” тавассути ниҳодҳои худ ба корҳои дохилии Тоҷикистон дахолат кунад. Комиссияи ИМА оид ба озодии динии байналмилалӣ (USCIRF) моҳи майи соли 2023 ба Департаменти давлатии  Ҳукумати ИМА тавсия дод, ки  “кумаки амниятии ИМА ба Тоҷикистон”-ро мустақиман аз ислоҳоти қонун дар бораи дин аз соли 2009 ва беҳбудии шароити озодии дин дар кишвар вобаста гардонад.

Дар тӯли 20 соли идораи ҳарбию сиёсии ИМА дар Афғонистон истеҳсоли афюн дар ин кишвар бештар аз 40 баробар афзуд.

Дар мавриди ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) бояд гуфт, ки ин  ҳизб  дар баробари он, ки ба феҳристи созмонҳои террористии СҲШ шомил карда шудааст. Соли 2015, вақте ТЭТ ҲНИТ, ки он замон дар кишвар мамнӯъ набуд,  дар парлумони Тоҷикистон ҷойе ба даст наовард, ки расонаҳо дар бораи ғайриқонунӣ будани интихобот изҳорот нашр карданд.

Дар баробари ин, аз рӯйи баъзе маълумотҳо, Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ барои ташкили бесарусомониҳо дар Бадахшони Кӯҳӣ дар соли 2022  дастикам 1 миллион доллар ҷудо кардааст ва ҳамчунин, интиқоли силоҳи тирандоз аз Афғонистон ба ин вилояти автономиро маблағгузорӣ кардааст.

Таҳдиди асосӣ

Имрӯз, вақте сухан дар бораи таҳдидҳои асосии амниятӣ дар Осиёи Марказӣ меравад, дар байни дигар таҳдидҳо Афғонистонро ҳамун таҳдиди  асосӣ ба минтақа ном бурдан зарур аст. Ин кишвар солҳои зиёд аст, ба як паноҳгоҳи терроризм табдил ёфтааст, ки ин падида барои кишвар як меъёр гардидааст. Воридшавии нирӯҳои Ғарб ба Афғонистон низ вазъро беҳтар накард. Сарфи назар аз он, ки рисолати ин амалиёти низомӣ аз байн бурдани терроризм эълом шуда буд, дар асл  ҳузури 20-солаи нерӯҳои низомии Амрико дар Афғонистон бо ба сари қудрат омадани намояндагони созмони террористӣ анҷом ёфт.

Ин нерӯҳо бисёр шитобкорона Афғонистонро тарк карда,  силоҳу техникаи ҳарбиро ба маблағи 85 миллиард доллар, инчунин, инфрасохтори низомиро ба ихтиёри Толибон гузошта рафтанд. Ва баръакс, пули мардумро аз худ карданд: тақрибан 9 миллиард доллар дар суратҳисобҳои ҳукумати Афғонистон то ҳол дар бонкҳои Амрико ва Аврупо яхбандӣ шудааст, дар ҳоле ки тақрибан 25 миллион афғонистонӣ дар остонаи фақр қарор доранд.  Ҷолиб ин аст, ки вақте дар ин кишвар нони  хӯрдан нест, аммо  силоҳ барои ҷанг пайдо мешавад. Аз ин рӯ, Осиёи Марказӣ бояд ба вуруди афроди ифротӣ, ки аз ҷониби исломгароён дастгирӣ карда мешаванд, омода бошад.

Масъалаи Афғонистон барои Ғарб ҳоло  танҳо як баҳонаест барои таҳким бахшидан ба ҳузури низомиашон дар минтақа ва берун кардани Русия, ки дар навбати худ ҳамчун кафили асосии амнияти минтақа ба Тоҷикистон бо захираҳои ҳарбӣ, омода кардани мутахассисон, гузаронидани амалиётҳои муштараки зиддитеррористию зидди маводи мухаддир ва дигар амалиётҳои ҳифзи амният кумак мерасонад.

Аз ин рӯ, вақте сенаторҳои Ғарб – кишварҳое, ки чандин созмонҳои террористиро таъсис ва маблағгузорӣ мекунанд ва дар бисёр кишварҳо ҷангро барангехта, боиси марги миллионҳо одамон гардидидааст, имрӯз Русияро ба феҳристи кишварҳои сарпарасти терроризм  ворид кардан мехоҳанд, бисёр хандаовар ба назар мерасад. Яъне ба назар чунин мерасад, ки гӯё олам чаппагардон шуда бошад.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь